Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
1 2 3 4 5 ... 141 >>
На страницу:
1 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля
Нигина ва Мирмалик
Додохони Эгамзод

Романи таърихии "Нигина ва Мирмалик" р?йдод?ои с? соли аввали ?арни сензда?уми милодиро аз ?улуси Хоразмшо?и сон? то ?у?уми Чингизхон дарбар мегирад. ?оким ва сипа?солори диловари Ху?анд Мирмалик ибни Мирра?мат, ки бо ла?аби "Темурмалик" маш?ур аст ва ра??осаи дарбори Султон Му?аммади Хоразмшо? Нигина бинти Абдул Сайид, ки "каб?тари ?арам" ла?аб дошту "ситораи тобони осмони Мовароунна?р" пазируфта шуда буд, ?а?рамон?ои асосии асар буда, ибтидою инти?ои иш?и поки он?о ?усни о?озу ан?оми ин чакома аст. Шайх?ои номдори он айёми пурихтилоф Масли?атдин Бадеуддини Нур?, Бур?ониддини Вал?, шоирон Саъдии Шероз?, Сайфуддини Исфаранг? ва ша?зода ?алолиддин силсила?унбон?ои ин достони оши?она ва орифона мебошанд.

Додохони Эгамзод

Нигина ва Мирмалик

КАБУТАРИ БИ?ИШТ?

Пешгуфтори китоби якум. Саргузашти зани фарзандгадо, ки суратан афсона асту афсун, лек сиратан достонест ростмазмун

Абдулсайид як дуредгари од? буд. Вале ворухиён вайро Устои гулдаст меномиданд. Зеро дару тиреза?ои зебо, санду?у га?вора?ои таъриф?, хонаю айвон?ои бар?аво месохт. Гову г?сфанд, бузу хар, аспу мур?и бисёр дошт. Аммо фарзанд надошт. ?ар замон аз ма?зи ?игар о?и пурдард кашида, «манам орзуманди якто за?ора» мегуфту пайваста дуову ибодат ва хайрот мекард, сада?а медод, муроди мискин?оро мебаровард, дарвешонро менавохт ва аз Офаридгори олам илти?о мекард, ки мушкилтарин мушкили ?ро осон гардонаду барояш калу к?р бошад ?ам, нохуне ато кунад.

?оли ?амсараш Бимастура аз вай бадтар буд. Дар тан?о? гиря мекарду нолаву зора, аз корафтода?о масли?ат мепурсиду аз доно?о тадбир ме?уст. Ошкору пин?он с?хтаю пухта, обу адо мешуд. Аз он ?айрон буд, ки Парвардгор якеро фарзанди бисёр нохоста меди?ад, аммо хо?ишу нолиши чорсолаи ?ро намешунавад: дар талаби фарзанд пеши сад табиб рафту саду як хел алафу гиё? х?рд, назру ниёз бурду лобаву зор? карду хун гирист, лек бефойида – ?амоно зунг асту гунг – бу?уз[1 - Бу?уз – равшан? ва тул?и мо?у офтоб] не…

Боре як ?амсоя ба Бимастура масли?ат дод, ки пеши холаи Муясарбону равад. Ин кампираки ?ину паридор ва аз се?ру ?оду барх?рдор фол мекушод, мушкилкушо мекарду хобгузор?, ?ам табиб?. Одамонро ба якдигар гарму хунук карда, бо афсун пеши кор мебасту бо се?р садди ро? мекушод, ба фарзандталаб?о хоку оби шифо, ба бемор?о ?изою давои худсохта медод, захми чашмро бо к?рдуд рафъ карда, пулу чизи гумшударо бо мадади ойина аён месохт. Дар канораи де?а, сари баландие тани тан?о, бе ягон ?амсоя зиндаг? мекард. На шав?ар дошту на фарзанд. Калбузе дошту як ?уфт мур? ва сагеву пишаке, ки хеле бамуросо р?з гузаронда, ?ама фармоиши кампирро бекаму кост и?ро мекарданд.

