Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 2 3 4 5 6 7 8 9 ... 141 >>
На страницу:
5 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Бо зани сарторик гапгузарон? накунед, со?иб. Сар торик шавад, а?л тира мегардад. Сарторик аз девона пурхатар аст, вайро ба ?олаш монед…

Бимастураи ?алиму ме?рубон, ки то ба ин ла?за ?атто пашшаро озор намедод, ?олиё дилра?м набуд. Лабони парсингбаста бо пушти даст пок намуда, дандон ба ?ам совиду ?ароиб хандида, мисли гурбаи ва?ш? кабутари таслимшуда ва ором истодаро дудаста ба чанг гирифту саросема сар аз танаш ?удо кард. Ниму нимкора пар канду ?арисона хунаш даркашид. Баъд лабу дандони карахт бо н?ги забон лесида, почаи кафтар ба да?он андохт. Лу?маро нимхойида фур? бурду линги дигар ба даст гирифт. Баъд дилу ?игар р?йи каф гузошта, муддате ?унбонду мисли тал?он ба ком партофт ва нимхойида фур? бурд. Ва?те навбати ?и?илдон расид, шояд аллакай сер шуда буд, ки ла?зае тава??уф карда, болою поён ва чапу рости онро бо кун?ковии бачагона аз назар гузаронд ва бо н?ги нохун пардаи ?и?илдонро дарронд.

Момодоя низ гардан ёзонда, даруни халтадонро нигарист: чанд дона арзану гандум, ду-се ?исми кирмшабе?, андаке баргу сабзаи гиё? ва сангпорае аз мош калонтар дид.

Бимастура ?и?илдон ва ?ама лашу луши онро болои сандал? партофту фа?ат сангчаро ниго? дошт. Онро аввал бо н?ги ангуштон ламсида, баъд бо остин пок кард. Сангча дурахше бароварда, дар партави чаро? ?ило дод. ?илои рангоранг…

Аз ?илои санг а?ли тирагаштаи зани сарторик равшан гардид. Аз таги болишт ангуштари бенигинро бароварда, санги рахшонро шитобон ба чашми холии он ни?од. А?аб нигине шуд созу мувофи?! Аз шод? мисли гули ба?ор? шукуфт ва «Нигин ёфт шуд!» гуфта, зангуладор хандид. Баъд кабутар ба ёдаш омад магар, ки гули хандон хазону че?раи шукуфон ?азин гардид. «Во кабутарам!» г?ён, р?йи чойга? афтид ва баланду бардавом гирист.

Момодоя, ки сирри кабутар ва нигинро намедонист, аз гирдгашт?ои нога?он? дилтангу асабон? шудаю сар?исоби корро гум карда, то ором шудани Бимастура лоубол истод. Андактар бо ?адя- ?ои шо?она ба ?авлияш рафту расо баъди чор мо?у чор р?з боз омад. Са?е?тараш, вайро бо илтимосу илти?ои зиёд, аз ?ойго?и хобаш хезонда, нисфишаб? ба сари болини Бимастура оварданд, ки аз шиддати дард печутоб мех?рд.

Дили тарсх?рдаи момодоя меларзид. Вале… таваллуди тифли ?афтмо?а беозор ва осон шуд…

Садои г?шнавози ме?мони нав момодояи хоболудро ?ушёр кард. Вазифаи худ ба ёд оварда, ?ада?а тифлро р?йи даст бардошт ва аз шодии нога?он? «Вай ман мурам! Ин духтарчая бинед, кафтарча барин. Майдаяк… Хушр?як. Сап-сафедак» гуфту баъди ба худ омадан паёми табрик? ба парокандаг? из?ор кард:

– Ме?мони нав муборак бошад, духтарам! Ило?о хушпою ?адам ва танси?ату хушбахт шавад. Чашмат ба дидори мо?и нав р?шан бод!

