
Нигина ва Мирмалик
– Шукрулиллаҳ, эй падари азиз, аз боварии шумо дилам хуррам гашт! Валекин дар Ғӯрганҷ, назди бузургони давлат ва аҳли дарбор ба Узлоғшоҳ маншури валиаҳдӣ супоридеду дар Хуҷанди дур аз пойтахт, мобайни дарёи Сайҳун маро валиаҳд мегӯед… Сухани шуморо ғайри ману моҳию мурғи моҳихор ягон ҷонзоди дигар нест, ки шунавад…
– Қавлу қарори худро барои пазируфтан пешакӣ ба самъи ту расондам, то дар ғафлат намонӣ. Сухани суфтаи маро рӯзи мушоварат хоҳӣ шунид, ки дар ҳузури аркони давлату ҳарб ва ашрофу сарварони мулк фарзанди нохалафи падар Узлоғро оқ карда, ба рӯяш хати батлон кашида, туро валиаҳди шоҳаншоҳи олам эълон мекунам ва маншур ба дастат месупорам! Яке аз сабабҳои асосии ба куҳандизи таърихӣ ҷаласа оростани мо ана ҳамин аст!
– Сипосдорам, эй падари азиз ва ҳар чӣ аз дастам ояд, бо садоқат баҷо меорам, то эътимоди шуморо сазовор гардам. Лекин… сухане, ки дар Хуҷанд садо медиҳад, оё дар Ғӯрганҷ шунида мешавад?
– Шояд ки онакалонат гуфтугӯи ману туро аллакай шунида истодааст! Бехавотир бош, писарам, худи ҳамин рӯз нусхаи фармон ва маншурномаро мӯҳру имзо карда, бо дасти мӯътамадон ба Ғӯрганҷ мефиристам!
– Эй падари азиз, мебинам, ки аз сари хашм ба Узлоғшоҳ абру турш кардаед. Агар маро дашном нафармоед, сухане дорам маслиҳатомез…
– Бигӯ!
– Розҳои даруни дарбор барои дӯсту душман пӯшида несту аксарият медонанд, ки асабият ва адолат миёни модар ва писар то кадом ҷойгоҳ аст. Аммо кам касон решаи хусумати мобайни падар ва кенҷаписарро медонанд. Чӣ мешавад, агар сирри оилавӣ байни ҳар дуи мо сарпӯшида монад? Яъне оқипадар шудани фарзанди нохалафро эълон накарда, фақат аз валиаҳдӣ барканор шуданашро ошкор намоед…
– Ба пиндори ту мардум аз бадкории Узлоғ бехабаранд?
– Ҳатто онакалонам баъзе нуктаҳоро намедонад.
– Наход надонад, ки наберааш чӣ карда?! Наход надонад, ки писар ба ҷойи падар чунину чунон карда?!! Худат гуфта будӣ, ки ин ибтикори бад аз он бадаҳд сар задааст…
– Боз мегӯям, ки вай муаллифи ин кӯшиши аблаҳона аст, аз сустии набера ва чустии Нигина дарғазаб аст, аммо намедонад, ки чаро шоҳзода бо кампири гӯлахӣ ҳамбистар шудааст? Чаро Нигина шоҳзодаро рад карда, шуморо бартар донистааст?! Ана барои ҳамин вай кабутари ҳарамро несту нобуд карданист…
– Ана барои ҳамин ман мехоҳам Нигинаро ба никоҳи худ дарорам, эй нури чашми падар! Оне, ки барои ҳимояи шаъну шарафи шоҳаншоҳи олам ҷони худро ба хатар гузоштааст, бояд дар зери қаноти ман осудаву хушбахт бошад! Аммо оне, ки хиёнат бар падар кардааст, бояд сазовор ҷазо гирад!!
Рости гап, вақте маро аз ин шармандагӣ огоҳ гардондӣ, хиёнати дурушти додарандарат диламро сахт харошиду агар дар ёд дошта бошӣ, аз сари қаҳру ҷаҳл вайро ҳамон замон қатл карданӣ будам. Ҳоло низ аз нияти худ нагаштаам ва он хашм ҳанӯз дар дилам ҷӯш мезанад!
– Бори дигар астағфируллоҳ гӯед, эй падари меҳрубон!
Ман ҳам медонам, ки подоши ҷафо ба ҷуз ҷафо нест. Аммо Узлоғшоҳ маро бародар асту шуморо фарзанди ҳалол! Вай ҳоло ҷавон асту хом ва нохирадманд. Аз валиаҳдӣ барканор гардидан барояш сахттарин муҷозот асту дар ин айёми бесаранҷомӣ ин иқдомро хурду бузург дуруст мефаҳманд ва ба шумо аҳсант мехонанд!
– Бигзор чунин бошад! Насими фораму оби гуворои Сайҳун, ки маро иҷозати сафар намедиҳад, бигзор ба ҷаҳониён эдун паём расонад:
Аз ин пас ҳама навбати туст ҷанг,
Маро тахту ромишгару ною чанг!
