Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 43 44 45 46 47 48 49 50 51 ... 141 >>
На страницу:
47 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Мур?ест вафои ту чу ан?о,

Бар худ ?афаси ?а?он шикаста…

Каломи шакарбору гу?аррез ?амаро ба ва?д расонд ва ш?ридадил гардонд. Турконхотун аламбардори эшон буд ва ангубин бар шакар омехт:

– ?анд ?р, эй улу?шоир![15 - Офарин, эй шоири бузург!] Се гули хандони ман, се набераи зебои ман энг[16 - Энг – хеле] аз ту хурсанд.

?об!![17 - ?об – таба? (хоразм?) ]

Нидои Худованди оламро шунидан ?амон пешхидмат дар?ол таба?и заррин пур аз ну?ра оварду пеши пойи Сайфуддин ни?од. Турконхотун бо р??ияи аввала суханашро идома дод:

– Се гули хандони ман мехо?анд, ки аз ?илваи кабки дар?, ки ?амро?и худ оварда?, лаззат баранд. Ман ин корро ба таъхир гузоштам. Ту, ки ба ин духтарак ?аловуз[18 - ?аловуз – ро?балад] ?аст?, ч? гуфтан? дор??

– Эй садру сарвари бонувони олам, то ?ое медонам, ин кабки хиромон аз к??истони Ворух – дурдасттарин рустои давлати Хоразмшо?иёни Кабир махсус барои шумо – уммулхалои?и замон ра?си наве т??фа овардааст бо номи «Кабки дар?».

– Наход? Чаро ин гапи на?зро худаш нагуфт? Маълум мешавад, ки ?ан?з г?сола аст, калла аз ка?дон берун накардааст! Лекин… моли киро?, тарбият мекунем. Эй л?ъбатак, кан? ту?! – Турконхотун ин карат бо чашми но?ифоз? сар то пойи Нигинаро шудгор кард. – Пакар нашав, духтар, ?омататро рост гир! Як умр аз Ойчечаки ман миннатдор бош, ки мушкилатро осон кард. Аз шоири ?аловуз миннатдор бош, ки пеши ро?атро кушод.

Зуд мутрибонро садо кунед! Эй улу?шоир, кабки к??? ба ?илва андоз!

Сайфуддин зуд ба замзама пардохт:

Эй лабат т?тии шакарпардоз,

Зулфи ту ?индуи камандандоз.

?ин, ки мур?они андалеби наво

Баркашиданд безабон овоз.

Булбулон аз нишот чу ан?о

Боз гаштанд ар?унунпардоз

Саъд бартофт г?ш?ои рубоб,

Пардае кард дар Ра?ов? соз.

Пойк?бон ба ?илваго? баро,

Эй кабк, ра?сидан намо о?оз!

Ромишгарон бо сарварии Шакархонум дохили туту? шуданду дар ?ойго?и ?амешаг? маътали ишора истоданд. Нигина ?ам аз пешайвон ба майдон гузашту бо че?раи шукуфон Турконхотунро нигарист. Ин карат овози хастаи Маликаи бонувони олам фара?физо садо дод:

– Шакархонум, бинавоз! Эй кабкрафтор, бихиром!!

Ту ?унар бинамой, то бувинем. Фа?ат… аз ёд набарор: на ?ар ки даст ба ра?с занад, хиромаш дилпазири мост!

Муси?? танин андохтан ?амон Нигина ма?ин ба ?илва даромад ва оламу одамро фаром?ш кард. Чун ав?и ма?ом расид, кабки дариро ла?заи ?унун омад – мисли мастаки ш?рида ба шод? садо дардод ва чаммона болу пар афшонд. Турконхотун беихтиёр тарфи к?ло? ?а? намуда, дар нишеманго?и хоси хеш бар кабки ра??оси хеш хироманда шуд. Нигина мечархиду меболид, бо дасту китфон ва чашму абрувон болу пар меафшонд, ?ар м?йи гесу ва тори мижгонаш болафшон? дошт. Кампири ?афтодсоларо табъ хуш гашт ва сабру ?арор аз даст дод. Чолок аз ?ой хесту т?з?[19 - Т?з? – ?омаи нафиси занона (хоразм?) ] аз тан кашид ва бо табъи болида ?аммароми Нигина шуд. Дигарон низ ба по хестанд ва туту? пур аз кабки дар? шуд.

Баъди ан?оми ра?с Турконхотун пешонии Нигинаро гарм б?сид ва «Шод бош, а?сант, ра?си зебо дор?!» г?ён, як каф а?ча[20 - А?ча – пули ну?раи сикказада ] бахшид. Дигар бибисанам?о ва гулдухтарон низ момои бузурги худро пайрав? намуда, ба ?адри ?иммати хеш диноре ё р?ймоле шо?? барояш нисор карданд.

Ойчечак ангуштари тилло бахшид ва сид?ан гуфт:

– Аз ягон ра?се ба ин дара?а лаззатманд нашудаам! ?илваи ту ?атто хо?арам Нозпар?-хиромон чу кабки дариро шефта мекунад!!

