
Нигина ва Мирмалик
– Бас, ойтӣ! Ба шумо чӣ шуд?! Ман хоҳари шумо! Духтари шумо ман! Мо болу пари ҳамдигарем…
– Раҳмат, духтар! Илоҳо умрат дарозу дари бахтат кушода шавад! Интухин, ба муроду мақсад расию ҳар тарафе, ки равӣ, маро бо худ барӣ. Ҳамеша ман бо тую ту бо ман бошӣ…
– Ҳимматро баландтар гиред, ойтӣ! – бо ноз итоб кард Нигина. –Аз Худо талаб кунед, ки ман бо вай бошаму вай бо шумо…
Шакархонум ашки шодӣ бо нӯки қарс пок карда, «Вай кӣ бошад?» гуфтанӣ буд, ки дарро кӯфтанд. Хидматгор аз шикофи дар ба берун нигаристу бе ягон пурсиш ҳар ду табақи дарвозаро кушод ва шодона нидо кард:
– Язакҳо омадаанд!
Баъди ҳолпурсӣ сарязак бо садои нарму форам гуфт:
– Нигинабону! Ҳар чӣ зудтар тайёр шавед. Ба сафар мебароем.
– Куҷо меравем?
– Ба Хуҷанд.
– Ба Хуҷанд??! Чаро?!
– Бубахшед, ки ҷавоби қотеъ надорам. Ҳамин қадар гуфта метавонам, ки ба Хуҷанд рафтани шумо амри Шоҳаншоҳи олам аст…
* * *
Амри нави Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ чун ҳамеша номуқаррар ва ногаҳонӣ садо дод. Баъди ғалаба бар Ҷӯҷӣ дашти Турғайро бо душворӣ тай намуда, аҳли сипоҳу солорон дар шаҳрҳои Ҷанду Утрор ва Исфиҷоб серӯзӣ дам гирифта, аммо дар Банокат ҳамагӣ як шаб истоданду субҳи барвақт ба соҳили рости Сайҳун гузашта, дар сари дуроҳа ҷамъ омаданд. Аз ин гузаргоҳ – нахустин дарвозаи Мовароуннаҳр – ба шаҳри Самарқанд тавассути дашти Катвон роҳи наздик, аммо душворгузаре вуҷуд дошту як роҳи дигар лаб-лаби дарё аз шаҳри Хуҷанд мегузашт, ки нисбатан тӯлонӣ, аммо ободон буд. Тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳи наздик бояд бармегаштанд. Вале дар лаҳзаи охирин фикри подшоҳ тағйир ёфт ва солори лашкари худро ҷеғ заду фармуд, то бе шитобу ҷадал дашти Катвонро убур намуда, дар пойтахт ӯро интизор шаванд.
– Мо нахуст ба Хуҷанд меравем, ки коре ҳаст басо муҳим андар шуғли мамлакат, – гуфт Хоразмшоҳ ва фарзандаш Ҷалолиддинро паҳлӯи худ хонд. – Дар куҳандизе, ки қадамҷои Искандар аст, бо амирон, аркони ҳарбу ҷайши вилоёти марзӣ мушоварат ороста, сипас ҳамакаса ба Самарқанд меоем, то базми ғолибият ороем…
Амри подшоҳ бечунучаро иҷро гашту лашкариёни хос аз боди Сайҳун тезтар вазида, қабл аз ғуруби офтоб ба Хуҷанд расиданд. Кӯҳандизи кӯҳнаи аз замони Искандари Мақдунӣ боқӣ мондаро мардуми маҳал арки калон мегуфтанд ба ду маъно – қалъаи бузург ва ҷойи садрнишин. Хоразмшоҳ аз баландӣ муддате ба атроф чашм давонду табъи гирифтааш кушода шуд ва дар чеҳрааш аз хастагӣ осоре намонд. Бо нигоҳи пурмеҳр Ҷалолиддинро нигаристу хушҳол хитоб кард:
– Дар ҳақиқат тирози ҷаҳон аст Хуҷанд! Зиҳӣ ҳавои муаттар ва фазои муанбар! Мехоҳам, як замон аз ҳарбу зарб дилам дур афтад. Чӣ мешавад, агар муддате дар ин шаҳри ҳумоюн бошем?
– Хости шумо ҳамеша бар дили мо муфид афтад, эй падари меҳрубон! Дар ҳақиқат ин макони биҳиштӣ мақоми роҳат ва ҷойи истироҳат аст! Ойчечак шод мешаваду сари Дамир малик ба осмон мерасад.
– Боварам нест, ки ба ин наздикиҳо имкони бафурсат омадану дам гирифтан боз фаро расад. Ҳама шоирони аҷамию арабӣ Хуҷандро мавзеи хамру чағона ва маҳалли самоъу тарона навиштаанду мо аз подшоҳони пешин чӣ камӣ дорем?
