Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 51 52 53 54 55 56 57 58 59 ... 141 >>
На страницу:
55 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

То дил бувад, эй дилбар, то ?он бувад, эй ?онон,

Бо ме?ри ту дорам дил, бо иш?и ту дорам ?он!

?арчанд ки Султонам, охир ба ту м??то?ам,

Чун иш? падид ояд, м??то? шавад Султон!

?усну ?унари волои ту дар дили ман ?ой гирифт, эй кабки хушхироми булбулободи ??рган?! Аз ин пас кошонаи дили ман ?авлонго?и туст! Аз ин пас ар?си мамлакат унвони туст, эй парирух! Аз ин пас ту фа?ат барои ман мера?с?, эй кабутари ?арам!!

Магас?оро аз са?на ронед!!!

Нигина замини хидмат биб?сид ва бо лутфу тавоз?и ?ар ч? тамомтар булбули г?ё шуд:

Подшо?е, ки аз ?абинаш тофт? нури Ило?,

Он Алоуддин Му?аммад аст, ба Хоразм подшо?!

Бо шук??и давлату и?болу адлу доду дин,

Дорад аз тавфи? нишоту фат? аз пир?з? сипо?!

Хоразмшо? аз баде?аи ра??оса дучандони аввал шод гашту «Зе?!» гуфт ва надимон дар?ол кому да?они Нигина аз тилло лабрез гардонданд.

– Базми имр?заи мо нак?тар шуд аз ?ама базм?ои дигар! – шоду хуррам нидо баровард Хоразмшо?. –Ма?астии замон ба па?л?и ман омад! Вале имр?з аз ра??оса ?азал нахо?ам. ?илва намо, кабки дар?!!

Навои мутрибу садои хунёгар ?ар ду забон як карда, бо замзамаи о?анги «?и?оз» Нигинаро фарёд намуданд, ки бихур?шад ва ра?с бе?уш кунад. Ин карат Нигина ба ангуштони худ гул баста, ба са?на баромад ва чун ба ?илва даромад, ба назари базмиён чунин намуд, ки хиромиданаш мисли ра?си гул аз насими навба?орон нафису дилрабост. Овози пойи Нигина дар гилеми абрешим? зарбу ла?ни махсус дошт ва ин сарви ма?ваш чу ба ра?с гарм гардид, аз боди домани гулбезаш дар чашму дили хурду бузург оташи хирадс?з даргирифт. ?амаро аз бехуд? хун дар шараён ??шиду дил ба фарёд омад. Вале касеро ма?оли ру??и э?сос намонда буд. ?ама аз Хоразмшо? ?арос доштанд, ки бо амри ?отеъ магас?оро аз са?на ронда, Нигинаро кабутари пеш хонда буд. ?атто ?алолиддини мафтуншуда ?ам овоз баланд намекард. Сайфуддини хушил?ом низ хом?ш менишаст, ?арчанд мехост бо ?азор забон васфи Нигина кунад. Вале шодгунаи мо?симо парвои оламу одам надошт, бо нозу адои ?онгудоз ва ?усну ?унари баландпарвоз дилу дин ба ?орат мебурд.

Дар ав?и самоъ му?анн? бо с?зу гудоз г?ши борбат битофту он бо ?аму ?асрат зор-зор нолида, дил?оро об гардонд. Нигина мисли кабутари нимбисмил беист бол меафшонду зан?о ба ри??ат омада, оби чашм мерехтанд. Аммо Мирмалик гумон мекард, ки шо?пари боли ?умо бар сараш мерезад. Зеро аз ?авон? ин паррандаи би?иштиро д?ст медошту дастом?з кардани кабутари Ворух орзуи деринааш буд.

Нолаи борбатро садои тарабангези даф бар?ам заду кабутари бисмил ?он гирифт ва чуст аз ?ой баланд шуду боли парвоз кушод. Рухи Мирмалик аз шод? чун шамъи па?л?яш фур?зон шуд. Аз ?ой хесту хост гулбонги шод? занад, вале сарива?т худро ба даст гирифт. Айнан дар ?амин ла?за Нигина с?яш нигаристу дид, ки ма?буби дилаш, бахткушояш чун сарви баланде рост истодаасту че?рааш чу офтоб медурахшад. Пурме?р назаре с?яш афканду даст р?йи дил ни?ода, паёми д?стгон? э?до намуд. Аз ш?ълаи ниго? рухи Мирмалик оташгун шуд. Шодгуна ба ва?д омаду ончунон бо ноз ?илва кард, ки чанд ?авон мад?уш шуда, бесадо ба фарш афтиданд. Инони то?ати Мирмалик аз дасташ рафту бехудона наъра зада, кисаи пурзар пеши пойи Нигина партофт!

А?ли базм бар?осо ?ушёр ва дилхавотир шуданд. Зеро Хоразмшо? аз хашм зарду сурху сафед гашту раг?о аз гарданаш бархост. Бад?а?рона даст афшонду пой бар фарш зад ва чун шери жаён ?уррид:

– Беадаб кист?!

Ра?су на?маву суруд бо ишораи устод Комгор ба якбораг? ?атъ гашту Нигина пушти даст газид ва о?и пурдард кашид. Бо умед ?алолиддинро нигарист. Аммо вай сархам меистод, шояд тадбир ме?уст. Дигарон низ сарпасту хом?ш буданд. Касе за?ра надошт, ки лом кафонад…

Пурсиши дубораи Хоразмшо? мисли тундар садо дод:

– Беа?лу бетамиз кист??

