Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 8 9 10 11 12 13 14 15 16 ... 141 >>
На страницу:
12 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– ?а?и?атан ?ам шумо аз Ворух ба?ор овардед. Сармои ?афтр?заи барди а?уз, яъне охирин нафаси сарди а?узкампир, ки онро мо – ху?андиён «баъди чилла-?илла» мег?ем, дина ба охир расиду имр?з ?аво яку якбора гарм шуд. Ба ибораи шоир, кун?е ки барфи сафед дошт, сабзи суман гирифт, ба мардум ?ушдор дод, ки Навр?з меояд! Ва мо шур?ъ кардем ба тоза кардани манзил, ки нахустин суннати ин иди а?додист.

– Аммо мани сода гумон кардаам, ки ба шарафи омадани ме?мон?о хона?оро тозаю озода мекунед, – гапро ба ш?х? кашид А?мадсайид.

– ?ам ину ?ам он! – бо ханда ?авоб гардонд со?ибхона. – Имр?з мардуми Ху?анд а?лона ба тозакор? маш?уланд. Зеро аксу на?си а?риман? аз ?удрат ва тавоно? ма?рум гашта, бо ?идоят ва масли?ати бародарам Шамсиддин имсол дар Ху?анд ?ашни Навр?з бо шук??мандию ша?омати бузург чун дар а?ди сомониён та?лил мешавад.

– Магар Навр?з?ои пешина бешук?? буд? – мулоим лаб ба гуфтор кушод Бибисоле?а.

– Шик?? дошт, аммо на ба ?адри дилхо?. Дар замони сомониён махсус барои ?ашни Навр?з идго?и бузурге ву?уд дошт ва тантанаи мардум басо хуш?илою нишотафзо мегузашт. Вале чун пойи номубораки ?арохони?о ба Ху?анд расид, идго?и обод хароб гашту ба тавилаи аспу хар табдил ёфт, ?ам аз обу ?ам аз гили Сай?ун дуд баромад!

– Оббо! – аз ма?зи дили А?мадсайид низ о?и с?зон баромад. – Ана акнун сабаби дар Ворух бо ?ам?амаю дамдама ид нашудани Навр?зро фа?мидам. Маълум мешавад, ки бо шикасти давлати сомони?о дарахти навр?зи олам шикаста, ба гулбазми мардум? боди хазон расидааст.

– Ма?зи гапро гуфтед, бародар. ?арохониён, ки аз пасмондаи я?мою чигил ном ?абила?ои бодиянишини турк пайдо шуда буданд, ашаддитарин душмани сомониён ба ?исоб мерафтанду дусад сол пештар аз таваллуди Нигина ша?ру вилояти моро ба тасарруфи худ дароварда, авлоду а?доду расму ойини сомони?оро беамон решакан мекарданд. Бадтарин сиё?амали ин бадкорони сия?дил хати батлон кашидан ба ?ашни гулафшони табиат буду «болои с?хта – намакоб» гуфтаг? барин, ин к?чиёни бедин ба ?ойи Навр?з иди майпарастон – Хазонакро ?ор? намуданд.

– Чува?? – овози чирросии Нигина он ?адар баланду нога?он? садо дод, ки амакдухтарони пинакрафтааш ?ад парида, бо чашмони ошуфта атрофро нигаристанд.

– Он?о ба чанд савдогару одам?ои сарватманд ишора намуданд, ки ангури ?ойдор? барои майкаш? хеле мувофи? асту агар Ху?анд ба маркази майбарор? ва майгусор? табдил ёбад, ба ро?и абрешим пайро?аи нави сердаромад пайваст мешавад. Як ишораи ?оким коф? шуд, ки пулпарастони ?арис ба сар давиданду Навр?зро рад карда, Хазонакро ?онибдор шуданд ва сари майхора?о ба осмон расонданд. Он замон ?ар касе калимаи «Навр?з» ба забон меовард, аз дасти майпарастон ?олаш табо? мешуд…

Шайх Бур?ониддин о?е сард аз дили пурдард кашида, эътирози равшандилони Ху?анд ба ёд овард. Аз р?згори донишманди закитабъ Мулло Умар ибни Собити Ху?анд? ?икояте гуфт, ки дар с??бату маърака?о агар аз Навр?з сухан равад, мисли ?езуми хушк дармегирифт. ?ро ого? карданд, ки э?тиёт бошад ва сухан сан?ида г?яд.

Дар ма?филе аз с? ла?ни Борбад сухан рафту онро ороиши Навр?з номид. Нафаре эрод гирифт:

– Ороиши иди Хазонак биг?!

– ?аргиз чунин наг?ям! Хазонак иди палидон асту Навр?з ?ашни покон!!

Он ла?за касе намедонист, ки арзиши ?умлаи охирин бо хуни Мулло Умар баробарвазн меояд: барои ?окими ?арохон? ма?з ибора?ои «Хазонак иди палидон, Навр?з ?ашни покон» кифоят шуд, ки ?ро ба ?атл ма?кум кард ва фармуд, то хонумонашро бис?занд!

