Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 46 47 48 49 50 51 52 53 54 ... 141 >>
На страницу:
50 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Дар шеъри худ моро «шарофи миллату дин» гуфтаед. Шараф чисту шароф ч? маъно дорад?

– Номуси ватандор? ва ифтихор аз ?адду обои хеш шараф аст. Асилзодаи бар?мандро шароф г?янд.

– Адл чист?

– Бинои ободест, ки ?аргиз хароб нашавад. ?ар подшо?е, ки аз сифати адл ор? бошад, монанди абрест, ки борон надошта бошад. Як соати умри подшо? дар додгустар? баробар аст ба чандин соли ибодатбар?. «Адлуссоати хайрун мин ибодат-ис-сабъина санатин» – ин сухан аз а?одиси набавист ва адли яксоата бе? аз ибодати ?афтодсола маъно доштанашро аз ман хубтар медонед.

– Нак?? бе?тар аст ё аз бад? дур будан?

– Аз бад? дур будан сарчашмаи нак?ист…

Шайхулислом, ки ?авоби пурсиш?ои худро хуб медонист, аз посухи Сайфуддин ?аноатманд гардид ва ?ро икром карду гуфт:

– ?аббазо, ки моро бо дониши ?ав? ва сухани м?ътамад шод гардондед, эй бародар. Мо ният дорем шуморо дар сафи аввали д?стони бе?тар зи ?он ?ой ди?ем. Акнун мехо?ем бидонем, ки фикри шумо дар ин хусус ч? гуна бошад?

– Шо?аншо?и олам шуморо ра?намои мусулмон?ои Хоразм баргузида ва мо ба ?укми та?дир хушнудем. Лутфу инояти шумо ба?ояти ме?рубон? ва карам аст, – Сайфуддин ангушти ?абул ба дида ни?оду из?ори фара? ва сурур кард ва афзуд: -шумо пуштибони дини Худо ва ?омии донои Расули Худоед. И?рои ?ар амри мубораки шумо барои мо ?ам фарз асту ?ам суннати санийя…

– Э?сос мешавад, ки сид?ан сухан мег?ед. Акнун ба як масъалаи нозук мутава??е? мешавем. Хурду бузург медонанд, ки шеъру шоир? ва бодапарастию майгусор? ?амрадифанд. Вале аз ашъори шумо б?йи шароб ба димо? намерасаду дир?з алора?ми шароб сухан ба ко?иш гуфтед…

– ?абл аз сафари ??рган? аз бода бо хуни дил даст шустаам, то аз дари ра?мат ноумед нашавам. Зеро Шайх Масли?атдин ?ама шарру ш?ру шаранги ?а?онро аз касофати шароб дониста, маро «Сайфуддин» тахаллус ни?ода ва чунин наси?ат карда: «Шоироне, ки бодахо? шаванд, аз майи сурх р?сиё? шаванд!»

Аллакай фа?мидам, ки шоире аз бодаи иш? масту хуморист, лаззати онро ?аргиз бо дами шароб намешиканад! Ман ?аргиз зиною лавот ва кор?ои ношоист накардааму минбаъд розномаи дил бо сиришк менависам, на бо шароб!

– Офарин! Лекин… Гап байни худамон монад, ?олиё Шо?аншо?и Хоразм сахт пайванди шароб шуда… ?олдон?о мег?янд, ки мисли бобокалонаш Эл Арслон лаби ?оми майро аз лаби майгуни ёр бартар медонад…

– Ин ?иссаро намедонам. Агар бемалол бошад…

Шаёхулислом бо таа?уби ошкоро Сайфуддинро нигарист:

– Наход шоир аз корномаи шоир ого? набошад? Ин ?исса басо ибратбахш аст. Азбаски ба мавз?и с??бати мо дахл дорад, муфассал мег?ям…

Аз на?ли равони шайхулислом маълум шуд, ки Эл Арслон бо як ?амла Нишопуру Рай Бай?а?у Сабзавор ва Аб?ару Зан?ону ?азвинро тобеи худ кард ва ба чор атроф фат?нома?о фиристод бо имзои То?-ад-дунё ва-д-дин, Малик-ат-турк ва-л-а?ам Эл Арслони Хоразмшо?… Аз нашъаи ?алаба маст гашту базму тараби осмонкафро о?оз ни?од.

Р?з?ову ?афта?о ва мо??о беист аз машри? ба ма?риб сипар? мешуданд. Аммо садои табли шод? ва хурсанд? ла?зае фазои ??рган?ро тарк намекард. Дахли бе?исоб сарфи шароб ва кабоб мешуд. Хазинаи маш?ури Отсиз торафт ти?? мегашт.

