Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 39 40 41 42 43 44 45 46 47 ... 141 >>
На страницу:
43 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Асиридин мисли булбули маст ба хониш даромад:

?усни р?яш дида пурхун мекунад,

Чашми ?, ё раб, ч? афсун мекунад!

Дасти ?уснаш мо?ро гес?кашон

Аз бисоти чарх берун мекунад!

– Офарин, Асхикат?, ки дар васфи он нозукни?ол шеъри арзанда гуфт?! – шоири ?авонро р??баланд кард Анвар?. – А?санта валло?-ил-?а?[11 - Офарин туро, Худо бар?а? аст.], ки рухони зебо дорад он ма??абин! Дар ?ама дил?о ?аваси р?йи вай аст. Зеро че?раи гулрангу зулфи гулб?яш бо забони ?ол мег?яд, ки андар ?а?он аз ? хушр?йтар ёре набошад:

?иблаи р?йи варо ?ар к? шабе бурд намоз,

Чор такбири дигар р?з бар ин пан? кунад.

Наргиси масти вай ?ушёртарин мур?еро

Сина чун нор кунад, че?ра чу норан? кунад!

Сутуни сабри дили шо?зода андаке ларзид ва пурсид:

– Номаш чию нисбаташ ба кист?

– Исми латифаш Дилором, духти Рустами о?ангар, – Анвар? муво?е? шудани шо?зодаро пай бурда, шохчаи ангур болои хон пас гузошт:

?уснаш андар ?а?он наме?ун?ад,

Номаш андар да?он наме?ун?ад!

?ама баробар зав?иданду шоири пир мисли ?авони дилбохта ба хур?ш омад:

?усни вай бар мо? лашкар мекашад,

Иш?и вай бар а?л хан?ар мекашад.

?утбиддин бор?о шунида буд, ки дасти иш? дар ними нафас ?омаи сабр пора мекунад. Вале азбаски дар дил шуб?ае дошт, лом накафонда, ба Ватвот нигарист. Шоири рамузфа?м дар?ол пурсид:

– Агар ин мо?симои хуршедталъатро талабгор аз м?йи сар зиёд бошад, оё дасташ озод аст?

– Озода ва дастнорас аст ин озодсарв! – бо о?анги боварибахш ?авоб гардонд Анвар?. – Ба?ри дафъи чашми назорачиёни р?йи хубаш аз гулбарги бунафша ни?об сохта, аммо чини зулфаш домест, ки ?ар а?ли расо дар он муалла? монад:

Азбаски кибриёи ?амол аст дар сараш,

Бар оши?он салом ба кибру риё кунад!

– Изни ? дар дасти к? бошад? – пурсупосро табъи дили шо?зода идома бахшид Ватвот.

– Изни духтар ба дасти модари ?ст, ки ба ?ама хосторон як ?авоб мег?яд: «Гули рухсори шо?духтари Шо?и ?а?он зеби дасти шо?писари Шо?и замон аст!»

Шо?зодаро дигар сабру то?ат намонд ва ходимони ?амеша?озирро фармуд, то фавран духтар ва падару модарашро ба ме?мон? хонанд…

Шакархонум аз пайро?аи мармарфарш тарафи рост тоб х?рда, ба ро?аткурсии таги гулбун нишасту Сайфуддинро па?луи худ шинонд ва риштаи сухан ба даст гирифт:

– Интухин, давоми ?иссаро ман мег?ям.

?утбиддини оташ?алб, ки ба зудии ?айратовар фирефтаи сухани шоирон шуда, гоми пур?алаён ни?ода буд, бо як дидан, интухин, оши?и шайдо гашту дил аз даст дод ва хобу х?р гум кард. Амакаш Султоншо? интихоби бародарзодаашро маъ?ул донисту интухин, гапу корро пазонд. Азбаски писар надошт, ?утбиддинро фарзанд хонду валиа?ди худ эълон кард ва бародарашро водор намуд, ки ба ва?дати он?о пайвандад. Бародарон ба ?ароре омаданд, ки базми ар?сии фарзанди шарикиро дар Марв о?оз карда, дар ??рган? идома меди?анд.

