Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 60 61 62 63 64 65 66 67 68 ... 141 >>
На страницу:
64 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Навбати навба?ори умр чу рафт,

Рафтам аз к?йи нотавонии хеш…

– Шумо нотавон нестед, ако!

– Не, хо?ар. Назди ин кабири замону са?ири замин, ки боди рикоби кибраш бе?тарин шахсият аз ?арами дин бибурд, о?изу нотавонам. Ба ?уволи пурхун нигариста, ба Шайхи бузург гуфтам, ки дар сина ?ама тухми ?амат коштаам ва маро аз дарди ту бедор бод чашм, то баъд аз ин ба хоб набинам хаёлу ва?м… Минбаъд аз шо?и ?арзакори хуфтамаст чашми вафо надорам, аз борго?аш манзалати иззу ноз, мартабае дигар нахо?ам. Шо?е, ки ба халифаи олами ислом хилоф меварзад, ?е? го? ?олиби масоф намешавад! Шо?е, ки шайхи олии исломро бегуно? мекушад, дар оташи д?зах мес?зад!! Шо?е, ки модари худ шармсор мекунад, шармандаи ду олам мешавад!!!

Шо?и хармагас, харкалла ва хар?анга оянда надорад. Дигар ?аргиз маликулкаломи дарбори харподшо? нахо?ам шуд!

– Офарин ба шоире, ки гапи дар дил доштаи хал?ро бехато мехонад! – пур?ая?он нидо кард устод Комгор.

– ?азор лаънат ба подшо?е, ки ?адри аллома намедонад! – гиряолуда садо баровард Сайфуддин ва ба ёди аллома Ма?дуддин ба силки назм дурдона чид:

Дар бари хок хуфта?, Садри замон, даре?и ту,

Хоки сиё? бар сари шо?и замон, даре?и ту!

?он даре? бошад, ар бе ту бувад ?а?он, вале

Назди ман, эй ?ама ?а?он, чист ?а?он? Даре?и ту!

?олаби ту дар ?увол хуфтаву ман ба хок бар

Монда чунин-даре?и ман, хуфта чунон-даре?и ту…

Комгор ашки чашмашро пок карда гуфт:

– Акнун ман шеър мехонам, ?ама боди??ат шунавед:

Агар ?авр дар подшо? кун?,

Пас аз подшо?? гадо? кун?.

Маёзор ом? ба як хардала,

Ки султон шубон асту ом? гала.

Чу пархош бинанду бедод аз ?

Шубон нест, гург аст, фарёд аз ?!

Нахо??, ки нафрин кунанд аз пасат,

Нак? бош, то бад наг?яд касат…

– Ин шеъри хубро, интухин, худатон навиштед? – бо овози ?азин пурсид Шакархонум.

– Не. Дина дар бозор бо як шоири мусофир вох?рдам. Аз Шероз будааст, номаш Саъд?. Шеърд?сту шоирпарвар будани Хоразмшо?ро шунида, азми дидори ? кардаасту аз ман масли?ат пурсид. Ва?те р?йдоди дир?заро на?л кардам, дар?ол сухани худ пас гирифт ва дар ко?азпорае ин шеърро навишта, ба дастам доду хо?иш кард, то ба подшо? расонам…

Авзои Сайфуддин зуд та?йир ёфт:

– Саъдиро медонам, булбули хушнавои Шероз аст ?!

– Чаро ?амро? наовардед? – бе?арор шуд Нигина.

– Ба ме?мон? даъват кардам. Лекин узр хосту гуфт: «Дар ша?ре, ки шо?аш абла?ест, як соат истодан нишони абла?ист!»

– Сухани Саъд? сухани мост! – аз ?ой хест Сайфуддин. – Хайр, ман рафтам.

– Ба ку?о? – аз се да?он як пурсиш баромад.

– Ба ?усту??и Саъд?. Агар ёбам, ?амро?аш ба Ху?анд меравам, то шо?зода ?алолиддинро во?иф гардонам…

– Маро бо худ мебаред? – пурсид Нигина бо овози ларзон.

– Не. Ро?и пешгирифтаи ман таваккал ба Худост:

На?ши и?бол хаёлест, назар барбандам,

Ба ?абули назари ?удс камар барбандам.

Аз тару хушки ?а?он сурати девормисол

Дидаи мардумаки хиранигар барбандам.

Корвон рафту дар эшон нарасидам, боре

Чараси нолаи бе?уда ба хар барбандам…

?аргиз нахо?ам, ки хо?ари маъсумаи ман бо хатар муво?е? шавад. Ва?те шо?зода ?алолиддин аз шармандаг? во?иф шавад, ?атман ило?и бе?буд меёбад. Дилпур бош, хо?аракам, то замоне ?алолиддин ?аст, ин ?о туро аз ягон паша озоре ё офате намерасад. Вай му?офизати туро да?и? созмон додааст. ?айр аз устод Комрону Шакархонум да? язаки сарсупурда муаззафанд, туро чун гав?араки чашм ниго? доранд. Хайр, пано?атон ба Худо. Ман рафтам:

?авои ?а?онро сафое надидам,

?а?они вафоро ?авое надидам.

?амободи айёмро озмудам,

Бе? аз кун?и узлат сарое надидам.

Ба хилватга?и шо?и ан?ум расидам

Саропардаи дилкушое надидам.

Басе бар бисоти бузургон нишастам

Тавонгартар аз худ гадое надидам…

Равзанаи шашум. Са?наи ?амангез ва масхараомези охирин маз?акаи пурмо?арои ?урган?
<< 1 ... 60 61 62 63 64 65 66 67 68 ... 141 >>
На страницу:
64 из 141