Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 56 57 58 59 60 61 62 63 64 ... 141 >>
На страницу:
60 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Шод бош, шоир!!

Дигарон низ офарин хонданду ба ма?орати шоир ?ойил шуданд. Аммо шо?и сархуш ин?и?иро давом дода, хост шоири хушил?омро мот намояд:

– Эй шоир! Дар як ча?оргона со?иро се бор садо де?!

Андалеби Исфара дар?ол ма?сади ни?онии шо?аншо?и Хоразмро фа?миду бо таъзими сабуки шоирона супориши олиро пазируфт ва бо ла?ни г?шнавоз рубоии нав хонд:

Мо маст шудем, май биёр, эй со??!

Чун овард?, дер мадор, эй со??!!

То як соат ба коми дил биншинем

Дар хидмати садри р?згор, эй со??!!!

Шо? мот гашту ба саломатии шоир ?ада? бардошт – ва ?ро маст гардонду ба ?олаш гузошт ва бепарво даст ба тахтапушти Нигина ни?од. Чун булбули сармаст аз нак?ати гул навозиши бисёр кард. Аввал суханг?йи шакаршикан гуфту ?они ?а?он номид, сипас суманб?йи анбарза?ан гуфту ороми ?он хонд. Баъдан ба мусалласи пок монанд карду исбот намуд, ки рухсору бару д?ши д?шизааш аз мушку анбару уд хушбор асту чун шароби сеяк? хушгувор. Бурдае аз дили бирёни тазарв ба да?онаш андохту ангуштони ?инорангашро б?сидаю орази ар?увониашро бо кафи даст ламсида, бо лафзи майолуд и?рор кард, ки аз шароби сирфи му?аббат нашъаи дучанд бардоштааст. Бо чашмони хумор? ба наргис?ои бодом? пурме?р назар афканду ним?урма садо баровард:

– Акнун ва?ти он расида, ки аз ?авои кокулат лаззат барам! Бархезу ба ?илва о!!

Нигина, ки аз ?аракати бешармонаи подшо? торафт дилтанг мешуд, бо ра?бати том ?аракати хестан кард. Вале шо?и махмур имкон надод. Дасти да?ал ба китфи нозук ни?ода, бозгашт ба ?ояш шинонд.

– Ором шин, эй кабки зудпарвоз! Модарам мег?яд, ки ба вай як ра?си з?р т??фа карда?…

– Оре, шо?аншо?и муаззам. ?илваи кабки дар? ба Худованди олам т??фаи бе?тарини ман аст…

– Ба ман ч? т??фа дор??

– Дигар ?ама ра?се, ки дар бисот дорам, ?атто ?они ?авонам фидои шумо…

– ?аббазо! Гапат маъ?ул, лекин т??фаи шо?онаат ку?!

– Як ра?си бухоро? дар ла?ни нав тайёр кардаем, агар ба шумо маъ?ул шавад…

– Ба ман маъ?ул нест ра?си бухоро?! Самар?андию хуросонию ху?андияш ?ам номаъ?ул! Аз ра?си арабию а?ам? безор ман! Ра?си хоразм? биёр!!

– Ба чашм, эй шо?аншо?и олам. ?афтае пеш наберашоири шумо Камоли Исмоил дар васфи ??рган? ?азали хубе навишту устод Комрон о?анги з?р бастанд. Агар мутрибони хоразм? сароянд, ман кабки хоразм? шавам, бо тамоми ву?уд ра?с кунам, зеро аввалин бинанда шумоед. Фа?ат… рухсат ди?ед, либос иваз намоям…

– Зарурате нест. Ра?си хоразм? дар либоси а?ам? а?аб хушнамо ва дилрабост! Ла?ву тараб о?оз кунед!!

Суруди хоразм? бо на?ароти «Г?рган?ам, гулган?ам» аз забони ду хунёгар ш?хо?анг садо доду Нигинаи парипайкар аз сари ра??осае ка?к?ло?и хоразм? ба орият гирифта, ш?ху шанг ба ра?с даромад. Бо ?амоли ма?тоб? ва камоли офтоб? ?илвагар? ба ?адди ол? расонду сармастони тарабго? ?иреву ?ав?о ба само бардоштанд. Хоразмшо? ба?оят шоддил гашт ва ра?бати ра?с бо фаридаи анбарза?ан кард. Аммо ?арчанд к?шид, аз ?ой хеста натавонист. Чашм дошт, ки Сайфуддин ба мадад мерасад. Вале шоири навмаст парвои олам надошту мисли дигарон г?шту устухон мехойид.

