Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 9 10 11 12 13 14 15 16 17 ... 141 >>
На страницу:
13 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Нигина бо чашмони ?аёратзада ба чапу рост нигаристу садои форами «Ал?амдулилло?» ба г?шаш расид. С?йи овоз шитофт ва Пире дид ма?осинсафеди сурхр?й, суб?аи саддона дар даст канори Сай?ун нишаставу бо ниго?и нурон? ба мав?и дарё назар афканда, хуфя зикри Худо мег?яд. Наздиктар омаду ?исоби кораш гум шуд. Зеро мувофи?и дастури модар амал карда, худро дар?ол пеши пойи Бузургвор партофта наметавонист – оби дарё имкон намедод. Ма?буран интизор истод, ки т?лон? нашуд. Шайх Масли?атдин нимовоз «Алло?у акбар» гуфту даст ба р?й кашид ва бо табассум лаб ба такаллум кушод:

– Пештар биё, ?унчаи Мастураи бобо! Модарат то маро дарёбад, инони а?л ба дасти гумон дода, назди кампираке рафта буд, ки се?ру ?одуро медонист. Акнун, ки навадаи ман шуд?, масли?ат ин аст, ки инони хеш ба дасти мо супор?, то раво-раво инояти азал? дарёб? ва ?ар чиро Худо ба ту додааст, бегумон со?иб шав?.

Нигина дасти адаб р?и дил ни?ода, бо одоби тамом пеши Шайхи бузургвор омад ва сари таъзим фуруд овард:

– Эй Бобокалуни ме?рубон, фидои шумо дилу ?унам!

Шайх Масли?атдин сару китфони Нигинаро навозиш карда, дар нишастанго? мобайни ду бобокалон шинонд ва равзанае ба ни?онхонаи дил кушод:

– Баъди намози бомдод ?ар суб?идам ба со?или Сай?ун мешинам, то аз ?аъри рудбори бузург асрори ?а?он дарёбам. Зеро дарёи пур аз сир аст Сай?ун! Нишастан дар лаби обу ?ар?и дарёи тафаккур шудан ?ар шахси со?ибхирадро суди бисёр дорад, ки камтаринаш мисли садаф та?нишин гаштан аст… Ал?ол масли?ат ин аст, ки ту ?ам ла?зае биншину оби равонро нигар, то вусъати табъу шав?ат бо вусъати Сай?ун мувоз? гардад, ба?ри дилат ба мав? ояд ва дарё??ш шав?…

Нигина ?амчунин кард ва ниго?аш бо ма?рои дарё пеш рафту ?афо баргашт, боло рафту поён омад, ба он со?ил расиду ба дури?ои дур парвоз намуд. Аз тамошои манзара?ои навпайдо ва назаррабо чашмони зебояш дурахши тоза, ?узуру ?аловати гуворо, нуру зиёи нав дарёфт. Фа?мид, ки зуфунун ва дарёдарун будани Бобои Бузургвор аз шарофати оби дарёст!

– Оре, об ?ар ку?ост, зиндаг? он ?ост! – андешаи абераро вусъат бахшид Шайхи ?амадон. – Ин оби мусаффо ва зулол, ки як шохобаш аз барфи пиряхи Ворух ибтидо мегирад, то ба Ху?анд расидан аз санг бар санге зада, пухтаву тозаву гуворо, чун оби Замзам табаррук гашта, ву?уди моро поку мубарро мегардонад, чун оби Хизр равшану соф шуда, моро ба р?шно? мерасонад, осиёби зиндагиро ?амеша гардон медорад, талхию ш?р? аз мазо?и мо дур мебарад ва шодию тарабу ширинком? меорад.

Эй ?унчаи мастураи бобо! Обе, ки имр?з тамошо дор?, боз як хосияти дигар дорад. Ин оби аввали ба?ор асту аз одаму олам гарди сарди фасли сарморо дур афканда, ба оби ра?мат табдил меёбад, ба чашму р?йи мо оби зиё бахшида, имонамонро обутоб меди?ад, ?ама растаниро сабзу гулбасар ва пурсамар мегардонад. Аз ?амин сабаб ниёкони мо, ки обро му?аддастарин му?аддасот медонанд, обпоширо як рукни Навр?з ме?исобанд, дар арафаи иди ба?ор ба умеди ба?о ва сафо дар навбати аввал наздикону ёронро аз оби ра?мат шодоб мегардонанд.

Эй ?унчаи мастураи бобо! Азбаски р?йи ту шабе?и гули навр?зист, масли?ат ин аст, ки расми а?додиро имр?з аз ту о?оз бахшем.

