Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 12 13 14 15 16 17 18 19 20 ... 141 >>
На страницу:
16 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

?ама баробар «Омин» гуфта, даст ба р?й кашиданд.

Мо?симо косаи бирин?ро па?л?и орд ни?од.

– Парвардигоро, ?умла бандагонатро р?зу р?зии сершумор насиб гардон!

Сипас косаи асал гузошта шуду чунин дуо садо дод:

– Парвардигоро, ?умла бандагонатро р?згори ша?ду ширин бирасон!

Ва?те як баста х?шаи гандум ни?оданд, Бибинур? дуо кард:

– Парвардигоро, ?умла бандагонатро фарзандони солиму соле? сершумор гардон!

Мо?симо ойина ба хон гузошту Бибинур? ин дуоро хонд:

– Парвардигоро, дили ?умла бандагонатро софу бе?убор гардон!

Дуои тухми мур? чунин шуд:

– Парвардигоро, ?умла бандагонатро со?иби тухми заррин гардон, аз тухми бад? эмин дор!

Аз ?ама охир, бо э?тиёту э?тироми зиёд, Мо?симо ба ?алби суфраи Навр?з? китоби «?уръон» ни?од. Бибинур? бо ла?ни форам ва пуртаъсир хитоб кард:

– Парвардигоро, ?умла бандагонатро ба ислому ба имону ба китоб м??тарам гардон!

?ама баробар «Омин» гуфта, даст ба р?й кашиданду ?ониби Дарахти олам нигаристанд, ки он ?о марде харсавор намудор шуд. Гирди дарахтро тоб х?рда, себу нок, норин?у турин?, кадую харбуза, тарбузу лаблабу, сабзию пиёз ва дигар мева?оти дар шоха?о бо ресмон басташударо бо ?авас нигаристу гул?ои ?о?азиро б?й кашида, яке аз бозича?оро кандан? шуд.

– Вай девоная бинед! – Назорату Нигинаро бо орин? нихта кард Назокат. – Болои хар чаппа шиштас!!

– Вай девона не! – дар?ол ?авоб гардонд Гулсимо. – Вай мири Навр?з!

– Инаш ч? гуфтан? гап?

– Мир амир аст, яъне ?оким, подшо?. Мири Навр?з сарвари базми имр?за аст ва ?окимияташ як шабор?з? давом мекунад. ?ар ч? фармояд, бечунучаро и?ро мешавад.

– «Мур» г?яд, мемурем?!

– Вай асло гапи да?ал намег?яд. Мири Навр?з хушсухан аст, мардумро механдонад ва хуш?ол мегардонад. Аз ?амин сабаб вайро Мири ханда ?ам мег?янд.

– Ана акнун ?амааш фа?мо. Сабаби ба хар чаппа нишастанаш маълум, масхарабоз будааст вай!

– Бале, ба аспи фарбе? нею ба хари ло?ар нишастанаш, ба ?ойи бози подшо?? ба даст калзо? гирифтанаш, ба ?ойи хидматгор худро бо бодбезан бод заданаш, ба ивази либос?ои гаронба?о куртаю шалвори к??на п?шидани мири Навр?з масхараю мазаммати шо?ону амирони ?авобаланд аст. Имр?з бе и?озати Навр?зшо? ?атто ?окими Ху?анд лу?мае ба да?он намебарад!

– Наход?

– Гулсимо дуруст мег?яд. Дар назди Дарахти олам пайдо шудани Мири Навр?з о?ози хуш?олист. ?ама г?ш?о интизоранд, ки ? ч? фармон меди?ад…

Мири Навр?з дасти росташро баланд бардоштан ?амон садои карнаю сурнай ва дафу доира ба фалак печид. Дарвозаи навсохтаи ма?аллаи Сари баланд? калон кушода шуду аввал Пири бузургвори Ху?анд перо?ани сабзрангу ?омаи сафед дар тан ?амро?и ?окими ша?р ба ид?о даромаданду аз пайи он?о ме?монон аз Хоразму Бухорою Самар?анд, Фар?онаю Хатлону Исфараю Истаравшан дастафшон одоби саломи ом ба?о оварда, ба тахти Навр?з? нишастанд.

