Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 112 113 114 115 116 117 118 119 120 ... 141 >>
На страницу:
116 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Ва?ти аз Ху?анд рафтан чанд ?азал дода буд барои о?анг соз кардан ва суруд сохтан… Нафасзи? будам, ки бо касофати Чингиз замона дигар гашту ва?ти сурудхон? гузашт. Шукри Худо, ки бо шарофати «сорбон» гуфтани шумо як ?азали шоир ?азали ро? мешавад:

Эй сорбон, о?иста рон, к-ороми ?онам меравад,

Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад…

Мирмалик дар?ол ба Шо?мурод ?амовоз гардид. Лабаш суруд мехонд, аммо дилаш хун мегирист. Ягона таскини ?албаш он буд, ки Мирм??син а?ли дудмонро аз балои наздикрасида дур мебарад…

* * *

Нигина дар ??рган? аз модари Султон ?алолиддин шунида буд, ки ?ар касе ё?ут ба худ дорад, гаронбор нагардад. Аммо дар Ворух кор баръакси ин гуфтор шуд: шаб?ои дароз г?швори арму?он? дар даст аз ?аму андешаи Мирмалик то дерго? намехуфт ва ба ибораи Низом? «ба алмоси дида ё?ут месуфт». ?оли хештан бо к??и Душоха мегуфту зора аз санги хора мекард, ки ?авонмард? кунаду ба ивази дили ? пора-пора шавад…

Якуякбора ма?зун шудани Нигинаро сабаб он буд, ки фикри р?зи ояндаро аз сар берун карда наметавонист ва ?арчанд мек?шид, дар пешор? ?айр аз торикии ва?мангез дигар чизе намедид. Ёдаш омад, ки дар а?ди ?адим Искандари Зул?арнайн ба?ри дарёфти оби ?аёт худро ба зулмоти а?сои олам афканд, аммо ба ма?сад нарасид, бо алам аз олам нопадид гардид. ?олиё Мирмалики диловари ? айнан дар чунин ?олат ?арор дорад – чор тараф торикистону вай ба?ри некном? ?ангу ?адал карданист. Оё муваффа? мешуда бошад?!

Ояндаи фарзандаш ?ам тамоман торик… ?ан?з ду мо?и пурра нашудааст, ки Мирм??син аз зулмоти салос берун омад – аз торикии шиками модар, торикии зе?дон ва торикии парда ра?о гашта, ба дунёи равшан чашм кушод, аммо худи ?амон р?з оламро абри сиё?и тирафом п?шонд ва ?амоли тифли якр?заро зулмоти ча?орум бо ни?оби сиё? печонд! О?ибатуламри ча?орум торикии да?шатовар ч? сон бошад??

Суб?дамодам сухани хайрбодии Мирмалик дар г?шаш садо дод: «Агар маро во?еаи ногузир пеш ояд, ту ?они худ нига? дор, то фарзандамон аз офату бало ва уболу завол бегазанд монад». Нигина о?и дарднок кашида, бо чашми анд??гин назар ба тифли хуфта андохт. Дид, ки лабонаш моил ба табассум аст. Шефтаю мубтало гашту ?ама гапи оламро фаром?ш карда, дилро ба вай маш?ул гардонид. «Шод бош, эй рушноии чашми модар!» – г?ён навозиш намуду аз он болид, ки тани тифлаш чун ну?раи пок асту рухаш мисли шир соф! Ин таносубро рамзи бахти сафед пиндошт ва худ ба худ ором гирифта, сар ба па?луи к?дак ни?од…

Соате гузашт ё не, хушдоманаш Мо?симо бедораш кард:

– Дарров хез, духтар?он! Аз дадои Мирм??син мактуб омад!!