?азрати бузургвор к?зачаи сафолиро пури оби навба?ор карду «умрат мисли об дароз шавад!» г?ён, се каф ба сару китфи духтарак пошид ва к?за ба со?ил ни?оду андак поёнтар хамида, аз болои шохобчаи камбар «?ар дарду бало дорем – об бубар!» г?ён се бор ?а?ид. Сипас бо оби равон дасту р?й шусту асои дасташро ба Нигина дод ва фармуд:

– Анизриб би ъасока-л-ба?ра![4 - ?уръон, ояи 26, сураи 63 ] Асо дар дарё зан!

Бобокалон бо че?раи пуртароват ва тару тозаю ?илодори Нигина бо ме?р назар афканду аз беди со?ил се шохчаи сабз канда, даруни к?зача андохт ва чанд панди обдор ба забон овард:

– Имр?з бо оби Сай?ун лаб аз шири модар шустию худро ба ?адди булу? наздик расонд?. Ин р?зи басо хотирмони ?аёт, ки о?ози нашъунамо ва камолоти туст, муборак шавад, эй гул?унчаи Мастура! Акнун ки асо бар дарё зад?, дигар к?дак на? ва боди??ат г?ш дору ?уш ба паёми обо? кун: ?адри обу нону намак ?амеша пос дор ва дар хаёли давлату савлату сарват обу адо нашав; бик?ш, то оби чашм дар дида ниго? дор?, аммо агар аз ноило?? оби чашм рез? ?ам, оби р? ?ифз намо; ба д?стон ва дугона?ои ?он? об аз ?игар бахшу ба эшон мисли обу оташ ва обу рав?ан мухолиф не, балки монанди обу ?аво созгор бош; асло аз ёд набарор, ки об бо ?ован к?фтан к?шиши бе?уда асту ?е? кадбону обро бо ресмон набандад ва дар сабад наандозад.

Азбаски сиришти ту бо кабутар пайванд аст, охирин масли?ати навр?зиро бо шар?аш шунав: ?амеша кабутари об?[5 - кабутари об? – мо?их?рак, ё?у, чайка. ] бош, на мур?и об?! Яъне мисли он паррандаи мо?ихор фа?ат поктарин навола – мо?иро лу?маи ?алол кун, на кирму обсабзаро монанди мур?об?…

Шайх Масли?атдин андаке тава??уф карда, аз ?айб як каф мо?ичаи тиллою ну?ра баровард, ки тиб?и таомули ?адима дар радифи дигар сокинони су?днажоди Ху?анди бостон? махсус дар ма?аллаи Заргарон созонда буду ?ар кадоме барои овехтан риштаи заррин дошт. Як мо?ичаи тиллоиро худаш ба гардани зебо ва хушнамои Нигина ?амоил карду масли?ат дод, ки сеи дигарро ба Бибисоле?аю духтаронаш ?адяи навр?з? барад.

– Оби к?зача ба бехи ни?оли тути назди дарвоза рез, ки бомдод тиб?и суннати а?дод? шинондам. Ин ни?олро муридон аз Балх овардаанд, ки аз р?згори ориёи?о то замони Хуросони ислом? маркази аслии баргузории ?ашни Навр?з буд. Ин навни?ол аз оби ра?мат нашъунамо ёфта, Тути калони Ху?анд мешавад, ?азорсола мешавад. Ту ?ам сарсабз мешав?…

* * *

Чоштго?и р?зи сешанбе аз бур?и баланди ку?андиз овози мутантани мунод? ба атроф ?ул?ул андохт:

– Нашунидам, наг?ед! Нафа?мидам, наг?ед! Паго? о?ози сари сол – ?уфтбаро-ооро-оон!! ?ар касе молу замин дорад, ба Бо?майдони Ун?? барояд ва урфу одати дадою б?во?о-о ба?о о-о-орад!

Нидои даъватиро шунидан ?амон шогирдони дабиристони духтарона, ки дар шафати мас?ид во?еъ буд, саволомез ба муаддиба нигаристанд. Бибинур? ?ироати китоби олими маъруфи ху?анд? М?со ибни Абдулло? «?иками амсол»-ро ?атъ намуда, пас аз дуо гуфт:

– Тавре ки бонги муаззин даъватест барои намозгузор? бидуни таъхир, нидои мунод? оиди ?уфтбаророн ишоратест аз о?ози ?ашни Навр?з. Мо бояд дар?ол аз ?ама кору ташвиш?ои зиндаг? худро фори? гардонем ва ба хуш?ол? пайвандем. Яъне чун ?амеша аз ?амин ла?за таътили идонаи шумо шур?ъ мешавад!

Нигина, ки барои дидани мактаби ша?р ва ?иёс кардан бо мактабхонаи де?а «ме?мон» омада буд, гумон дошт, шогирдон эълони таътилро шунидан ?амон бо ш?ру шав? аз ?ой мехезанд. Вале дувозда? духтараки гуногунсол, аммо якхелалибос р? ба ом?згор ботавоз?ъ нишаста, ?атто мижа намезаданд. Нигина ба фаросат дарёфт, ки муаддиба нисбати он?о низ сахтгир асту ду ?умлаи маш?урашро ба толиба?ои ша?р? низ зе?ннишин кардааст: аввалан – шогирд пеши устод саропо г?ш шавад ва агар ? сухан г?яд, чун соя хом?ш бошад; сониян – шогирд ?е? го? густох? накунад, бе даъват забон ба гуфтор накушояд, аммо баъди муро?иат сукут наварзаду тамаллу? як с? ни?ода, ма?зи гапро г?яд, жож нахояд.

