Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 47 48 49 50 51 52 53 54 55 ... 141 >>
На страницу:
51 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Ин хел бошад, интухин, гапи хоб тамом! Маълум мешавад, ки ?иссаи хоби Нигина аллакай ба туту? расидааст…

Тахмини Шакархонум дуруст буду Турконхотун, ки очаи се?ру ?оду ва хобгузори авлод? буданашро ?ама медонистанд, Нигинаро ма?бур кард, то хоби дидаашро м? ба м? ?икоят кунад. Боди??ат шуниду аз равзана ба берун нигариста, хоби н?шинро мисли як кампираки солх?рдаи хоразм?, худ ба худ таъбир, та?рир ва та?лил кард: «Дар айни омад-омади шо?аншо?и олам ин хел хоб дидани кабутари чашминтизор бе?икмат нест. Агар Наснос ба вай даст нарасонда, бо ме?рубон? дар атрофаш гирд мегашт, духтарак бе ягон ?илу ?ол ба шарафи пойб?сии Шо?аншо?и олам мушарраф мегашт. Лекин Наснос кафтаракро ?амро?и худаш бурду муаммои чигил сохт. Пеши к? бурд ин паридухтарро?? Ба к? бахшид ин фариштаи заминиро, ки ?амнишин бо пари?ост? Наход бозубанду тумору таъвизу се?ру ?одуи Воруху Ху?анд то ?ол таъсирбахш бошад?! Не, набояд ин хел бошад! Наснос, ки хидматгузори борго?и мост, кабутари ?арам дур аз ?арам намебарад, насибаи падар ?е? ва?т ба каси дигар намебахшад! Яъне кабутари ?арам ба пеши валиа?ди падар бурдааст! Оре, ин офтобрух надимаи Узло?шо? хо?ад шудан!!»

Табъи Турконхотун аз бозёфти нишотангез хуш гашту бо ме?р пурсид:

– Эй гулбадан! Мехо??, ки шод бош? дар ?а?он ва?ти зистан?

– Оре, эй улу?модар!

– Мехо??, ки ар?си мамлакат бош??

– Оре, эй улу?модар!

– Акнун аз туст худатро ёр? кардан. Ончунон кун, ки мо мефармоем!

– Бифармоед, эй улу?модар!

– Умеди мо чунин аст, ки дар ??рган? туро аз банди ?оду пурра халос кунем. Рафтем ба хилватхона!

Нигина аз ?афои Турконхотун ба яке аз ?у?ра?ои канории дарго?и подшо?? ворид шуд. Хонаи хилват ороиши ?айриму?аррар? дошт: палоси зард ба фарш густурдаю дар миёна?о чор к?рпачаи чоркун?аи заъфарон? барои нишастан ни?ода ва парда?о низ ?ама ранги зарир доштанд. Турконхотун хилъати фарохдоманеро нишон дода, ба Нигина фармуд, ки болои тахти мудаввар шинад.

– Ва?те ман берун рафтам, Савсани созанда медарояд. Вай аз ?индувони андарост. ?адаш пасту р?яш сиё?. Лекин ту натарс. Ба овози баланд ягон калима гап назан! ?атто салом наде?у ором нишаста, бо забони безабон? фа?ат як ?умла биг?: «Узло?шо?, дари бахтамро кушо!» Такрор ба такрор биг?, фа?ат хом?шона, бесадо гап зан! Чун дуд барояд, ман дарзамон меоям…

Баъди ла?зае дари ?у?ра бесадо кушода шуду чор бонуи оростаю перостаи ?инд? гултаба??ои чин? пур аз дону гули заъфарон дар даст дарун даромаданд ва бо нозу адои ширин гирди Нигина се бор тоб х?рданду ?ар кадоме ба кун?е рост истод. Аз дур садои мавзуни ?индидарой – занг?лачаи махсуси кашмир? ба г?ш расид, ки тадри?ан баландово шуда, дил ба хур?ш меовард. Бо зарбу о?анги занг?ла чор духтари кун?ак? аъзои бадан ?унбонда, ?авлони ра?с о?оз намуданд. Аммо садои ?индидарой ба пушти дар расиду якбора ?атъ гардид. Духтарон тозон с?и Нигинаи мута?айир омада, гултаба??оро баробар ба чор тарафи ? гузоштанд ва худ дузону нишаставу сари ангушти даст?о ба ?ам расонда ва дар ин маврид ангуштони пайвасти ишорат? ба н?ки бин? ни?ода, хом?шу бе?аракат истоданд.