– Шумо аз ҳама шоҳони мозӣ бартару беҳтаред, эй падари меҳрубон! Мирмалик аллакай ба ман ишора намуд, ки дар ҷойи басо роҳатфизо базмгоҳ сохта, зиёфати шигарф фармудааст, то нахустин ғалабаи Шоҳаншоҳи олам бар лашкари Чингиз ба таври шоиста таҷлил гардад!
– Офарин бар туву додархонди ту! Ӯро бигӯ, наздиктар биёяд.
Мирмалик чор қадам дуртар аз падару писар бо тавозӯъ интизор истод. Хоразмшоҳ бо ишоратангушт ба паҳлӯяш хонду табассумкунон даст бар китфаш гузошт.
– Он чӣ диловарию далерӣ, ки ту бар Кучлуки бадзот кардӣ, ҳаргиз ҳеҷ кас накардааст! Кеҳу меҳи Хоразм офаринхони туянд ва мо ба халқи Самарқанд ваъда додаем, ки ба шарафи ин ғалабаи бузург базми ҷамшедӣ созмон медиҳем.
Мирмалик дигарбора арзи хидмат карду гуфт:
– Ҳидоятгари ҳама фатҳу нусратҳо шумоед, эй Шоҳаншоҳи муаззам ва музаффар! Мо алмудом ба хидмати шумо камарбастаем ва ҳар чӣ фармоед, фарзандвор иҷро мекунем.
– Агар базми ҷамшедӣ аз Хуҷанд оғоз ёфта, ба Самарқанд гузарад, чӣ хел мешавад?
– Фикри шумо аз ҳама афкор пеш асту ҳар ҷо, ки пешбинӣ бояд, шумо муваффақед, эй Шоҳаншоҳи муаззам. Дар шаҳри мо барои шумо асбоби базму роҳат, айшу ишрат, комронӣ ва комгорӣ ҳамеша дар сатҳи воло муҳайё ва мусаффо мешавад!
Пири солори Хуҷанд, сорбон ва саробони мо аз пешниҳоди олишони Шумо шоду мамнун хоҳанд шуд.
– Дарвоқеъ, Шайх Нурӣ куҷост?
– Ташрифи шуморо шунида, ин пагоҳӣ аз Фарғона ба роҳ баромадаанд. Иншоаллоҳ, пагоҳ ба хидмати шумо мерасанд…
– Дидори ин авлиё орзуи деринаи мост.
То пагоҳ ман дам мегирам. Ҳар дуи шумо ҳама аркони давлату бузургони мулк ва ҳар кӣ дар Мовароуннаҳр амир ё сипаҳсолор ҳаст, даъват кунед, то ҳар чӣ зудтар худро ба Хуҷанд расонад! Қабл аз базми ҷамшедӣ бо соҳибмансабон гуфтушунуфти нуҳуфт хоҳам кард.
– Шайхро ҳам даъват мекунем?
– Албатта, писарам. Ин замон моро маслиҳатгаре мисли ӯ чун боду ҳаво зарур аст, – гуфт Хоразмшоҳ ва аз Мирмалик пурсид: -Мегӯянд, ки вай дар кӯдакӣ подшоҳи қарахитойро мот кардааст. Рост-мӣ?
– Ҳақ асту рост, эй Шоҳаншоҳи олам, – гуфт Мирмалик ва раҳораҳ ин ривоятро ба падару фарзанд гӯшрас кард.
…Ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардани қарахитоиҳоро хуҷандиён «балои нек» ҳисобиданд. Чунки ҳамлаварон дар маҳаллаи наздики шаҳр лашкари қарахониҳоро торумору реза-реза карда, номи мавзеъро ба Хитойреза табдил дода, аммо ба Хуҷанд зада надаромаданд. Балки қосиди махсус фиристоданду вай ба мардум чунин фаҳмонд:
– Ба подшои мо шаҳри шумо писанд омад. Вай бебок асту бераҳм не. Беҳуда хун намерезад ва беваҷҳ шаҳр намесӯзад. Гӯрмоли одил ва соҳибқавли мо ба хуҷандиҳо се рӯз мӯҳлат медиҳад, то шаҳри худро аз харобӣ ва халқи худро аз нобудӣ эмин доранд. Ба шарте ки намояндаи шумо ба саволҳои подшои мо дуруст ҷавоб гардонад.
Касе, ки ба тақдири Хуҷанду хуҷандиҳо зомин мешавад, пагоҳ – вақти офтоббаро ба Ғалламайдон биёяд!
Аъёну ашроф, аҳли уламо ва удабо баъди машварати тӯлонӣ ба хулосае омаданд, ки намоянда аз авлоди сайидҳо ба имтиҳони Гӯрмол – ҳоқони қарахитой равад.