Бибинур? аз хушодобии шогирдон хурсанд шуда, бо р??и болида гапашро давом дод:

– Таътили мову шумо як ?афта давом мекунад. ?ар як р?зи он як шохаи Навр?з аст, ид аст, замони хушдил? аст. Дар арсаи чаману бо?у гулзор ва идго? бемалол шодию боз? кунед, аммо дар ?ама ?о адабу иффат нига? доред ва ?ама кор бо а?лу фаросат пеш баред. Бовар дорам, ки шумо – шогирдони аълохони дабиристони мо зебу зиннати Навр?зи Бузург мешавед.

?ар р?затон Навр?з бод,

Навр?затон фир?з бод!

Гулдухтарон табрикоти маъмули навр?зиро бо хуш?ол? такрор намуда, аз синфхонаи бистболора берун баромаданду ?ар кадоме ало?ида-ало?ида Нигинаро ба ме?мон? хонданд. Аммо Бибинур? фа?ат ба ду нафар – Гулсимо ва Саодат и?озат дод, ки ?ро ?амро?и худ баранду ша?рро тамошо ди?анд.

Сайри Ху?анд аз манзили Ма?аст? о?оз шуд, ки дарбаста буду калид дар дасти ?амсоя. Вай аз де?аи дурдасти Исфарамарз омадани ме?мони хурдсолро дониста, бо чарбзабон? ?ар серо ба ?авлии тозаву озода дароварду ро?равон шар? дод:

– Баъди ягон мо?и нопадид шудани Ма?астибону турке чигил худро со?иби ин манзил хонд, вале дер напоид – худ ба худ ?инн? шуда, шабона худашро ба дарё партофта кушт. Тирамо?и ?амон сол модари шоираи маш?ур Зебои Ху?анд? дар ин остони шеъру маърифат таълимго?у китобхона кушоду чаро?и дудмонро равшан намуд. ?амаи ин гулу дарахт?ои анор дастран?и ?амон худора?мат?…

?ол? ?авл? бесо?ибу хол?. ?амсоя?о банавбат ниго?бон? мекунем…

– Хола, Ма?аст? зинда ё мурда? – аз пурсиши андаке соддалав?онаи духтараки де?от? дар лабони духтарони ша?р? лабханди исте?зо дамид. Вале ?амсоязанак, ки худро Муаззама номид, бо о?анги ?идд? ?авоб гардонд:

– Мурдаг? М?ниса, лекин шеъраш зинда! Китобаш даст ба даст мегардад.

– Ч? ном дорад китобаш?

– «Чорго?и Ма?аст?».

– Ман ?ам дорам ин хел китоб. Азёд кардаг? чанд шеъру рубо? аз «Чорго?и Ма?аст?».

– Наход?! Оъ… ин китоби камёфт ч? хел ба дасти ту расид?

– Т??фа кардаг? Бобокалуни Ху?анд?.

– К???

– Шуд! ?амаашро фа?мидам, – риштаи муколамаро ?айч? зад Гулсимо. –Бо дастури Пири муаззам Шайх Масли?атдин акои хушнависам ним сол за?мат кашида, аз «Чорго?и Ма?аст?» нусхае бардошта буд. Маълум мешавад, ки он нусхаи арму?он? барои навада будааст!

– Мирмалик акои ту?! – якбора ба шав? омад Нигина.

– ?а. ?амро?и та?оям ба Ворух рафта буданд.

– Дар ку?ост ?озир акоят?

– Ман аз ку?о донам? Наход китобро бозгашт супор??

– Не-е! ?адяи навр?з? фиристодааст модарам барояш. Камарбанди гулд?з?…

– Т??фаро, иншоолло?, р?зи Навр?зи бузург дар идго? месупор?, духтар?он! – риштаи с??батро дубора ба даст гирифт Муаззама. –Агар туро Пирам Подшо?марди Вал? ба ?укми набера хонда бошанд, духтараки одию содаи ?ишло?? нест?! Аз гап заданат маълум…

– Фар? дорад магар гуфтори ман аз гапи дигарон?

– Албатта. Худи одами аз дигар олам омадаг? барин гап мезан?. ?умласозият баръакси мо!

– Бубахшед маро. Наметонам дигар хел…

– ?е? боке не. Шояд о?иста – о?иста ёд мегир?. Ё мисли Ма?аст? шоира мешав?.
<< 1 ... 9 10 11 12 13 14 15 16 17 ... 141 >>
На страницу:
13 из 141