Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 114 115 116 117 118 119 120 121 122 ... 141 >>
На страницу:
118 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Равзанаи ?аштум. Назари э?об ба ан?оми ?азои ?азанфари ?анг? ва о?ози ?и?оди паланги об?

Зимистон гузашту навба?ор наздик омад, вале бо?у ро? ?амоно бара?над?ш ва беравна? буд. азбаски офтоб ?арорати андак мебахшид, гуле ё сабзае ?аракати нашъунамо надошту насими форами Сай?ун чун вазиши тири камон ба г?шу гардан таъсири с?знок мерасонд. охирин нафас?ои сармои дай ба рагу пай карахт? оварда, ба боди найсон имкони вазидан намедод.

Р?зе осмонро абри сиё? пахш карду як соат зиёдтар яхча борид. Нигина, ки бо исрори Мирмалик ба ?алъаи об? омада буд, болои бораи ?афсу баланд истода, оби яхолудро тамошо мекард. ?арчанд Мирм??син ?амро?аш набуд, осуда ба атроф менигарист. Зеро к?даки нимсолаашро дояи ?алиму ме?рубон Мавлудабонуи кулангир? аз фарзанди хеш азиз медошт ва мисли модар мек?шид, то писари хубр?й монанди падар па?лавону ном??й шаваду дар фазои ором бегазанд камол ёбад.

Интизор? т?л накашид ва Мирмалик ?амсарашро ба хилват талабид. Чун ?амеша о?ози с??бат шоирона шуд:

– Ташрифи сарви равон маро ороми дилу фаро?ати ?он гардид!

– Маро низ рай?они ро?ат дар б?стони дил сабзид!

– Ин бомдод хаёли р?йи ту маро нога?он пеши назар омад. ?арчанд фурсати сархор? надорам, ла?заи дидор ?анимат шуморидам, то ?арфи хайрбод г?ем.

– Худош хайр ди?ад, ?ар к? сухани хайр ме??яд. Лекин… чаро сухан ба изтироб мег?ед?

– Хабар расид, ки ?а?атой – писаркалони Чингиз бо бист ?азор сипо?? ва пан?о? ?азор ?ашар? ро?и Ху?андро пеш гирифтааст.

– ?ашар? ?ам сарбоз аст?

– Сипо?иёни асирафтодаю мардуми таслимшударо му?ул?о ?ашар? мег?янд ва дар ?ангу ?алъакушо? пеш меандозанд, то ?ар балое биёяд, аввал он?оро дарёбад. Ба ?авли Чингиз мардуми ?ашар? аз лашкар? бе? аст.

– Яъне ки ба ша?ри мо ?ушуни ?афтод?азора ?аракат дорад. Лашкари шумо ч? ?адар?

– Мо ?амъул?амъ да? ?азор му?офиз дорем. Лекин ман бо ?азор сарбози яккачин бо му?ул ?ангидан мехо?ам!

– Вой ман мурам! Оъ… як кас ба му?обили ?афтод кас ч? хел истодагар? мекунад?

– Гурд?ои сила?ш?ри ман аз нахустин нусрати хеш бар му?улон ?удо ?ам р??баланд, бо ?айрати да?чанд ба набарди ?алкунанда тайёр шудаанд. ?ама дар ойини мардию мардонаг? тарбият ёфта, аз ?они ширин ноумед нестанд, аммо тани хешро батадри? бо марг ошно кардаанд. Ин шо?байт шиори ?ар кадоми мост:

Лахти ?игар пурхун кунам, овардго?[118 - овардго? – ?ойи ?анг ] Сай?ун кунам,

Аз оби чашми сагму?ул хоки даман гулгун кунам!

– Дар кори лашкар ба?оят ?ушёр ва сахт кушо будану ?ар доим сипо?иёнро навозиш фармудани шуморо медонистам. Акнун фа?мидам, чаро шуморо аз бисёр будани душман боке нест ва дил ?ав? медоред. Шумо дар ?а?и?ат марди бузургед, эй ?азанфари му?ориб!