Баъди хом?шии ла?зав? ?индидарой дигарбора садо дод ва овози форами ?айзарон – найи хушнавои ?инд? ва таблаки туббон? ба он ??р гашту паси ?ам ба хона Савсани занг?ланавоз бо ду марди созанда дохил шуданд ва муси?ии дилангезе ба атроф танин андохт. Чор духтари ?унуда баробар пару бол к?фта, муддате ра?сиданду хур?шиданд. Савсан ла?зае ором надошт ва пайваста гирди Нигинаи бе?ароргашта давр мегашту дар ?ар ?адаме вайро бо лафзи омехтаи ?индую хоразм? дуруду салом мегуфт. Та?ният ?амаг? камтар аз як да?и?а т?л кашид ва Нигина таъкиди Турконхотун бо камоли ну?тасан?? риоя карда, пайваста калима мегардонд. Аммо номи Узлу?шо?ро ягон маротиба зикр накарда, беист «Мирмалик, дари бахтамро кушо!» мегуфту ?ар як ?аракати атрофиёнро та?ти назар медошт ва фа?ат ба як савол ?авоб ёфта наметавонист: чаро бисоти хона ва либоси ?амагон зард асту ?атто давволи дасти таблакнавоз – тасмачаи сахти чармин, ки аксаран сиё?ранг мешавад, ранги заъфарон? дорад?

Савсани со?ир, ки беист ?а?р мегуфт, давргашти дигар ба тартиби нав о?оз карду заработи занг?лаю нолаи най ва на?ароти таблакро ?атъ сохта, ноаён ба то?ик? гузашт ва нидое синахур?ш баровард:

– Дуруд туро, эй кабутари ?арам! Хушо, ки ?авон? дорию ?усну мало?ат! Зи?? ар?си нозанин бо ?амоли ма??абин!

Хушо, ки р?йи ту чун офтоб маз?ари нур аст ва мисли мо ба хату хол ?о?ате надорад. Хал?и ин мулки ?а?он аз машри? то ма?риб ?ама санохони ту хо?ад шуд, азеро ?унару ?усну ?амоли оламшумул дор?. ?олиё як ла?за аз ра?су аз дилситон? фори? бишав ва он ч? дор? дар хаёлу дар замир р?и каф ор, то ?ар ду бо ?ам бисозем ва имр?зро бо фардо пайвандем. Аммо ?ар ла?за бар он бош, то ?ар ч? ният кун?, назар бар гули заъфарон ни??, ки он гули аълои ?оин[23 - ?оин-ша?рест дар Эронзамин] аст, шодиангез аст, хушб?й аст, камёбу ?иматба?ост ва гули ма?суд аст. Номи худованди кишвар бо зари он навишта шавад ва тасхиргари дилу мамолик заъфарон бошад. Ман ?ама дам дар хидмати ту бошам ва ?е? сония фур? нагузорам ва Худо маро фидои ту кунад, агар кор ба муроди дили ту рост накунам…

Савсан нафас рост карду ба марди таблакнавоз нигарист ва ? бо шав?и том бар табира давол зад. Яке аз духтарон, ки гултаба?и заъфарон дар даст дошт, ма?ин ро? гашта, р? ба р?и Нигина омад, дузону нишаст ва гули шукуфонро ба маърази ниго?и вай устувор дошт. Савсан дасти рост боло бардошт ва найнавоз бо ду?улзан ??р шуд ва ?арду о?анге навохтанд дар ?авои «Ё Савсан, ё Савсан» Духтаре, ки гултаба?и гандум дошт, пеши Савсан омад ва ? ?адре заъфарон ба каф гирифта, онро ба да?он наздик оварда, зери лаб дуое хонду ба р?и гандум пошид ва бо афсунгар? дона?оро зард карду муште аз он ба сару китфи Нигина пошид…

Сипас духтаре, ки таба?и арзан дошт, пеш омад ва Савсан амал?ои ?абл? такрор кард.

Баъд духтаре, ки таба?и ?ав дошт, пеш омад…

Савсан боз ла?зае нафас рост карда, бо?имонда дона?ои арзан, ?аву гандумро ба чор тарафи ?у?ра пошид ва ?арибтари Нигина чорзону нишасту гуфт:

– Эй со?иб?ирони ?усну мало?ат! Акнун дуои асос? бихонам ва агар он таъсир бахшад, дуд барояду заъфарон сабз шавад ва ?ар нияту ма?сади ту и?ро гардад.

