Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 15 16 17 18 19 20 21 22 23 ... 141 >>
На страницу:
19 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Агар ягона ило? ?амин бошад, мо хилоф нестем…

– Барака ёбед, ака. То умр вафо кардана ба шумо вафо мекнам, ака!

Мирмалик даъват ё ишораи амакро интизор нашуда, па?л?и писараки саргаранг омад, номашро пурсид ва гарм дар о??ш гирифт:

– Акнун ту бародари ман аст?, Сабзал?! Асло туро намеран?онам ва намегузорам, ки касе чалама чат? када, ба ту ран?у озор расонад…

Ва?те Мирмалику Сабзал? ба синни бало?ат расиданд, амаки Мирфозил ?ар дуро наздаш шинонду пурсид:

– А?ди бародар? ягон бор нашикастаед?

– Не, амака! – баробар ?авоб гардонданд додархонд?о.

– Офарин ба ?ар дуятон! Минбаъд низ ба ?е? а?ди худ хилоф накунед. Имр?з, ки ба синни бало?ат расидаед, як ?онуни асосии зиндагиро бароятон таъкид мекунам: а?ди бародар? мисли а?ди нико? му?аддас аст! Ду д?ст ду дасти як инсон аст, ки якдигарро меш?яд, пок медорад, гарм мекунад ва ?ифз менамояд. Фа?мидед?

– Фа?мидем ва итоат мекунем, амака! – боз баробар ?авоб гардонданд додархонд?о.

– Имр?з, ки боли? шудаед ва чун сарв ба осмон сар кашидаед, мояи ифтихори падарони худ бошед. Пешиниён дар р?зи бало?ат миёни писари худро бо камарбанди заррин ма?кам мебастанд. ?ол? ин амал дар хатнасур и?ро мешавад. Вале мо – ху?андиён, ки расму ойини ниёконро чун гав?ари чашм пос медорем, дар р?зи бало?ати писар ?атман ба вай т??фаи хубманзар э?до мекунем. Бо масли?ату ваколати падарон ба ?ар кадоматон имр?з якто? саманди бодпо ?адя мешавад.

Мирфозил додархонд?ои хуш?ол ва дилшодро назди галаи аспони тоз? оварду фармуд:

– Маъ?улашро интихоб кунед!

Мирмалик аз галаи аспони ад?ам? сурхи ?игарияшро маъ?ул карду Сабзал? аз байни хингзеварон хокистарранги холдорро писандид ва дар?ол онро Хинги магас? номида, чуст савор шуд. Мирмалик низ чолок ба са?рии асп нишаст ва сар шуд нахустин саб?ати бародарона, ки ним сол бештар т?л кашид. Вале, як р?зи на?си тирамо?, ?ангоми ?а?идан аз болои ханда? пойи аспи Мирмалик шикасту табъи со?ибаш хира гашт.

?оли Мирмаликро дида, Бобои Одина лаб ба тасалло кушод:

– Зи? нашав, ?они бобо. Бароят аспи нав месозем.

– Ч? хел «месозем?» – шигифтомез пурсид Мирмалик.

– Ай аспи ману амакат. Зи? нашав, ?илаша меёвем.

Мирмалик гапи падари Сабзалиро дилбардор? ?исобид. Вале андактар маълум шуд, ки ин марди пухтакор барои «сохтани асп» ?иддан азм дорад. ?исси кун?ковияш боло гирифту пурсида-пурсида фа?мид, ки замон?ои ?адим дар Давон ва Хатлон бе?тарин асп?ои олам ву?уд доштаанду аспсаворон аз пайванди хинги хатл? ва абла?и давон ар?умак ба ву?уд овардаанд. Су?диён онро мусур мегуфтаанду баъдтар ин аспи бодпар ба саманди тоз? бадал шудааст, ки хушхирому чусту чолоку бе?ад ?ашанг будааст. Аз ?ама а?ибаш барои Мирмалик он буд, ки Хатлон зодго?и Бобои Одина буду Давон зистго?и имр?заи вай…

– ?авои да?ан намекунам, лекин аспи ман ай зоти кумайт бе?тарин хинги Хатлонай! – ба сари ма?сад наздик омад Бобои Одина. –Агар ай байтали тоз? барояш ар?с ёбем, ар?умаки зур пайдо мешавад.