Мири Навр?з дасти чапашро баланд бардошту баробари овози карнай ?ама хом?ш шуданд. Аммо овози Навр?зшо? мутантан ва хеле баланд садо дод:

– Дар ?ама давру замон?о Навр?зи бузург бо каломи гу?арбори шоири бошараф о?оз мешуд. ?оло ки мо расму одати дадою б?во?ои худро аз нав зинда мекунем, шоири аз ?ама баобр?и Ху?андро ба са?на мехонам. ?ам шеър ва ?ам иззати нафси ин шоир дар баланд? бартар аз к??и Рухак асту шеъри равонаш чу оби Сай?ун файзу таровати хоса дорад.

Мар?або, эй Пири барнодили Ху?анд.

Айём чу мо бастаи уммеди ту бод,

Иди ?ама кас р?йи чу хуршеди ту бод!

Азбаски Навр?зшо? номи шоирро мушаххас нагуфт, мардуми иштиё?манд бо шав?у ?авас ба минбари шафати Дарахти олам дида д?хтанд, ки аз минбари мас?ид па?нтар ва баландтар буд.

?азрати Шайх Масли?атдин, ки бо тахаллуси «Калом?» шеър менавишт, гули сия?г?ш дар даст солор аз ?ой хест:

Навр?з расиду шоду хуррам гаштем,

Аз рафтани барф ?умла бе?ам гаштем.

Дидему чашидем басо шодию ?ам,

Охир ба гули ба?ор ?амдам гаштем.

Айёми Навр?з ассалом!

Фасли дилафр?з ассалом!!

Гули ба?ман, ки дар даст дорем, рамзи ба?ор аст. Имр?з ?ар як гиё? бо як калом аз хок сар мекашад ва гули ба?ор ба чашму дилу кошона?о зеботарин ва поктарин дуруд меорад:

?ар р?затон Навр?з бод!

Навр?затон фир?з бод!!

Мири ханда шо?байти навр?зиро бо ла?ни мутантан такрор карду пеши ме?мони асос? омад:

– Ч? хуш ки ?окими ?умоюнбахт ва карумултахти Ху?анд Ма?муд ибни Ибро?ими ?арохон? бо ?узури мубораки хеш базми моро шук??у ша?омати сутург бахшиданд. ?аноби воло?азрат ва азимушшаън ният доранд, бо шеваи ху?анд? мову шуморо муборакбод г?янд. Мар?або, ?аноби оли?адр!

?окими пурсалобат аз ?ой нимхез шуда, бо ла?ни шикастаи то?ик? гуфт:

– Имр?з ман яке аз шумо?он. Бо де??он?о гирди як хон нишаста, ?алвои суманак мех?рам. Чунки де??он д?сти мову шумост. Шодии де??он шодии мову шумост. То олам бошад, де??он бошад. ?ар р?зи мо ?амин хел Навр?з бошад! Ба?ори нав м?рак шавад!

Мири навр?з? бо че?раи пурханда ?ар ду дасташро аз китф са?ле боло бардошта, мисли бодфиррак давр занонду идго? ба хур?ш омад. Оли?аи Навр?з савори аспи сафед ва ороста бо пиро?ани сап-сафеди о?ар? дар базмго? ба гардиш шур?ъ карду аз ниго?и се?рофаринаш ба чор тараф гул мерехт. Бе?тарин овозхон?о бо навои синахур?ши мутрибони чирадаст булбулхон? мекарданду ра??оса?ои товусхиром бо ?илваи мавзуни ?аду ?омати расо дилу дида?оро мафтун месохтанд. Аз ?ониби Сай?ун боди гуворо вазида, ба варзишгарони вазнбардор ва па?лавон?ои нер?манд мадори тоза мебахшиду лаклаки к?дакони сершав?унро торафт баланд мебардошт. Дорбозон ма?орати ол? нишон медоданду духтарони ?инобадаст ва гулто? дар сар ар?унчак мерафтанд. ?авонмардон аз болои оташи баланди гулхани навр?з? чусту чолок парида, гуно? мес?зонданду наврасон маш?ули хур?счангу тухмбоз? буданд. Шоирон дар ?ар кун?у канор шеър мехонданду Зиёуддини Ху?анд? ахтари рахшони муошираи навр?з? буд:

Бо? шуда ?аннати анбарнасим,

К?? шуда тахти зумураднигор.

Боди ба?ор? зи сиришки са?об

Шуст зи рухсораи бустон ?убор.
<< 1 ... 12 13 14 15 16 17 18 19 20 ... 141 >>
На страницу:
16 из 141