Афсунгар? ба ав? расид: ду марди созанда бо ??шу хур?ш таблаку ?айзарон бо о?анги «Ё савсан» менавохтанду дар ?авои он духтарон чусту чобук мера?сиданду баробар «Ё савсан» мегуфтанд ва со?ирзани ?адпаст ба ва?д омада, бо лафзи ?адимаи ?инд? афсун мехонд ва дар ?ар фосила бо тамоми ?увват «Ё бара?ман совандар!»[24 - Бара?ман – пир ва муршиди бутпарастони ?индСовандар – дарё (?инд?)] мегуфт.

Баъди фосилае ?ама баробар ?им шуданд ва… худ аз худ аз ?ар гултаба?е дуд баромад ма?ину латиф ва хона хушб?й шуду Нигина моту маб?ут. Вай бо чашми хеш медид, ки дебои тиллоранги танаш ва ?ам либоси зарири атрофиён сабзранг гашту бисоту палосу парда?ои хона низ ранги сабз гирифт. Нигина махсус ба давволи дасти таблакнавоз нигарист: ранги он ?ам та?йир ёфта, ба сабзи кабудтоб бадал гашта буд…Нигинаро хаёле ба сар омад, ки шояд худи ? низ саропо сабз гашта бошад…

Ба хона Турконхотун даромад ва чун та?йири ?олат бидид, хурсанд шуд ва бо овози баланд «?об!» гуфт. Дар остона канизаке намудор шуд, ки дар даст таба?и тилло? дошт ва р?и он як дона за?ораи навакак аз тан?р канда буд. Маликаи бузург ба ?удрати Савсани афсунгар ?оил шуда, ?ро офарин хонду бо дастони ?иноранги худ за?ора пора карда, ?иссае ба Нигина дод ва гуфт:

– То паканаз гарм аст, тановул бибояд кардан. ?амон тавре, ки о?анро дар гармогармияш бибояд к?фтан. То ба ин дара?аи ол? таъсир кардани афсунро бори аввал мебинам! Ин фоли нек аст духтар. Агар ан?омро аз о?оз бинем, иншоолло?, чархи гардун бар муроди Узлу?шо?и ман мечархад, кавкаби и?болаш ба дара?аи баландтарин мерасад. Шод бош, Нигина, ки ни?оли бахтат сабз шуд! Узло?шо?и ман туро ба ав?и осмон мерасонад, сардафтари ?умла духтарони дарбор мегардонад!

Нигина, ки ла?за ба ла?за хуштабъу болидахотир мешуд, ба г?ш пунба дарни?ода, бошав? за?ора мехойид ва ?амоно аз та?ти дил «Мирмалик, дари бахти ман кушо!» мегуфт. Бовар дошт, ки афсуни Савсан барги зардгаштаро сабз намудаасту ма?з Мирмалик вайро сардафтари ?умла духтарони хушбахт мегардонад!!

Овози ширадор ва ?аррори Турконхотун духтари аз афсунгар? саргарангшударо са?ле ?ушёр намуд:

– Бархез, эй духтар! Ба хона рав ва омадани бахтовари худро интизор шав!

– Бахтовар кай меояд?

– Навакак хабар расид, ки пойи мубораки шо?аншо?и олам ба ?авора расидааст, аз ??рган? ?амаг? ?ашт манзил дуртар… Иншоалло?, имр?з ё паго? дида ба дидор мерасад…

Равзанаи сеюм. Тавсиф ва тасвири парвози ?унар ва афту дарафти шоирону со?ирон дар базми ?амшед?