?усни хати зебои Мирмаликро Нигина шинохт ва м??р канду ?арисона ба ?ироат пардохт, ки бе риояи одоби номанигории расм? навишта шуда буд:

«Салом, эй ёри азиз ва модари ме?рвари фарзанди аз чашм дуру ба дил наздикам. ?абл аз ?ама ба ту маълум менамоям, ки бе наззораи рухи дил??йи зану фарзанди дурафтодаи хеш як дам ?арор надорам ва ?арчанд дар миёни за?мату ме?нату фикру андешаю ташвиши зиёд нопадид гаштаам, р?йи зебои шумо доимо пеши назарам ?илвагар аст. Ягона тасаллои дили гумзадаам ин аст, ки фарзанди дилбандам дар манзилу маъвои модари худ аз ?авои тозаю бе?убор осуда нафас мекашад. Шод аз онам, ки азизони ман дур аз бало ?арор доранд.

Эй мо?и ме?рпарвари ман, сухани номавзун ва дар ?олати шитоб навиштаи ман мабод, ки ба самъи муборак гарон ояд. Зеро имр?з?о як сару ?азор савдо дорам. ?арчанд хасм нопайдост, аммо гапу калоча, фарзу тахмин, таклифу пешни?од бисёр аст. Мардуми Ху?андро ?ам ?айрат ??шидаасту ?ам майнаи сар. Аксарият, шукри Худованд, бо мо яктану яксафанд, худро вориси ниёгони баному нанги Ху?анд ме?исобанд ва омодаанд, сило?и дурахшон баланд бардошта, сари хасм аз тан ?удо кунанд. Он?о ватанпарвари асиланд ва хуб медонанд, ки то имр?з ягон лашкаркаши а?наб? бо з?р? Ху?андро забт накарда, ?ама подшо?они ?а?онкушо бо созиш ва сул?у сало? озими Тирози ?а?он – ?аннатмакони бо рай?ону гул зиннатёфтаи р?йи замин шудаанд.

Он ху?анди?ое, ки ин саба?и таърихро медонанд, ба мубориза сар бардоштаанд, то духули Чингиз ба Ху?анди ар?манд му?ол гардад. Вале ?ама яксон нестанд. Баъде ки утрори?о ба азоби гулхани д?зах гирифтор шуданд, баъзе зайифдилон ба ?арос афтода, мардумро аз мубориза боздоштан мехо?анд. «?анг масли?ат нест, зеро бо Чингизи оламгир ?арб кардан абла?ист, мисли на?ш бар саф?аи об нигоштан! – мег?янд он?о. – Сало? дар сул? аст».

Дир?з хабар ёфтам, ки марде палид падид омадааст, то буздилонро боз дода, вилоятро ба ман ш?рида дорад. Ту вайро мешинос? – А?мади баззоз, матоъфур?ши бозори Пан?шанбе. Аз он хавф дорам, ки ?олиё ба ватанфур?ш? маш?ул аст. Зеро андар чашм?ову башараи хунукаш хилофу исён мебинам. Дар раста?ои бозор гап ба найранг мегуфтааст: «Бо Чингизхон ?анг кардани мо кори хато. Биёед, заминро ба осмон над?зем ва гови нар на??шем! Хубаш, ба Чингизхон таслим шавем, то ?они ширин ниго? дорем…»

Ал?ол маро маълум нест, ки а?ли Ху?анд ба дил бо А?мад ч? гунаанд? Лекин хурду бузург ба му?ориба тайёр? мебинанд. Аксар ?унармандони ша?р акнун фа?ат асли?а месозанд. Заргарон низ тиргарию камонгар? мекунанд, ки сифати корашон аз усто?ои Чоч мондан? надорад. Як о?ангари хистеварз? аз о?ани н?гтез рум? сохта, намуна овард. Барои сан?иш ба н?ги найза устувор карда, дар ?авшан озмудем, аз синони Кова бе?тар баромад – ба як зарба зире?у хафтон бибурид!