– Ар?умаки Ху?анд! – хитоб кард Мирмалик ва ?ама фа?миданд, ки фикри «аспсоз?» ?ро писанд омадааст…

Сайис?о ва дастёрон чанд муддат за?мат кашида, аспи сурхранги Одина бо байтали хокистар? тав?ид намуданд, ки даври ?амлаш аз ёзда? мо? андаке бештар т?л кашид. Чун фурсат даррасид, тойчае ба дунё омад бо вазни ча?ор пуд бештар ва бемислу монанд – сари хурди аломушкин, гардани дарозу латиф, думи сиё?сафед ва пой?ои устувору ба?увват дошту шабрангу р?йинасум буд, яъне сумаш мисли п?лод сахту сиё?…

Баъди якуним соли бало?ат ба зебосаманди ёлдарозу мушкдуму оташнаъл ва хушрафторе табдил ёфт, ки аз ?ар ?адамаш замин миннатдору Мирмалик сарфароз ва хуш?ол мешуд. Вай бе ?е? дудилаг? ар?умаки Ху?андро Рахшон номиду онро на ба тозиёнаю ма?мез ва та?диду аспангез, балки бо ме?ри дилу се?ри сухан ва навозиши дасту ниго?и гарм ба худ ром кард. Рахши навин ?ам тундию ?а?идану газидан фур? гузошта, ба хубию хушию таковар? Мирмаликро со?иб ?исобид ва бе?тар аз аспи тозию хинги хатл? дар майдон ба хиром омад.

Ча?оршанбеи гузашта амаки Мирфозил ?авон?оро дар саисхона ла?зае ниго? дошт:

– Саманд?ои худро тайёр кунед. Фурсате фаро расида, ки дави Рахшону Хинги магас? ва ма?орати шумо дар арса ба ?иёс бисан?ем. Мусоби?аи асптоз? ва камонварз? дар Исфара ?авлонго?и шумо хо?ад шуд…

Муколамаи шоир ва бародархонд?о ба инти?о омаду ро?и морпечи о?угузар ?ам ба охир расид ва дар пеши чашмон Сия?к?л намоён шуд. Мирмалик, ки худро фарзанди дарё ме?исобид, чунин обанбори бузургро бори аввал медид. Тахмин муайян кард, ки бари к?л нисбати Сай?ун чор-пан? карат па?новар аст, аммо ?арчанд к?шид, охири толобро дида натавонист.

– Мег?янд, ки аввали к?л дар Воруху охираш дар Кош?ар, – шар? дод Абдулма?ид. – Агар кишт? бошаду беист ?аракат кунад, ин масофаро дар як шабу р?з тай мекунад.

– Расо во?има кард?, ака! – ханда бар лаб эрод гирифт Сабзал?. –И?а оби бисёр ай ку?о меёя??

– Аз оби дидаи абр андаку бештар аз гиряи пирях. Дар буни Сия?к?л яхдони бузургест, ки ?ар яхпорааш як к??и азимро мемонад!

– Нахо-од?!

– Абдулма?ид дуруст мег?яд, – ба мубо?иса пайваст Шайх Бур?ониддин. – Аз ин яхчол чор дарёи к??? ба чор самти дунё меравад. Яке р?ди Ворух, ки то Сай?ун мерасад. Р?ди дуюм? аз Раштонзамин с?йи ?ай?ун ?ор? мешаваду сеюмаш як шохоби Норин асту ча?орумаш аз к??истони Масчо ба Зарафшон мерезад. Агар тарзи дигар г?ем, аз яхдони Ворух ба чор тарафи олам гузарго? ву?уд дорад…

– Илтимос, та?о?он, як нафас тава??уф кунед, – нохост ба тавалло даромад Мирмалик. – Дар китоби тарассул хонда будам, ки «ро?и махфии маълумотрасон? байни афшину ихшид?ои су?д? аз Ворух мегузашт». Лекин дар чанд навиштаи сайё?ону ?у?рофидон?о ?умлаи «де?аи Ворух канораи Мовароунна?р» хонда, саргаранг будам, ки ба кадоме бовар кунам. Ана акнун ?а?и?ат то андозае аён гардид.

