Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 84 85 86 87 88 89 90 91 92 ... 141 >>
На страницу:
88 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Ё Манкбурн?! Чаро дер омад??! Кай?ост, ки туро чашм медорам!

– Эй падари бузургвор, Пиру барнои Ху?андро ба шумо ме?рубон ва бахту и?болро дурахшон мебинам. Дилтанг? аз ба?ри чист?

– Хабар надор?, ч? шудааст?!

– Не-е…

– Биншин ва бихон! Чингиз ба ман номаи та?дид навиштааст!!!

Султон ?алолиддин мактуби шо?и му?улро аввал сар-сар? аз назар гузаронду сипас ?умла?ои асосиро боди??ат мутолиа кард: «Медонам, ки самъи шо?и Хоразм то?ати шунидани таънаю ?о?миш[80 - ?о?миш – танбе?, сарзаниш (му?ул?) ] надорад. Аммо гузашт он давр, ки фа?ат Хоразм таъна бар ?инду Чин мезад. Акнун ман ба олам садо баланд мекунам… Ду сол пештар бар якдигар сухан?ои хеш ба хуш? ошкор кардем. Бо ирсоли т??фаю ?адя, ?и?ози нодиру гаронба?ою табаррук ба ту наздик? ме?устам, то моро фут??е ?осил шавад. Мо ба ?ам байъат кардему якдигарро та?ният гуфтем, барои равна?и ти?орат ва бозоргон? а?ду паймон бастем, то савдогару то?ирон бемалол дар кишвар?оямон омадурафт кунанд… Аммо ту беадаб? кард? ва аз ?адди худ берун пой монд?, а?дномаи бо м??ру имзо тасди?кардаи худро шикаст?, ?авлу лафзи подшо?иро фур? гузошт?… Мо ?ама банда?ои Худоем, хо? бут парастем ё мусулмон бошем. ?ар к? васваса ??яд, мо девтабъ мег?ему шумо иблис мехонед, ки фаришта буд, аммо д?зах? шуд. ?окими Утрор аз ?амин ?абила одам?ост! Вай монанди шайтон маккор ва и?вогар аст! Вай коре кард, ки набояд мекард…

Ман, ки мусибатзадаам, суханам номулоим асту мабод, ки ба самъи муборак гарон расад. Зеро гумон мекунам, ту дар фалокати Утрор даст надор? ва ?окими Утрор, ки бародари модари кинавари туст, худсарона даст ба та?обун задааст, то ману ту душмани ашад? шуда, ба якдигар зарару зиёни марговар расонем. Агар ин фарзия дуруст ва та?аллуби а?вол гуно?и ?окими васвос бошаду осудагию амон? хо??, дасти худ аз ?ойири ?аддор к?та? кун ва ?окими бадхо? ба дасти ман бозде?, то бо рехтани хуни сиё?и он палид та?оси чандсад умри фаношударо барорам…

?исмати аввали номаро муштамил бар та?аффуз, яъне даъват ба ?ушёрию бедор? ва пос доштани ?а??и ?амсояг? дар ?алам овардам, на ба нияти и?во барангехтану тарсондану та??ир намудан. Вале агар фалокати Утрор бо амри ту содир шуда бошад, муомила ранги дигар мегирад. Аз гапи худ баргаштану на?си ойини подшо?? кардану то?ирони бегуно? ва элчии баландмартабаи маро куштани ту молоюто?, яъне то?атнопазир, номаъ?ул ва номар?уб асту ?авоби дурушт мехо?ад ва тамассук бар шамшеру камон мекунад! Аз фо?иаи Утрор б?йи бад бар димо?ам мезанаду дар сарам бадгумон? сайр дорад ва дилам сахт хашмнок аст. Бе?ад афс?с мех?рам, аммо аз душман? ?азар мекунам ва ба тунд? с?йи ту ниго? намекунам, ба шарте ?ойири Инал ба ман таслим фармо?…

Гумон мекунам, ?оло ва?ти он нест, ки мобайни мо дарёи хун мисли ?ай?ун мав? занад. Хал?и олам шо?ид, ки то имр?з то тавонистам та?аммул ва марди?о кардам, то ба якдигар азизтар ва м?ътабар шавем. Акнун мард? дар ?ифзи д?ст? ва амон? навбати туст! Кори ?ойири мутакаббирро тадорук кун. Агар зинда супурдан нахо??, бифармо, то сараш аз тан ?удо кунанду дар турба андохта, ба ман фиристанд!

