Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 59 60 61 62 63 64 65 66 67 ... 141 >>
На страницу:
63 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Ал?амдулилло?, ки Эзиди таъоло ?ама банда?ои мусулмонро тоати амиралм?ъминин фармудааст ва ?ар он ч? гуфтем, аз р?йи ?имояти ислом ва ?айрати дин ?ойиз донистем. Мо, ки алмудом камари бандаг? бар миён бастаем, ба дунё дилкашол? надорем. М?ъта?идем, ки дар дунёи фон? ро?и гузари мо о?ибат ба марг аст. Аз р?згори Каюмарс то ба имр?з ?е? касро аз марг маоф накардаанду саду ?аштод подшо?и номвар низ а?иби якдигар рафтаанд. Мо ба ?укми та?дир розием, вале агар шо?аншо?и ?алилушшаън савоб бинад, хатои мо бубахшад ва шайхулисломро ба инсоф ?укм бигзорад…

Хоразмшо?, ки а?ли хираву авзои парешон дошт, аз хитобаи садри ислом фа?ат як калима шунавид ва бонги дурушт бар вай зад:

– Ту дигар шайхулислом нест?! ?а-?а-?а! Ту пирхар?!! Пирхаре, ки ба мурдан ма?кум шудааст. ?а-?а-?а! Туро дар ?увол андохта, тарзе бикушем, ки худат ?исса карда буд?…

Хоразмшо? рухсораи суп-сурх оташгирифта ва ара?шор бо дасторчаи о?ар? пок карду дору?а ва миршаб?ои ба хидмат расидаро фармуд, ки ?уволи пашмин биёранду шайхро ба дохилаш андозанд ва да?они ?уволро бо ресмон банданду то мурданаш бик?банд.

Нафаре барои ?увол тохту ?амро?и ? Пири муаммари Хоразм, шайхулшайхи олимартаба, поягузори тари?ати кубравия ?азрати На?муддини Кубро ба толор ?адам ран?а намуд.

Хоразмшо? баробари дидани му?аддаму м??ташами шайхони бузург чала?ушёр шуда, пештар омад ва ?ар ду якдигарро бо эъзоз дар о??ш кашиданд. Шайхи бузург то дара?ае сар фуруд овард, ки пешонааш ба синаи шо? расид, бо кун?и чашм Ма?дуддинро нигаристу р?йи подшо?ро б?са дод ва гуфт:

– Бисмилло?и ра?монир ра?им. Зиндагонии шо?и Хоразм дароз бод ва дар иззу давлат сол?ои бисёр сарфароз гардад. Худо маро фидои ту кунад, эй султони кабир ва мабодо, ки ташрифи ман сабаби ну?сони ?урмат ва ?о?у мартабаи оли?аноб шавад. Овозаи нохуше ба г?шам расид, ки миёни шо?аншо? ва шайхулислом гарде афтодааст. Барои ташре? омадам, то ба ва??и лутфу шаф?ату мар?амати шо?она ва о?илона шуморо ошт? ди?ам. Ч? бад кардаст, ки бад шуд ?оли муриди мо?

– Эй бузургвор, намедон?, ки аз муриди палид ч? афтод?

– Биг?й, то шунавам.

– Гумоштаи халифа будааст ин к?рнамак! Модари маро г?л зада, ба халифа моил гардонду акнун маро садди ро? шуданист.

– Ман аз мо?арои ?авлнок сахт дар шигифт афтода пеши ту омадам, то биг?ям, ки дар замири замона мухталиф та?дир?ост ва бар ?ама сир фа?ат Худои ягона во?иф асту та?дирсози мост. Хуб несту нек набошад, ки садри ислом ран?он?. Савоб дар он мебинам, ки ба талаттуф хашми хеш барнишон? ва авфи гуно? кун?…

– Ё Абду?аноб, ?ар чизи дигар хо??, туро бубахшам, аммо ин пирсагро намебахшам! Кор ба ?ое расида, ки узрро ма?ом намонда!