Манзараи зав?бахш аз назари Нигина пин?он намонд. Бо чобукии ?айратангез худро мисли гулпараки тиллоранг ба па?л?и шо?и саргаранг расонд ва ?авлон кард ба ?ар навъе, ки оли?анобро ба муроду ра?бат омад. Бо тиру хаданги ишваю ноз дили шайдои шо?ро чоку садпораю обу адо гардонду вай «Аз сарат гардам, пар?!» г?ён р?ю чашму абрувони Нигинаро б?саборон карда, кафи аз барги гул нозуктари кабки дар? ба дида?ояш молид.

Хоразмшо? ангуштари тав?еъ аз дурри Адан, ки арзиши нигинаш аз хиро?и солонаи мамлакат бештар буду ?ама шо?они олам бо рашку ?асад онро менигаристанд, ба каф гирифт. Онро пеши чашми Нигина наздик оварда, «ними дунё ба зери ин нигин аст, ки м??ри ману ному нишони ман аст!» гуфту баланд хандид ва ?отами Тойро ба як н?л зад:

– Эй ?они ?онам! Эй Нигини ме?рубонам! ?адри ту аз ин нигин гарон аст! Лаъли Яман пеши лаби лаълат арзон аст! Ин ангуштари нигин аз дурри Адан барои ра?си дурри якдонаи ман т??фаи шо?онаи ман!!

Аз гуфтори пурэ?сос ва муболи?аноки шо?аншо?и олам Нигина лолу ?айрон фур? монду мисли ?айкалсанги бутпарастон но?унбон шуд. ?атто дар г?шаи хаёлаш набуд, ки ба чунин мар?амати ол? сарфароз мешавад. Сараввал гумон кард, ки бодаи айшу с??бати нек, ва аз ин ?ам бештар, ра?си дилош?би хоразм? бештар аз бодаи сеяк? бар шо? асар намуда, ?ардамхаёлаш кардааст ва бо надимаи андаке сархуш л?хтакбоз? мекунад. Вале аз идомаи гуфтор маълум шуд, ки шо?ро ба висоли Нигина ра?бат бени?оят афзудааст. Вай бо чашмони нимкоф ва дастони ларзон аз таъсири шароб чанд карат к?шида, бо душвор? ангуштари подшо?? ба ангушти ра??оса андохту ?олибона ба атроф нигарист бо умеди он, ки му?аррибону ?ам?ада?он лаб ба та?ният мекушоянд. Валекин ?амаро афтодаву сар ба ?ар тараф бин?одаву масту аласт дид. Хандиду гуфт:

Миёни ма?лиси шод? майи равшан ситонам ман

Га? аз дасти бути Ворух, га? аз дасти бути Я?мо!

Шо?и мардон ман будаам! Да? соткин сеяк? х?рдам, аммо ?уш-ёрам! Акнун ?ар дуямон ?имбазм мекунем! Ва?ти ра?си па?л? фаро расид. Пештар биё, бадри Ворух…

Ву?уди Нигина ларзид. Зеро аз забони Шакархонум шунида буд, ки иш?и пир? гар би?унбад, сар ба расво? мезанаду аз мард? то номард? як ?адам аст. Хост худро дур кашад, вале аз ?азаби шо? тарсид ва ?афстар нишаст. Хоразмшо? сари гарон ба зонуи надима ни?оду… бихуфт.

Шо?и мардонро низ шароб тамом дарёфта буд…

Чунин ?олат бори аввал набуд ва надимону канизону гулрухони бисёре аз васли шо?и сармаст ноумед гашта, тасфи дили бе?ароргашта бо дигарон паст мекарданд. Аммо Нигина мисли он?о ангушти ?асрат нагазид, балки аз нобарор? шод гашту аввал ?адяи гаронба?оро бозгашт ба ангушти подшо? ни?од. Сипас ба фаррошу канизони махсус фармуд, ки шо?аншо?и оламро тавассути тахти равон беозор ба хобго?аш расонанд. Ниго?убини Сайфуддинро ба Комгору шогирдонаш супориду ба ?афояш ниго? накарда, ?амро?и Шакархонум ва канизак ба манзили худ шитофт.

