Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 13 14 15 16 17 18 19 20 21 ... 141 >>
На страницу:
17 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Булбули хушб?й зи атрофи бо?,

Гуфта басе та?нияти навба?ор

Мекунад аз р?йи ?аво чашми абр

Дурру гу?ар бар сари олам нисор…

Коргардони асосии маъракаи бузург Навр?зшо? ла?зае ?арору ором надошт. Бо сару р?йи ара?шор аз як раста ба растаи дигар, аз сари хони як ма?алла ба ма?аллаи дигар, аз давраи як мусоби?а ба давраи дигар беист хар медавонду ба ?олибон т??фаи идона месупурд, ма?луб?оро бо сухани ширин дилбардор? мекард. Беинтизом?оро ба тартиб меоварду танбалонро ба ?аракат меандохт. Бо мардум ?азлу ш?х? меорост, савол медоду ?авоб мешунид ва агар посух маъ?ул ояд, аз х?р?ин ?адя мебаровард.

Нигинаву амакдухтаронаш низ сабру ?арор надоштанд. Бо одати дерина – дастобадаст аз як г?шаи идго? ба дигараш рафта, ?ама чизро дидан ва ?ар ч? бештар лаззат бардоштан мехостанд. Дар яке аз гардиш?о Мири Навр?з? он?оро ниго? дошт. Ришу фаши па?ну дароз ва м?йлаби печонашро силаю ?амвор карда, аммо ни?об аз чашм нагирифта, баланд нидо баровард:

– Эй духтар?ои зебо, ба ?ар сеятон як савол дорам. Касе аввалин шуда, дуруст ?авоб гадонад, мукофот мегирад.

Чанд ?ангоматалаб дар?ол он?оро гирд гирифта, имкони гурез надоданд.

– Г?ш кунед, духтарако: паррандае, ки ду пой дораду даст надорад, лекин мисли подшо? то? дорад, ч? ном дорад?

Назокату Назорат ?аросон Нигинаро нигаристанд. Вай заррае худро гум накарда, к?то?у баланд ?авоб гардонд:

– Хур?с…

– Офарин, зебояки бобо! – Навр?зшо? зуд аз х?р?ин се ?анди хур?сак баровард ва ба дасти Нигина дод: – Ин мукофот барои ?озир?авобият. Тавон? ?ар сеяшро худат х?р, натавон? – ?ар сеятон якто? х?ред ва шод? кунед.

Аз Навр?зшо? мукофот гирифтани Нигинаро шунида, Гулсимо мисли дигарон вайро табрик карду о?иста пурсид:

– Камарбанди гулд?зии модарат ?адя фиристода ку?ост?

– Дар халтаам. Ана…

– Ба акоям набахшид??

– Паго?? боз мековам, лекин Мирмаликро намеёбам. Намедонам, дар ку?о бошад…

– Аз дасташ т??фа гирифтию нашинохт??!

– Ту чи?о мег?й?? Кай т??фа гирифтам??

– ?озиракак. Ана, дар дастат…

– Оъ.. ин мукофоти Мири Навр?з…

Гулсимо базав? хандид:

– Офарин, духтари ?озир?авоб! Наход нашинохта бош?, ки акои ман ба ту хур?с?анд бахшид?!

Гунаи Нигина мисли хур?с?анд ар?увон? шуд. Лек худро дар?ол ба даст гирифту т??фаи модар аз халта берун овард ва болу пар бароварда, ба суро?и Мири Навр?зи бузург – Мирмалики Ху?анд? парид…

Равзанаи чорум. Таснифи саё?ати Сия?к?л ва хобу хаёли шо?ини паршикаста

Бо камарбанди навр?зии аз номи Бимастура ?адяшуда миёнро ма?кам баста, Мирмалик ?амро?и Сабзал? ба Ворух омад барои аёдати та?о ва ?ам фоти?агир?. Пас аз ?ол??й? ва дидорбин? гуфт, ки дар аспрези Исфара мусоби?аи чобуксаворон ва камонварон баргузор мешаваду барва?ттар омадаанд, то ба та?йири боду ?аво мутоби? шаванд ва асп?о бемалол к?фти ро? бароранд.