– Моро ба Хуҷанд кӣ овард? – ҷунин буд саволи подшоҳӣ.
– Шуморо ба Хуҷанд Худо овард! – бе ҳеҷ дудилагӣ ҷавоб гардонд Сайидаҳмади Воқиф.
– Нодуруст! – бо итоб хитоб кард Гӯрмол. – Худои мусулмонҳо бахшояндаю меҳрубон аст. Ҳеҷ гоҳ бандаҳояшро намекушад ва намегузорад, ки ба шиканҷа гирифтор шаванд.
Рӯзи дуюм пирамарде берун омад аз авлоди мирзоҳо нисбатан хирадманду фозилтару ҷаҳондида. Ба ӯ низ саволи дирӯза айнан пешниҳод гардид. Мирзоқосими соҳибдевон ҷавоби пешакӣ тайёршударо ба забон овард.
– Шайтон шуморо ба Хуҷанд овард.
– Нодуруст! – боз бо итоб хитоб кард Гӯрмол. – Шайтон роҳнамо ва ҳидоятгари мо нест!
Намояндаи дуюм низ ҷо ба ҷо қатл гардид ва дуди хуҷандиҳо ба фалак печид. Аз тарси ҷони ширин ҳеҷ кас намехост, намояндаи сеюм шавад. Баҳсу мунозира ва талош то як поси шаб кашол ёфт, аммо ҳеҷ кас масъулиятро ба гардан нагирифт. Дар чунин лаҳзаи ҳассос Бадеуддини ҳаштсола бо тавозӯъ наздики бузургони Хуҷанд омад ва оҳиста садо баровард:
– Ман ба Ғалламайдон меравам…
Ҳамаро ҳушу ёд пурра ба саволу ҷавоби тақдирсӯз банд буду касе ба умқи сухани кӯдак сарфаҳм нарафт. Фақат як мӯйсафеди гаронгӯш ба вай мароқ зоҳир кард:
– Баландтар гап зан, ки намешунавам. Эй бача, чӣ гуфтӣ?
Бадеуддин бо хунсардие, ки хоси кӯдакон набуд, сухани қаблан гуфтаашро оромона, ҳарф ба ҳарф бори дигар бо овози баланд такрор кард. Мӯйсафед сари афсӯс ҷунбонда, бо надомат хитоб кард:
– Вой бар ману вой бар мо! Калонҳо тарсу шинему кӯдак довталабӣ кунад!! Ин кори ношуданӣ, эй бача, рав, аз буҷулбозӣ намон!
Гапи мӯйсафедро садри маҳфил ҷонибдорӣ кард:
– Эй аҷаб! Ду бузургвори мӯътабарро шофеъ кардем, суде пайдо нашуд. Акнун ин кӯдак, ки аз даҳонаш бӯйи пистон меояд, Хуҷандро балогардон шуданист!? Ин амал магар хилофи мантиқ нест?
Бадеуддин нагузошт, ки оташи баҳс баланд забона занад:
– Эй мӯҳтарамон! Пирон сухан ба таҷриба гуфтаанд, ки бе таваккал ба мақсад расидан душвор аст. Орифон фармудаанд, ки «ал-ғариқу ятааллоҳу би кулли шайъин», яъне «ғарқшаванда ба ҳар чиз дармеовезад». Маро иҷозат диҳед ва дуо кунед, ки зеҳни тезу лафзи поки кӯдакӣ корбаст кунам, то зиндагии хушбахтона дар шаҳрамон гусаста нашавад.
Аз алфози қавӣ бузургсолонро дили холӣ андаке пур гардид. Азбаски дигар довталаб надоштанд, ночор писархонди пайғамбари Худоро ба Худои меҳрубон супориданд ва дуои ом ба осмон расониданд.
Бадеуддин чун ба Ғалламайдон расид, хандаю таъна ва ғалмағали сипоҳиён баланд шуд. Вале Гӯрмол бо зӯри нигоҳ ҳамаро хомӯш гардонду саволи аввала такроран пурсид ва чунин ҷавоб шунид:
– Шуморо ба Хуҷанд роҳнамо овард. Ана он бози сафеди баландпарвоз, ки сари китфи шумост!
– Пайкари кӯчак дорӣ, аммо хиради бузург! – бо чунин тавсиф аз ҷавоб қонеъ шудани худро маълум кард Гӯрмол. – Акнун бигӯй, ки чаро шаҳри Хуҷанд маро дилписанд уфтод?
– Касеро он ақл набошад, ки ниҳони дили подшоҳ донад! Вале баъзе нуктаҳо маро аён аст. Агар иҷозат бошад, муфассал шарҳ диҳам.
– Раво бошад!