Бимастура чашм кушода, дар дасти момодоя тифлаке дид мисли шир сафеду чун мо?и тобон дурахшон. Фа?мид, ки равшании чашмаш аз талъати ин гулдухтар аст. Шод гашту бо лаби пурханда гуфт:

– Шукри бе?ад, ки Со?иби олам бо шарофати Пири Бузургворам ба ангуштарин нигин доду ба модари мискин Нигина! Шукри Худо, ки со?иби сарам со?иби фарзанд шуданд!

Ва?те ин суханро Абдулсайид шунид, сабзу хуррам гашт. Гаштаю баргашта Офаридгорро сипосу сано хонд, ки ?ро ба мурод расонд, со?иби за?ораи тилло? гардонд. Сипас шукри неъмат гузорид ва ме?монхонаи гулкориро оростаю пероста гардонда, фаровон асбоби нишот фаро?ам овард. А?ли ма?алларо зиёфат доду ?амро?и ёру д?стон ба дилхуш? пайваст.

Дар ав?и зиёфат шав?ари момодоя, ки шоиртабъ буду бо тахаллуси Абдулма?иди Ворух? шеър менавишт, пой бар замин к?фта, шоирона бонг зад:

– Эй мардум, маро г?ш ди?ед!

Аз доямомо таърифи духтари Абдулсайидро бисёр шунидам. Гуфт, ки р?и тифли нав чун мо?и нав тобон асту мисли пар? зебо! Дар?ол як байти Фирдавс? ёдам омад:

?удо гашт аз ? к?даке чун пар?,

Ба че?ра ба сони бути озар?!

– Ин хел наг?, шоир! – ?ада?а эрод гирифт Зарифи мударрис. –Бути зебое, ки падари Ибро?ими пай?амбар Озар тарошидааст дар Ворух ?ой намегирад!

– Ин хел бошад, париче?раи нав бути Ворух аст!

– Дар хонаи Муяссари ?оду як бути безеб ?аст, ?амон кофист!

– Он га?пора асту ин гулбадан! – паст наомад шоир. – Дилам гуво?? меди?ад, ки Нигина бути Ворух мешавад. Яъне, аз бути Фархор зеботар, аз бути Я?мо раънотар, аз бути Чигил барнотар хо?ад шудан! Бузургтарин родмарди замон ба Нигина оши?и шайдо хо?ад шудан!!

Аз ин каломи хуб хуш?ол? дучанд гардид ва аксарият «Рост мег?яд шоир, Нигина бадри Ворух, мо?и тобони Ворух, мо?и мунаввари шаби ча?орда?ум дар осмони Ворух мешавад» г?ён дасти ?иммат баланд бардошта, ба сари шоир борони дирам рехтанд.

Абдулма?ид шод гашту нидо дардод:

– Шо?и олам бандаи бути Ворух мешавад!

Чанд марди сармаст гапи шоирро ло? пиндошта, «Бас! Дигар жож махой!!» гуфтанд.

Он?о аз бехабар? чунин гуфтанд. Азеро ?арфу ?и?ои ин марди оташсухан ?азён набуд. Вай мисли дигар шоирон ш?ху далеру нотарс ва шартакиг? буд, аммо ?арзаг? не: насибае аз ?айб дошту ?ини мавлудаш дар машри?и осмон бур?и Савр ?ойгузин ва бинобар ин ?ар ч? пешг?? мекард – хо? ба ?азлу ш?х? ва хо? ба о?анги ?идд? – рост мебаромад ё ба ?а?и?ат наздик меомад.

Ин карат ?ам фоли шоир мутла?о дуруст баромад: дар ша?ри Гурган? намояндаи шашуми сулолаи Хоразмшо?иёни кабир ?утбиддин Му?аммади Сон? ма?з дар р?зи мавлуди Нигина-явми ча?оршанбеи бистуми мо?и шаввол, соли 596 ?и?рии ?амар? мутоби? ба сеюми августи соли 1200 мелод? ба тахти подшо?? нишаст…

Равзанаи якум. Тафсири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз

Аз мавлуди Нигина ?азор р?з гузашт ва амакбобояш А?мадсайид ибни Ма?мадсайид ба ин муносибат зиёфате м??ташам орост бо номи «?азора». Барои ?азор нафар дастархон кушода, онро бо ?азору як хел ну?лу наво оро дод. Чанд гову г?сфанд заб? шуду дег?ои ?атор аз таом?ои гуногун лабрез гашт.