Аз ин шумхабар ого? шуда, бародари калониаш Аб?бакри Му?аммад ибни Собити Ху?анд? бо аёлу а?рабои хеш фил?ол р? ба гурез ни?од, аввал ба Марв рафту сипас ба Исфа?он расид ва он ?о му?им? шуду бо мадади Низомулмулк сулолаи м?ътабари Оли Ху?андро асос гузошт.

Аз байн чил сол бештар гузашт. Биму ?арос фаром?ш шуд. Зиндагии Аб?бакр ва пайвандонаш дар ?ойи нав ма?рои тоза ёфт. Лекин… маълум гардид, ки ?арохони?о ?а?и?атан ?ам уштуркина будаанд: гумоштаи он?о шоир ва олим Абусайиди Ху?анд? – писари Аб?бакрро ва?ти маъвизахон? дар мас?иди ?омеъ бера?мона ба ?атл расонду хунсардона гуфт:

– ?ар ким дар бораи Навр?з амри маъруф кунад, хунаш мео?ад…

Шоира Ма?астии Ху?анд? низ бо хашму ?азаби навдавлатони ?арохон? дучор гардид ва ин ?одиса дар базми яке аз бузургони ша?р рух дод. Он ва?т Ма?аст? нав ба синни бистсолаг? ?адам ни?ода, аммо дар ?усну мало?ат ва шеъру нафосат ягонаи даврон буд. Аз нак?ати гулу сабзаи фасли навба?ор вайро хумори ?ашни ниёгон ба сар омаду бадо?атан як рубо? э?од карда, фарорасии Навр?зи А?амро ба ?амагон табрик гуфт:

Зад лола парер дар Нишопур озар,

Д? бар зад аз оби Марв нилуфар сар.

Навр?з, ки шуд, боди Сай?ун ?онпарвар,

Фардо ?ама хоки Балх гардад анбар.

Д?стон ва наздикон дар ба?ри э?сосот ?ар?а шудани Ма?астиро ?ис карда, «аз бало ?азар» г?ён, ?ро ба э?тиёт даъват карданд. Вале ?урури ?усн ва ?унар боло гирифту ба замзамаи ?азали навруз? аз э?оди Анвар? шур?ъ кард:

Бингар ч? ?авонист заминрову замонро,

Навр?з бадал кард ба дил пиру ?авонро…

Хонуми булбуловоз бо ла?ни форам суруд мехонд, вале… базм ба охир нарасида, ду навкари сиё??урда башаст омаданду айши ?амаро талх гардонданд ва хостанд, Ма?астиро ба ма?камаи волии вилоят кашанд. Аъёну ашроф миён?? шуда, бо лутфу караму ?адяи фаровон дами табарро гардонданд ва Ма?астиро аз дари о?иб гурезонданд. Вай бо табъи хира ба хона омаду дару пан?ара шикаста дид ва модарро зору гирён, ки бо овози хаста аз ?амлаи чокарон ва та?диди он?о хабар дод.

Модару духтар вайронхонаро андаке ба ифо?а оварданду са?л осуда шуданд. Вале р?зи дигар чанд сипо?ии туркнажод бо ро?баладии ху?андие сармаст ба дарвозааш наздик шуданд. Хавфи аз даст рафтани номусро ?ис карда, модарро ба по хезонду ?ар ду ?ада?а аз ?авлии ?амсоя берун гурехтанд ва бо чашму дили гирён фирор? шуданд. Ма?аст? дигар ба ватан барнагашт. «Дилам бигрифт аз ин ?урбат, таманнои Ху?анд дорам» г?ён умри ширин бо ш?рию талх? гузаронд…

– Баъди гурехтан аз хона як рубо? гуфтаг? Ма?аст?, – бето?атона ?унчаи лаб бикшод Нигина. – Азёд кардаг? ман ин рубоиро:

Моро ба дами тир нига? натвон дошт,

Дар хонаи дилгир нига? натвон дошт.

Онро, ки сари зулф чу зан?ир бувад,

Дар хона ба зан?ир нига? натвон дошт.

– Офарин, духтари оча! – шогирдро р??баланд гардонд Бибинур?. – Паго? ба тамошои ша?р мебароем, ба ?авлии Ма?аст? меравем…

– Намеравам ?е? ку?о, то Бобокалуни бузургама зиёрат накунам! – гуфт бо якравии к?дакона Нигина. – Модарам таъкид карданд гаштаю баргашта, ки агар намебуд даму нафаси мубораки Бобокалуни бузург, ба олами равшан намекушодам чашм…

– Ба дурустии сухани модар ягон шакку шуб?а нест, духтари оча. Иловатан мег?ям, ки агар Бобокалони бузург набуд?, навр?зи Ху?анд тамоман несту нобуд шуд?!

