Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 42 43 44 45 46 47 48 49 50 ... 141 >>
На страницу:
46 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Худованди олам, Улу? Хотун меояд,

Теззе?не, ки чу хуршеди ?а?он орояд.

Дурри гав?ари зоту шарафи дудаи ?

?ар ч? аз ?инси камолот биг?й, шояд.

Д? маро дидаву ташрифи аёдат фармуд,

В-ин ра?о ?аст, ки бори дигарам фармояд.

?адди банда набувад ин караму лутф, вале

Ч? кунам, бахти вилодист, ки меафзояд.

Ин ч? эъ?ози Расул аст, ки дар уммати ?

М?р бошад, ки Сулаймон ба сари ? ояд.

– ?анд ур, эй яхшишоир, ки бахти нек дор? ва то ман бошам, ?адри суханат афзояд. Ба чашмам марди му?бил менамо?. Агар андоза ниго? дор?, корат боло мегирад. Акнун росташро г?й, ки дар ??рган? замона ч? гуна гузарон??

– ?ар ч? гардун ди?ад, замона аз он созам. Бовар дорам, ки лутфи Худованди олам шоири бенаворо сабзу мунаввар мегардонад ва дар шакар?ои назми ман аз ?оми д?стгонии хеш гулоби муаттар мерасонад.

– Булбуле, ки хуш наво дорад, ?аргиз бебаргу наво намонад! – бо лаби пурханда гуфт Турконхотун. – Низомулмулки мо Носириддин Му?аммад ибни Соле?ро медон??

– Албатта. А?аб марди зиндадил аст ?! Лабонаш чун суб? доимо хандон менамояду ?амеша чун боди сабо мушкафшон меояд.

– Дуруст сифат кард?, эй шоир. Вай зе?ни тезу килки ?удратманд дорад, мисли те?и ?аррор! ?ар ч? хо?ад, шо?у вазирону малику бег?о и?ро мекунанд, чунки бегларбег? унвон дорад! Агар вай набошад, мулк вайрон мешавад. Ибни Соле? шоирону олимонро д?ст медораду агар шо?она зиндаг? кардан хо??, дасту домони ин ?имматбаландро ма?кам дор!

– ?урбони он дилам, ки д?стдори шоир аст! Аз ?амин ла?за ба?ри он мек?шам, ки ба хидмати бузургвазир аз шоир фа?ат ар?си бикри маън? пешни?од шавад, то ? силат?ои гарон ба?ри мо арзон намояд:

Низомулмулк, Султон Носируддин,

Ки килкаш те?ро бур?он намояд.

Уторид бо камоли хурдадон?

Барояш ?ар ч? хо?ад, он намояд

Нигар, аз дасти ? беобр?е

Ба сони абри тобистон намояд

Ба олам рози давлатномаи ?

Кушодар?й чун унвон намояд

Агар меъмори ?о?и ? набошад,

Бинои мамлакат вайрон намояд!

Чу Шо?ин бод мулкаш рост, то Наср

Ба нусрат ша?ра?и имкон намояд…

– Боракалло?, эй шоир! ?ар он ч? гуфтию суфт?, бо хати настали? дар ко?ази абрешим? бинавис, то ба Носириддин ?адя кунам. Подоши шо?она туро худаш меёбад. Акнун дар васфи набераи на?зи ман, ки р?яш мисли офтоб аст, да? мисраъ мад?ия биг?! Хез, Ойчечаки офтобр?й, ?усну ?амол ба шоир нишон де?!

Набераи фармонбардор парда аз че?ра баланд бардошту шоири хушил?он пеши рухи хуршедмисол ?азалхон шуд:

Эй навар?си ?усн, туро зевар офтоб,

Оинаро зи сурати ту дар бар офтоб.

Тори шаб аст сояи зулфи ту дар ?амар,

Мушкин хат аст нуктаи холат бар офтоб.

Аз рашки мо?и р?йи ту ?ар шом то са?ар,

Чун гирдбод хок кунад бар сар офтоб.

Давлатсаройи ?усни туро ва?ти дору гир

Чашм аз ?авои р?йи ту дорад тар офтоб.

Гар пан? ва?т че?ра дар ойина бингар?,

Дар мо? мушк бинию дар анбар офтоб.

?ама ба офарин лаб кушоданду Сайфуддин чашм бар замин д?хта, ?укми Маликаи ?а?онро нигарон истод.

– Офарин бар чунин шоир бод! Акнун боз як бори дигар з?ри худро нишон де?, эй улу?шоир! Ду набераи дигарам дар па?л?и Ойчечак истодаанд. Ин?о экизак[14 - Экизак – дугоник (турк?) ]. Номашон Гулр? ва Ма?р?. Дар васфи ?ар дуяшон чор хат – чор хат шеъраки ширин ва дилнишин биг?, то армони дилашон шикаста шавад. Лекин шарт ?амин, ки ?ар ду ?азал ?ам?офия бошад, яъне экизак, то дили ?е? кадомашон шикаста нашавад…

Сайфуддин дугоник?оро ба па?луи худ хонду сар то пояшонро бо дидаи борикбин муойина карда, аввал ба васфи Мо?р? пардохт:

Эй Ма?и р?ят офтоб шикаста,

Зулфи ту бозори мушкноб шикаста.

Нози ту пирояи ниёз гусаста,

?амзаи ту корвони хоб шикаста…

Мо?р? бо че?раи шукуфта го? ба модаркалонаш менигаристу го? ба а?ли толор, аммо Гулр? сар ба зер афканда, бо илти?о ба да?они шакаррези шоир ниго? мекард. Сайфуддин вайро маътал надошт:

Эй Гули р?ят ?а?он шикаста,

Аз ?амзаи ту синон шикаста.
<< 1 ... 42 43 44 45 46 47 48 49 50 ... 141 >>
На страницу:
46 из 141