Умуман, имр?з дар ша?р марди фори? кам андар кам асту ?атто занон мардвор кор мекунанд ва дар мараммати лашкар – таъмини озу?аю либосу улуфа ва дигар му?имот бо амри дил са?м мегузоранд. ?ашар карда, гирдогирди ?алъаи об? боз як девори муста?кам сохтем аз сангу гили тан?р? ва барои он ки кафи дарё со?или ?азираро наковад, чора?ои э?тиёт? андешидем. Яъне, сохтмони ?исори об? пурра ан?ом ёфту ман ба ма?сад расидам! Ту, албатта, маънои хитобро хуб медон?. Зеро худат шо?ид, дар ?узури мардум савганд ёд карда будам ба покии Яздон?, ки обе хуш нах?рам, то дар миёни Сай?ун ?алъаи мазбут барнаёрам. Бовар кун, азизам, дар байни об ?алъае тавонистем сохтан, ки агар ?амчу ман лашкаркаше ба фат?и он ояд, натавонад гирифт!

Чу дар дастам бувад дарёи саркаш,

Чаро пар?езам аз с?занда оташ?!

Тавре худат медон?, барои бунёди ?алъаи об? аз тамоми ша?ру русто?ои вилоят, инчунин Самар?анду Истаравшан дусад дурудгару на??ор ва усто?ои ?убтарошу харротро даъват карда будам. ?оло он?о бо мадади ду ?азор ёри кор ба киштисоз? маш?уланд. С? киштии боркашон? ва понзда? сафинаи ?анг? аз даст баромадааст, вале ба ?авли бобои Мирм??син «та?у ту? давом дорад». Зеро ч? ми?дор басанда будани киштиро ани? муайян накардаем. ?амчунин са?е? намедонем, разми мо бо чингизиён кай ва ч? гуна сурат мегирад? Намедонем, дар об ме?ангем ё дар хушк? ё ?ар ду? Барои он намедонем, ки рафтору гуфтору пиндори му?ул?о номуайян ва бад аст.

Аввалин ша?ре, ки дучори ?у?ум шуд, худат медон?, Утрор асту ?окими он ро?и мудофиаро пеш гирифт ва ан?ариб ду мо? мешавад, ки ин ша?ри сар?ад? ба д?зах шабо?ат дорад, ?ар р?з сад?о нафар аз ?ар ду тараф кушта мешавад, лекин на аз ?алаба б?йи умед асту на аз халос? ва Худо медонад, му?осираю с?хтору куштор то кай давом мекунад?

Баъди Утрор лашкари му?ул тарафи ?зганду Ашнас ?аракат карда, чун ба остонаи Си?нок расид, ???? – писари Чингизхон то?ири ма?алл? ?асанхо?аро назди сокинони ша?р намоянда фиристод, то он?оро ба итоат даъват намояд. Вале си?нокиён аз шармандаг? ?азар карда, сари таслим фуруд наоварданд ва бо нидои «Алло?у акбар!» ?асанхо?аро кушта, ба мудофиаи ша?р сина сипар карданд. ?анги шадид ?афт р?з давом карду азбаски му?ул?о се баробар зиёд буданд, пир?з шуданд. Тамоми а?олиро ?атли ом карда, ша?рро ба хок яксон намуданд…

?иссаи ша?ри ?анд боз ?ам аламовар аст. Амири амирон ?утлу?хон, ки сипа?солори лашкари да??азорнафар? буд, аз тарси му?ул?о ша?рро ба ?оли худ гузошта, шабона ба ??рган? гурехт. ???? инро шунида, Чин Темур ном саркардаи худро назди ?андиён фиристод, то он?оро бечунучаро ба фармонбардор? даъват намояд. Сокинони ориятманд роз? нашуда, ш?ру ма?ал бардоштанд. Он го? Чин Темур та?дири си?нокиёнро хотиррасон сохту амнияти умумро ваъда дод. Мардуми ?анд ба вай бовар карда, дасти таслим бардоштанд ва му?ул?о тире аз камон накушода, ?андро гирифтанд. Шо?идон мег?янд, ки му?ул?о ?амаи сокинонро ба дашти хол? бароварда, н?? р?з бе обу нон ниго? доштанду манзил?оро ?орат намуда, та?овуз ва бедодиро ба ав?и аъло расонданд.