– Шумо кишваркушоед, аммо бароятон тадбир ва тазвир муқаддам аст аз сӯхтор ва куштор! Зеро хуб медонед, ки мусулмонҳо кирдори некро носипос нестанд:
Касе, ки некӣ андешад ба ҳар кас,
Ба некӣ дар ҷаҳон соҳибқирон аст!
Ин байти Адиб Собирро шайхи бухороӣ Алӣ Имониддин ба падаратон бахшидааст, ки ҳар ду пиру мурид буданд. Падар ин байтро дар замири шумо ҷой кардаасту шумо аз ҳама пешиниён донотаред, ки на бо ҷангу ҷидол, балки бо нармию савол мехоҳед Хуҷандро ба даст оред…
Ҳоқони бузург аз суханҳои ҷаҳоннодида кӯдаки сутург ҳайратзада гашту забони савол ба ком кашид ва Бадеуддинро ҳайсият66 бахшид. Зеро пирамардеро аз қабилаи худ пеши назар овард, ки ба чашми ҳамсӯҳбаташ нигаристан ҳамон замиру ниҳонашро ва гапи дилашро бехато мехонд ва пешомади ҳар хоҳишмандро бехато муайян мекард. Лекин аз ҳама аҷибаш… аҳли савод набуд!
Гӯрмол он мӯйсафеду ин кӯдакро хаёлан муқоиса намуда, бори дигар бовар кард, ки ҳақиқатан ҳам бузургӣ на ба сол, на ба мол, балки ба ҳол аст! Кӯдаке бо чунин ақлу фаҳмиш ва хираду дониш метавонад ҳама оламро тасхир намояд! Ба ин тоифа инсонҳои ғайримуқаррарӣ шак овардану шубҳа кардан гуноҳ аст!
Эҳтироми подшоҳӣ бо сухани зайл ифода ёфт:
– Аҳсант, эй шоҳписар! Аз тифлӣ ба кори ҳақ машғул будану илм омӯхтан ва некӯ сухан гуфтану доноӣ берун овардан беҳтарин ҳунар аст! Зиракӣ ва доноӣ эҳтироми бузургро сазовор аст!
Маро, ки дӯстком кардӣ, акнун дӯсткомӣ аз ман ситон ва ҳар чӣ хоҳӣ, бихоҳ!
Бадеъуддин филфавр саҷдаи шукр баҷо овард ва гуфт:
– Саховати аълоҳазрат ғояти ҷавонмардист. Вале мо тамаъҷӯ нестем. Зеро тамаъ иборат аз се ҳарф асту ҳар се миёнтиҳӣ! Агар ба ҳаҷми як пӯсти гов маро замин диҳед, умрбод шукргузорӣ мекунам…
Подшоҳи қарохито дархости Бадеъуддинро ҳаваси кӯдакона пиндошта, амр дод, ки барзагови аз ҳама калони парворӣ забҳ кунанд. Пӯсти говро пеши пойи кӯдак андохта, ҳама ба мароқ менигаристанд, ки чӣ кор мекунад. Бадеъуддин оромона аз ҷайб кордчаи алмостеғ бароварду пӯстро бо ҳавсалаи том ришта-ришта бурид. Баъд торҳоро ба ҳам пайваст ва ду сипоҳиро фармуд, ки ресмони аз пӯсти гов ҳосилшударо гирдогирди Хуҷанд кашола кунанд…
Гӯрмол чун шаҳри Хуҷандро ресмонпеч дид, фаҳмид, ки расанбозиро бохтааст. Вале аз қавлаш нагашту «як таноб замин ба шоҳписари Хуҷанд бахшидем. Аз ин баъд чашми бад аз хоки поки ин шаҳр дур бод!» гуфт. Ин сухани таърихӣ, ки дар Ғалламайдон садо дода, бо мӯҳру имзо тасдиқ гардид, барқвор ба шаҳристон расид ва марду занҳо баробар оҳи сабук кашида, Бадеъуддинро балогардони Хуҷанд номиданд. Шукр ба Худованди меҳрубон гуфтанд, ки дигар қатрае хун ба хоки пок наяфтод ва Хуҷанд аз офат наҷот ёфт. Шоира Маҳастӣ подшоҳи қарохито ва ҳам Бадеъуддини ҳаштсоларо баробар мадҳу сано хонд, ки яке шаҳре ба як суоле бидоду дигаре шаҳре ба як ҷавобе гирифт…
Ҳама бовар карданд, ки Бадеъуддин дар ҳақиқат писархонди пайғамбари гиромист ва кӯчактарин авлиёи замона аст. Дарҳол ба зиёрат шитофтанд, аммо Бадеъуддинро наёфтанд… Фақат баъди бист сол хуҷандиён чеҳраи нуронии балогардони худро диданд, ки дар баҳри илму маонӣ ғаввосӣ намудаю дар бузургтарин марказҳои исломӣ аз бузургтарин олимони забардаст сабақ андӯхта, дар мартабаи аллома ба ошёнаи аҷдодӣ баргашта буд…
– Маслиҳату насиҳат ва каромати он Бадеъуддин, ки имрӯз шайхи кабир аст, ҳолиё дар машриқу мағриб вирди забонҳост, – гуфт Хоразмшоҳ. – Вале ман мӯҳтоҷи арбоби каромат нестам. Ин қисса махсус барои Ҷалолиддин шунавондам, то баробари панди падар аз маслиҳати мӯъҷази Пири мӯъҷизакори Хуҷанд низ баҳра бардорад. Аз маслиҳат бо Пири кор ор мадор!