?ама шоду мамнун буданд, ?айр аз модари ?утбиддин, ки ба писараш хо?арзодаи худро додан? буд. «Ин савдои хом аст мисли он ки гадое домоди подшо? шуданро орзу кунад. Бо духтари ?изилаё?[12 - ?изилаё? – пойлуч (хоразм?)] ?амсар шудани шо?зодаи со?иб?ирон абла?ист!» г?ён Турконхотун, интухин, хеле доду бедод карду як сол зиёдтар зиддият нишон дод. Вале о?ибат тираш хок х?рду ?утбиддин ва Дилором ба муроду ма?сад расиданд. Аммо Турконхотун ба та?дир тан надод, ма?луб шуда бошад ?ам, интухин, аспи ?афоро зин карду ба турктоз? даромад.

– Яъне хушдомани бад шуд?

– Аз бад ?ам бадтар! Ин зани бадсиришт, ки дар сар ?азорон фикри зишт дорад, ба навар?с ?атто як р?з р?йи хуш нишон надоду баъди таваллуди фарзанди нахустин носозиро ба ав?и аъло расонд. Турконхотун мехост, номи нахустнаберааш Узло? бошад, ки исми ?абилавии он?ост ва чун ба воя расад, Узло?шо? шавад. Дилором ?атъиян му?обил баромад, интухин, бо мулоимат? андешаашро ба шав?ар фа?монд: «Ман ?е? ва?т бар хилофи раъйи Маликаи муаззама амал намекунам. Лекин, ба фикрам, номи Узло? шоистаи писари мо нест. Чунки маънои уло? ба турк? ?айвони савор?, хар аст… Агар роз? бошед, писарамонро ?алолиддин г?ем, ки бо исми табарруки шумо ?амо?анг, ?амсадо ва бузургмаъност!» ?утбиддин пешни?оди зав?аи худро маъ?ул донисту ваъда дод, ки модарашро роз? мекунад.

Турконхотун сахт озурда гашта, ба писараш фа?монд, ки «узло?» ба ла??аи ?адимаи хоразм? «у?об» асту исми хуби ?абилавии он?ост. Вале аз истодагарии ?утбиддин фа?мид, ки интухин пешни?од аз да?они Дилором дамидааст. П?стинро чаппа п?шиду мисли модашер ?уррид ва «хо?арзодаам ?амбарой модари Узло?шо? мешавад!» гуфта, интухин, ?амон замон ?утбиддинро ма?бур кард, ки барои ба нико?и худ даровардани ?амбарой розиг? ди?ад.

– Писар ?е? му?обилат нишон надод?

– Неъ. Чунки аз модараш сахт метарсид.

– Шакархонум дуруст мег?яд. Дар ин боб як ?икояти латиф ?аст, боди??ат шунавед, – дубора ба с??бат пайваст Сайфуддин. – Боре падар ?утбиддинро фармуд, то ба хо?араш дар ом?зиши забони то?ик? к?мак расонад. Вай бе ?е? андеша гуфт: «Модарам чунин нафармудааст»! Падар аз ин посух ран?ид ва хитоб кард: «Бар писар амри падар аз ?ама му?аддам аст»! ?утбиддин бебок ?авоб гардонд: «Модарам низ чунин мег?яд. Ва?те то ?ол бе изни модар ?атрае об ба лаб набурдаам ва то зиндаам, бе и?озати модар нафас намекашам»! ?авоби фарзанд падарро маб?ут кард ва фа?мид, ки муддати зиёд дар сафари ?арб? будан ба тарбияти писар ну?се ворид кардааст ва агар тари?и зиндагонияш та?йир наёбад, шояд дар оянда халале, ?атто хатаре ба амал ояд. Бо чунин андеша сари ?утбиддинро сила карду бо ме?рубон? гуфт: «Дар о??ши гарми модар боли? шуд?, ?они падар! Акнун ба па?л?и падар биё, то марди ?а?и?? шав?. Минбаъд як?оя ба кишваркушо? меравем!» ?утбиддин бо шодмон? хитоб кард: «Ба чашм, падар?он. Дартоз меравам ва аз модар и?озат мегирам»…

– Агар ин ?адар фармонбардори модар бошад, чаро гапи ?ро нагирифт ва аз Дилором даст накашид? – бо ?айрати ошкоро пурсид Нигина.