Динашаб хабар расид, ки боз як ша?р бе?анг ба дасти душман гузаштааст. Тавре ога?? ёфтем, му?ул?о барои гуфтушунид ба ша?ри Зарнук ?о?иб Донишмандро ро?? кардаанд, то сокинонро водор созад, ки худро беви?ору бедиранг ба ихтиёри Чингизхон супоранд. ?о?иб бешумор будани лашкари му?ул ва шахсан ?узур доштани Чингизхони муштз?рро ба зарнукиён шар? дода, бо дилс?з? ?амчун м?ъмин бародари м?ъмин хо?иш кардааст, ки ба та?дир тан дода, бо нишони э?тиром сари таъзим фуруд оранд, то ба ин васила дудмон, а?ли хонадон ва дини мубини худро ?ифз намоянд. Мег?янд, ки зарнукиён ба Донишманд бовар карда, зиён надиданд: Чингизхон ба р?йи он?о бо лутф нигариста, барояшон силаи ра?м арзон? дошта, ?айр аз як ?алъачаи сарбозон дигар ?е? иморати ша?рро вайрон накардааст. Фа?ат номи ша?рро та?йир дода, ?утлу?-бали? гуфтааст, ки ба то?ик? Хуррамша?р мешавад…

Акнун аз ?иссаи ?амсояша?р ого? шав: пан? ?азор сарбози му?ул бо сарварии Уло? Нуйон лаб-лаби Сай?ун му?обили ма?рои дарё ?аракат карда, ба ша?ри Фанокат расиданд, ки амири он Элатку сипа?буди маш?ури ман?ул? буд. Он?о аз р?йи таомули туркон се р?з ?арбу зарб карда, р?зи ча?орум амон хостанд. Аз на?ли шо?ид-?о маълум гардид, ки му?ул?о лашкариёну арбоби ша?р ва сокинонро ало?ида-ало?ида шинонда, сарбозони сархамро бо шамшер куштаанду ?амоатро тирборон карда, арбобро барои ?ашар берун оварда, со?иби ша?р ва молу мулки ?ангуфт шудаанд. ?олиё он?о барои ба Ху?анд ?амла овардан тайёр? мебинанд. ?айронем ч? кор кунем? Зеро маълум нест, ки бадхо?он бо ?у?уми шадид ша?рро ба якбораг? тасарруф кардан мехо?анд, ё усули му?осираро корбаст мекунанд, ё барои гуфтушунид намоянда мефиристанд? Ин пурсишу гумон?ои хелмахел ?авоби ?отеъ ва фавр? та?озо дорад. Бинобар ин бо Пирам Подшо?марди Вал?, ки дар ?ама боб комил, азим ва беназиранд, муддате хилват нишастем. Перомуни ?оли вилоят тааммул ва таамму? кардем, то муттафи? шавем, ки корро ч? гуна ба даст гирем. Пирам гуфтанд, ки дигар гуна амал натавон кард, илло ба фазле комил, илме тамом ва ?адсе рост. Сипас сураи ал ?ашрро оиди панду ибрат бори дигар ёдовар шуда, афзуданд, ки ба нуйони му?ул ва фарзанд?ои Чингиз эътимод бастан нашояд, зеро «муттафи?-ал-лафз ва-л-калима» нестанд, яъне бо як лафз ва як ?авл амал намекунанд. Фа?ат Чингизхон, ки со?иби дунё шудан мехо?ад, со?ибкалом аст, яъне ?адру ?имати сухани хеш ниго? медорад.