* * *

Хоразмшо? р?зи дигар чоштго?он ба ?уш омад. Худро дар хобго?и бар?авои хеш, р?йи болини мулоим ва ро?атфизо дида, ?айрон шуд. Муддате ба са?фи гулна?ш нигариста, карахт хобиду хост р?йдод?ои дир?за ба ёд оварад. С??бат бо вакилдорон, шеърхонии малик-ул-калом, ра?си Нигина дар лав?и хотираш падидор гашт. Дигар ?е? чиз ба ёдаш наомад. Бо надомат о? кашида, ба па?луи дигар гашту чашмаш ба ангуштари тав?еъ афтид. Аранге р?йдоди асос? ба ёдаш расид. Саросема ба атроф нигарист: чаллаи ?адяшуда дар дасташ буд, аммо аз Нигина ному нишоне набуд! ?а?и?ати ?олро бо рамуз, тахминан муайян карду сахт ма?зун шуд ва дубора о?и сард кашид. Якбора сараш сих заду сахт ба дард даромад. «Нигина ?е? ку?о намегурезад, – худ ба худ ?урунгид Хоразмшо?. – Аввал ило?и дарди сар бояд ёфт, баъд…»

Дар доруззиёфат ла?ву тараб идома дошт. Вакилдорон бо ?арифони кокулпарешон ар?аму дар?ам нишаста, шароб мен?шиданду ишрат мекарданд. Дар кун?е оши?е бо д?сте маст хуфта буду дар кун?и дигар ёре аз дидори дилдоре шодмон? дошт. Бонги чангу руди мутрибони хуморшикаста бо бонги н?ши со?иёни майгусор ?ам?ирон буду шоир Сайфуддин камари шодгуна дар дасти чапу ?ада?и шароб дар дасти дигар байти оши?? мехонд. Омадани подшо?ро дида, миёни ёр ра?о карду бо нидои «Бархезед, ёрон! Хусрави фаррухсияр омаданд!» г?ён ба исти?бол шитофт ва чакомае лои?и ва?т хонд:

Боди са?арга? вазид, суб? дамид, эй нигор!

Ва?ти саб?? аст, хез, бодаи гулгун биёр!!

Чанг зану бода н?ш, шод зиву ?ам мах?р,

Дамдамаи ною н?ш даври замонро мадор!

Хоразмшо?, ки ба?оят саргаранг буд, ?оми саб??? то ?атраи охирин н?шид, бо ра?бати том рухи со?ии гулнор б?сид ва дарзамон аз дарди сар фори? гашту ба шодмон? печид. Нигина, ки дар пушти дар интизор? мекашид, хиромон ба ма?лисго? даромад ва дасту китфи шо?ро б?са зада, бо ноз ?оми заррин ба каф гирифт ва со?ии ширинзабон шуд. Шо?и ташналаб ?ада?и дуюмро низ ?арисона ?о? карду шарму хи?олатро бар?ам зада, г?ё ягон гапу коре нашуда бошад, бо ла?ни ме?рубон? пурсид:

– Эй ёри писандида, ку?о буд?? Кайфияти а?вол бар ч? минвол аст?

Нигинаи че?рахандон, ки мисли гулдухтарони хоразм? пиро?ани ло?уварду шалвори сурх, сарандози зард ва к?ло?и заррин п?шида, барои ?ама гуна ра?су боз? тайёрии том дошт, аз лабони а?и?и шакаролуда дурри сухан фишонд:

– Тамоми шаб мисли мо?и мунир дар осмони торик яккаву тан?о ва андаке р?сиё? будам. Че?раи офтобии Шуморо дидан ?амон мисли гул шукуфтам, навни?оли орзую умедам сабзу хуррам шуд.

– ?аббазо, эй ёри фархунда?ол! ?аббазо, эй офтобни?ол! Акнун сухани маро бо г?ши дил бишнав: ?адяи подшо? пойи пас надорад! Ман т??фа барнагирам! Ангуштари нигинаш дурри Адан зеби ангушти офтобни?оли чаман аст! Ангуштаре, ки аз ангушти ман берун ояд, дигарбора ба ангушти ман наояд!

Боз мег?ям, ки ангуштарини дили маро бе?тарин нигин ту ?аст?!!

Хоразмшо? ин карат бо чолокии ?айратангез чаллаи заррин ба чилики ма?ин андаровехт. А?ли ма?лис ба ?авонмардию ?иммати баланди шо?и ар?манд ?азор а?сан гуфтанд ва ?ада?ро то ?адри имкон баланд бардоштанд. Сайфуддин яке аз он?о буд ва ?оми муборакбодро ти?? гардонда, шоирона ноз кард:

– Пора бодо дилам, агар аз шо?аншо?и олам т??фае нагирам!

Асоси тавба, ки дар му?кам? чу санг намуд,

Бубин, ки ?оми подшо?? ч? гунааш бишкаст!

Хоразмшо? ?о?-?о? хандиду яке аз канизони нозанинро бо имои ангушт пеши худ хонд ва пурсид:

– Ч? ном дор??
<< 1 ... 56 57 58 59 60 61 62 63 64 ... 141 >>
На страницу:
60 из 141