– Акнун бузург? дар ?арб аст! Ман ?исори об? дораму дувозда? киштии ?анг?, ки барои душман дастнорас аст. ?алъаро аз тиру пайкон, шамшеру камон, найзаю сипар ва сангу хан?ар пур кардаам. ?изою либос ?ам кофист. Сарбоз?ои мунтахаби ман шертану девбанд, сило?варзу сипо?шикан ва далерони ?анг??шанду айёрпешаи сарфароз. ?ама муридони Пирам Подшо?марди вал?! Тиру камони пай?амбарию анори Ёсин, т?мори нига?дошт ва дуои ин бузургвор балогардони мост! Муридон саба?и махсус ом?хтаанду агар бо зарбу махра?и хос дуои киштирон? «Бисмилло?и ма?ро?о ва мурсо?о инка рабби ло ?афуру ра?им»[119 - ?уръон, ояти 11, сураи 41] дар дил хонда, сафина ба об ронем, иншоалло?, ягон зараре намерасад…

– Ин хел дилпур бошед, ки бо хайли ?азора ?арб бояд кардан – бикунед, зеро шумо бе?тар медонед. Аз ибтидо то инти?ои му?ориба ба Худо му?тадо мекунам, ки тавфи? ба шумо рафи? гардонад. Лекин… одам?о мег?янд, ки дар сипо?и Чингиз ?ар марди да?ум мисли Рустам па?лавон аст. Яке Субудай – ба?одур будаасту дигаре Толучар – ба?одур…

– Муболи?аи хушку хол? ин гап! Я?ин медонам, ки Худо чун Рустам дигар ?е? та?амтан наофаридаст! Агар имр?з шабе?и Рустам нафаре бошад, ?аргиз дар сипо?и му?ул набошад, ки ин ?авми ?а?ир к? будани он ориё?игарро намедонад!!

– Ба чашми ман Рустами замону Исфандиёртавон шумоед, ки ?анг бар шери жаён ва пили дамон танг медореду ?олиб меоед. Хоку оби ин хитта, ки ?ойи дарсхон?, арсаи боз? ва майдони асптозию шиноварии шумост, пушту пано?и шумост! Ва шумо пушту пано?и мо:

Ниёи шумо па?лавонон буданд,

Пано?и бузургону шо?он буданд!

– ?ар ч? мег?й?, ал?а?, р??навоз асту нер? физояд. ?адди бузурги сулолаи мо Абдуллопа?лавони Ху?анд? солиёни зиёд сипа?буди далер ва размандаи соди?и лашкари сомониён буду имр?з, бо та?озои та?дир, номбардор ва идомабахши пайкори он Мирабдулло манам… Аз сарнавишти худ ифтихор дорам, лек ма?рур нестам. Зеро аз панди ниёкони худ медонам: тавоз?ъ он аст, ки марди о?ил ?уввати худро аз и?тидори душман камтар бинад. ?ар он ч? ?аблан гуфтам, барои таскини дили ту гуфтам, на худситоиву худписанд? кардам. Дар асл, аё ?онон, р?згор басо ш?рангез асту ?уш дор, ки пайванди умр баста ба як тори м?йи туст. Бинобар ?амин ?а?онофаринро ситоиш гуфта, ба зор? ниёиш мекунам: «Бор Худоё, агар вилоят аз ман маъдум[120 - маъдум – несту нобуд ] кун?, боке надорам, вале он р?з мабод, ки болу пари маро маф?уд[121 - маф?уд – гумшуда, аз миён рафта. ] гардон?!».

Нигина, ?айриихтиёри худ, ба?оят дилтанг шуд ва гуфт:

– Аз несту нобудшав? Худо нига? дорад, со?иб?аётам. Талхию хуш? мисли боди са?ро мегузарад. Даври Сикандар гузашту Искандари сон? ?ам нопадид гашту Чингиз ?ам фано меёбад. Фа?ат номи нек бо?? мемонаду ?а?рамон?!

– Агар падару модару ?амсару фарзанд набошад, маро ч? суд аз ?а?рамон?? Бе шумо Ху?анд ти?? аст барои ман! Махсусан бе писар, ки давоми умри падар асту бо риштаи ноаёни та?дир мо ба ?ам пайвандем. Барои ?амин алмудом илти?о мекунам, ки аз боло имдод ба мо расад, то бало ?афо гардад…

– Аз дигарон умеди худро кандаед магар?

