Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 40 41 42 43 44 45 46 47 48 ... 141 >>
На страницу:
44 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Гургошт? дар с??бати Маликаи ар?манд Дилоромбону низ та?лил гардид. Устодон ва шогирдон чоштго?он ба гулбо?е расиданд, сабзу хуррам аз оби равон ва тахте заррину чанд курсии мулойим бар канораи ?авзи мусаффо ни?ода.

– Ч? нек? ?ою хуш ма?омест! – хитоб кард Сайфуддин аз манзараи хуш ба шигифт омада. – ?авое ба ин латиф? равзаест аз бо?и би?ишт!

Дар тарафи рост хаймае аз атласи сурх назаррабо? мекард, ки бо ?ашт таноби абрешимин ва мех?ои заррини бар замин фурук?фта устувор меистод. Наздик расидани ме?мон?оро дида, канизак пардаи гав?арнигорро баланд бардошту Дилоромбону чун мо?и мунир берун омад. Канизак ба э?тироми зиёд ?ро то пеши тахт бурду вай ма?дами ме?мон?оро гиром? дошта, бо ла?ни ширин салом гуфт. Ба ?ар кадоме и?озати дастб?с? дод, хуш бинавохту ?ол бипурсид ва муносиби солашон ба ?ои мувофи? ишора кард.

Бонуи аввали Шо?аншо?и олам, ки бо ву?уди солманд? дар ни?ояти ?усну ?амол ва мало?ату латофат раънои ?а?он буд, бо ла??аи г?шнавози хуросон? с??бат о?оз кард:

– Мо ?урмати хонадон?ои ?адим ниго? медорем ва ?амеша дида ба дидори д?ст боз кардаем. Мо ба ин ша?р аз пайи ?ашамату ?о?у мансаб наёмадаем ва ?аргиз ба бад дидан дида наёлудаем. Дилнавоз? дорему аз ?ангу ?удой? безорем. Лекин ?амеша рост мег?ему аз касе бим надорем, ?арчанд ними ?а?он зери фармонаш бошад. Ин пешгуфтор аз барои он пешни?од шуд, ки мо гургоштиро намепазирем, макру фиреби занона ва пур?араз ме?исобем. Ин ошт? на сул? дорад ва на ?ангу нанг! ?аразу марази ин хотуни арбада?? дар тарсу ?ароси доимии ? аз та?дири набераи ?амхунаш Узло?и хар аст, ки ?ам ба азму ?ам ба разм ба нохуни пойи ?алолиддини мо намеарзад. Ин хотуни бадният, ки кадхудои оламшумули моро ба забон сояи сари худ ме?исобаду дар асл соя бар сари фарзанд афкандааст, сад?о хешу табору ?ам?абилаи худро сарвару сар?анги хайлу сипо? таъйин карда, лашкари яккачин сохтааст, аммо хуб медонад, ки ?удрату шавкати да? ?азор марди ?ангии ?алолиддини мо аз сад ?азор сарбози я?могари вай бе?тару бартар аст…

Нигина ончунон ба шав? омад, ки забон аз гуфтор боздошта натавонист ва байти маш?ури Фирдавсиро таъсирнок хонд:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ?анг? бе? аз сад?азор!

Дилоромбону хандаи шакаромез карду ба че?раи Нигина нек назар афканд. ?аду баст ва манзари ? ба табъаш хуш омаду аз таба?и тилло? як пора шаранг – харбузаи хушранги подшо?? гирифта, ба Нигина дароз намуд ва бо о?анги наси?ат гуфт:

– Офарин, эй шакарпосухи ?озир?авоб! ?амеша хуб г?й, то хуб шунав?. Фарзанди со?иб?ирони мо гуфтанд: «Нигина кабутарест, ки дар ??рган? ошён хо?ад гузошт, набигзорем, то ба чанголи у?об афтад!» Гапи фарзанди гиром? мо ба зар?ал навиштаем ва туро то бозгашти падару писар баиззат ниго? медорем. Мутмаинам, ки наргиси чашму сарви ?омати ту, эй навбова, зиннати дарбори мо хо?ад шуд! Дил фарох дор: аз бими шо?писари мо ?е? кас ба ту дастдароз? намекунад ва ?атто Маликаи хотун?ои олам туро як сари м? озор намеди?ад.

– Шукр Яздони покро! Шокирам аз сухан?оятон, эй модарбузург!