* * *
Мирмалик хабар овард, ки намояндаи мӯътамади Султон Хоразмшоҳ дар вилояти Утрор Қарочаҳоҷиб ба Хуҷанд омадаст ва мегӯяд, ки «Шоҳаншоҳи оламро аз омадани ман огоҳ созед, то сухани таъхирнопазир ба самъи олӣ расонам. Агар роҳ бошад, пеши ҳазрати ҳумоюнӣ равам, вагарна оҷилан бозгардам». Ба дорулҳукумат меравем ё …
– Бигӯ, ки ин ҷо биёяд!
Мирмалик бо ишораи махсуси даст ба нигаҳбони бурҷи баланди куҳандиз мақсадро фаҳмонду ҳар се ба саропардаи ҷазиравии подшоҳ роҳ пеш гирифтанд.
Аз тафсилоти Қарочаҳоҷиб маълум шуд, ки бо амри Чингизхон чор сорбони маъруфи замон Умархоҷаи Утрорӣ, Ҷамоли Мароғӣ, Фахриддини Ҷиззахӣ ва Амини Ҳиравӣ корвони бузурги тиҷоратиро аз Чин ба мулки Хоразм расондаанд.
– Дар умрам ин хел корвони дарозро бори аввал мебинам! – бо ҳаяҷон хитоб кард ҳоҷиб. – Шумораи тоҷиру бозоргону савдогар аз чорсаду панҷоҳ зиёд асту ҳар кадоме аз даҳ то чил шутури пурбор дорад!
– Ману Чингиз аҳд бастаем, ки савдою тиҷоратро ривоҷу равнақ диҳем, то арзонию фаровонӣ шавад! – гуфт бо такаббур Хоразмшоҳ ва шӯхиомез илова кард: – Утрор, ки маънояш ба лафзи тоҷикӣ алафзору марғзор аст, сад ҳазор шутурро бемалол меғунҷонад ва мехӯронад! Эй ҳоҷиб, ту магар барои шодиёна гирифтан омадӣ?
– Ҳаргиз не, эй Шоҳаншоҳи олам, – зуд ба сари мақсад омад Қароча. – Ҳамроҳи тоҷирон, ки ҳамаашон мусулмонанд, боз сад муғул аҳли корвонанд. Вайҳоро як элчии Чингизхон номаш Ухун сарварӣ мекунад. Волии мо Ғойирхони Инал маро фармуд, то таъҷилан ба шумо маълум намоям, ки дар бораи ҷосуси махсуси Чингиз будани ин муғулҳо ахбори саҳеҳ дораду агар иҷозат диҳед, ҳамаашонро сар ба сар нобуд карданист…
– Қавли тағои ман бар ҷаҳли вай ҳуҷҷат асту ҳам далел, аммо фазли ман бар ақли ман қудрат асту ҳам шоҳид! Тағоям бо кадом далел саду як муғулро ҷосус меҳисобад?
– Ҳар кадоми онҳо аз хазинаи подшоҳи муғул ҳар моҳ як балиши тилло маош мегирифтаанд барои ҷамъ овардани маълумоти зарурӣ…
– Агар хато накунам, як балиши муғулӣ ба ҳафтоду панҷ динори тилло баробар асту маблағи бузургест! – ибрози назар кард Ҷалолиддин. – Чингиз, ки аз хазина як пайса беҳуда сарф намекунад, на ба ҳар кас ин қадар маош медиҳад!
– Ҳамааш фаҳмо! – каф ба ҳам зад Хоразмшоҳ ва овозаш чун зангӯлаи ҷарас садо дод. – Ба сари муғули бечора чархи ҷафо омад, чунки подшоҳаш оҳанги ҷанг дорад. Ба волии Утрор расонед, ки дар ҳафт иқлими олам ризои тағо ризои ҷиян асту ҷосус бо надомату афсӯс бояд бимирад! Ба тағои мо гӯед, ки ҳар кадом корвонӣ – чӣ мусулмону чӣ муғулро пурра таҳқиқ намояд ва ба ҳар гунаҳкор ҷазои сазовор диҳад!
Эй ҳоҷиб! Ин фармон ба Ғойирхон кай хоҳад расид?
– Рӯзи дигар қабл аз намози бомдод…
– Яъне ки фардо дар Утрор субҳе корвонкуш медамад ва барои Чингиз рӯзи мотам оғоз меёбад. Бигзор ба ҳоли ҷосусчаҳояш хун бигиряд ва минбаъд дониста қадам гузорад!
Барои мо бошад, рӯзи мурод фаро мерасад – бо Пири баидулфикри69 Хуҷанд ҳамсӯҳбат мешавем!