Мардуми доирахабар шоду мамнун буданду дар ?авлии калони то?ири бузург давра-давра менишастанд – занон дар айвон?ои дарозр?яи га?кор?, мардон зери дарахтони серсоя. Лекин тахтакати па?ни соябондори мобайни ?авл? пуродам набуд – ?амаг? чор марди хушлибос болои к?рпача?ои шо?ию бахмал ба л?лаболишт?ои пари ?у такя задаву ме?мони ифтихор? будани худро намоиш дода, бо кибру ?урур ба атрофиён менигаристанд. Он?о кам мех?рданду бештар гап мезаданд ва ?ар замон беибо ?о?-?о? механдиданд.

Садри ин ма?фил амлокдори бозори Исфара А?мадбеки хушм?йлаб дулун?а г?шт мехойид ва аз шарики ти?орат? буданаш бо со?ибмаърака меболид. Кадхудои Ворух Ибро?имхо?а, ки ?айриихтиёри худ вазифаи чойрезиро бар ??да дошт, ?ар гапи вайро тамаллу?корона тасди? карда, гаштаю баргашта «Бойбобо, мар?амат кунед!» г?ён, г?штпора?ои рав?анин ва мева?оти бе?тарин наздаш мегузошту го?-го?е бо чашми илтифот ба ду ме?мони р? ба р? низ менигарист, ки аз ?ониби падари Нигина даъват шуда буданд. Чанд сол му?аддам як гур?? усто?ои ворух? дар сохтмони мас?иди ?омеи Исфара чил р?з тари?и ?ашар кор карданду тиб?и та?симот Абдулсайид шаб?о дар манзили Насриддини усто мехобид, ки ?ории мураттаби «?уръон» буду ?ама бо э?тиром Усто Мулло мегуфтанд. Ситораи ?ар ду ба ?ам рост омаду д?стони ?он? шуданд ва рафтуомади тарафайнро ба ро? монданд. Устои сангтарош даъвати устои дуредгарро бо хуш?ол? пазируфта, додарзодааш А?мадро ?амро? оварда буд, ки кай?о боз тамошои манзара?ои афсонавии ин де?аи би?иштиро орзу мекард.

А?мади шоиртабъ ба с??бати бузургсолон ?амро? нашудаю ?ар замон ма?зе ё мавизе ба да?он партофта, бо зав?и зиёд ?аракат?ои мавзуни ра??осаи тахмин 14-15 соларо тамошо мекард, ки Бойбобо кафи саховатро калон кушода, ?ро ?амро?и дастаи мутрибони номдори исфаранг? ?адя оварда буд.

Ва?те таронаи ш?х ан?ом ёфту му?ани?о аз ла?ни сигонаи Борбад тараннуми сурудеро андар ситоиши волидон о?оз карданд, ба ра??оса имконият фаро?ам омад, то ла?зае нафас рост карда, обу ?изо х?рад. Хиромон ро? гашта, худро ба ?ал?аи зан?о расонду мур?и хаёли А?мад ба парвоз омад. Зеро ба назараш чунин намуд, ки ин духтаракро пештар дар ку?ое дидааст. Хеле фикру хаёл карду о?ибат дарёфт: соли охирини та?сил дар мадрасаи Мар?инон ?амро?и ?амсаба?они шоирпешааш ба дарбори подшо?? рафта, бо сарпарастии вазири фозил ва фар?ангпарвар Ба?оуддин, ки со?ибдевон буд, базми сухан ва ?унар оростанд. Ана дар ?амон ма?фили бошук?? ин ра??оса низ иштирок дошту мавриди тава????и умум ?арор гирифт. Бай?ушо?, ки ?ам ?уввати фазл дошту ?ам фазли ?увват вайро «товуси навхиром» номида, диноре чанд пеши пояш партофта буд…