Шайх Кубро китфи Хоразмшо?ро б?сиду аз равзанаи дигар сухан кушод:

– Ё шо?и Хоразм, сухан аз тав?еи ту дар машри?у ма?риб равон аст. Яздони пок, азза ва ?алла, то ?а?онсолор? расм кардааст, аз дудмони Хоразмшо?иён чун ту подшо?е пой бар тахт нани?одааст ?ам ба мард? ва ?ам ба диёнату мардумпарвар?. Заволи хилофати Носир аз ?и?ати ?атли шайх Ма?дуддин муста?им нагардад магар ба инояти шо?и одили Хоразм. Агар дар дили ту дини мусулмонист, асло о?анги хуни мусулмон макун. Хотири миллати мусулмон аз да?да?а фори? соз, ки за?ри ?онгазой аст. Гуна?карда ба мо фирист, то панди сазовор ди?ем… ва аз ро?и хато гардонем.

– Лоило? аст ин дархост, эй Шайхи Бузургвор. Палидро ба ?олаш гузор. ?ар хорие, ки пеш ояд, бибояд кашад! Дард ба дилам расид, сабрам намонд!

Шайх Кубро ба зону нишасту о?анги поб?с? кард. Хоразмшо? имкон надод ва Шайхи мукаррамро ба по хезонду илтимоси ? мабзул кард:

– Эй Бузургвори Хоразм, аз ту шарм медорам, ки иззати воло дар чашми ман дор?, лекин савганд ба Худо, ки агар ?азор бор замин биб?с?, ?е? суд наёб? ва шогирди нохалафат и?обат нашавад! Наси?ати ?ама олам ал?ол ба г?ши ман бод аст!!

Шайх Кубро даст ба осмон бардошта, гиряолуд нидо кард:

– Вой бар анд??и ман! Эй корсози банданавоз ва эй бандапарвари бениёз, бо фазлу ра?мати беиллати худ ба фарёдам бирас!

?итта, ?итта! ?итта ъанно хатоёно… Худовандо, гуно?они мо аз мо бияфкан…

Вакилдорон ба па?л?и Шайх Кубро омаданду бо забони узр авфи гуно?и Ма?дудин пурсиданд. Хоразмшо?и саргарон бо н?ки ангуштон чакка?ояшро дошта, чашмонашро п?шиду ?авоби рад дод.

Илти?ои Сайфуддину Нигина, чанд вузарою умарою шуаро низ беасар монду ?ама о?из ва фур?моя гаштанд.

Аз ?ама охир Турконхотун омад. Бе карру фар, бо дасту пои ларзон омад, то ?атли шайхулисломро монеъ шавад. Гуфт, ки ?абл аз юриши Ба?дод куштани Шайхулислом масли?ат несту фоли бад аст. Чун аз шо?и хом?ш садое набаромад, пеши фарзанд ба зону афтиду гиряолуд илти?о кард:

– Эй чашму чаро?и модар! Аз Худои болои сар тарседу шайхул- исломро зин?ор ди?ед, ки бо дуои ин покмард бузург? ёфтед. Пири мулку милкро накушед, ки калиди бахту и?боли шумо дар забону замири вай аст. Ин шайхи муборакнафас мушкилкушои давлату савлати мост…

Хоразмшо? бо азобе чашмонашро кушоду хун дар раги ?албаш ба хур?ш омад ва дар умраш бори аввал ба модар итобу хитоб кард:

– Кифоят, модар! Нолаву зора накун дигар! Ин бадбахт ?азои сахт намегирифт, агар «хушб?й» гуфтани ту ба ёдам намерасид. Ин ш?рбахт ла?зае пеш авф мешуд, агар ин ?о намеомад? ва «муборакнафас» намегуфт?. Акнун ?аройина вайро нобуд хо?ам кард! Агар та?офул кунам, зери маломат монам, ки чаро ту ин мардро аз кайфар ра?о кард?…

– Даст ниго? дор, эй фарзанд! Магар девона шуда??!

– Дору?а! Бизанед шайхро!! Чандон бизанед, ки ?адаш аз ?ада? паст шавад!!!