Чоштгоҳи рӯзи дигар Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ ба гулбоғи шафати куҳандиз омад, ки Хоразмшоҳ саропардаи салтанат бар услуби Самарқанд он ҷо ба авҷи кайвон барафрохта, бо хосагон нузул фармуда буд. Посбонҳо ва хидматгузорон, ки аз омадани Пири мӯътабар огаҳӣ доштанд, ӯро бо шавқи тамом ва шукуфтагии молокалом пешвоз гирифта, ба долони хаймаи бузург аз атласу адрас дароварданд. Дар даҳлези аввал ҳокимони Хуҷанду Исфараю Сурушан дастҳо пеши бар бо тавозӯъ рост меистоданд. Дар даҳлези дуюм амирони Асхикату Банокату Исфиҷоб ва дар даҳлези сеюм сарварони Фарғонаю Хатлону Кеш саф ороста буданд. Дар қабулгоҳи мунаввар аркони давлат ва сарони лашкар мувофиқи вазифаю мартабаи хеш ҷойгоҳ доштанд.
Солори бор бо дасти рост сиҷоф – пардаи сабзфоми даромадгоҳро, ки аз миёнаш чок дошт, васеъ кушода, бо нидои «Марҳабо, Шайхи кабири Хуҷанд!» меҳмони гиромиро ба хиргоҳи заррин даровард, ки нишемангоҳи подшоҳ буду бо гулбаргҳои тиллоӣ оро ёфта, назаррабою мӯҳташам менамуд ва бо забони ҳол мегуфт, ки пеши шоҳаншоҳи олам ҳама тиллою зару зевари ҷаҳон хок аст!
Шайх бо нидои «Ассалому алайкум, эй борхудои70 оламорой!» вориди хиргоҳ шуд ва дид, ки подшоҳ дар тахти чӯбин нишастаасту дар бар қабои бухороӣ ва дар сар кулоҳи сафеди самарқандӣ дорад, ки арзишаш аз як дирҳам беш нест. Шоҳ бо нидои «Воалейкум бар салом!» аз тахт фуруд омаду чанд гом пештар рафта, Ҳазрати бузургворро гарм истиқбол кард ва дар канораш гирифту бо ӯ болои як ниҳолӣ пеши тахт нишаст. Бузургиҳо пайвасту бо садои нек пурсид:
– Анта шайхул Хуҷанда?71
– Наъм, ё маликул муаззам!72
Истиқболи гарми шумо як ривояти таърихиро ба ёдам овард: олиме ба қабули Исмоили Сомонӣ омад. Шоҳ ҳини истиқбол бо нишони эҳтиром ҳафт қадам пештар омад ва шаб пайғамбари гиромӣ салаллоҳи алайҳи ва олиҳи васалламро ба хоб дид, ки фармуд: «Эй Исмоил, бар он ҳафт қадам, ки мушояати он олим намудӣ, ҳафт аз насли ту подшоҳӣ хоҳанд кард»…
– Ҳаббазо, эй Пири деринасол! Умратон ҳамчун сада сабзу дароз бодо!
Агарчӣ моро ҳукумат ба хоразмию хидмат ба туркӣ асту ибодат ба арабӣ, лекин барои ман ҳамеша лафзи тоҷикӣ афзалият дорад, ки басо хушоҳанг бошад, ҳама мардум маънои ҳар калима ба хубӣ донанд ва ба дарӣ сабуктар аз дигар забонҳо арзи дил гӯянд.
Муҳаббати ин забон дар ҷавонӣ, баъди хондани китоби Ҷоруллоҳ Замахшарии Хоразмӣ маро дар дил реша давондааст. Як пора навиштаи ин бузургворро ҳатто дар лавҳи хотир сабт кардаам: «Ин забонро аз он дарӣ меноманд, ки дар дарбори шоҳ ва девони ӯ ҳама номаву дафтарҳо ва нигориши подшоҳон бад-он забон навишта мешавад ва бад-он забон сухан мегӯянд».
– Оре, забони мардуми Аҷам калиди дари ганҷинаи олам асту баъди парешон ва бесомон гаштани оли Сомон маҳз Хоразмшоҳиёни кабир онро гирд карданду гиромӣ доштанд. Сипосгузорем ва некӣ дар дил маҳфуз медорем. Мушаххасан шукри он мегӯям, ки Шоҳаншоҳи олам маро мамнуни миннати худ гардонда, навадаи азизам Нигинаро аз мусофират ба Хуҷанд хондед. Ин кабутари биҳиштӣ чун кабки хиромони дарбори шумо шуд, бузургии ҳунараш аён гашту дар забони халқи олам афтод ва ангуштнамои сағиру кабир гардид. Акнун бо даъвати шумо ин ғизола шитобон меояд, то бахти хеш дарёбад. Дуо мекунем, ки хушбахт шавад ва ҳаргиз рақс бо шамшер накунад!