– Шокир будани духтараки ?адрас хуб аст. Аммо шоири солманд ч? андеша дорад?

– Мо низ ?амеша шукргузорем.

– Боракалло?. Хо?иш мекунам аз ?адами аввал нек аз баду бад аз нек бехато бишносед. Зеро дар ша?ри мо ?е? кас намег?яд, ки д??и ман турш аст!

Хо?иш мекунам, аз шофе? будани мо бадгумон нашавед ва агар порае аз эъти?оди хеш наздатон гузорем, эй ?анафиён, бе айб??? ?абул фармоед.

– Ризои шумо, ризои мост, эй модарбузург…

– Мо ?амеша ?ар бандаи мусулмонро шофеъ мешавем, то дар чашми шо?аншо?и олам нисбати ? ме?ру шаф?ат пайдо гардад. Агар шумо ?ам дар ин масъала тааммули шофе? фармуда, ?ар пурсиши муслиминро бо азми дуруст ва ?атъ? ?авоби шоф? гардонед ва аз ?ар олоише худро ба соф? ниго? доред, шуморо мудом аз шарбати поки шоф? ба?раманд мегардонем.

– Эй модарбузурги ме?рубон, ?ар ч? фармудед, ?обили ?абул аст, азеро шофеиву ?анафиён ?амчашманд. Андеша?ое, ки иброз гардид, бар о?илон ?алол, аммо бар ?о?илон ?аром бошад. ?амеша ба?ри он мек?шем, ки дурру гав?ар ?амсилк кунем, то Кохи ислом обод бошад.

– ?аббазо, шоир! Фардо ?ар дуятон ба туту? меравед, ки хирго?и Турконхотун аст. Ман ?ам даъват шудаам, аммо нахо?ам рафтан, зеро хотуни бузург бо ман агар сухан г?яд, ?уз талх наг?яд. Вай дар тани ман перо?ани нав бинад, ба худ печаду ?олаш табо? шавад. Вале дилпур бошед, ки дасти инояти Шо?зода ?алолиддин ?амеша болои сари шумост ва инро дар ??рган? аллакай аз ?афтсола то ?афтодсола ?ама медонанд. Иловатан се андарз омехтаи танз мег?ям, барои андешаи ами?. Аввал ин ки аз хотуни ?а?он некие бе бад? чашмдор нашаведу ягон ?арфи нома?бул ё ?аракати ношоиста накунед, ки ба ?е? ва?? узр ?абул нахо?ад шуд. Дуюм ин ки он хотун либоси рангин, аммо дили сиё? дораду ?ар ч? ба а?сант биг?яд, бо содадил? зари пок машуморед. Сеюм ин ки сарвату савлати ин хотун чархи баринро са?фи гу?ар мешиканаду тугмае аз к?ло?аш мисли шумо ?азоронро соли дароз баргу навост, аммо риштае бе дилкашол? ба касе намебахшад ва агар хаспорае ?адя кунад, хушдил бошед, ки ме?раш тофтааст. Маро дуруст фа?мидед?

– Оре, модарбузурги ме?рубон, андарзи нек равшангари ро?и мост.

Дилоромбону бо ниго?и пурме?р Нигинаро нигарист:

– Мебинам, ки ?арчанд гул?банде бо як дирам сим дор?, вале ба хуб? ва ?усну ?амоли ?авон? дар ??рган? нафаре баробарат нест! Ого? бош: дар ин ша?ри ?амил аз манзар?о ва ?урфа?о ?ар ла?за хубр?е оламгир хештанро ?илва меди?ад ва ин ?о ?ама наззорачиёни р?йи хубонанд, аммо оне ?адр дорад, ки ?айбе пур аз дирам дорад! Имр?з, ки ?авони?ои моро ба ёди мо оварда, хушнуд гардонд?, ?у??аи сабзи айёми шабоб ба ту мебахшам. Дар ин санду?чаи марворид ?ама ?аво?ироту ороишоти даврони гулдухтариям ма?фуз аст ва акнун моли ?алоли туст! Азбас ?унар дорию гав?ар надор?, ?е? намехо?ам, ки аз барои андак чизе назди дигар хотун?о худро бе?адр кун?…

