Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 7 8 9 10 11 12 13 14 15 ... 141 >>
На страницу:
11 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Оре, ?аминхелак буд, та?о?он! – дар?ол ?авоб гардонд Мирмалик аз ?ой нимхез шуда.

– Ба ?оят шину, шери та?о, давомашро худат г?й.

– Ба чашм! – гуфт Мирмалик сари итоат хам карда. – Мо н?? турки фил боина ба замин чалпак када, ба ?алаба пурра бовар доштем. Лекин… аз ?ама охир турке мисли харсанги носуфта ба майдон баромаду ?алабаи мо пасаймиш рафт. ?арчанд маддакои шерафкани мо ба ра?ми ин фил?уссаи бад?айбат ?увват каданд, мурод ?осил нашуд. Ин барзанг? ?ама ёрони маро чалама чат? аз по ?алтонда, аспи маст барин ши?а кашид: «Тожик борм??»

?ис кардам, ?ама маро менигаранд, ки аллакай насибаи худро гирифта, ?атори тамошобин?о ?иму им мешиштам. Барзанг? хар барин наъра заду маро раги орият ?унбид ва аз та?оям и?озат хостам. Даст ба дуо бардошта, гуфтанд: «Бархез, ?иянам, далер бош, димор аз говз?р барор!»

?уссаву ?аду ?омати барзанг? якуним баробари ман буд ва чун наздаш расидам, назарногирона хандиду бо писханд гуфт: «Эй мир?инд?, аз ман наметарс??!» Дар ?авоб гуфтам: «Аз кундаи мунда фа?ат гун?ишк метасад!» ?ама лаб ба та?син кушоданду барзанг? баланд наъра зад: « Эй к?дак, гурез, ки мудд?!»

Аз ?у?уми нахустин фа?мидам, ки ин барзангия бо з?ру талош ма?луб кардан номумкин! Фа?ат ба чобукию ?илат ?олибият метавон ба даст овард. Гирумон ва пайкори беназири Рустами достон пеши назар оварда, камараша сахт тофта, ?ини чап?алат пойи росташа боло бардошта, ба тахтапушт афтондам. Бо тамоми ?увват дасту пой заду аз хашму ?азаб сурху сафеду сиё? шуд ва раги гарданаш чуст бархост. Бори дигар сахт тапондам. Аз новаки бинии ?ароботур хуни сия? ба замин рехту дигар ёз?-ёз? накада, сари таслим фуруд овад…

Чун сухани Мирмалик ба ну?таи таммат расид, шунаванда?о о?и сабук кашида, ?ро офарин хонданду Шайх Бур?ониддин риштаи муколама тарафи худ кашид:

– ?окими ?арохон? ноило? дасти ?иянпа?лавони маро бо нишони ?олибият боло бардошту аз таърифу тавсиф сарашро ба осмон расонд, садрнишин кард ва дар фуроварди суханаш ба турк? гуфт: «Ту дигар Мирмалик нест?. Темирмалик ту, эй о?анбозу!»

Ин гап ба дилам сахт расиду лу?ма партофтам: «Эй ?оким, турктоз? бас аст!». Аз шиддати ?азаб ларзида, пурсид: «Эй Шайх, ч? муддао дор??». Гуфтам: «?ияни маро Темирмалик наг?й, то туркон решапайванди худ на?исобанд» Хандиду гуфт: «Ху?андиён ширинзабон ва шакаргуфторанд, аммо ту чаро арразабон? ва талхгуфтор? мекун??! Ба ?урмати Шайх буданат аз гуно?ат гузаштам, эй ?илич!»

Тамом – вассалом: гапи ?оким гап шуду аз ин р?з эътиборан ман – ?илич, ?иянам Темурмалик!»

– Як саволи ?алат? дорам, – ди??ати ?амаро ба худ ?алб кард ?осими ?аднавча. – Агар и?озат бошад, пурсам…

Де?худо бо ишораи сар рухсат доду ?осим ба ?амсоли худ муро?иат кард:

– Эй Мирмалик, росташро г?й, ки ?ар дуи шумо ?ияну та?ои ?а?и?? ё ?албак??

– Та?ои ме?рубонам акои бува?онам, ?ар дуяшон фарзанди як падару модар!

– Оре, модари Мирмалик, ки Мо?симо ном дорад, ?амшираи ?онии ман аст, – посухи ?иянро мукаммал гардонд та?о. – Ин номи мерос?. Аслан, исми шарифи духтари Шо? Исмоили Сомон? аст, ки вай волидаи модаркалони бобои мо – домоди амири кабир буд!