Хоразмшоҳ ҳайрон аз он шуд, ки рози пинҳони дилашро аллакай Пири бузурги Хуҷанд медонад. Аммо тааҷҷуби хеш ошкор насохта, дуои ӯро ба манфиати хеш пиндошта, бо умеду таманнои ширин даст ба рӯй кашид ва бо шавқи дучанд сӯҳбатро идома бахшид:
– Сӯҳбати мо рӯ ба рӯ асту ду танем, солисе нест. Орзуи он дорам, ки ҳаққи сӯҳбати маҳрамона ҳар ду ба ҷо орем ва бе рӯю риё ҳарф занем, то эътиқоде, ки андар Шайхи кабир дорам, коста нашавад. Боз мехоҳам, ки маҳфили хосаи мо маҷлиси шайх-ул-шуюхӣ нашавад!
– Гуфтор ва рафтори мо чунон бошад, ки борхудои оламорой мефармоянд. Азеро агар маро динор ба вазни гов диҳанд, хушомад нагӯям ва тамаллуқ накунам!
– Эдун ҳамнишин маро баробар бо тоҷи сар бошад! Азеро мехоҳам, ки дукаса оҳани сарди зангорхӯрдаро мулоим, биринҷи сахтшударо нарм кунем.
– Чун пой бар ҳарими сарой ниҳодам, маро аён гашт, ки қалби шоҳаншоҳи кабирро дарди сахте азият медиҳад. Чунки рӯҳи поки Шайх Маҷдуддин ҳар замон ӯро ноором мекунад…
Хоразмшоҳ гиреҳ дар абрӯ кашид ва мисли мор ба худ печид:
– Худ медонам, он коре, ки ман кардам, хатое бузург буд! Валекин маро одати модарзодӣ чунин аст, ки бар хашми хеш барнаёям ва чун оташи хашм паст нишаст, пушаймон мешавам. Аммо чӣ суд – вақте гарданҳо шикаста бошанду тир аз камон ҷаста!! Тадбири ин кор чист?
– Ба зердастон ва масъулон дастур диҳед, то ҳар чӣ дар ҳолати хашму ғазаб ва бехудӣ фармон додаед, таи се рӯз онро иҷро накунанд… Ҳазор афсӯс, ки фармони дирӯзаи шумо дигар имкони тамдид надорад: аллакай дар Утрор корвони бузурге зада шуд ва кори гурӯҳи тоҷирон носара шуд… Ваъдаву ваъйид бо Чингиз гусаста гашту хуни ноҳақ рехта шуд!
Аз суханҳои авлои Шайх хун аз рухи шоҳ гурехту андешанок шуда гуфт:
– Ғойирхон хуни ноҳақ нарехтааст, вай ба таҳқиқ муайян кардааст, ки аҳли корвон ҷосуси Чингизанд…
– Таҳқиқ дигару исбот дигар аст. Аллоҳ, аллоҳ, эй шоҳаншоҳи олам, ки ба тӯҳмати ҷосусӣ дар Утрор хуни ноҳақ рехта шуд! Тоҷирони мусулмон ҷурме надоштанду шубҳае беасос сари сад муғули нокарда гуноҳро хӯрд! Ҳамқавми шаҳидон дигар хомӯш набошанд, дарҷӯшанд ва бисёр фитна хезад…
Дар ин миён сари сафир ҳам ҷабран аз тан ҷудо шуд, ки моҷарои дигарест! То фоҷеъаи Утрор дили Чингиз ба Хоразмшоҳ чун мум нарм буд, акнун аз санг сахт мешавад…
– Боке нест, эй Шайхи ҳамабин! Ман аз Чингиз як сари мӯ ҳарос надорам ва агар қасди ҳуҷум ба мулки мо кунад, ончунон кунам, ки дар хуни сарбозонаш ғарқ шавад! Валекин аз суханҳои шумо дилам чун барги бед дар сина меларзад: гапи Утрор дина аз даҳан баромаду ғорати корвон ва куштори калонро аз куҷо медонед?
– Бо қудрати беинтиҳои Парвардгори олам ҳар он чӣ бар ҳамсӯҳбати ман дахл дорад, бар ман кушода мешавад. Ҳозир борхудои оламорой гуфтан мехоҳанд, ки «аз Дамир Малик дар бораи авлиёи ҳаштсола қиссае шунида, пурра бовар накарда будам. Маълум мешавад, ки он гуфтаҳо норост нестанд!»
– Оре, эй шайхулкабир, ин сухан дар нӯки забонам буд. Акнун ба яқин бовар кардам, ки аз ҳикояти Дамир Малик ҳар он чӣ гӯшам шунид, ҳақиқати бебаҳс будааст! Бо вуҷуди ин, аз Ҳазрати Бузургвор мададе ё кӯмаке тамаъ надорам! Фақат маслиҳати муфиду муфиз73 ва муфиқ74 шунидан мехоҳам.
Шайхо, оё ҷароҳати Утрор бемарҳам аст?