* * *
Мирмалик меҳмони олиқадрро заврақсавор ба зиёфатгоҳи олиҷиҳоз расонд ва бо сад гуна таъзиму таманно дар саропардаи заррин шинонд. Духтарони моҳталъат парвона шуданду соқиёни ширинсухан беҳтарин шароби Хуҷанд аз ангури чиллагӣ оварданд ва мутрибони болидахотир чанги тару хушк ба оҳанг дароварданд. Ҷоми заррин гардон шуду товуси нозанин ба хиром омад. Чун даври сеюм ба хуррамӣ андаргузашт, Хоразмшоҳро илҳом омад ва ба шеърбофӣ шурӯъ кард:
Дар Хуҷанд бода бо мардуми хирадманд хӯрам,
Ё бо дилбари ангубинлаб наботу қанд хӯрам?
– Ё ҳар ду! – бо ноз овоз дод соқии ширинадо ва бо карашма байти ҷавобӣ гуфт:
Аз баду нек дил холӣ кунед,
Бо парирух сухансиголӣ кунед…
Даъвати латиф рағбати шоҳро боло бардошту ба лӯъбатбозӣ гароиш кард. Паймона аз дасти соқӣ чолок даррабуду шароби андак рехтаро бо як қулт ба ҳалқ даркашид ва хурӯшид:
– Эй соқӣ! Дар лаби дарё нишастаем, ҳимматро дарё куну хум дар миён овар! Сари мо аз ин паймонаи кам-кам гарм намешад!!
Канизаки кушодалаби сафеддандон чун гули бӯстон кушодадил гашта, ҷафстари подшоҳ ғеҷида, аз Низомӣ байте ба таҳрир хонд:
Камар бандаму чарбдастӣ кунам,
Ба сад меҳр меҳмонпарастӣ кунам!
Моҳи дуҳафта риштаи суханро лаҳза ба лаҳза он қадар ҷодувона метофт, ки шоҳ волаву шайдо гашта, беш аз пеш фаррухӣ меёфт, бетааммул лофи ақл мезаду шӯхию меҳрубонӣ мекард. Кор ба дараҷае расид, ки ҳамнишини нозанин ҳамдӯши подшоҳ шуд ва баробари май меҳраш биҷӯшиду мастона хиромид ва пардаи шарму ҳаёро дарид:
Бардор пиёлаву сабӯй, эй дилҷӯй
Рафтем ба гирди сабзазору лаби ҷӯй!
Ҳадди худро надониста, тарки адаб кардани канизак ва султонро аз посбон фарқ карда натавонистани ӯ табъи нозуки шоҳаншоҳи оламро хира гардонд. Рӯй дарҳам кашид ва дилтанг гардид. Бо қароҳат канизакро нигаристу худ аз худ ҳушёрдил шуд. Беихтиёр қади хубу абрӯи хубу зулфу чеҳраи хуб ва ҳарфи хушу одоби хушу нозу адои хуши Нигина дар маърази афкору андешааш падид омад: «Ту дар куҷоӣ, эй маҳбуб-ул-қулуб? Чаро рух наменамоӣ? Чӣ ҳол дорӣ? Оё маро ба ёд меорӣ?!»
Шоҳаншоҳи олам хаёли чашми ҷоду карду гули мақсудро бӯйидан хост ва худро аз саропарда берун баровард. Насими форами Сайҳун гӯё аз ҷониби Самарқанд вазида, бӯйи диловези надимаи маҳбуб ба машомаш расонд. Дубора маст гашту ҳис кард, ки синааш чун танӯр торафт тасфон мешавад. Зеро дастафшонию ғазалхонию нозу истиғно карданҳои кабутари ҳарам пеши чашми муштоқ бармало намоён гашту дастбозию дастбӯсию дастчарбиҳояш, барои дастомӯз кардани кабки дарӣ дастмолию дастгириҳояш ва дастдарозӣ карданҳояш ба ёд омад.