Он айём амирони бузурги сомон? дар пайравии шо?они сосон? рафтор карда, агар аз хидмати сарвару саркардаю волиёни хеш дар ма?ал?о мамнун бошанд, ?амчун нишони ?адршинос? духтар ё набераи худро ба он ?умоюнбахт номзад мекарданд. ?адди бузурги мо Абдуллопа?лавони Ху?анд? аз тоифаи чунин сарварони некахтар буду солиёни зиёд сипа?буди соди?и лашкари сомониён. О?ибат бахт ба р?яш хандид ва бо лутфи Исмоилшо? бо набераи со?иб?амоли ? хонадор шуд, сипа?солори лашкари Ху?анд таъйин гардид, бо исми Мирабдулло ба сулолаи Амирони Кабир пайваст. Писари ? аллакай амирзода ?исоб меёфт ва бинобар ин номи муборакашро Миро?ил ни?оданд, ки ?адди бузурги Мирра?мат-падари Мирмалик асту хо?ари Миро?ил – Гулсимо момокалони ман…

– Агар шафшаи[3 - Шафша – шохи дарахт ] ша?араи шумо ба сомониён пайваст бошад, мо имр?з хушбахттарин инсонем, ки мизбони чунин ме?монем! – каф ба ?ам зада, де?худо бо нишоти афзун хитоб кард: – Эй мардум, чаро карахт нишастаед?!

– ?ама чашм дар ро?и о?ангаранд, – хулосаи худро бо овози баланд из?ор кард Сабзал?. – Ина, хандон-хандон меояд.

?амиди о?ангар ду лаб пур аз ханда дар остонаи дарвоза ла?зае ?арор истода, фори?дилу шодба?р нидо кард:

– Эй мардум, шодиёна ди?ед! Писаракам си?ат шуд! Нону шир х?рд, бо г?ши худ шунидам, ки «додо» гуфт. Дастатон дардро набинад, Шайхбобо! – марди та?амтан ва ?авибозу тозон пеш омаду мисли к?дак худро пеши пойи Шайх партофт ва аз ма?зи дилу ?он гуфт. – Аз ин баъд ману фарзандам муриди ?ал?абарг?ши шумо, Пирам!

Атрофиён о?ангари ма?буби худро шодишарик гашта, бо о?анги дастб?с? ба Шайхбобои Ху?анд? из?ори сипосу итоат намуданд.

Шайх Бур?ониддин бе ягон халалу озор гул?е пур аз ?авои тозаю форам даркашида, шукри Парвардгор ба ?о оварду о?ангарро сари по хезонд ва лаб ба наси?ат кушод:

– Ба ту мег?ям, эй шогирди Кова, ва бигзор дигарон ?ам бишнаванд: панди Б?ал? Синоро ?амеша дар ёд доред ва ?амеша тадбир аз он кас пурсед, ки дини пок, му?аббати некон ва дониши тамом дошта бошад.

?амиди о?ангар, ки дигар парокандаа?волу ошуфтакор набуд, ба фазилату да?и?назарии Пири м?ъ?изнамо бори дигар ?ойил шуду че?рааш аз нури ихлос боз ?ам равшантар гашт ва бо лафзи содаю самим? гуфт:

– Ба шодиёнаи си?ат шудани Неъмат рафтем ба ?авлии ман! Бо як пиёла чою як бурда нони камба?ал? ва ?ар буду бозёфте, ки дар хона бошад, ?амаро зиёфат мекунам.

– Ба манзили ту албатта меравем, аммо баъди комилан шифо ёфтани Неъмат. ?оло бошад, ба шодиёнаи паёми хуши ту чанд арму?они табаррукро ба со?ибонаш месупорем.

Сабзал? бо ишораи Шайх Бур?ониддин аз к?лбор се тасбе?и ?а?раборанги ч?би сандал бароварду ба дасти Ибро?имхо?а, А?мадсайид ва Абдулсайид якто? дод.

– ?азрати Шайх Масли?атдин ба ?ар кадоми шумо як тасбе?и табаррук бахшиданд ва гуфтанд, ки замоне зикри он Ягона дона-дона ба риштаи тасбе? меоваред, ?амвора аъмоли неку бади хеш холисона ба риштаи та?лил биёваред.

?азрати ?умоюн? ба наберахондаи худ Нигина бинти Абдулсайид низ арму?они ало?ида э?до карданд – девони Ма?аст?! Биг?ед, ки биёяд ва ?адяи гаронба?о худаш бигирад.

Сабзал? то омадани Нигина ба ?озирин маълум намуд, ки Мирмалики хуш?алам бо масли?ати устод ва Пири ра?намои худ шеър?ои Ма?астиро дар ?о?ази соф бо хати равон хаттот? кардааст, то хондану аз бар карданаш осону гуворо шавад.

– Пирам Подшо?марди Вал? гуфтанд, ки ?олиё Нигина кабутари парвара асту барояш ?изои хуби р??? фаро?ам овардан вазифаи ?онии мост – сухан бар сухан афзуд Шайхбур?он. – Мо ??дадорем, ?ар ч? имр?з дилхо?и ?ст, му?айё созем, гирди сараш парвона бошем, то тавонем бе?тар парварему боли паридан биём?зем, то баландпарвозу ?а?оннамо шавад.