Эй Хоразмшо?, ту ки тойиб[81 - тойиб – тавбакунанда, пушаймон аз гуно? ] ва муста?фир[82 - муста?фир – ма?фират, омурзишхо?] ?аст?, маро ?аффор магир! Ман фалокати Утрор ?аргиз и?моз[83 - и?моз – чашм п?шидан, сарфи назар кардан] намекунам ва ?аройина хунба?ои то?ирон ва алалхусус кини гумоштаи худ Ухун аз ту мехо?ам ва меситонам!! Худованди замину осмон, офаридгори то?ику туркон во?иф аст, ки азму талоши ман дар ситондани хунба?о ?а? аст! Хал?и олам медонад, ки сабабгори ин фалокат ман нестам. ?ар т?фону ?одисот ва куштору ?атли ом, ки бо ин?изои м??лат ба амал ояд, гуно?и ту дониста хо?ад шуд…

Фарзандони ман ва фарзандони ша?идони Утрор ва тамоми ?амтаборон ба ?арбу зарб ва инти?ом ситондан шитоб доранд. Ман он?оро бо душвор? ниго? дошта истодаам. Хо?? ки ?урми бузург авф гардад ва узри гуно? пазируфта шавад, а?ли солим кор фармою р?бо?и маккори Утрор ба дасти шери нари хунхо? супор!! Ту ?айри таслиму ризо дигар чора надор?, зеро дар олами ислом пуштибоне надор?! Халифаи Ба?дод дар мактуби худ маро ?омии ислом ?исобида, ба ?окими Ху?анд та?син мехонаду ба ту нафрин! Вай маро ба лашкаркаш? ?идоят карда, менависад, ки агар ?анги мо о?оз ёбад, ?амаро алора?ми ту ба ?и?од мехезонад!

Маро моми ман Темучин ном кардааст. Аммо замона маро аз ?ом[84 - ?ом – фолбин, се?ргар (му?ул?) ] ?оон[85 - ?оон – подшо? (му?ул?) ] сохту Чингиз ла?аб дод, ки ба лафзи ту, эй шо?и сартавул, маънояш «Марги ту» мешавад! Яъне замона маро – ?оони му?улро вазифа ни?одааст, ки туро – шо?и Хоразмро бимиронам!!

Агар ба хунба?о роз? нашав?, охирсухани ман ?амаг? як калима аст: ?анг!!!

Агар гуфтание дор?, сафири ар?манди мо Ба?ро ибни Кафра? дар хидмати туст…»

?алолиддин мутолиаро тамом карда, нафаси сард кашиду саволомез падарро нигарист. Маълум шуд, ки вай маътали ниго?и писар будаасту ?ада?а пурсид:

– Ман ч? кор кунам?! Ч? бояд кард?!

– Эй падари ме?рубон, фикри маро пурсидани шумо, ки исботи идроки олии шумост, сарамро ба осмон расонду ме?ру садо?ати фарзандиро бемунта?о гардонд! Бовар дорам, ки бо хираду фазли падарписар? ?ама банди бастаи ад? кушода мешавад! Сухан ?ар ч? г?ед, ман бандаи ниюшандаам. Шумо донотаред!

– Аз шодии дидани р?йи чун ту фарзанди доною рамузфа?м, иншоалло?, ?ама мушкилоти гет? ?ал хо?ад шуд.

– Саломат бошед, эй падар?они ?они ман! – ?алолиддин басо хушком шуд аз он, ки падараш ба номи Худованди ?ону хирад такя намуд. – Худои азза ва ?алла бар забону дасти шумо хан?ари ?отеъ додааст, то моро ба фат?у нусрат ?идоят кунед.

– Мулкро бо фикри дурусту ройи равшан ниго? доштан кори осон нест, писарам! Сари ин масъалаи чигил андешаю муло?изаи мушаххас дорам, аммо намедонам, ки туро маъ?ул мешавад ё не? ?айр аз ин, барои ман му?им он аст, ки ту ч? пешни?од дор??