– Оре, умед ва такяго?и ягонаи ман он Ягона аст. Зеро ?иромшо?и олам хонашери майдон?ариб шудаасту аз ша?р ба ша?р мегурезаду ?ам сипо?иён, ?ам а?ол? ва ?ам фарзандони худро аз чингизиён тарсонда, ба му?обилат накардан ва таслим шудан далолат карда, ?атто ба мо – ?окимони ша?ру вилоят?о чунин фармоннома ирсол кардааст: «Чораи кори худро созед ва барои худ гурезго?е ба даст оваред, то аз чанги ?аводис ва навойиб[122 - ?аводис ва навойиб – бадбахт? ва мусибат] эмин бошед… Де??онон ва сойири халои?, ки ?уввати гурехтан надошта бошанд, дар ?ойи худ ма?ом созанд ва ?ар ва?т, ки лашкари му?ул расад, ба ?адами тоат ин?иёд[123 - ин?иёд – фармонбардор? ] пеш оварда, ?ар ?укму фармони он?оро ба амал оранд»…

– Оббо! Маълум мешавад, ки ночиз?иммат ва о?из шудааст Шо?аншо?и олам…

– Оре, харг?шаки Чингиз кори худро кардаасту аз дасташ дигар коре намеояд. Мулк бар вай зоеъ аст:

Шо?и буздил масту мад?уш аст,

Ду о?уш дар хоби харг?ш аст.

– Шо?зодаи валиа?д Султон ?алолиддин ба ин амалкарди шармандавор ч? мег?яд?

– Вай хост падарро аз ро?и хато гардонад. Пешни?од кард, ки «?ама лашкарро дар канори ?ай?ун мутта?ид сохта, Хуросонро мудофиа кунем ва Мовароунна?рро аз дасти душман кашида гирем. Агар Шо?аншо?и олам ин ?о истодан нахо?анд, лашкар ба ман супоранд. То ?он дорам, ?амро?и Дамир Малик бо душман даст бар хун мезанам!» Афс?с ки Султон Му?аммад таклифи бародархонди маро ?абул накард – на худаш истод, на ба валиа?даш имкону ихтиёру аскар дод ва о?изона гуфт: «?оло толеи ман баргаштааст… ?ар ва?т, ки толеъ ба ман ёр шавад, ба ?анг рухсат меди?ам…»

– Яъне бо иродаи сусти подшо?и ?одушуда валиа?ди далер бечора шудаасту вай ?ам ба шумо мадад расонда наметавонад. Лекин Чингизхон бошад, р?з то р?з з?ри з?р мешавад. Ё гапам хато?

– Рост мег??, азизам! То имр?з Утрор шикаста шуду Си?ноку Узганд, Ушнасу Бор?илик?анд, ?анду Ша?риканд, Фанокату Ёрканд, хуллас, со?или рости Сай?ун пурра ба дасти чингизиён гузашту дар со?или чап фа?ат як ша?ри Ху?анд дастнорас монд, ки дарвозаи Фар?она аст…

– Бухоро ч??

– Ин ша?ри бузург ?ам ?афтаи гузашта фат? шуду Самар?анди сай?али р?йи замин ба вайрона табдил ёфт. Акнун навбати ??рган?… Чингиз мехо?ад, давлати Хоразмшо?иёни кабирро са?ир гардонад. Вале Ху?анди мо садди ро?и вай аст…

– Яъне, шумо устухони сахтед дар гул?и Чингиз?

Мирмалик о?и сард аз дили пурдард кашид:

– Шояд ?амин хел бошад… Лекин, ба фикрам, таърих такрор мешавад. Худат аз китоб?о медон?, ки пан?саду чил сол пеш лашкаркаши араб Салм ибни Зиёд бо пан? ?азор савора ба Ху?анд ?у?ум оварду шикаст х?рд…

– Ин ?иссаро медонам. Як шоири араб, ки шо?иди шикасти шармандавори ?ам?авмонаш буд, шеъргунае дорад ба ин маън?:

Э кош саворони мо аз Ху?анд намегурехтанд.

Ва дар набардго? асир шуда ?амефитоданд.

Мур?он бар ?асад?о гирд омаданду аъроб

О?ушта ба хун с?йи Холи? намешитофтанд…

– Офарин туро, эй ?они ширин, ки ?офизаи хуб дор?! Он замон аъроб шикаст х?рду муддате ?е? кас ?уръати ?у?ум надошт. Халифаи ни?орталаб сарлашкараш ?утайбаи ?аррорро бо ?ушуни бист?азора ма?буран ба Ху?анд сафарбар кард.

Ин замон дар ?анги аввалия Уло? ма?луб шуду Чингиз писараш ?а?атойро бо бист ?азор хунхор ба ша?ри мо равона кардааст.
<< 1 ... 114 115 116 117 118 119 120 121 122 ... 141 >>
На страницу:
118 из 141