Ва?ти намози бомдод фаро расида бошад ?ам, ша?ри бузург ?ан?з ?омаи сиё?фом дар бар дошт. Тифлону к?дакон масти хоби ноз буданду занон ?ан?з ба сари оташдон нарасида. Ором? ва сукути якнавохтро фа?ат ?е?и хур?сон халалдор месохт. Ва ин ?ангом дар майдони назди арки подшо?? – во?еъ дар баландии ша?ри андарун? – гулхане фур?зон гашт. ?амзамон аз ?ар канора садои сурнай ва наъраи карнай баланд шуд. Худи ?амин ла?за дар са?ни бозор?ои ?адиму ?адид, пешмайдони мас?иди ?омеъ гулхан?о забона заданд ва овози ду?улу карнай ба фалак печид. Дар ?исмати берунии ??рган?, назди ?алъаи Шамоха, бо?и ?азорбед, дар Курдносхоз, Базминия, Хев, ?авора, Курдар, Кож, Хушмиш, Нужобон ва дигар ша?ру рустою ?асаба?ои Хоразм низ гулхан?о фур?зон гашта, садои карнай ва таблу сурнай аз о?ози тантанаи бузург навид расонданд.

Муаззин?о аз манора?о ?абл аз бонги аввал бар Му?аммад Мустафо (с) дуруд фиристода, сипас мунод? заданд, ки имр?з шо?аншо?и олам ба ша?ри ??рган? ташрифи ?удум мефармояд ва хурду бузургро мебояд, ки пеши пояш аз чашму дил дурру гав?ар нисор намоянд. Иловатан, бар раъият мужда расонданд, ки шур?ъ аз имр?з дар ??рган? ва дигар ша?ру де?оти Хоразм як ?афта дег бар оташдони хона нагузоранд ва ба ?изилт?й – зиёфати шо?аншо?? биёянду шод? бар шод? физоянд.

Гулхан?о фур?зон буданд то даме, ки шафа?и суб?го?? доман па?н кард ва нури нахусти хуршеди оламоро ба то?и подшо?? расида, онро мунаввару дурахшон гардонд. Дар ин р?зи ?у?аста дарго?и подшо? – борго?, сарои аморат, кушки тиллокор?, ?асри м??ташам ва арки бузург бо фарш?ои фохир ва созу олоти вофир чун б?стон ороста буд ва канизони гулгун?або дар ?ама толору ?у?ра?о анбару заъфарону испанд с?хта, ?аворо муаттар ва р??навоз мекарданд.

Ва?те ки офтоб як ?ади найза боло шуд, овози табли подшо?? баланд гардид ва аламбардорон ливо?оро барафрохтанд.

Мардуми ша?р ва рустои атроф чун аз ташрифи шо?аншо?и бузурги олам во?иф шуданд, аз ?ар канор бо шодмон? ба майдони пеши к?шки шо?аншо?? омаданду ин ?о бо лашкариён омезиш ёфта, ба умеди дидани подшо?и музаффари Хоразм ?арор истоданд.

Дар са?ни мармарини к?шк сарони лашкар, дабирону ?озиён, с?фиён ва ?озиён ба расми хидмат саф кашидаву истодаву биншаста буданд.

Дар дохили к?шк, ки ба расми хоразм? то?у тахти подшо?? ороста шуда буд, мардони ма?лиснишин – бузургони давлат, сипо?солору вазирон, зимомдорон, аъёну ашроф, а?ли ?алам ва ?ашам, ме?монон ва кулли фарзонагон шодком нишастанд. Гур??е аз адаб бар замин чашм д?хта ва гур??е бо ?ам паст-паст муколама мекарданд, аммо ?амагон ишораи мири борго?ро нигарон? доштанд.

– Байра?и шо?и Хоразмро биёред! – нидо кард мири ма?лис бо лафзи буррои то?ик? ва ?ама бузургони чашминтизор баробар аз ?ой хеста, ба э?тироми парчами давлати Хоразм бо тавоз?ъ сар фуровардаю дасти рост ба санду?и сина бин?ода, рост истоданд. А?лаби он?о ва умуман ?исмати умдаи а?олии Хоразм то?икон буданд ва ?атъи назар аз бартар? доштани унсури туркизабон дар салтанати хоразмшо?иён забони коргузор?, ?у??атнигор? ва давлатдор? то?ик? буд.

?утбиддин Му?аммад худ яке аз ?аводорон ва ?омиёни асили забони дар? ба шумор мерафт ва мехост, ки ин ?оидаи маъмул ?атъиян риоя гардад. Айни замон вай фармоиш дод, ки дигаре аз ?оида?ои маъмули дарбор? ба ойини давлатдории шо?они А?ам мутоби? карда шавад: дар гузашта агар шо?и Хоразм вафот кунад, таблу на?ораи ?ро чаппа гузошта, болояшро бо гилем п?шонда, ?амро?и тобут мебурданд ва зери хок мег?ронданд, лекин ва?те Алоуддин Текеш худора?мат? шуду надимон хостанд, таблу на?ораи ? ?амро?и ?асад бардоранд, валиа?ди ?авон ?атъиян му?обил баромад ва гуфт: «Мо давоми умри падарем ва бо на?ораи падар подшо?? мекунем. Ончунон бошад падар, ?амчунон ояд писар!»