Канизаке дорем гулдасту хушодоб, номаш Зулф? аз Самар?анд, ?ро низ ба ту мебахшем. Вай аз ?ариру ?уллаву пароно бароят либос?о мед?зад, м?ятро шона зада, кокулонатро майда бофта, гесувонатро бо мушку анбар муаттар месозад, чашмонатро сурмасор намуда, ба тамошои ша?р мебарад. Он го? сари мо, аз ифтихор, ба осмон мерасад. Зеро ?усни ту дар ??рган? наме?ун?ад…

* * *

Р?зи дигар Нигина донист, ки туту? чодари бузурги бар?аво будааст дар миён?ойи гулбо?и шо?аншо?? ва дар ин нишеманго?и олима?алу оинабандон Худованди ?а?он, Маликаи бонувони олам Улу? Турконхотун ?афтае як маротиба а?ли ?унарро бор медодааст. Ва?те ба вай навбат расид, дарбон ба Шакархотун ва Зулф? и?озати вуруд надоду ло?арам худаш тан?о ба хирго? даромад. Дид, ки бар тахти пешго? кампири хушлибосе бо кару фар нишаставу аз ду ?онибаш ду канизаки хубче?ра бодбезан бод меди?анд. Чанд ?адам пештар рафту таъзим ба дара?аи ол? намуда, бо ла?ни булбули хушнаво салом гуфт:

– Дуруд бар Шумо, эй Худованди ?а?он ва Маликаи занон ва офтоби замон!

Да?-дувозда? нафар занони хушлибосу рангинчодир – дилбанду фарзанду пайвандон, му?аррабон ва му?аррамони баландпояи дарбори ?арами подшо??, ки дар курси?ои поён? менишастанд, аз та?нияти ?айриму?аррарии духтараки ?усну ?амолаш ?айриод? ?айратзада шуда, бо ниго?и савол Турконхотунро нигаристанд. Хайрият, ки та?нияти озоду самимона ба табъи нозукаш хуш омаду бо ишораи сар ?авоб гуфт, яъне саломро пазируфт.

Атрофиён низ баробар сар ?унбонда, о?и сабук кашиданд ва ?уръати Нигинаро сутуданду боз Турконхотунро нигаристанд, ки ч? мефармояд. Худованди олам бо чашмони нимкоф сар то пои Нигинаро чену барчен карду бо лабханд гуфт:

– Ва?-ва?, афтат ч? хушр?! Пештар биё, бе?тар бинамат.

Пояндози мулойимро озоре нарасонда, Нигина наздиктар рафт. Баръало дид, ки ба р?йи беранги Турконхотун сурх? дамиду пешонии пурожангаш ?амвор, чашмони тангаш кушода ва лабхандаш фарохтар шуд ва бо такаббур гуфт:

– Эй хотун?о, ба ман ?оил шавед! Баъди он, ки дасти шаф?ат ба сараш гузоштам, ?алолиддини сангдил заршиноси асил шудааст. Бинед, ба хидмати онакалонаш ч? хел т??фаи шо?она овардааст!

?ама баробар «?ойил мо!» гуфта, бо чашми ?авас Нигинаро нигаристанд, ки аз шарму ?аё рангаш мисли лолаи а?мар ар?увон? гашта, дучанд зебову раъно менамуд.

– ?алолиддин гаштаю баргашта илтимосу илти?о кард, ки ин духтаракро хор надорем, – бо исте?зо гапашро давом дод Турконхотун. – Маълум мешавад, ки ин набераи ман ?ан?з ?ам нодон аст. Худатон росташро г?ед – кадом а?ма? гулро хор медорад?!

Маликаи аъзам кампирона пи?-пи? хандиду дигарон вайро пайрав? намуда, сохтакорона ?о?-?о? заданд.

– Боз ?ам пештар биё, ки бе?тар шунавамат. Ту маро медон? ва мешинос??

– Шуморо аз ма?риб то машри? ?ама медонанд ва уммулхалои? мехонанд. Имр?з хушбахттарин одам дар олам манам, ки ба дидори р?йи мубораки Худованди олам, ?омии дунё ва дин Улу? Туркон, Маликаи хотун?ои ?а?он мушарраф гардидам. Агар Шумо фа?ат аз Худо мадад металабед, ман аз шумо имдод ме??ям.

– О?-?о, булбули г?ё-ку ту! Акнун биг?й, ки номат чию зодго?ат ку?ою ма?сади ба ??рган? омаданат ч??