– Аз куштор дар Утрор ҳамагӣ як тан ҷон ба саломат бурдааст, ки ӯ ҳам аз хоҷаҳои маҳаллист бо номи Умар. Агар вай худро ба назди Чингиз расонда тавонад, шоҳи муғул ба ивази хунбаҳои қурбониён ҷони волии Утрорро металабад. Бовар дорам, ки Ғоирхон ба Чингиз диҳед, шуморо зиёне нарасад.
Хоразмшоҳ лаб ба эътироз кушодан мехост, вале Шайх Бадеуддин имкон надод:
– Эй борхудои оламорой, чӣ ҷавоб додани шуморо медонам. Хубаш, хиттаи тасхири Чингиз ва ҳама масоили муғул аз сӯҳбати имрӯза берун ниҳем, ки пасфардо дар мушоварати кӯҳандиз бо асҳоби атроф файсала мешавад.
Рӯй ниҳодаст кори шоҳ ба боло,
Дидаи мо равшан асту кор ошкоро!
– Рамзу ишораҳои шуморо шунида, маро мадори сухан гуфтан аз даст раст ва дигар ба забонам «бисмиллоҳ» намеояд. Билмарра дуруст мегӯед, Пирам, савоб он аст, ки Чингизро ба ҳоли худ гузорем, зеро муғулро ҳам риш ва ҳам хирад андак аст! Агар табъи сухантирози подшоҳро рухсати гуфтугӯ диҳед, чанд пурсише дар пеш аст…
– Мо алмудом ба хидмати меҳон ва кеҳон омода ҳастем.
– Он чӣ моро дар замир ва хотир пинҳону пӯшидаю махфист, ба Шумо бармало намоён мешавад. Эй Пири бузургвор, шуморо мудаббир кист ва мулҳам75 чист?
– Он Ягона, расулони барҳақи ӯ, ҳадиси эшон ва китобҳои муқаддаси осмонӣ ҳидоятгар ва мулҳами ҷону тану рӯҳи ман!
Ҳазрати Мӯсои Имрон ёри рӯҳонии ман аст, ки дар эъҷозу эҳдос ва эҳзору эҳком76 қудрати тамом дошт…
– Рӯҳи фидока, ё Шайхул Хуҷанда!!77
– Аммо… Имшаб, дар арафаи мулоқот бо Шоҳаншоҳи олам, Маҳдӣ ба хобам даромад…
– Кист ӯ?
– Оне ки ҳама Маҳдии охирзамон мегӯянд. Расо дусад сол пеш аз мавлуди ман ошкоро даъвои пайғамбарӣ карда буд. Ин марди ҳилагар эъҷози бисёр дошт: кафи холӣ ба ҳавзи пуроб андохта, мушти пурдинор берун меовард; аз хони ӯ қавми масҷиди ҷомеъ нону таом мехӯрданд, вале анвою хӯрока кам намешуд; аз ҷоми ӯ қавми маҳфил сероб мешуданду вале он ҷом тиҳӣ намегашт… Худаш, аҳли байт ва муридонаш ҳар рӯзе ҳамагӣ як хурмо мехӯрданд, аммо гуруснагӣ ҳис намекарданд…
– Маро ба Маҳдӣ чӣ нисбате ҳаст?
– Подшоҳ тимсоли Сайҳун рудхонаи бузург асту аркони давлат монанди ҷӯйҳо аз он ба ҳар сӯ ҷорӣ мешаванд. Таъму ранги оби руд чӣ хеле бошад, ҷӯйҳо ҳамчунон бошанд. Яъне бар подшоҳ воҷиб аст сирати писандида доштан, то дигарон низ сирати нек гиранд. Вале шумо аз ғурури шоҳаншоҳӣ бонги баландоҳанг доред. Гоҳо аз осмони ҳафтум баландтар мепаред, моҳу хуршеду ахтаронро сипоҳиёни лашкари худ меҳисобед ва гоҳе худро аз ноиби Пайғамбари Худо бартар медонед…
– Ё Шайхулкабир, мо бад кардем ва андак гунаҳкорем. Аммо авф намехоҳем! Фақат донистан мехоҳем, ки моро аз киву аз чӣ ҳазар мебояд кард?
– Шоҳонро воҷиб аст, ҳарифи бузурги хешро эҳтиром намоянд, аз ҳарифи хонагӣ эҳтиёткор бошанд, аммо ҳарифони базму маҳфилу қадаҳро аз ҷумлаи надимон шуморанд.
– Модарам ҳам мегӯяд, ки дӯстӣ бо ёрони мувофиқ кун, зеро дӯстӣ бо ёрони навола ва пиёла бақо надорад.
– Бори охирин ин сухан дар Нишопур ба забон оварда буд?