Дар идомаи с??бат Пирам таъкид карданд, ки Парвардигори олам ?ар дуи моро муаззаф сохтааст, то Ху?андро мисли гав?ари чашм боэ?тиёт ?ифз намоем ва гарди мухолифат аз абр?и сокинон зарра-зарра пок гардонем! Маро масли?ат доданд, ки ?оким ва ?ам сипа?буд, яъне лашкаркаш бошам, ?авонони озодасиришти Ху?анд, айёрони чусту чолоки Хистеварзу Истаравшан, гурдони гардонфарози Исфараю Ун?? ва гарданкаш?ои пур?урури Масчо?у Румону Кулангирро дар як саф ба ?ам оварда, тири камон дар зе? дошта, те?у алам баланд афрохта, бо лашкари пешгарди му?ул аз тари?и му?овамат сахт му?обала ва му?отала кунем, то Уло? нуйон ?азимат кунад, яъне шикаст х?рда, ?афо гурезад ва аз Чингиз мадад пурсад. «Агар Чингизхон ояд ё барои гуфтушунид намоянда фиристад, он го? ман бо вай ?адал кунам! – гуфтанд Пирам. – ?амро?и ?умла машоихи вилоят, ки со?иби илманд ва ме?ри ме?ан дар ?алб доранд, бо ро?и мусоламат мо му?овала ва мусола?а[117 - мусоламат – сул???й?, му?овала – гуфтушунид, мусола?а – ошт?. ] кунем, то ин ки ?ам лаъл дар даст ниго? дорему ?ам а?ёр наран?онем…»

Масли?ату наси?ати Пири бузургворам, сарвари а?ли амоим ва шамъи ?амъи ан?умани вилоятро хуш пазируфта, бо дили шод ва азми да?чанд ?ав? ба ?исори об? омадам. Зеро медонам, ки Пири со?иб?ирони мо ?ар ч? г?янд ва ?ар коре кунанд, касе онро ботил натавонад кард…

Бо ?анговарон маш?и ?арби танбатан мекардем, ки аз валиа?ди Шо?аншо?и олам Султон ?алолиддин ?осиде номаи таъ?ил? омад. Чор ?умлаи онро барои ту айнан нусхабардор? мекунам: «Ба садри Ху?анд вазифа мегузорем, шарри Темучинро, ки ба сар?ади Мовароунна?р расидааст, аз си?ати мамлакати мо боздорад… Иншоалло?, ин амри подшо?иро, ки дар назми ?ол ва ?ифзи мулки мо ба ту та?дим шудааст, бо сарбаланд? ба итмом мерасон?. Дар ?олати зарурат ба ?адри коф? сарбози пиёда ва савора к?мак мефиристам. Туро бахт ёру Худо мададгор бошад!»

Эй модари ме?рубони фарзанди азизам! Дилам бисёр мехо?ад, ки бо ин дуо номаи худро ?усни хотима бахшам. Зеро маоли ?олро ?уз алломул?айб касе намедонад. Ягона ёри темордор – парастор, нига?бон ва ?амхори фарзанди азизро ба пано?и он Ягона месупорам. То киштии умед дар оби Сай?ун равон аст, ниёиш мекунам, ки моро давлати дидор муяссар гардад…»

* * *

Дар та?вими зиндаг? шаби ялдо, ки ба дароз? маъруф аст, намоён гардиду Нигинаро боз ва?м пахш кард. Зеро аз Мирмалик дигар паёме наомад, аммо Ворух аз во?имаю овоза лабрез буд. Бофандаю лофанда?о бехг?шию пин?он? мегуфтанд, ки лашкари му?ул ба Ху?анд сахт ?у?ум кардаасту Мирмалик ?оли табо? дорад. Бадгуфта?ои бодовард мизони Нигинаро шикасту хуноби ?игарро сиришк кард. К?дак дар ба?ал р?зона го? ба лаби ??йбор мерафту го? дар зери дарахти баргрехта менишаст ва ба назараш чунин менамуд, ки ?ар ку?ое по ни?ад, аз байни барфи навборида хори му?елон ба кафаш мехалад. Тифли р?хандон ягона тасаллои дилаш буд ва дар симои Мирм??син че?раи гарми Мирмаликро медиду бо овози ?азин месуруд:

Дар соли Ху?анд як шаб аст ялдо.