Мирмалик хост лаб ба ?авоб кушояд, аммо Шо?мурод пешдаст? кард:

– Эй подшо?и олам, беа?ли беадаб манам.

– Ким ту?

– Як ?авони к??истон?… Шо?муроди масчо??… Тавба кардам…

– Дафъ шав!

Магасчаро аз са?на ронед!!

Бе хармагас базмро давом ди?ед!!!

Равзанаи чорум. Ташдиди тавбаи ма?бур? ва хобу хаёли ба?сбарангез

Нигина аз шод? дар перо?ан наме?ун?ид, ки ?ав?о дар базм ба хуш? пароканда шуд. Вале р?зи дигар масъала ранги дигар гирифт. Хоразмшо? чоштго?? ?алолиддин ва Мирмаликро ба ?узури хеш хонду бе ?е? му?аддима гуфт:

– Шаб кори нохуб шуд – гуно? Дамир Малик карду кайфар к??истон? кашид! ?асам ба Худо, агар каси дигар мебуд, зинда намемонд!

Шо?зода ва сипа?буд фа?миданд, ки подшо? аз шабафр?зии шабпараи ху?анд? ого? будаасту аз сари ме?р ба Мирмалики далер, родмард, з?рманд ва тирандози рустамкаманд – бародархонди мушфи? ва ёри мувофи?и писари ма?бубаш худро нодида гирифта, хашми хеш фур? нишондааст. Дили ?авони оши?пеша ба ри??ат омаду ба зону афтода, гуфт:

– Дилу ?онам фидои хоки пойи шумо… Илти?о мекунам, тавбаи маро ?абул фармоед ва бори дигар аз гуно?ам гузаред…

– Тавбаи ту он ва?т пазируфта шавад, ки чашм аз кабутари ?арам бардор? ва ?ро дар г?шаи фаром?ш? тан?о гузор?!

– Фармонбардорам, эй шо?аншо?и олам. Савганд мех?рам, ки аз кабутари ?арам дасту дил шустам ва тавбатуннас??[33 - тавбаи ношикастан?. Ишора ба тавбаи Нас??и даллок, ки дар ?аммоми занона барои халос? аз марг тавбаи ?атъ? карда буд. ] кардам.

Хоразмшо? бо за?рханд бародархонда?оро нигаристу о?анги итоб ба нест? расонд:

– Мо ба савганди ту бовар дорем, эй шо?ини Ху?анд! Эътимоди мо аз он аст, ки туро ?а??и неъмат бисёр аст ва маро аз асорат ра?о карда буд?. Дар ва?таш бобокалонам Отсиз гуфта буд, ки аз касе ?арздор будани подшо? хуб нест ва пайдост, ки дар олам ягон сир пин?он намонад. Мо соф шудем. Акнун дили модари моро хуш дор, то ?е? бадгуфтор миёни мо ро? наёбад.

– Хушнуд? ва хуш?олии Худованди олам мароми мо ва боиси хушнудии каминаи камтарин аст. Бифармоед…

Шо?зода ?алолиддин, ки то ин муддат шунавандаи хом?ш буд, аз падар и?озат пурсида, ба с??бат ?амро? шуд:

– Эй падари бузургвор, хуш андар хуш сухан гуфтани Дамир Малик маро хуш омад. Агар модаркалонам ин хушг?йи?оро шунавад, додархонди маро ме?рубон хушу[34 - хушу – модарар?с, хушдоман] мешавад!

Хоразмшо? ?о?-?о? хандид ва гуфт:

– ори хуб кард?, эй фарзанди азиз, ки як му?ими хайр ба ёдам расонд?! Ин паго?? модаркалонат пурсида буд, ки «агар ман Ойчечакро ба Дамир Малик ди?ам, кадом вилоят ба вай меди?? – Самар?анд ё Ху?анд?»

– Шумо ч? посух гуфтед, эй падари бузургвор?

– Гуфтам, ки интихоб аз худи ?ст…

Дар хилватхонаи бошук?? сукути ла?зав? пардакушои роз гардид. Мирмалик дарк намуд, ки шабафр?зии шабпара барои Ойчечаки чашминтизор та?дирсоз, аммо барои Нигинаи умедвор та?дирс?з шудаасту оши?и шитобзада хо?ад-нахо?ад даричаи иш?и покро ба р?йи ёри дилхо?аш мува??атан п?шида, аз равзанаи сохта ба дунёи дигар ворид мешавад. Баъд…

Сурфаи пасти ?алолиддин чун ш?ълаи бар? риштаи хаёлоти Мирмаликро с?зонд ва ба ? фа?монд, ки маътал ниго? доштани шо? басо пурхатар асту дар кори хайри ишоракардааш ?о?ати ягон андешаву истихора нест. То ?адри тавонистан лабу да?он пурханда карду сари таъзим ба аломати таслим фуруд овард:

– Эй шо?аншо?и олам, ?они ?авонам фидои сухани дурфишони шумост! ?амеша ва дар ?ама ?о Шуморо фармонбардорам ва ?ар ч? фармоед, аз ?он гиром? медорам. Байти ?о?он? садои дили ман аст:

Шо?о, ?азанфаре туву парвонаи ту ман,

Парвона дар пано?и ?азанфар нек?тар аст!

Хоразмшо? сари Мирмаликро бо силаи навозиш ба осмон расонду падарвор лаб ба гуфтор кушод:
<< 1 ... 51 52 53 54 55 56 57 58 59 ... 141 >>
На страницу:
55 из 141