Аз ин пурсиш шоҳ сахт ба ҳайрат омад: кӯлоҳ аз сар гирифту он лаҳзаи ногуворро дарҳол пеши назар овард. Пас аз пахш кардани исёни ҳиротиҳо дар мистабаи Нишопур базми нишот ороста, ҳафтае дилхушӣ карданд. Рақсу суруд ва лутфу дуруди зебосанамҳои ҳиротӣ, муҷоласат бо канизакони моҳрӯ ва молиши дастони нозуки гулрухони сабуксар шоҳро бағоят писанд омаду базмро се ҳафтаи дигар идома бахшид. Дар домане, ки қаблан намозӣ буд, санги фисқу фуҷур беадад ниҳоду аз нашъаи шароби ҷамил масти мудом шуд. Азбаски модар бадсулукии фарзандро борҳо муоина карда буд, нороҳат ва беқарор гашта, чобуксавор ба Нишопур омад, то шоҳи бадманишгаштаро ба роҳи ҳақ ва дуруст гардонад. Шаробҳо ба замин рехту маҷлисиёни бадмарому бадмазҳабу бадравишро бадарға кард ва шоҳи масти аластро бо илоҷе ҳушёр гардонду лаб ба насиҳат кушод:
– Эй фарзанди азиз, аз роҳи хато баргард! Айшу тараб бигзору ақлу адаб пеш гир! Шароб шоҳи тавоноро зайиф гардонаду бешаробӣ хасми зайифро тавоно кунад. Агар бо бадмаҳзарон бисёр шинӣ, шукӯҳу қудрати подшоҳӣ бо дасти худ шиканӣ! Охири корро андеша намо ва хоҳӣ, ки пушаймон нашавӣ, даст аз шароби шайтон дур каш!
Шоҳи бадмастро итоби модар ҳушёр накард. Баръакс, қаҳраш хесту модарро хафақон ва табъи латифашро пурхалал намуд:
– Эй момаки бахтбаргашта ва аз ғами беҳуда дилхаста! Аз бими душману рӯзи сахт ба сахтӣ умр бурдан хатост! Факайфа маро, ки дар тахти салтанат баҳузур нишаста, ақди футувват маҳкам бастаам!! Дар мастию ҳушёрӣ бо як зарбаи даст ҳама хасми хурду бузургро зеру забар мекунам!
Эй модар, ғами беҳуда махӯр ва дигарбора асабамро палағда накун! Орому осуда ба Ғӯрганҷ баргард ва дар сояи давлати ман то метавонӣ, умр ба нишоту шодмонӣ гузарон!
Турконхотун дид, ки ҷигарбандаш лаззати ною нӯш аз сухани модар беҳтар медонад ва насиҳат ба гӯш намегирад, сахт ошуфта шуд:
– Ба ҳуш о, эй фарзанд! Ҳушёр бош, ки мастӣ туро ба пастӣ мебарад ва аз бода сарат бар бод меравад. Имрӯз ними рӯятро сияҳ дидам. Агар сухани маро ба замин гузорӣ ва бадмастӣ давом диҳӣ, аз майи сурх рӯят сип-сиёҳ мешавад, бахту иқболат, рӯзгорат, дилат ва ҳам номат сиёҳ мешавад! Қароботур78 мешавию қадру қиматат ба фулуси сиёҳ баробар мешавад!! Оқибат ба рӯзи сиёҳ гирифтор мешавию дар сӯгат модарат сиёҳпӯш мешавад!!!
…Хоразмшоҳро, ки об дар ҷигараш намонда буд, овози нарми Шайх Бадеуддин аз Нишопур ба Хуҷанд овард.
– Шуд он чӣ шуд, эй борхудои олам! Ба гузашта салавот мегӯему фикри оянда мекунем. Ба фиғони дили модар, ки то ҳол аз майпарастии фарзанд зор-зор меноладу сина ба мушт мезанад, акнун жарф гӯш андозед, то шуморо оқибати кор ва умр бахайр гардад ва аз дари раҳмати Худо ноумед нашавед. Зеро баъди сиёҳӣ ҳаёт дигар ранге надорад!
– Роҳи наҷот кадом асту ин дардро дармон чист?
– Як ҳикмати пурқимати Суқротро махсус ёдрас мекунам, ки гуфтааст: «Наҷот аз марг боиси ҳаёти шоиста бошад!»
– Сухани Суқрот бо исрор таъкид кардед. Чаро?
– Ҳар ҳаётеро мамоте дар пай асту ҳар висолеро фироқе ва дилҳо кабоб мешавад аз оташи видоъ! Дар офтоби ғуруби умр сояи шоҳу гадо якест, аммо чун асари заъфу далели нотавонию оҷизӣ аз худ дарак диҳад, дарвеш ором мехобад, вале шоҳ барои наҷот талош меварзад. Зеро вайро ба зиндагӣ дилбастагӣ бештар асту агар наҷот ёбад, ба зиндагии шоиста хоҳад расид…
Маслиҳати охирини мо чунин аст: эй борхудои оламорой, агар хоҳед, ки аз марги сиёҳ наҷот ёфта, бе кафан аз олам наравед ва подшоҳӣ ба рангу ҷилои нав идома бахшед, дигар асло май нанӯшед!!