– Ба дурустии сухани очаат ?ам ягон шаку шуб?а нест! – бо лутф сухани кадбонуро та?вият бахшид кадхудо. – Баъди кушта шудани шоир Аб?сайид ва хонабадар шудани шоира Ма?аст? ху?андиёни э?тиёткор муддате ?иму им нишастанду пасон бо масли?ати бародарам Шамсуддин гузаштанд ба пин?онкор? ва Навр?зро аз пеши чашми ?оким ба рустои атроф к?чонданд…

– Яъне ки… бо масли?ати бобокалуни Ху?анд? Навр?з шуд де?от??

– Як муддат ?амин хел шуд, духтари оча. Он ва?т?о тую дугона?оят барин духтарча будам. Лекин на?з дар ёд дорам, ки як бего? акоям бо че?раи шукуфон мужда расонданд: «Навр?з э?ё шуд! ?оким ба ?ашнгир? и?озат дод!» Мо чунон шоду хурсанд шудем, ки тасвир карда наметавонам…

– ?амаи ху?андиён аз тифли га?вора то пири бистар? шоду мамнун буданд! – доираи тасвирро васеъ гардонд Шайх Бур?ониддин. – Зеро ин ?алабаи бузурги хирад бар ?а?олат буд. Донишварони асили ху?анд? бо масли?ати олими раббон? ва пешвои муаззами худ суннат?ои навр?з?, таъриху му?аддасот ва хотира?ои ?авмию маз?абиро бо пиндошт?ои ?окимони ?арохон? хирадмандона пайваста, ?ашни миллиро тадри?ан ба асли ?адим баргардонданд.

?окими нави Ху?анд Ма?муд ибни Му?аммади ?арохон? бародарам Шамсуддинро «Пирам» мег?яду дар нома ?ам чунин менависад. Бародарам ?ар ч? г?янд, ?амчунон мешавад. Имсол бо масли?ати эшон, ки и?рояш барои ?амагон ?атмист, дар идго?и навбунёди ша?р Навр?зи Бузург баландболо та?лил мешаваду барои ?амин шуморо боисрор ба ме?мон? хондем. Мисли ?амша?риёни мо чатри гул бар сар кашида, аз файзи Навр?зи нав?ирони Ху?анд ба?ра бардоред…

* * *

Суб?и р?зи дигар Шайх Бур?ониддин ме?мон?оро ба тамошои дарёи Сай?ун даъват кард. Вале он?о азми бозор доштанду Нигина низ ?амро?ашон рафта, аммо аввал рукни зиёратро ба?о овардан мехост.

– Эй духтари оча, хубаш ту ?амро?и Шайхбобоят рав! – вазъиятро ба танзим даровард Бибинур?. – Касеро, ки ?усту?? дор?, са?арго?он аз лаби дарё меёб?.

– Оре, бародарам Шамсиддин он ?о ?ар дуямонро интизор.

– Чува дар он ?о?

– Бародарам Шамсиддин то Сай?унро набинанд, ба саломи кас нараванд, касро назди худ нагузоранд ва бо касе наёмезанд. Аз он ?о ба Ун?? раванд, ки бо?е доранд обод ва то нимар?з? де??он? кунанд. Фа?ат…агар мусулмоне аз ин дунё гузарад, бародарам одати дерин та?йир ди?анд…

Нигина гул-гул шукуфта, к?заи сафол? ба даст гирифту шитобон аз ?афои Бобои Ху?анд? тохт. Тамоми ро? «суруде»-ро зери лаб замзама мекард, ки на матн дошту не мазмун – чанд лутфи к?даконаю о?анге ?амсадои хур?ши дили к?чак бо на?ароти «лай-ла-лалай, лалай-лалай» …

Чун ба со?ил расиданд, мунгаи Нигина яку якбора ?атъ гашту да?онаш аз ?айрат калон кушода шуд – дарёе ба чунин бузург? ва па?новар? бори аввал медид!

– Вой, бобо?ун! – кафи даст бар фар?и сар ни?од духтараки к??истон?. – Оъ… Агар як?оя шавад да? дарёи Ворух, намешад нисфи дарёи Ху?анд!

– Оре, оби Ворух як риштаи Сай?ун аст. Лекин… агар ин гапро дар де?а мегуфтам, шояд бовар намекард?. Бо чашми худат, ки дид?, хулосаи дуруст баровард?. Яъне, «шунидан кай бувад монанди дидан!» Барои он лаби дарё овардамат, ки нахустин суб?и гул?унчаи хандони Ворух дар ша?ри Ху?анд муродбахшу фаром?шнопазир гардад. Акнун ба зиёрати Бобокалони Бузургворат шитоб, ки мо?иён хабари омадани моро аллакай ба эшон расондаанд.
<< 1 ... 8 9 10 11 12 13 14 15 16 ... 141 >>
На страницу:
12 из 141