– Нахустин пешни?оде, ки дар н?ки забонам давр мезанад, як байт шеъри набераатон Камоли Исмоил аст:

Инони бузург? ?ар он кас к? ?уст,

Нахусташ бибояд зи хун даст шуст!

– Офарин бар туву писари шоират, эй шо?писарам! Аз хун даст шустан фикри маъ?ул аст, вале мо набояд тафриту ифрот кунем, яъне аз ?ад нагузарему к?та?? ?ам накунем. Ч? мешавад, агар таклифи Ша?обиддини Хевагиро корбаст карда, бо чорсад ?азор марди му?орибе, ки дар таки даст дорем, ба мулки му?ул ?у?ум кунем?

– Аллакай вазъият та?йир ёфтаасту ?амлаи мо нога?он? намешавад, падар?он! Мо Чингизро ?афлатгир карда наметавонем. Зеро фарзандони ?ангталабаш ?ама лашкари худ ба по хезондаанду ба сари мо ?у?ум кардан мехо?анд. Аз барх?рди ду лашкар ?иёмат дар ?а?он меафтад. Хуни му?ул Сай?ун мешаваду хуни сартавул ?ай?ун…

– Дарво?еъ, маро «шо?и сартавул» гуфтани ин шо?и биёбон ч? маън? дорад?

– То ?ое медонам, як ахтаршиноси ма?риб?, номаш Батлимиюс ё Патолемей дар асари ?у?рофияш навишта, ки замон?ои хеле ?адим ?абилае бо номи яксарт атрофи руди Яксарт – ана ?амин дарёи Сай?ун зиндаг? мекардаанду касбашон ти?орат будааст. Калимаи сарт ба забони ?инду тааллу? дораду маънояш ба то?ик? бозаргон… Му?ул?о то?ики сартоб, яъне саркашу нофармони гардантахтаро «сарт» мег?янду турки са?рогардро «авул». Хоразми?ои ?адим шахсони аз Эрон омадаро сарт мегуфтанд. Шо?и сартавул подшо?и то?ику турк аст…

– Гапи бе?о набудаасту ман ?а?орат гумон бурда, аз шеъри Р?дак? як байти ?авоб? тайёр кардаам:

Он харпадарат ба дашт хошок зад?,

Момат дафи дур?я нопок зад?!

Хайр, бало ба паси Чингизу лафзи да?алаш! Ту, ки пешни?оди Хевагиро рад кард?, акнун фикри худатро г?й: тадбири кори он харпадар чун кунем?

– Бо з?ри а?лу хирад вайро сарк?б ва хом?ш гардонем.

– Ч? хел?!!

– Чингиз худро шер хондаасту ?ойирхонро р?бо?… Дар асл гург аст Чингиз! Гурги ?авичанголи тангчашм. Гурге, ки ташнаи хун асту беист уллос мекашад. Як ?уръа хуни р?бо? кофист, ки хом?ш шавад…

– Ман ?ам бор?о дар кори ?ойир андеша кардам. О?ибат ба чунин хулоса омадам, ки агар ?иян бо ду дасти адаб та?ои худро ба душман барои куштан ди?ад, дурушт асту ?ализу нописанд ва но?авонмард?! То ба имр?з ?оф то ?оф ?а?он пур аз хамосаи ?авонмардию кишваркушои?ои ман аст. Агар аз д??у даранги Чингиз тарсида, та?оям ?ойирхонро ба душман ди?ам, ш??раи олам ба буздил? мешавам, шо?и тарсу ла?аб мегирам… Аз эдун шармандаг? ?азор карат авлотар аст размандаг?!