Хоразмшоҳ бори аввал дар умраш аз чашм қатраи сиришки сӯзон рехту дидаи ихлос бар Пири донои Хуҷанд гуморид ва чун мурид савганд ба забон овард:
– Эй Пири бузургворам, ба шири модар қасам мехӯрам, ки аз шароб гузаштам!!!
– Зиҳӣ, савганди подшоҳӣ! Бо ваколат аз Ҳазрати Мӯсои Имрон мегӯям: агар ба аҳди хеш вафо кунед, ҳаргиз ҷафо набинед! Омин, ё Раббулъоламин!
Ҷумлаи охирин оятулхатми сӯҳбат шуд ва пиру муриди нав бо табъи хуш аз саропарда баромаданд…
Онҳо то оғози машварати ҳарбӣ ҳамроҳ буданд. Мақбараи саҳобаи гиромӣ Товуси Ҳарамайн ва оромгоҳи бунёдгузори Хуҷанд шоҳ Каюмарсро зиёрат кардаю дар боғоти Унҷӣ ва Кулангир дам гирифта, бо ёдгориҳои Хитойреза ва Ғалламайдон шинос шудаю дар ҷазираи Ёва ба сохтани қалъаи обӣ мароқ зоҳир намуда ва аз тамошои гулистонҳои соҳили Сайҳун лаззати зиёбахш бардошта, бо мардуми одӣ дар бозору масҷиди ҷомеъ сӯҳбатҳои самимона ороста, ду рӯзи хираро ба равшанӣ расонданд.
Бо як дидан аён буд, ки Хоразмшоҳ одаме бар дигар андоза шудааст – басо ҳалиму меҳрубон, хоксору зиндадил ва хушсухану порсо! Ба рақсу шеъру нуқлу май ва базми ҷамшедӣ ягон маротиба ишора накарду дар ҷазираи дарё қалъа сохтани Мимрмаликро маъқул дониста, бештар сипоҳиёнро бо навозиш рӯҳбаланд месохт. Дар ин байн фурсат ёфта, ҳамроҳи мунаҷҷим ахтари толеъ санҷиду саҳеҳ гардонд, то қирони саъдайн дар Хуҷанд – наздик шудани ду ситораи замон некӣ биёрад ва кори саршуда ба хайр анҷомад.
Рафтор ва муносибати Хоразмшоҳ бо аҳли машварати Хуҷанд низ аз маҷлису маъракаҳои қаблӣ куллан фарқ дошт.
Бо табъи хушу табассуми фарох ва риояи аркони каломи подшоҳӣ ҳадафи машваратро ба ҳозирин маълум кард:
– Бар Шумо равшан бод, ки баъди муҳориба бо Ҷӯҷӣ фориғдил будам. Зеро бовар доштам, ки шикаст хӯрдану шармандавор фирор кардани фарзандаш ба Чингиз дарси ибрат мешавад ва минбаъд дониста по мегузорад. Он замон баъзе мушовирон мегуфтанд, ки ба кори Чингиз чандон вазн набояд ниҳод. Ин фикри хатост. Мо набояд фаромӯш кунем, ки Чингиз қавидаст буда, лашкари бисёр дорад. Кишвари Чинро забт кардаасту кайҳост, ки ба молу мулки мо чашм ало намудааст. Ин ҳолат моро водор месозад, ҳушёру бедор бошем ва тадбир бо ақлу хирад андешем. Зеро то чӣ андоза зӯр ё нотавон будани лашкари Чингизро ташреҳ кардани мо ғайриимкон асту ҳама қудрату тавоноӣ ва иҷобат дар дасти Парвардигори олам қарор дорад…
Аввалин тадбири савоби мо мушоварати имрӯза асту масоили худро тибқи маслиҳат ва машварат бо доноёни минтақа ҳаллу фасл мекунем.
Аркони давлату сипоҳ ва мулуки шаҳру вилоятҳои атроф аз муомилаи неки шоҳи тозарӯ масрур гардида, бо дили гарм ва рағбати баланд барои дафъи ҳуҷуми эҳтимолии лашкари Чингиз ба чорасозӣ пардохтанд.
Олими шӯҳратманди Хоразм, яке аз муқаррабони дарбор Шаҳобиддини Хевагӣ, ки барои даромадан ба назди шоҳ ҳамеша рухсат дошту ҳар суханаш аз ҷониби аълоҳазрат ба эътибор гирифта мешуд, пешниҳод кард, ки зиёда аз чорсад ҳазор қушуни мавҷударо дар соҳили Сайҳун сафу ҷамъ овардаю фурсатро аз даст надода, барқвор ба сари лашкари ноогоҳу нимтайёри муғул ногаҳон ҳуҷум овардан шоҳаншоҳи оламро пирӯзӣ меорад.