Нигина аввал одоби таъзим ба?о оварду сипас Ойчечакро хо?арвор ба о??ш кашид ва бо ?ая?они бузурги ?алб? нидо кард:

– Илтимос ин гапро ба Дамир Малик г?шрас намо…

Равзанаи дуюм. Ришханде ба рангомези?ои Насноси бахткушо ва Савсани афсунгар

Ахтарони Исфара бо дили шод аз туту? баромада, аввал ба зиёрати маликабону Дилором шитофтанд.

?ама р?йдод ва гуфтушунуфтро бо тамоми ?узъиёташ тасвир намудаю чойи хуштамъ бо ангубин н?ши ?он карда ва та?ният шунидаю масли?ат гирифта, бо хотири ?амъ ?амро?и Камолиддину Шакархонум ба тамошои ша?ри андарун? рафтанд. Нигина ин ?исмати ??рган?ро ша?ристони ободон ёфт бо ку?андиз – ?алъаи ?адим ва ?ам коху ?аср?ои навин, бозору мас?иду ма?бараю сарой?ои м??ташам ва гулбо??ои сабзу хуррам, иморат?ои бар?аво ва к?шк?ои муна??аш. Вай бо чашми сар медид, ки таърифу тавсиф?ои Камолиддин бебунёд нест ва ??рган? аз Ху?анд да? баробар пурган? асту ?ар он ч? ?окимону зердастон ва бою камба?алонро ба кор ояд, фаровону зиёдатист ва ?е? ?о?ати ба ?ойи дигар рафтан нест.

Р?зи дигар тахтго?и подшо? – борго?у дарбор, арку ?асри ?исорбаланди шо?аншо??, доруззиёфату ?арамсаройро тамошо карданд, ки аз ?адимулайём бошишго?и шо?они Хоразм ба ?исоб рафта, дар да?солаи охир ба дара?аи г?шношунид ободу ?алил ва муста?кам шуда буд. ?ама ?ойго?и подшо?нишинро девор аз хишти заррин буду сутун?ои ч?бину мармар? м??ташаму гав?арк?б ва дару пан?араю шифти хона?о пур аз на?шу нигори а?амию арабию чинию рум?…

Дарвоза?о ма?каму пан?ара?о муста?кам буданду сипо?? анб??. Аз на?ли ро?балад маълум гардид, ки мардони ??рган? ?анг? ва ?озипешаву тирандозанд. Як ишора кофист, ки дар давоми ним соат бист ?азор размандаи саропо мусалла? аз хонаи худ о?илан назди ?алъа расида ояду агар вазъият муташанни? гардад, дар як р?з сад ?азор бештар сипо?? омодаи ?анг мешавад…

Р?зе устоду шогирд Сайфуддин ва Камолиддин ба ме?мон? омаданд. Шакархонуми муборакр?, аммо бешав?ару бедудмон, ки шабу р?з ?амро?и Нигина мезисту аллакай хеле унс гирифта буданд, аз ташрифи нога?онии мард?о ба саройи занона но?ин?ор шуд:

– Шуморо к? ба ин ?о далолат кард?

– ?е? кас. Худамон омадем.

– Маро ба ран?у дард гирифтор кардан мехо?ед? Интухин, оё намедонед, ки бо кабутари ?арам ?амнишин шудан номумкин аст?!

– Эй хола, а?л дор?? Мо магар бегонаем?!

– Ин ?о мо ?ама ра??осаем, интухин, зани боа?л ку?ост?

– Ё тавба! – сахт барошуфт Камолиддин. – Дар ин сарой ?айри «интухин» ягон нафари ме?монхо? ?аст ё не?!

– ?аст! – овози ма?ини Нигина аз са?ни ?авл? ба г?ш расид. – Устод Комгор, ме?мон?ои нури чашмро исти?бол гиред.

Марде миёна?ад ва сурхр?й дартоз пеши дарвоза омаду писари Шо?зода ?алолиддинро бо як ниго? шинохт ва бо иззату икроми зиёд пазиро? карда, ?ар дуро ба нишеманго?и лаби ?авз овард.

– Эй хола, чаро дар дами дарвоза маро маъталу масхара кард?? – пурсид бо алам Камолиддин, ки дилаш аз ??ши ?азаб то ?ол меларзид.

– Узри маро бипазиред, азизон. Чунки, интухин, дигар ило? надоштам. Девору замини ин мавзеъ пур аз муш аст! Агар бе ягон монеа ба ?авл? медаромадед, ?амон замон ба ши?на хабар мерасид, ки «ду мард ба саройи Нигина даромад.». Он го? ?алма?ал, интухин, бисёр мешуд. Акнун ягон гапу калочаи зиёдат? намешавад. Чунки муш?ои дупо, интухин, к? будани шуморо шинохта, са?е? хабар расонданд…

Камолиддин таги гапро фа?мида, ором шуду Нигина дар?ол ?офия баст:

Ин саро шуд матлаи хуршед аз нури шумо,

Шоири з?ру шогирди тавоно – мар?або!

Каломи мавзун шиддати ?олатро ба нест? расонд ва с??бати а?ли дилро тасфонд.
<< 1 ... 43 44 45 46 47 48 49 50 51 ... 141 >>
На страницу:
47 из 141