– Барои он ки шуб?аат пурра бартараф шавад, як р?йдоди таърихиро на?л мекунам, – шоирона гап сар кард Абдулма?ид. – Бобо?ои мо ривоят мекунанд, ки як ?осуси подшо?и Су?д Деваштич маълумоти пур?имат дошт, лекин азбаски Самар?анду Истаравшанро лашкаркаши араб ?утайба иш?ол карда буд, ило?и аз он с? ба Зарафшон гузаштан наёфта, чап?алат ба Ворух омад. Бо ро?баладии ч?поне то яхдон расид. Вале аз сардии ?аво то?аташ то? гашту маълумотномаи махфиро ?амро?и як халтача зар ба дасти ч?пон дод. Яъне, вайро киро карду дар вара?е шар?нома навишт: «Хо?а, ман Фатуфарн, туро паёми сард мерасонам, чунки дар болои пирях ?арор дораму яккаву тан?оям, либоси гарм надорам. Ба рафтан ?уръат намекунам. Чунки аз хунук? сахт метарсам».

– Ч?пон чико кард? – бето?атона пурсид Сабзал?.

– Ро?ро, ки хуб медонист, р?-р?и пирях аз а?баи Масчо гузашту то Пан?акат – ?арорго?и Деваштич расид ва боз як халтаи зар ?адя гирифта, си?ату саломат ба Ворух баргашту бою бадавлат шуд…

– Офарини у чупон, ки бузбала будай! – ?амранги дигарон лаб ба табассум кушод Сабзал?. – Фа?мидум, ки ай Ворух ба ватани ман ро? будай, леки хунуку тунук. Яъне, душворгузар будай. Леки ?е? нафа?мидум, ки ч? ов аст ин! Обе равонай ё мурда? Бади??ат ови к?ла бинед – каб-кабудай, к???ои атроф, талу теппа?о сабзи банурай, ?улла?ои барфп?ш сап-сафедай, дар ягон ?о сиё?? нестай, леки… барои ч? Сия?к?л номуш кардиян?!

– Ман ?ам ?айрон! – китф дар?ам кашид Мирмалик. – Аз тамошои обу осмони нилгун, арчазори сабзу мар?зори хуррам ва кабудизори махмал? дил ба фара? меояд, лекин номи к?л алаким-чихел таассуроти рангина сиё? месозад.

– Айнан ?амин гап?оро ман ?ам гуфтан? будам, – ?авон?ои ?амфикрро ?амфикр шуд Абдулма?ид. – Мо, шоирон, ранги хатнависиро оби сиё? мег?ему табиб?о оби дидаро оби сиё?и чашм пиндошта, «оби сиё? аз дида равад, чашм сафед шавад» мег?янд. Дар ин мавз?ъ бароятон як байти а?иб мехонам:

Оби сия? аз замин баромад,

Марг аз дари о?анин даромад.

Абдулсайид, ки дар гирди дегу оташдон ?унбу??л дошт, чангу ара?и пешон? ба остин пок карда, саволомез ба Шайх Бур?ониддин нигарист ва хом?шии ?ро и?озати суханг?й? дониста, мулоим лаб ба гуфтор кушод:

– Ин толобро барои он Сия?к?л гуфтаанд, ки дар ?аъраш аспи сиё? дорад. Ин аспи об? на тимсо? асту на ажда?о, на мо?? асту на на?анг. Паришамоил асту обпайкар ва безарар, чун бод дар р?йи об мепараду мисли мо?? зери об шино мекунад. Мег?янд, ки ?ар касе ин аспи обиро бинад, аспафкан мешавад, яъне ба?одури диловар! Ва агар бахташ омад кунаду ин аспи обиро савор шавад, шерафкан хо?ад шудан, яъне ?анговари диловар ва ?а?рамон…

Абдулсайид ?езуми нимс?хтаро дарунтари оташдон хаста, бо чашми озмоиш ба сомеъон нигарист. Сабзал? худ аз худ фур?зон шуд:

– Шакар ба да?анат, амака! Ина ?озир фа?мидум, ки Сия?к?л ови мурда нестай, так-таки замин ба чор тараф равонай. Дар ватани мо як дарё ?астай номаш Хингоб.