Ин пешниҳодро Шоҳзода Ҷалолиддин комилан маъқул донист ва афзуд:
– Агар Чингиз пешдастӣ кунад ва ба хоки Хоразм ҳамла орад, аз марҳилаи аввал муқобилияти шадид нишон надода, баъзе шаҳру навоҳии сарҳадиро ба ихтиёраш гузошта, то Хуҷанд оқиб нишинем. Сипас бо лашкари муттаҳиди чорсадҳазорнафара аз соҳили Сайҳун ба душман ҳамла орем ва сараш кӯбему дудаш барорем!
Садри Бухоро ҳар ду таклифро хуш пазируфт ва илова намуд, ки ҳадафи асосии камин нишастан дар соҳили дарёи Сайҳун аз ҷангу хунрезию вайронӣ эмин доштани Хуросону Хоразм асту волиёну сипоҳиёну солорони ин музофотҳо набояд фориғболӣ кунанд ва аз ҳарвақта бештар фаъол ва мададгор бошанд.
Сипаҳбуде аз Хуросон пас аз арзи миннатдорӣ гуфт, ки агар душман зӯрӣ кунаду дашту дамани Мовароуннаҳрро ишғол намояд, дар кӯҳистони мо ҳеҷ кор аз дасташ намеояд. Чунки бероҳаю пайроҳаи кӯҳу дара ва ағбаҳои маҳалро намедонад ва саргаранг гашта, аз тири камону сангу тарма нобуд мешавад.
Ҳокими Самарқанд таклиф кард, ки гирдогирди шаҳрҳои калон мисли бораи Бухоро девори баланд бунёд гардад.
Сипаҳсолоре то Ғазна оқиб нишаста, сипас ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанро маслиҳат доду дигаре бо ними лашкар аз мулки Ҳинд ба Чин ва аз он ҷо ба диёри муғул зарба заданро хотиррасон кард. Дар радифи дигарон Мирмалик низ ба мубоҳиса пайвасту дар ҷазираҳои Сайҳун ва Ҷайҳун қалъаҳои дастнорас сохтан ва аз киштиҳои ҷангӣ ба тухми лашкари Чингиз қирон оварданро муҳимоти ҷангӣ ҳисобид ва хулоса баровард, ки «об ғалаба меорад!»
Қабл аз каломи ҷамъбастии Хоразмшоҳ бо дархости Шаҳобиддини Хевагӣ Пири муаммари маҳфил Бадеуддини Нурӣ ибрози андеша кард ва пас аз арзи сипосу ситоиши суннатӣ гуфт:
– Баъди несту нобуд шудани Кучлук мо осуда нафас кашидем ва шукр гуфтем, ки забони хасми ислом кӯтоҳ ва решаи душмани мусулмонҳо бурида шуд. Аммо як пораи сол гузашт ё не, чархи гардони таърих чеҳраи тирафоми Чингиз ба арсаи подшоҳӣ баровард, ки дар макру тазвир бо Иблис ҳамнишин ва дар қатлу хунрезӣ бо Заҳҳок ҳаммаром аст. Аввалин коре, ки кард, таълифи ёса ва ёсо буд, яъне барои муғулҳо расму ойини нав ҷорӣ карду қоидаву қонуни ҳатмӣ баровард, ки ҳамқавмонаш нукта ба нукта иҷро намоянд. Ёса ва ёсо дар «Ёсоқ» ҷамъбандӣ шуда, қонунномаи муғулҳост, тавре «Қуръон» раҳнамои мост…
Ҳолӣ ба шумо ҳамин қадар мегӯям, ки тибқи «Ёсоқ» оташ аз матбахи чингизиён он гаҳ барояд, ки оташ дар хирмани умри ҳазор мусулмон зананд, нон дар суфрапӯстаки худ он гоҳ ниҳанд, ки об дар гулӯи ҳазор мусулмон банданд ва ва муште намак ба дегашон он гаҳ андозанд, ки халтае ба ҷароҳати ҳазор мусулмон афшонанд! Яъне подшоҳе, ки сар бардоштааст, хасми қаттоли мусулмонҳост ва мақсади олии Чингизхон муттаҳид кардани халқи пароканда ва гумномшудаю ба менгу табдил ёфтаи муғул асту ҳадафи олии вай асир гардондани ҳама халоиқи ғайримуғул. Чингизхон чунин мепиндорад, ки тавре дар осмон як офтоб ҳаст, бояд дар замин як подшоҳ бошад. Қиблаи Чингиз дар самти ҷануб асту хуни дил мехӯрад аз он, ки Ҳақ азза ва ало ба Шоҳаншоҳи муаззами мо мамлакате васеъ ва ободон арзонӣ доштаасту вале ба ӯ дашту биёбони сармозадаи хористон муносиб донистааст. Дили нопокаш аз рашку ҳасад ҷаз-ҷаз месӯзад, аммо роҳи сабру қаноат пеш гирифтааст, зеро медонад, ки алҳол муборизаи ӯ бо Хоразмшоҳи мо кӯҳро бо сӯзан сунбидан аст! Вале…