Ду миршаби та?амтан шайхулисломро ба зону шинонда, бари куртааш дариданду ба чашмаш бастанд. Сипас ?ро ба ?увол андохта, чандон бо ч?б заданд, ки устухонаш гард гашту халта пур аз хун ва г?штреза…

То дами мурдан аз даруни ?уволи сарбаста фа?ат як дуо садо медод:

– Дилат исфандвор с?зад, шо?о!

* * *

Хоразмшо? р?зи дигар чоштго? аз курду туркмону арабу то?ику турк лашкари гарон ороста, ба фат?и Ба?дод ра?сипор шуд. Пиёдаву савора он ?адар зиёд буд, ки чашм сиё?? мезаду замин ба назар наменамуд. Аз наъраи сад?о пили масти ?анг? ва ши?аи ?азор андар ?азор аспу хару хачир к??у к?тал меларзид. Сан?ари сон? мисли Искандари замон дар хинги сиё? бови?ор нишаста, бо такаббур ва ?урури зиёд ба атроф менигарист. Худро шоду хуррам вонамуд мекард. Аммо дилаш мисли лахчаи нимс?хта сарду сиё? буд. Зеро ин дафъа сафараш бе дуои пирону ?идояти бузургворон шур?ъ гардид:

Шайхи дуог? андаруни ?уволи да?анбаста о?уштаи хуну хок ?абран ба хоби абад рафта буд…

Пири муаммари Хоразм ?амоли худро нишон надод ва ?арфе ба забон наовард…

Модари дидагирён ва дилгарон ба гусел набаромад ва Узло?шо?и валиа?дро и?озати сафар надод…

Хоразмшо?, ло?арам, худ даст ба дуо бардошт ва по ба рикоб гузошт…

* * *

Сайфуддин даъвати Сафии Б?стиро бо ба?онаи «пойи лангам ран?и сафар набардорад» рад карду аз сафари Ба?дод худдор? намуд ва як шабонар?з аз хона берун нашуд. Суб?и дигар бо гардани ка? ба манзили Нигина омад. Як?оя бо устод Комгору Шакархонум чой н?шиданду р?йдод?ои ду р?зи охирро аз ?албер гузаронда, марги шайхулисломро талафоти гарон ?исобиданд, ба шо?и майпараст нафрин хонданд, Турконхотунро мазаммат карданд.

Аз ?ама бештар Сайфуддин анд??гин буд. Гуфт, ки дар дили андалеби Исфара пурдард сухан фузун аст. Зеро бо ?азор орзую умед ба ??рган? омаду тутии шакаркалом шуд, коми шо?аншо?и олам бо ша?ди сухан ширин гардонд, лек ?азор афс?с, ки мамд??аш хармагас будааст:

Умрам ба бод рафт дар ин хокдони ?ам,

Лек орзуи ?ар ду ?а?он? наёфтам.

Бо хармагасе шакар х?рдаму бода,

Як ?амдаме ба зиндагон? наёфтам…

– Ин шеърро пин?он дореду ба ?е? кас нахонед, А?мад-ако! – гуфт бо о?анги изтироб Нигина. – Агар шо? фа?мад, кор чато? мешавад.

– Дил бебок дор, эй маъсума хо?ар. Гумон аст, ки бо хармагас бори дигар дучор оем.

– Чаро ин хел мег?ед?

– Бадгав?ар будааст Хоразмшо?! ?афтод бузургвори замон миён?? шуданду бо ?афтод забон узр хостанд, напазируфту аз аспи такаббур нафуромад, ?айри худ касеро надид. Лаънати Худо бар подшо?е бод, ки пайи озори садри ислом бошад! Сад?аи э?тиром шавад шо?и модарбахато! Дигар то?ати дидори на?саш надорам, аз дарбор меравам.

С?хтам з-оташи ?авонии хеш

М??р кардам дари амонии хеш.
<< 1 ... 59 60 61 62 63 64 65 66 67 ... 141 >>
На страницу:
63 из 141