Нигина зиндагиномаи худро аз р?зи валодат то ба ин соат вара? гардонда, ба та?пурс? ?авоби мухтасар, вале мукаммал гардонд. Турконхотун ангуштони дасти рост ба турра – м?йи печида дар канори пешон? – ни?ода, на?ли шеворо боди??ат шунид ва ла?зае ба тафаккур фур? рафт. Сипас ?уръае шарбат н?шиду гуфт:

– Шайхони ху?анд? Бадеуддину Бур?ониддинро медонам, ки бо шайхи бузурги Хоразм На?миддини Кубро ва шайхулисломи мо ?азрати Ма?дуддин робита доранд. Ма?астиро ?ам медонам, ки ма?бубаи Сан?ари беимон буд.

Лекин…ман ?айрон: падарат машо?ч? набудаасту модарат шодгунаи усулч? не, лекин ту чаро ра??оса шудию худатро кабку кафтар пиндошта, ба ша?ри дур парида омад??

Ту аз афсонабоф? ч? мурод дор??

– Он ч? аз сарам гузашту аз гуфта?ои модар ба хотирам омад, ба забон овардам. Шумо, эй Худованди олам, мухторед, ?ар ч? бе?тар донед, бипазиред. Ман дар пеши пойи шумо як зарра хоки заминам…

– Агар а?идаи ту ин аст, ?обили ?абул бошад. Фа?ат афсонаро ана ин хел ба ан?ом мерасонем: «Кабутари Ворух о?ибат кабутари ?арам шуду ба муроду ма?садаш расид». Маъ?ул?

Атрофиён ?ама ба як овоз «Рост мег?ед. Раво бувад» гуфтанду Нигина бо аломати ризо сар ?унбонд:

– Маро хом?ш? бе?, ки акнун шунавандаам…

– А?сан туро, ки фаросати хуб дошта?! Ба ин ?усну ?амолу а?лу фаросат ва хушсухан? нигини ангуштарини шо? нашав? ?ам, надими бе?тарини фарзанди мо мешав?!

Аз ?амин ла?за то омадани шо?писари оламгири мо ту м??та?иб шав! Яъне, дар паси ?и?об пин?он бош. ?атто ба ?е? кас маг?й, ки номи ту чист. Сурриятканизи ?арами шо?аншо?? аз паго? сар карда, ?афт андоми туро да?чанд суфтаю му?алло мегардонад. Ва?те нури чашми мо ?утбиддини Му?аммад бо то?утурунби подшо?? ба ??рган? меояд, ?адяи шо?онаи моро дидан ?амон аз хосияти иш? ?авон мегардад ва туро ба хилват мехонад… Нею агар ба шо?писарам маъ?ул нашав?, он го? туро ба ягон солори худ мебахшам. Ба ?ар ?ол ту дар к?ча намемон?.

Акнун ба ту ?авоб. Шод бирав, эй гулбадан ва да? канизаки пушти дар истодаро барои хизмат бо худ бубар. Он?о туро ба саройи хос мерасонанд…

Нигина тиб?и масли?ати Дилоромбону барои намоишу озмоиши ?унар ?ама?и?ата тайёр? дида, бо к?маки Шакархонум ра?си ?аззобе омода сохта буд, то дили санги Турконхотунро нарм ва чашми хирабини вайро равшан гардонда, ба унвони кабутари ?арам сазовор будани хешро бо ?унари воло собит намояд. Вай аз ин муло?от ?ама чизро умедвор буд: та??иру маломат, фиребу найранг, д??у даранг ва дигар ?у??абози?оро… Вале ?е? гумон надошт, ки с??бати аввал бо шармандаг? ан?ом меёбаду кампири хушкидалаб ва г?шоганда ба ра?с ягон зарра маро? зо?ир накарда, бе ягон шарму ?аё ба сурриятканиз мефармояд, ки ?ро барои ?имоъ бо подшо? тайёр намояд.

Аз чунин ка?фа?м? ва беадолат? Нигина сахт барошуфт ва хост бо тамоми овоз фарёд кашида, ?афт андоми сурриятканизакро бишканад ва хуншор намояд. Вале Турконхотун магар вайро се?рбанд карда буд, ки… да?они пурсуханаш безабон шуда буд!
<< 1 ... 40 41 42 43 44 45 46 47 48 ... 141 >>
На страницу:
44 из 141