Кулбаи кампираки дудафкан ?амаг? се ток дошт. Дар яке к?заи лабшикастаи сафол? меистоду дар мобайн – китоби ?адима ва хеле фарсудаи «?уръон» ва дар токчаи канор? – ?айкалчаи аз га? сохташуда. Кампираки се?ргар ин му?ассамаи занонаро бути Ворух мегуфту ?азорсола ме?исобид ва ?ар дафъа пеш аз амалкард аввал сари онро сила намуда, баъд китоби му?аддасро меб?сиду ба дидагонаш мемолид.

Муясарбону аввал як тангаи ну?ра р?ёнду ба к?зачаи лаби ток андохта, баъд аз Бимастура ?ол пурсид. Даррав ?инчаро? гиронду ойиначаи лабшикастаро аз дуди ?ализи рав?ани за?ир сиё? карда, ба ?авонзан фармуд, то онро ба пешониаш совида, пок гардонад. Дар ин асно кампирак зери лаб чанд ?умлаю ибораи нофа?мо ба забон оварду бо ниго?и а?иб ба ойина нигарист ва ?о?-?о? хандида гуфт:

– Чорсола ро?и рафтаю кори кардаат ?амааш бефойида будааст! Об-бо…

?амон замон ашк аз чашмони Бимастура шаш?атор рехту кампир саросема шуд:

– Даррав зи? нашав, балом. Дар пешунии ту як духтар ?аст. Лекин пойин фуромаданаш душвору кай ба дунё умаданаш номаълум. Гап тамум, балом, ман ба ту дигар ёрдам кардан наметунам.

– К? метунад?

– Инашро имр?з гуфтан наметунам. Паго? биё…

Р?зи дигар Бимастура чоштго?он ба ?авлии Муясарбону расиду вайро бемадор ва бемор дарёфт.

– Барва?ттар умадан натунист??! – бе?ол ?ур-?ур кард кампир. –Борат ?удо ?ам вазнин будас, мана аз по ?алтунд. Агар андаки дигар дер меумад?, пари?о мекуштанд мана…

Бимастура гуна?корона табассум карда, но?унбон рост меистод. Боз ?аши кампир омад:

– Чува сутун барин рост истод?? Танга овард??

– ?о. Ана гиред.

– Аз ?ой ?унбидан наметунам, балом. Пештар биёру ба чашмам нишун тею ба куза андоз…

?арангоси ну?раро шунидан ?амон мур?он ?уд-?уд карданду саг н?ла кашиду буз баос карду пишак мияв гуфт ва кампир аз ?ой хест. Бимастура бошад, аз ?айрат саргаранг шуда, мисли кул?хи бачашм карахт гашт. Кампир ба вай эътиборе надода, зуд ?аламу ?о?аз гирифт. Саросема хаткашак кард, яъне чанд сатри чаппаю роста навишт ва нимовоз дуое хонда, се бор куфу суф намуд. Баъд ко?азро пора-пора дарронда, ба дасти Бимастура дод ва гуфт:

– Ин ко?аза дар об ?ушунда, хурданат даркор, то ки торикистуни дарунат рушан шавад, балом. Ана ин обдастая гиру аз чашма об биёр. ?ади ро? хасу хошоку ?езуме, ки дид?, ?ундошта биё!

Муясарбону ко?азпора?оро ?амро?и як каф алафмайда мисли чойи хушк ба даруни обдаста андохту дар оташи баланд ??шонд. Сипас як пиёлаи лаболабро гармогарм ба ?авонзани фарзандталаб н?шонд. ?арчанд н?шидани ко?азоби бемаза ногувор ва басо душвор буд, Бимастура ба нияти шифо ва сафо боз ним пиёлаи дигар н?шиду ла?зае но?унбон нишаст. ?ис кард, ки оби ??ш ?атра-?атра аз фар?и сар то нохуни пой ба тамоми ву?удаш шорида, сиё?ии дилро ба сафед? бадал намуд.