Ба парчами подшо?? низ та?йироте ворид сохт. ?аблан ранги байро?и шо?они Хоразм мисли осмони кабуд нилгун буду дар кун?и болояш мо?у ахтар намоён. Бо амри шо?и нав ранги як ?иссаи байра? мисли парчами ковиён? алвон? гардид ба сони шафа?и гулгун ?ангоми тул?и хуршед…

Аламбардор ливои нави подшо?иро баланд бардошта, бо низому ифтихори ол? ?адам ни?ода, ба толор ворид шуд ва та?ти садои пуршук??и таблу на?ораи ?адима аз мобайни толор гузашта, дар тарафи рости тахти подшо?? ?арор истод.

Пас аз як нафас хом?шии пурсалобат фарёди мири ма?лис бо дабдабаи бештар баланд шуд, ки зеру забар ва махра?и калима?оро бо ди??ати том риоя карда, мутантан нидо баровард:

– Худованди Хоразми бузург, шо?аншо?и муаззам ва осмон- ?адри замон, ?а?ондори музаффари масъуд ва кишваркушой, ка?ф-ул-фу?аро, мулоз-ул-?урабо, мураббиюл фузало, му?иб-ул-ат?иё ва анбиё, аъло?азрати ?умоюн? ?утбиддин Сан?ари замон ва Искандари сон? Му?аммади Хоразмшо? ташриф мефармоянд!

Садои карнаю сурнай ва таблу ду?ул аз раво??ои толори муаззам бо о?анги нишотафзо ба якбораг? танин андохт ва а?ли ма?лис дастафшон ба та?сину та?нияти шо?и ?алили Хоразм бонги хуш?ол? заданд.

Дари дутаба?а ва тиллокории воридго?и ?ониби шар? бесадо кушода шуд ва як села гулдухтарони хушлибосу хубче?ра ва ?ам?адубаст, ки чун себи сурхи хубон? шабе?и якдигар буданд ва гулу раё?ин дар даст доштанд, дар ду тарафи пойандози бахмал?, ки аз остона то пояи тахт густурда шуда буд, саф кашиданд. Ва чун суроби ?утбиддиншо? намудор гардид, хур?шу ?ирев ва ?ул?ула то ба Сурайё расид.

Шо?и ?олиб ?а?и?атан ?ам хуршедсимо ва хуршедтоб буду фарри эзид? дошт. Вай ба расми а?дод? калонсув – куло?и хоразм? бар сар ни?ода, ?омаи ?арир п?шида ва камарбанди зарвара?и абрешим? бар миён баста, бо ви?ору тамкин ба ма?лисго? ворид шуд. Вай ?адам мемонду гулдухтарон ба русуми шо?они А?ам зери пояш барги гулу рай?он нисор мекарданд.

Ва?те шо? ба пеши тахти м??ташам расид, навозанда?о баробар зарбу о?анг ?атъ карданд ва духтарон чун мав?и гул бадар рафтанд. Хоразмшо? бо такаббури а?дод? салом гуфту баро?ат бар курсии мулк нишаст. Дар толор чунон хом?шие ба амал омад, ки агар кас боди??ат г?ш андозад, таппиши дили подшо?ро баръало шунида метавонист. Ва ? ?ая?ону изтироби ?албашро бо ибораи «Ё рабб?, анта ра?о?! – Парвардигоро, ту умеди ман ?аст?!» фур? нишонда, бо номи Худованди ?ону хирад салису равон сухан о?оз намуд. Аз ?арфу ?и?ои нахустин ба он мек?шид, то каломи мавзун ботамкин ва сан?ида ба забон орад, зеро хуб медонист, ки сухани подшо?он сабуку реза набояд бошад.

Пас аз ситоиши пай?амбарон ва шо?они бузурги олам ?озиринро фаровон дуруду салом гуфт ва афзуд:
<< 1 ... 47 48 49 50 51 52 53 54 55 ... 141 >>
На страницу:
51 из 141