Ёдаш омад, ки дар Самарқанд дастдарозӣ ба дараҷаи олӣ расид. Хоразмшоҳ, ки қаблан ба ҳар дидоре аз Нигина маст мешуд, баъди сармои Ҳулвон ҷилваи кабки дариро дидан ҳамон обу адо гашту кайфокайф ба ганҷинаи махуф дасти татовул дароз кард… Аммо бо хости Худо мақсади падар ба писар урён гардиду бо баҳонаи мувофиқ халал расонд…
Рӯзи дигар, дар хилват, ҳар ду дар ин боб гуфтушунуфт карданд.
– Эй падари меҳрубон, агар як зарра камбуди шуморо дида, хомӯш нишинам, гуноҳи кабира, ҳатто навъе аз хиёнат бошад. Вале… маро ба идомаи сухан ҷуръат намерасад.
– Эҳтироми падар некӯ доштан хуб аст, эй нури чашм, лекин алҳол аз падар тарсу набош!
– Эй падари меҳрубон, шумо тоҷу тахти баланд дореду ному насаби арҷманд ва фахри меҳтарони ҷаҳон, шоҳаншоҳи бузурги олам ҳастед, аммо Нигина…
– Маро ишораи нозуки ту, эй фарзанди дилсӯз, ҳамеша писанд аст. Дуруст мегӯӣ, ки раққосаи бекасу бевораи қишлоқӣ лоиқи қадри шоҳаншоҳи олам набошад. Ман ҳам дар ин мавзӯъ борҳо андеша кардаам. Хулосаи охир ин аст, ки ҳеҷ нахоҳам вай канизаке аз канизакони хоссаи ман бошад! Он моҳи ҳурзода раққосаи одия нест! Ҳусну ҷамолу қаду қомати боло, чашму дили меҳрполо ва сухану ҳунари воло дораду аз боғи васли вай гул чидан мояи ифтихори ҳама шоҳмардони олам аст! Бовар кун, писарам, аз ин пас зиндагӣ бе Нигина маро муҳол менамояд. Саъдӣ ном шоири навқирон шоҳбайте барои мо эҳдо кардааст:
Дилороме, ки дорӣ дил дар ӯ банд,
Дигар чашм аз ҳама олам фурӯ банд!
– Ин хел ки бошад, тадбири савоб дар чӣ мебинед, эй падар?
– Ин симинмиён агар зарринкамари арӯсӣ бандад, шоҳи олам хушбахттарин Бани Одам шавад! Яъне дигар илоҷе нест, ғайр аз Нигина ба никоҳи хеш даровардан…
Ҷалолиддин бо табассуми нима талху нима ширин абрувони пайваст андаке боло бардошту оҳиста ибрози ақида кард:
– Чуноне фармоед, айни маслиҳат аст. Фақат… ризомандии падарашро пурсидан шарти мусулмонист…
– Шарт нест! Падараш, бегумон, аз домодподшоҳ ризою хурсанд мешавад!! Муҳим он аст, ки фарзанди рамузфаҳми падар зид набарояд… Охир, сарриштаи тақдири Нигина дар дасти туст ва агар гӯем, ки «писар розӣ – Худо розӣ» хато намешавад…
Ҷалолиддин баробари падар хандиду бе ягон ҳарфу шарти зиёдатӣ ваъда дод, ки то пагоҳ банди гапро ба Нигина мефаҳмонад ва ӯро розӣ мегардонад. Валекин тақозои тақдир дигар шуду ҳамон рӯз моҷарои Тӯқтаған рӯ зад ва падару писар оҷилан ба ҳарб рафтанду яксара кардани кори Нигина ба таъхир афтод…
Инак, Тӯқтаған маҳв гашту Кучлук нобуд шуд ва писари Чингиз шармандавор аз майдони набард гурехт. Барои шодию нишот ҳама шароити зарурӣ фароҳам асту аз Хуҷанд то Ворух як қадам роҳ ва падару модари Нигина метавонанд, бе ҳеҷ малоли хотир дар базми арӯсӣ иштирок кунанд. Яъне дигар ягон сабабу ҳоҷате барои мавқуф гузоштани кори хайр нест. Нигинаро ҳар чӣ зудтар ба Хуҷанд бояд овард!