– Расо дар ва?таш омадед, – из?ори хушнуд? кард Шайх Бур?ониддин. – Мо азми сафари Сия?к?л доштем. ?озир Абдулсайиду Абдулма?ид меоянд, шумо болои кат нишаста, як пиёлаг? чой н?шида истед…

– Кадхудову де?худо ку?о?

– А?мадсайид маш?ули ти?орат, ба Мар?инону Намангон рафтаг?. Ибро?имхо?а андаке нотоб, тафташ баланд…

– Вайро ба ?олаш гузошта, Сия?к?л меравем?

– Де?худо нига?бони бисёр дораду ин к?лро ?азор бор дида, ?авсалааш пир шудаг?. Чор нафар будему шаш тан шудем.

– Шашумаш к??

– Неъмат, писари А?мади о?ангар.

– Саломатиш созай? – ба с??бат ?амро? шуд Сабзал?.

– ?авони фарохбол шудааст, алмудом маро ?амхор? ва дастёр? мекунад. ?ол? ?амро?и Нигина ва Очанур? ро?т?ша баста истодаанд.

– Дарво?еъ, Нигинаи ?озир?авоб ч? ?ол дорад? – пурсид Мирмалик.

– Рости гап, се р?з шуд, ки надидаам. Кабутари мастура шудаг? вай, тамоми р?з дар пеши Очанур? мешинад. Саба? меом?зад ва танбур менавозад. Го?-го? суруд ?ам мехонад. Китоби ту овардагиро ?арф ба ?арф азёд кардаг?.

– Барояш боз як китоб овардаму атриёт…

– Ч? хел атриёт?!

– Хушб?йтарин атри олам. «Мушки Ху?анд». Аз бе?тарин гул?ои парвардааш хо?аракам Гулсимо бо масли?ати модар тайёр када, т??фа фиристод. Ваю Саодату Нигина дугонаи ?иёмат? шудаг?. Саодат китоб дод… Лекин… Кабутари мастура гуфтеду ?айрон шудам… Т??фа?оро ч? хел супорам, та?о?

– Падараш ояд, ба ? меди??. Нигина акнун ба ?ар кас че?ра наменамояд.

– Эй бобо, Нигинара мо дигар а? намебинем?!

– Худо медонад. Дар Ворух ?ама та?водор, ба ?оидаю ?онуни духтардор? сахт риоят мекунанд. Ана, падараш меояд, ?ар саволе доред, аз ? пурсед…

?авонон дар?ол аз ?ой хестанду Абдулсайид бо Мирмалик д?стона, аммо бо Сабзал? ?амчу ошно муло?от кард. Абдулма?ид бошад, ?ар дуро ба як чашм нигаристу чун шинос?ои дерин даст ба дасту китф ба китф расонд ва шоирона нидо кард:

Ме?ри ёрони ?адим? дар дили ман алмудом,

Ме?мон аз ба?ри мо бе?тар зи ?он аст – Ассалом!

Дарвозаи ?авлии андарун? ?ичиррас овоз бароварда, кушода шуду Неъмат хур?ини пурбор сари китф дар ?уломгардиш намудор гардид. Ниго?и Мирмалик аз паси ? ба дарвозаи нимро? ла?жид. Он ?о суроби духтаракеро дида, т??фаи дугона?о ёдаш расид ва бо овози баланд аз Абдулсайид пурсид:

– Амак, хо?арам Гулсимою дугонааш Саодат аз Ху?анд барои Нигина китобу алачизе т??фа фиристодаг?. Ба шумо ди?ам ё ба Неъмат?

Мардон ба лабкушо? фурсат наёфта, овози ширини Нигина г?шнавоз садо дод:

– Ако?он, ба амонат хиёнат накарда, ба дасти со?ибаш супоред.
<< 1 ... 13 14 15 16 17 18 19 20 21 ... 141 >>
На страницу:
17 из 141