Ма?оми т?лон? ан?ом ёфтан ?амон о?анги сабук баланд шуд ва «товуси навхиром» бо нер?и тоза бол кушода, ба ра?сго? парид. Дар тан парниёни сабук са?наро давр зада, ла?зае дар мобайн ?арор истод, то ав?и ра?сро шур?ъ намояд. ?амин асно аз байни зан?о Нигиначаи гулгунлибос бо че?раи шукуфон дартоз баромаду айнан мисли ра??оса са?наро давр гашта, дар па?л?яш ором гирифт. ?ама да?он калон кушода, аммо нафас дарун кашида, интизор истоданд, ки идомаи кор ч? мешавад.

Мутоби? ба зарби доира ра??оса китф ?унбонду Нигина ?ам китф ?унбонд. Ра??оса даст бардошту духтарча ?ам даст бардошт. Пой ?унбонад – пой ме?унбонд, сар афшонад – сар меафшонд.

Доду ?иреви мардум ба осмон печид. ?ама баробар каф к?фта, офарин мегуфтанду нидои шод? мебароварданд. Бойбобо мисли аспи ?авмаст ши?а кашида, як каф тангаи ну?ра аз сари Нигина пошид. Часорати нога?он? ва та?лидкорию ?аракат?ои ширини к?даке, ки ?ан?з аз да?онаш б?и шир меомаду имр?з ба ?ама гуна нозу нуз ва эркагию густох? ?а? дошт, аксариятро ба по хезонд. А?мад ?ам ончунон ба ва?д омад, ки бехудона аз кат фуромада, «духтарчаи хушр?ча»-ро озод аз замин бардошту дар ?аво давр занонда, о?иста поён фаровард ва навозишкорона аз пешониаш б?сид. Сипас бо овози ?арангос? гуфт:

– Мебинам, ки дастафшонию пойк?бии ин кафтараки навбол ?амаро ш?р ангехт. Ман ?ам сахт шодмона шудам. Бадо?атан як рубо? э?од шуд, ки ба Нигина мебахшам:

Гулбоди ба?ор атрфишон аз ра?сат,

Хуш?ол шуда пиру ?авон аз ра?сат.

Ма?рум мабод то ?иёмат ?аргиз

Чашми ?ама мардуми ?а?он аз ра?сат!

Шеъри шоирро кадхудои де?а ба дуо гардонду ?ама баробар омин гуфта, бо шав?и тоза хуш?олиро идома бахшиданд. Абдулма?иди Ворух? – ?амон шоири ?айбдон, ки Нигинаро ?ангоми к?даки бачилла буданаш «Бадри Ворух» унвон дода буд, ширакайфу че?рагулгун лаби тахтакат омаду одоби саломро нопурра ба?о оварда, бетакаллуф па?л?и А?мад нишаст ва ба тахтапушташ тап-тап зада, мастона гуфт:

– Ман ?ам усулу бозии Нигинаро дида, як шеъри з?р бофтан? будам. Офарин ба ту, ки пешдаст? кард?. Биё, ?амин шеъри туро хушр? навишта, ба падараш т??фа мекунем. Усто хурсанд мешад.

Хо?иш дарзамон и?ро гашту Абдулма?ид аз ко?азпора рубоиро бо овози баланд хонда, ба Абдулсайид бахшид ва шодиёна гирифт. Сипас бори дигар бо кафи даст китфи А?мадро тап-тап «навозиш» карда, дар лаби дарёча ?ро ба с??бат кашид:

– Бахудо, ки шеъри на?з э?од кард?! Ту чанд сол боз шеър менавис??

– Се сол боз… Аз чорда?солаг? маш?и шеър мекунам.

– Устодат к??

– Бародарам Ша?обиддин.

– Ша?обиддини Булбул? Писари ?озии Тамохуш?!

– Бале.
<< 1 2 3 4 5 6 7 8 9 ... 141 >>
На страницу:
5 из 141