–Эй падари ме?рубон, шумо хуб медонед, ки ман аз ?анг бо лашкари му?ул ?аргиз наметарсам ва то ?он дорам, шамшер мезанам. Сипо?иёни фидокори ман ?ам бо тамоми ?аст? ?онфишон? мекунанд. Вале… мо барои ч? ме?ангем? Лашкари му?ул, ки барои хунба?о ме?ангад, бо дарду алам ме?ангад, барои инти?ом ситондан бо нер?и дучанд ?он меканад ва агар сар аз танаш афтад, бо нохуни дасту пояш ме?ангад! ?анге, ки мову шумо аз сар гузарондем, дар му?оиса бо ин му?орибаи ?арибулву??ъ бозии бачагона аст, падар?он…

?айр аз ин… мо набояд Носирхалифаро аз мадди назар дур андозем. Дар бораи ба Чингиз мактуб аз пайи мактуб навиштани ? олам пур аз ?ола-?ола аст. Ишораи Чингиз бебало нест: дилам гуво?? меди?ад, ки агар мо ?амин шабу р?з, дар гармогармии фо?иаи Утрор бо лашкари му?ул ?ангро шур?ъ кунем, халифаи ни?орталаб аз дасти ?ойирхон кушта шудани пан?сад то?ирони мусулмонро ба чор атроф ?ор андохта, д?сту душманро бар зидди мо меш?ронад…

Мо бояд сари ин масъала гаштаю баргашта андеша кунем…

– ?азор бор андеша кунем ?ам, додари онакалонатро ба Чингиз дода наметавонем! Ними сипо?дорону амирон хешу а?рабои ?ойирхон!! Агар он?о сар бардоранд, медон? ч? мешавад? Теша бар решаи худ задан оё хирадмандист?

– Гапатон дуруст, падар?он, душмани хонаг? садчанд бадтар аст аз душмани берун?! Адоват миёни хешованд ?амчу те?и бурро хунафшон аст…

Ба бадтинатон некг?? макун,

Ба афъию а?раб нак?? макун!

– Ана акнун фа?мид?, ки дар ин замона подшо?? чист ва подшо? кист?! Та?дир маро дар байни се дарё тахтабанд кардаасту боз мег?яд, ки «?ушёр бош, доман тар накун!» Аз фикру андешаи зиёд майнаи сарам ба ??ш омадааст, писарам! Лекин ин ?офила то ба ?ашр ланг аст, яъне андеша бисёр шавад, саволу мушкилоти нав ба нав пайдо мешавад… Вой ?они ман!!

– Ором шавед, падар?он! Биёед, му?окимаро сода мегардонем: агар ?ойирхон ба Чингиз ди?ем, ажда?о ором мегираду миёни мо ?ангу ?идол намешавад. Он го? халифа худ аз худ аз миён мебарояд. Яъне дар арса фа?ат хешу а?рабои Инал мемонад. Агар рухсат ди?ед, безарар кардани он?оро ман ба зимма мегирам.

– З?рат мерасад?

– Агар имр?з ?осиде чун боди сабо сабукрав равона кунам, баъди да? р?з дар Г?рган? пашшаи за?рноке ?инг-?инг накунад!

– Намешавад! Агар мо имр?з ?ойири Инал ба Чингиз супорем, баъди се р?з дар ??рган? ин?илоб мехезад! Аз даму нафаси оташини онакалонат болу пари мо мес?зад…

– Эй падар?он, к? гуфт, ки мо Иналро имр?з ба Чингиз месупорем? Элчиро муддате бо эъзозу икром ва чарбзабон? ниго? медорем, барояш асбоби истиро?ат ва фаро?ат му?айё сохта, ?амро?онашро бо чанд м?ътамади хеш барои овардани ?ойирхон ба Утрор мефиристем. Ба элч? имкон меди?ем, ки ба ?оонаш паёми ?аноатбахш фиристад. Дар ин муддат ?азор язаки махуфкори ман бо тездаст? падари азизи маро аз зиёни каждум?ои таги бурё безарар мегардонанд!

– Ту ?ам аз шарри Узло?у онакалонаш халос мешав?, писарам, ки ин ба манфиати салтанати мост. Вале боз мег?ям, ки риштаи ?они волии Утрор ба дасти ?оони му?ул супурдан хатои хатост! Ман ?ияни та?окуш шудан намехо?ам!!

– Баръакс, эй падари ме?рубон, шумо та?ои худро аз таънаю маломати мардум халос мекунед. ?оло бар вай забон?о дароз гашта, хурду калон ?ойирхонро ?осит мег?янд…
<< 1 ... 84 85 86 87 88 89 90 91 92 ... 141 >>
На страницу:
88 из 141