– Му?аббати ?а?и??, интухин, басо з?ру тавоност! ?утбиддин дар Марв аз фармони оли?аи иш? сар печида натавонист ва ин аввалину охирин нофармонии оши?писари Ма?нунсифат буд. Дигар асло ?утбиддин аз хати кашидаи модар берун ?адам нагузоштаасту имр?з ?ам, интухин, Хоразмшо?и Кабир дар ?ама кору масъала?о сухани модарро му?аддам медонад.

– Чаро?

– Имр?за Турконхотун он Маликаи бе?удрати чил сол пешина нест, ки набераашро табъи дил ном ни?ода натавонист. ?оло вай «Худованди ?а?он» ла?аб дорад…

– Худованди олам? Чунин ла?аб мондан хатои ма?з аст!

– Чанд шоиру олими дигар ?ам «ин хел гуфтан мумкин нест» гуфтанд. Лекин вай якравона «ба ман мумкин ?аст!» мег?яду интухин, бо да? ангушт фармонфармо? мекунад ва дар сархати ?ар амру фармон чунин ту?ро мегузорад: «?омии дунё ва дин Улу? Туркон Маликаи хотун?ои олам» Кор ба дара?ае расидааст, ки ин модашери ?арро, интухин, аксар фармон?ои шербачаи худро ла?в карда, табъи дили худ бо шиори «Фа?ат аз Худо пано? ме??ям!» амру дастури нав меди?ад ва ?ар фармоишоти вай бечунучаро и?ро мешавад…

– Яъне ки дар мамлакати хоразмшо?иён ду подшо? ?укмрон? мекунад!? Ин нохуб аст:

Як мулку ду подша? на?ун?ад,

Ду калла ба як кула? на?ун?ад!

– Байте на?з гуфт?. Вале андешаи ман дигар: писар подшо?и мулк асту модар – Маликаи милк, яъне интухин Султон Му?аммад садри салтанат асту Турконхотун садри хазина ва доро?. Писар дар давоми понзда? соли подшо?? ними оламро зери даст оварду му?ташам гардид, Искандари Сон? ла?аб гирифт, модар бошад, аз ?ама дастовард?ою хазинаю дафина?о бештарин ва бе?тарин замину дорои?оро со?иб гашт ва интухин, бойтарин Маликаи олам шуд. Тавре бухориён мег?янд, дасти сарватманд ?амеша болост, зеро решаи сиёсат аз сарват ?изо мегирад.

– Дар чунин ?олати номуайян? муносибати Турконхотун бо шо?зода ?алолиддин ч? гуна аст?

– То соли гузашта модаркалон сояи нахустнабераи худро аз дару девор метарошид. ?атто баъди таваллуд шудани додарандараш Узло? низ ?алолиддинро чашми дидан надошт ва интухин, ба вай р?йи хуш нишон намедод. Хайрият ки тобистони гузашта пиряхи азим ба обшав? сар карду Турконхотун дар умраш аввалин маротиба пешонаи набераи чилсолаашро б?сид! Вай аз он хурсанд буд, ки о?ибат гапашро гузаронд ва, интухин, бо се?ру ?одую чашмбанд? бародарони калонсол ?алолиддини Манкбурн? ва Рукниддини ??рган?иро аз мадди назари падар дур андохта, Узло?и к?чакро валиа?ди тахту то? сохт!

Баъде ки Султон Му?аммади Хоразмшо? фармони худро ба а?ли дарбор ва оламиён эълон намуд, Турконхотун пешонии ?алолиддинро б?сиду гуфт: «Аз ?амин ла?за туро ра?намо ва пуштвони бародарат Узло?шо? мебинам. Умрат дароз бод, эй ?игарбанди она!» ?ама о?и сабук кашиданд, ки о?ибат ла?заи деринтизор фаро расид ва, интухин, очаю бачаю набера бо ?ам ошт? шуданд…

* * *
<< 1 ... 39 40 41 42 43 44 45 46 47 ... 141 >>
На страницу:
43 из 141