Аз чунин та?йироти фара?бахш хотири парешон ва дили ран?ураш андаке таскин ёфту бо арзи сипосу ме?рубон? хост аз ?ой хезад. Натавонист. Дурмадароз ?амёза кашида, бо чашми имдод со?ибхонаро нигарист. Вай худро ба нодон? андохта, обдастаро гирифту аз дар берун баромад. Акнун ?авонзан беист ?амёза мекашиду чашмонаш худ аз худ нимп?ш шуданд. Тамоми ?увваташро ?амъ оварда, бо азобе нимхез шуд, вале лашкари гаронбори хоб бо шасти дучанд ?амла карду р?йи палоси чиркин якпа?л? афтид ва дарзамон хобаш бурд. Баъди ла?зае р?йболо гашту сар болои даст ни?ода, г?иё болои да? ?абат к?рпаю болини мулойим хобида бошад, бо лаби ин? ширин-ширин табассум мекард.

Бимастура хоб медид. Хобе дилписанду гуворо ва ?ам н?шину малакут?: худро пиро?ани сафед дар бар ва сарбанди нилгун бар сар со?или р?ди ш?хоб нишаста дид маш?ули на?шд?з?. Нога?он аз он тарафи дарё, ки к??и начандон баланд ва бедолу дарахти Душоха ?омат афрохта буд, кабутаре сап-сафеди о?ар? сабук болу пар афшонда, па?л?яш омаду болои суфасанги со?ил нишаст. Ла?зае ором истода, курр-курр овоз бароварду сару тан афшонд ва чангу ?убор дур афканд. Баъд с?йи ?авонзан булъа?аб ниго?е карду ?ро ба гап даровард: «Хуш омад?, эй паррандаи латифу зебо! Ба диёри булбулон ва макони кабки дар? аз кадом дашту дара ме?мон омад??»

?авобан ба пурсиши бесадо кафтарак сабук ?а?ида, ба китфи бонуи гулд?з нишасту бо шеваи кабутар? ?авобе гуфт. Маънии ?авобияро, албатта, Бимастура нафа?мид, вале нуктафа?мии ин ?онвари безабон шав?у ме?рашро зиёда гардонду хост онро ба даст гирифта, бо му?аббат навозиш кунад. Кабутар ?ам магар маътали ин амал буд, ки зуд р?йи кафи бонуи хубсурат баромада, бо ви?ору таманно ба тори к?? нигарист. Нигаристу ноором гашта, ?анотак зад. Бимастура дар шигифт монда, беихтиёр ба осмон дида д?хт: паррандаи азим?уссае бол?ои па?ну зардашро васеъ кушода, тори сараш давр мезад!

?авонзан а?ли шикор набуд ва тахмин зад, ки мур?и да?шатфикан шояд каргас асту ?асди ?они кабутар дорад. Хост ба?ри на?от тадбире андешад ва бо умед ба атроф чашм давонд. Вале дар гирду пеш ?айри дарё, суфасанг ва алафу дарахтон дигар чизе набуд, ки воситаи му?офизат шавад. Парандаи ва?мафкан бошад, торафт поён мехамид ва Бимастура дигар ило?е наёфта, тиб?и фармудаи волидон бо забони бурро «Бисмилло?и ра?мони ра?им. Аъузу билло?и мин аш-шайтони ра?им. Оманту билло?и ва расули?и» гуфту нидо кард: «Ё Пирон, бузургворон! Мадад кунед!»

Ва?те маротибаи сеюм калима гардонд, м?ъ?иза ба амал омад: м?йсафеде хуш?адубаст ва нурон?, ки дар бар абрап?стини о?ар?, дар сар саллаи ?афтпечи ну?рафом дошту якта?и сафеду дарози урф? ва пойафзоли ?амранги он п?шида буд, р?йи суфасанг намудор гардид ва бо овози ширадори форам садо кард:

– Осуда бош, мастураам! Кабутари туро зиёне намерасад. Парандае, ки дар осмон мебин?, шарафманд аст – фа?ат дону гиё?и пок х?рад ва ?онваре наёзорад…

Ором шав, мастураам.