Шояд ин ?аму дарёи Шайхбово гуфтаг? бошад, ки рафта-рафта аз де?аи Лаби?ар ба ?ай?ун мерезад. Бибикалонам мегуфт, ки хинг аспи сиё?ай, маънои Хингоб аспи обияй…

Абдулсайид аз чунин мувофи?ат р??баланд шуда, бо ил?оми дучанд с??батро тасфонд:

– Навакак кадоме гуфтед, ки аввали ин толоб дар Ворух асту охираш дар ?ош?ар. Акоям А?мадсайид, ки бор?о ба Чин сафар кардаанд, айнан ?амин хел мег?янд. Аз гапи акоям донистам, ки дар ?ош?ар то?ик бисёру Сияк?лро Оби ишрат мег?янд. Зеро бор?о мушо?ида кардаанд, ки ?ар шаб зан?ои зебо аз об баромада, дар со?ил бозию шод? карда, пеш аз дамидани суб? баробари ситора?ои осмон аз чашм ?ойиб мешудаанд. Ин париёни сия?чашму сия?м?й он ?адар нозанину ма??абин будаанд, ки аз че?раи зебояшон шаби тори к??истон мисли р?з равшан мешудааст…

– Офарин, Устои гулдаст, ки дар суханвар? низ мисли дуредгар? устои мо?ир будани худро исбот кардед! – лаб ба та?син кушод Шайх Бур?ониддин. – Пири тари?ати мо, бародарам Шамсиддин, ки дар ?ош?ар хешу табор доранду бор?о он ?о рафтаанд, ?абл аз сафари Ворух гуфта?ои шуморо нозук ишора карда буданд. Эшон оби хушу пурманфиати Сия?к?лро васф карда, хушбод будани ?авояшро таъкид намуда, масли?ат доданд, ки соле камаш ду маротиба дар со?или ин толоб фори? аз кори дунё истиро?ат кунам, ки бе?тарин давои бемории нафас аст. Лекин гаштаю баргашта масли?ат доданд, ки аз оббозию шиновар? дар оби ях барин сарди Сия?к?л худдор? намоям. Гапро ба ш?х? бурда, гуфтанд: «Тарсам аз он аст, ки аспи об? язнаи маро аллонда, ба ?ал?аи париёни ?ош?ар мебараду хо?арам дар Ворух яккаю тан?о мемонад».

Лутфи латифро ?амагон ба хуш?ол? пазируфта, гирди хон давра нишастанд, то бафурсат та?т?ли чоштго?? намоянду сипас аз пайи шикори кабку сайди ширмо?? шаванд. Вале ?ан?з лу?мае дуруст нахойида, ?авоне аз паси харсанг баромаду худро пеши пойи Шайх Бур?ониддин партофт ва ?ой-?ой бигиристу нолон гуфт:

– Эй Шайхи бузургвор! Дарди маро ило? кунед! – ин бигуфту дасту пойи худ ба ?озирин нишон дод, ки озахи бисёр дошт ?ар кадом ба андозаи нах?ди сиё?. – Ин маразак аввал яктояк буд. Табиби ма?алла дору молиду … баъди ?афтае дугона шуд. Табиб боз даво карду озах аз дасти чап ба рост гузашт. Пеши табибу муллои дигар рафтам, ?атто мазори озахи Ху?андро зиёрат кардам. Лекин озах аз даст ба по гузашту ба тану гардан часпид… Занам аз хона баромада рафту ?амсоя?о худро аз ман дур кашиданд. Ло?арам, худро ба к??и беодам задам, то…

– Кифоя! – аз садои нога?он? ва омиронаи Шайх Бур?ониддини ?илич ?ама ?ад парида, даст ба гиребони ?айрат бурданд, ки ин касалманд аз ку?о пайдо шуду чаро Пири хушмуомила нога?он шамшерсухан гардид. Аммо Шайх ба касе эътибор надода, бо ниго?и м?шикофу му?арраб ба озах?ои пушти дасти ?авонмард нигаристу шиддати сухан са?ле паст гардонд. – Агар як ?арфи дигар ба забон ор? ва ?асди худкуш? кун?, ос? мешав?! Ч? ном дор??
<< 1 ... 15 16 17 18 19 20 21 22 23 ... 141 >>
На страницу:
19 из 141