Нигина дар тан либоси сап-сафед кафтарвор парида, назди кати соябондор омаду сабук таъзим намуда, бо ла?ни ширин «Ассалом!» гуфт ва чашм аз р?йи падар наканда, ором истод. Шайх Бур?ониддин сухан?ои ?аблан садододаро содаю фа?мо ба духтарчаи гулр? такрор карду баъде ки Мирмалик китобро супорид, наси?атомез гуфт:

– Аввал хату савод меом?з?, эй парвара. Сон? шеър?ои Ма?астиро аз бар мекун?. Шеъри бисёр дон?, духтари доно мешав?. Хуб?

– Хуб шудааст, бобо?ун! Ра?мат ба Шумо, Бобо?уни Ху?анд?!

Оча?уни Ху?анд? ?ам ту?фа карданд дафтару ?алам. Гуфтанд, ки худашун муаддиба мешаванду ?ар руз меом?занд як саба?и нав. Боз гуфтанд, ки ёд меди?анд ба ман – танбур навохтан! Шудам хеле хурсанд. Ваъда додам, ки мешавам шогирди на?з…

– Офарин, ?они бобо! Бовар дорам, ки ба ваъдаат вафо мекун?.

– Албатта, бобо?ун. Шумо ?ам вафо кунед ба ваъдаи худ.

– Кадом ваъда?

– Оча?уни Ху?андиям гуфтанд, ки хаста шудаеду дам гиред, бобо?ун.

– Хуб, ?они бобо. ?озир ?амро?и бузургони Ворух ба гулбо?и лаби дарё меравем.

– Хайр, бобо?ун, э?тиёт кунед худатуна. Аз мо нашавед парешун, худам чойрезаки оча?уни Ху?анд? мешам…

Равзанаи сеюм. Чакомаи навр?зи Ху?анд аз назари ме?мон?ои пири ар?манд

Нигина да?умин навба?ори умри худро дар ша?ри Ху?анд исти?бол гирифт. Ваю амакдухтаронаш Назокату Назорат ва модарашон Бибисоле?аро А?мадсайид барои сайру тамошои иди Навр?з оварда буду дар ?авлии калони Шайх Бур?ониддин мезистанд. Чолу кампир, ки ?ар сол баробари сар шудани хунук? аз к??истони ?а?ратун ба ша?ри офтоб? к?чида, амал?ои мува??атан мав?уфгузоштаашонро идома мебахшиданд, а?ли ?ар ду оиларо боисрор ба ме?мон? хонданд. Мастурабону аз он сабаб омада натавонист, ки к?даки ширхора дар ба?ал дошту та?йири и?лим ва ро?и дурударозро хатарнок ?исобид. Абдулсайид, ки ба шукронаи таваллуди писар намозго?е барои ма?алла месохт, ягон ла?за ва?ти зиёдат? надошт – мехост то фаро расидани иди аз?о ?ама корро ба субут расонад, то Шайх Бур?ониддини Вал? хутбаи идонаро ма?з аз минбари мас?иди нав бихонад. Бар замми ин, вай ба ?е? ва?? модару к?дакро тан?о гузошта наметавонист…

Ме?мон?о чун ба ?авл? даромаданд, а?ли хонадонро дар тараддуд диданд. Ду ?авони ?ам?ад гилем метаконданду духтараке косаву таба? мешуст ва зарф?ои лабпарида ё андак кафидаро ало?ида мегузошт. Кадхудо бо ?ор?би дастадароз шифти болохонаи дарвозаро аз гарду ?убор тоза мекарду очаи Бибинур? дегро болои оташдон чаппа гузошта, бо алови паст онро аз дурдаи сиё? сафед мегардонд. Вай, аз омадани ме?мон?о бехабар, бо овози баланд нидо кард:

– Саросема нашаведу бик?шед, то дар ягон г?шаи хона ё кун?у канори ?авл? заррае ифлос? ё сиё?? намонад! Фа?мидед? – г?ён ба ?авон?о нигаристу ниго?аш ба Нигина барх?рд ва пешгир аз миён кушода, с?йи дарвоза давид. – Э?-?е, Нигина?он омадаст! Хуш омад?, духтари оча! Хуш омадед, ме?мон?ои нури дида!

Нигина боли парвоз кушода, ба о??ши муаддибаи пазмонгаштааш париду ?амдигарро б?саборон карда, ташнагии дидор бишкастанд.

– Ч? ?ол дор?, духтари оча? Медонам, ки ро?и дароз пургарду дард аст, ран?и ароба бисёр…

– На?з ?амааш, оча?ун. Маъ?ул шуд ба ман ро?и пурафсона. Аз хунук? гурехта, ба гарм? расидем.

– Гармиро ту овард?, духтари оча. То дина ?аво ях барин буд, мисли р?зи зимистон…

Баъде ки ?ама давра нишастанду гуфтани?ои ибтидо? гуфта шуд, Шайх Бур?ониддин сухани ?амсарашро та?вият бахшид:
<< 1 ... 7 8 9 10 11 12 13 14 15 ... 141 >>
На страницу:
11 из 141