Дил ?ав? дор, ки ?ар го? масли?ате зарур шавад, туро мададгорем…

Бимастура аз шод? як ?ад парида, бедор шуд. Вале, ?ай?от: на кабутари сапед буду на Пири ?омасафед… Аз ?айрату надомат пушти даст газида, ш?ру валвалаи дилро андаке паст нишонд ва са?л ба худ омада, о?иста гирду атрофро нигарист – нашавад, ки чашми бегонае рафторашро назора кунаду ба ?ама г?шрас намуда, масхара созад. Хайрият, хона беодам буду кампирак дар берун ба мур?у сагу пишаку буз обу ?изо медод. Вай безобита шудани «ме?мон»-ро дида, дар?ол наздаш омаду бо лабханди нозебо гуфт:

– Дилу ниятат холис будаст, балом, ки даррав хуфтию тез бедор шуд?. Чанд ва?т пеш як занак тамуми руз ба хоби ?афлат рафту бо азобе бедор карда будам. Гап зан балом, ягун хоби хуш дид??

Бимастура хобашро м? ба м? ?исса карду Муясарбону боди??ат шунид.

– Хобат муборак аст, балом, аммо ?удо ?ам банду басташ бисёр. Ин хоби од? не, хоби табъ?…

– Ин гапа маънияш ч??

– Як маънояш ?амин ки о?ибаташ нек асту ба муроду ма?садат мерас?.

– Да?анатунба шакар, хола?ун!

– Дидани кабутар дар хоб далели ун аст, ки модари духтар меш?, балом!

– Забунатунба асал, хола?ун!

– Лекин…

– Ч??!

– Хоби куто?и туя номуайяни?ош бисёр балом. Он ?адаре, ки тунистам, тадбир кардаму дигар наметунам. Хобат ун ?адар нуронию раббон?, ки фа?ат аз китоб?ои ну?ум? рушан мешад. Ин хоби калуна фа?ат ягун муаббир таъвил кардан метунад, балом.

– Соддатар фа?мунед, хола?ун. Ну?уму муаббиру таъвил ч? маън? дорад?

– Дигар хел фа?мунда наметунам, балом. Боз як бори дигар мегум, ки хобат бисмил не, яъне ?авлноку торик не, балки чорпа?лу, яъне тин?у осудаю о?ибаташ нек, балом. Иловатан ?амин ?адар мегум, ки кабутари ту, яъне духтари туя кадум як бузургвор ба шафоат гирифтаг?, лекин к? буданаша намедунам. Аз таъбири мур?и осмун ?ам о?из? мекашам, балом. – Муясарбону узромез табассум карда, аз дарбача ба ?онварони дастом?хташ нигаристу че?рааш андаке кушода шуд. – Ёфтам, балом: гире?и муаммо дар гуши буз банд будаст! Боди??ат гуш кун, балом: аз паго? сар карда, ба ?афт мазори табарруку му?аддаси Ворух банавбат назру ниёз мебарию ма?бараи ?ар кадум бузургвора бо нуки остину бари думан руфта, покиза мекун?. Агар бо дили софу тани пок зиёрату ибодат кун?, парастори кудак аз худаш дарак метияд…

– Ба ?амаи ин мазор?о назру ниёз бурда, гап?ои шумо гуфтагия и?ро кардаг? ман. Ба мазори Хо?аи Бобоал? чор бор, ба Хо?аи Мастону Чорсангу Балогардон се бор?, бо Хо?аи Имому Шибир?онбобо ва Рахнаи оташон ду бор? рафтаам. Ягун мурод ки ?осил нашуд, пеши шумо умадам, хола?ун…

– Ба мазори дигар бузургворо ?ам рафтаг??

– Дар Чоркую Исфараю Канд, Мар?инону Масчо мазори нарафтагиям намонд…
1 2 3 4 5 ... 141 >>
На страницу:
1 из 141