Баробари ба забон овардани исми Нигина вуҷуди Хоразмшоҳро эҳсоси гуворое фаро гирифт. Бе ягон шакку шубҳа барояш яқин шуд, ки ишқи кабутари ҳарам дар шоҳраги қалби соҳиби ҳарам ҷорист ва бадри мунири Ворух ба тариқе, ки кас гумон набарад, дили шоҳи Хоразмро ба яғмо бурдааст! Аз ин рӯ, ҳаҷраш дилгудозу васлаш хушгувор гардида, агар моҳро аз ишқи шоҳ хастагиҳост, шоҳро сӯйи моҳ бештар дилбастагиҳост. «Нигаронӣ ва дилгаронӣ бас!»-худ ба худ хитоб кард Хоразмшоҳ ва посбонро фармуд, то Шоҳзода Ҷалолиддинро ҳозир гардонад. – Худо нахост, ки ману Нигина дар Самарқанд ақди никоҳ бандем, – бе муқаддима гап сар кард Хоразмшоҳ ва нохост калавида, мастона оруғ доду оби лаби даҳон бо пушти даст пок намуд. – Худо чунин хост, ки хутбаи никоҳи моро Шайхи кабири Хуҷанд хонад ва худаш ақди никоҳ бандад, то дар миён касре наафтад ва никоҳ бо зифоф67 анҷом ёбад.
Хоразмшоҳ бори дигар оруғи имтило заду ғуссаи дил ва оҳи ҷигар аз димоғ баровард ва масти аласт бонг зад:
– Фармони филфаври фармонравои олам ин аст, ки филҳол даҳ язак ва чопар ба Самарқанд фириста68 фирист, то Нигинаро аз оҳуи тездав тезтар давонда, ба Хуҷанд расонанд!
* * *
Фармони фаврӣ Нигинаро фавран ба роҳ даровард. Ҳатто имкон наёфт, ки бо Момои Самарқанд шоира Солеҳа хайрбод намояд. Хайрият, ки дар лаҳзаи охирин Шамси Ҳола дав-давон омаду қабл аз видоъ хушхабаре расонд:
– Саъдию Сайф аз Бухоро фардо ба роҳ мебаромадаанд. Ҳафтае дар Самарқанд истода, сонӣ ба Хуҷанд мерафтаанд.
Хуб шуд, ки шумоҳо пештар мерасед. Зиёуддинро воқиф кунед, то кӯчаҳоро ҷорӯб зада, пойандоз густарад. Ман ҳам якҷоя бо Сайфу Саъдӣ ба меҳмонии Зиё меравам…
Нигинаи сархаста аз тӯҳфаи тақдир ва навиди шоир сарфароз гашта, «қиблаи исломро орзу кардаму маъвои дӯст қиблаи дил шуд» гӯён саросема ба шаҳри Мирмалик шитофт. Бехабар аз он, ки Хоразмшоҳ дар сари роҳаш чоҳи нав кофтааст…
Равзанаи якум. Таърихи тавлиди суханпайванди «Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро»
Лаҳзае, ки Нигина аз дарвозаи Самарқанд берун баромад, Хоразмшоҳ ба даруни оби Сайҳун даромад. Вай шиновариро тамоман намедонист ва аз ин қабл ягон маротиба танбараҳна ба ҳавз ё дарё ғӯта назадаю оббозӣ накарда буд. Вале моҳиосо об варзидани Ҷалолиддину Мирмаликро дида, ҳавасаш омаду бо танпӯши тунук лағз-лағзон пой дар лаби обканд ниҳод. Додархондҳо дарҳол шоҳаншоҳро ба миён гирифтанду аз ду ҷониб нигаҳбон шуда, бо эҳтиёти том пешу қафо бурдаю давр занонда, оббозӣ доронданд ва чун ҳавсалааш пир шуд, ба соҳил бароварда, барои истироҳат болои реги гарм дароз кашиданд.
– Хуҷанд барои осоиш ва дамгирӣ аҷаб макони дилпазир будааст! – гуфт подшоҳ бо нимовоз ва чашмони нимпӯш. – Ин ҷазира чӣ ном дорад?
– Чумчуқарал.
– Чумчуқро медонам, ки гунҷишк аст. Аммо «арал» чист?
– Мардуми маҳал замини обкандаро арал мегӯянд. Сад сол пеш нимҷазира буд ин ҷо. Мавҷи дарё зӯрӣ карда, ҷойи ковоки заминро хӯрда-хӯрда, ҷазира сохт, ки шаклан ба гунҷишки паркушода монанд аст.
– Ин ҷазира дар Сайҳун ягона ё боз ҳаст?
– Ним фарсанг поёнтар, рӯ ба рӯи деҳаи Ёва ҷазираи калонтаре ҳаст. Лекин барои истироҳат мувофиқ не. Мо он ҷо қалъа сохтанӣ…
– Қалъа дар ҷазира?? Масолеҳро чӣ хел мекашонед? Ё аз обу лой месозед?!
– Дар ҳалли ин масъала майна об карда истодаем…
– Кори ношуданӣ! Ин фикр аз сар дур андозу хубаш ба қалъаи қадима бештар эътибор деҳ!
– Фармонбардорам амри шоҳаншоҳи оламро! – даст ба сандуқи сина ниҳода, аз ҷой нимхез шуду бо кунҷи чашм ҷониби кӯҳандиз нигарист ва беқарор шуд. – Иҷозат диҳед, сари қадам ба қалъа рафта биёям.