Мусалсалма?фили ною н?ш, ки о?ози бадфар?омист, ?алби пайвандон ва му?аррибон ?ар?оби хун мекард. Вале гурдадоре набуд, ки шо?и лабташнаву дилс?хта ва саргаштаву а?лхаста ба ро?и рост ?идоят кунад. Он го? Теркенхотун – ?амсари вафодор ва хирадпарвари Эл Арслон маликушшуарои дарбор Рашидуддин Ватвотро ?адя аз зари холис доду ба хилват хонд ва гуфт: «Эй донои кай?он ва амири шоирони ?а?он! А?ли худованди моро дев асир кардааст ва акнун аз Шумост маро ёр? додан. Зеро «сухан аз да?они пире – бе? аз ?азор тадбире» мег?янд. ?оло панде пирона ва сухане пероста бояд сароид, то соябони сари мо аз Худо битарсаду дар к?заи айш худро ?алок накунад»

Шоири ?афтоду ?афтсола пиронасар ?авони?о ёд оварда, ба ма?фили ною н?ш ?адаме ни?од бебокона ва ?асорате нишон дод шоирона! Чун фурсати мувофи? фаро расид, рухсати гуфтуг? пурсид ва табъи сухантирозро ба ?илва овард. Аввал ?асидае мад?ия хонду бадо?атан онро бо чанд абёти нав тамдид намуд:

Нек?? кун, шо?о, ки дар олам,

Номи шо?он ба нек?? самар аст.

В-аз ризо додани бадон ба бад?

?ам ?азар кун, ки мавзеи ?азар аст.

Носе?е, к-он туро бад ом?зад,

Нест носе?, к-аз ад? батар аст.

Дод кун, дод кун, ки дор-ул-?улд

Маскани хусравони додгар аст.

Як са?ифа зи номи нек туро

Бе?тар аз сад хазоини гу?ар аст…

Хабари ран?и май ба олам рафт,

Эй даре?о, ки шо? бехабар аст.

Пири хирад байти охирин бо о?анги афс?с ба такрор хонд. Яке аз надимони хоси Эл Арслон ?ада?а аз ?ой хест ва тахаллуси шоирро дар назар дошта, ки Ватвот ба лафзи дар? «шабпара» мешавад, бо о?анги масхара фарёд зад: «Ин ма?фил ?ои шабпара нест. Дафъ шав!»

?ама са?иру кабир нафас?о дарун кашида, интизори хашми гарони подшо? ях бастанд. Аммо ?авоби Эл Арслон дигаргуна шуд.

– Ба шоир нарасед! – омирона нидо баровард ва афзуд: – Шоир барои он шоир аст, ки бо з?ри сухан дили санг мум гардонад!

Дар толор аз нав сукути ва?мангез бар?арор шуд. Аммо акнун дили надим чун барги бед меларзид ва дасту пою китфонаш низ. Атрофиён бо тара??ум ?ро менигаристанд. Лекин хулосаи подшо? боз дигаргуна шуд.

– Шоир Рашидуддин ?а? аст ва муро?иати ? айни ва?т! – ин бигуфту Эл Арслон ?аракати хестан кард ва ?умлаи охирини ? бо ?атъият садо дод:

– Рост, беро?? аз ?ад гузашт. Акнун те?и сиёсат бояд кашид!

Шайхулислом бо хитоби Эл Арслон на?лашро ба поён расонда, о?и дардноке кашид:

– А?оиботи таърих ин аст, ки набера мисли бобо аз ?алаба?ои муфт сарчархаку бод? шуда, бодапаймо? пеша кардааст. Акнун аз айшу н?ши доимии фарзанд Турконхотун дилхавотир ва мушаввашхотир асту мо низ тадбири халос? ме??ем. Дар ин амали хайр аз каломи таъсирбахши шоир умеди калон дорем. Моро ?амдостон мешавед?

– Бе ягон шакку шуб?а! Аз ман дилпур бошед!

Шайхи бузургвори Хоразм бо табъи болида китфи шоирро сила карду даст ба дуо бардошт:

– Ба номи Парвардигори бахшояндаи ме?рубон дуо мекунам, ки шуморо шараф ёру арво?и ?удс? мададгор шавад. Подоши сухани воло ва шеъри ноби шуморо Худованди муттаол ?азор бар як гардонад ва малик-ул-каломи мулки суханро ба мартабаи мавло? расонад. Омин ё Раббулъоламин…

* * *

Сайфуддин аз манзили шайхулислом баромада, рост ба суро?и Нигина рафт. Вале ?ро наёфт.

– Ла?зае пеш духтари моро о?илан ба туту? ?е? заданд, – изтироболуд ?авоб гардонд Шакархонум. – Сабабашро нагуфтанду, интухин, диламро гург?о тала мекунанд. Турконхотунро фа?мидан душвор…

– Шояд тарзу тари?и ширкати Нигина дар базми ?амшед? масли?ат шавад.

– Агар ин хел мебуд, маро ?ам даъват мекарданд. Лекин, интухин, ягон гапу кори дигар шудаг?, ки дилам ?аш мех?рад. -Шакархонум буни г?ш хорида, якбора ба хур?ш омад. – Дарво?еъ… ёфтам! Ин паго??, ва?ти на?ор?, Нигина гуфт, ки дар хоб махлу?и а?оибе дидааст, интухин, нисфи баданаш ба одам монанду ними дигараш ба тимсо?. Як даст доштаасту як пой ва як чашм. ?а?ида-?а?ида худро ба па?л?и Нигина расонда, интухин, аз орин?аш ма?кам дошта, ?амро?и худ бурдааст.

Аз ин хоби ?алат? ?ама хандидем, вале аз таъбираш о?из мондем…

– Номи он махлу? Наснос асту ?инду?о бахткушои д?шиза?ои нозанин ме?исобанд, – шар? дод Сайфуддин.
<< 1 ... 46 47 48 49 50 51 52 53 54 ... 141 >>
На страницу:
50 из 141