– Чаро?
– Дидбони бурҷи баланд бо ишорат хабар медиҳад, ки меҳмони баландмақом омадааст.
– Хоҳ арбоби ҳукумат бошад, хоҳ асҳоби ҳурмат пеши ман набиёр! Дар куҳандиз интизор истад…
Мирмалик шитобон рафту падару писар ба дарё ғӯта заданд ва дар ҷое, ки об то сари китфашон мерасид, беҳаракат истода, сӯҳбати маҳрамона идома бахшиданд.
– Аз Самарқанд ягон хабар ҳаст?
– Ҳокими шаҳр дина ба роҳ баромадагӣ…
– Меҳмони ман чӣ?
– Бояд ки соате қабл раҳакӣ шуда бошад. Язакҳо дастур гирифтаанд, ки беист ҳаракат кунанд.
– Кай ба Хуҷанд мерасад? Хаёлу ҷамолаш ҳеҷ аз пеши чашмам дур намеравад…
– Дераш баъди як ҳафта.
– Қудрати ман кофист, ки бори латифи ҳафт рӯзи дигарро бардорам. Он гоҳ Сафии Бӯстӣ дар пайравии ҳафтхони Рустаму ҳафтхони Исфандиёр ҳафтхони Хоразмшоҳ меофарад! Дамир Маликро бигӯ, то дари ҳафт хазинаро боз карда, ба расми шоҳони Аҷам ҳафт хилъати олӣ соз кунад. Зеро баъди ҳафт рӯз қиссаи ба ҷазираи Сарандеб фуруд омадани ҳазрати Одам аз ҷаннат такрор мешавад ва мо ҳафт шабонарӯз ба шодию сурур ҷашну сур мекунем! – подшоҳ якуякбора мисли ҷавони навхати бистудусола шефта шуду бо чашмони дурахшон рози пинҳони дил ошкор сохт. – Баъд… ҳафтае дар Сурушана мисли Доробшоҳ, ҳафтае дар кӯли Искандар монанди Зулқарнайн, ҳафтае дар Ҳафт кӯл тимсоли Султон Санҷар фароғату истироҳат карда, чиллаи табаррук ба хушӣ гузаронда, дар Самарқанди қандманд мубоширати ширин ба хуррамӣ идома мебахшем!
– Иншоаллоҳ…
– Баҳудаю беҳуда номи Худоро ба забон нагир, писарам ва даркору нодаркор «Иншоаллоҳ» нагӯ! Худат хуб медонӣ, ки ман подшоҳи таъйиншуда аз осмонам ва абру боду моҳу хуршеду ахтарони фалак маро ҳаводору раҳнамоянд. Шоҳаншоҳи ҷаҳон манам ва дар рӯзи равшан ситораи осмонро ба очаи зори душман нишон медиҳам! Ҳоло, ки аз ишқи Нигина ниҳонам ошкор гаштаасту аз васлаш насибам интизор аст, агар ҳама олам ба сарам бишӯрад ҳам, як лаҳзаи фароғат ба ду ҷаҳон намефу-рӯ-шам!!!
– Ройи шумо, эй падари азиз, дар ҳар чӣ фармоед, рофеътар аст, аммо…
– Агар раъйи имрӯзаи ман барои фарзанди дилогоҳам олӣ бошад, лутф кун, эй роздони падар ва занҷир ба пойи дили Маҷнун назан! Вақте падар ба писар даричаи роз мекушояд, писар ӯҳдадор аст, бе қилу қол ҳама баргу соз фароҳам орад ва кушояндаи мушкили падар шавад!
Вақте «ройи шумо рофеътар аст» гуфтӣ, эй шоҳписарам, сари маро ба осмон расондӣ! Акнун раъйи олии маро шунав: аз ин пас раво надорам, ки маснади шоҳаншоҳӣ аз дасти шоҳписари роздону рамузфаҳмам Ҷалолиддин ба каси дигар берун равад!!
– Эй падари меҳрубон, шумо… Узлоғшоҳро валиаҳд таъйин кардаед…
– Ин фитнае буд, ки модаркалонат ангехт. Аз ибтидо медонистам, ки дар кори валиаҳд бадмаҳзарӣ рафтааст. Чанд вақт ин тараф хуни дил мехӯрдам. Зеро валиаҳди арзанда ва сазовор ту будӣ ва ҳастӣ! Агар писари диловарам намебуд, дар муҳорибаи нахустин ба дасти бачаи Чингиз асир меафтодам!!! Инро ҳама медонанду ҳамон рӯз туро сареҳан валиаҳди хеш хонда будам! Ҳолӣ мегӯям, ки воҳидан ҷойгири ман ту ҳастӣ!