Дар соли Ворух ?ар ма?е як ялдо!

Шаб?ангом низ дар хонаи сарду ?ойга?и хунук мисли ?арибон менолиду меларзид ва аз он метарсид, ки дар шаби ялдо обу адо мешавад. Хайрият ки Парвардгори ме?рубон ра?машро х?рду ?абл аз ?уруби офтоб чанд нафар усто?ои дуредгару ч?бкори ?ашаррафта аз Ху?анд баргаштанд, ки якеашон Абдулсайиди Гулдаст буд ва шаби дарози ялдо бо хабар?ои наву ?икоёти падар к?то? гашт…

– Ду мо? пеш ба мо гуфта буданд, ки фулон подшо? бо лашкари гарон аз тарафи Утрор мисли м?ру малах аз се ?ониб ба Мовароунна?р ?амла овардаасту бист ?азор марди о?анп?ш тарафи Ху?анд барои ?атлу ?орат меоянд, – ?исса о?оз намуд дуредгари адабгуфтор баъди салому таом. – Ду ?афта пеш гап дигар шуду гуфтанд, ки пан? ?азор му?ул Фанокат ном ша?ри ?амсояро таки даст дароварда, молу чизи бисёр ?анимат гирифта, бо ишти?ои ?озгир ба сар?ади Ху?анд расидааст. Падари Мирм??син, ки ?окими одил, одами доною кордон, ?ам па?лавон ва марди сухандон будааст, са?иру кабир, ходиму маъмур, хулоса, марду зан?ои бисёрро дар са?ни ку?андиз ?амъ овард. Ба остонаи Ху?анд расидани пойи номубораки му?улро маълум карду ният?ои нопоки Чингизхонро шар? дод. Баъд ?амаро ба мубориза даъват кард. Гуфт, ки дар вилояти мо боигарии бисёр ?асту дар атрофи Ху?анд якчанд кони тиллою ну?раю мис дорем. Чингизхон барои со?иб шудан ба ин боигар? мурданивор талош мекунад. Мо бояд якдилу яктан ба ?и?од бархезем, душмани дини исломро сарк?б кунем.

– Гап?ои з?р гуфтааст ?окими та?амтан, Ша?риён ба ?окими чолоки Ху?анд ч? гуфтанд?

– Гуфтанд, ки то ?он дар хатар нани?ем, ба душман зафар намеёбем. Аз марди шамшерзане, ки р?зи ?анг мисли зан сар тобад, муханнас бе?тар аст… Боз гуфтанд, ки чун к?? устувор, мисли санг хом?ш меистем, аммо чобукпар шуда, му?улро пача? ва лагадмол мекунем!

– Яъне, мардум сарвари худро маъюс ва ма?рум накарданд?

– Баръакс, ?ама ба як овоз «Зи?? Мирмалик!» гуфтанду «Марг ба Чингиз!».

Пирамарде аз мобайни изди?ом садо баланд бардошт: «Ху?анд ми?тониси вилоят асту хурду бузургро аз атрофу акноф ба худ мекашад. Ману фарзандонам аз Де?мой довталаб омадем ва ?арчанд, ки ман на марди ?ангам, ?арго? табли ?анг? садо ди?ад, филфавр ба дифои Ху?анд мехезам!»

Дугоник?ои ?амдиёри мо ?асану ?усейн гуфтанд, ки «То як раг дар тани мо ?унбад, ?ама па?лавон?ои Канду Фал?ару Истаравшан дудаста те? занем, то даме ки бар хасм зафар ёбем!».

Сипо?ие шамшер дар даст баланд фарёд кард: «Чорсад фидо? аз Фар?она ба ?аводории ту омадем, эй Шери Ху?анд. То зиндаем, аз фармони ту сар намепечем!»

Домоди ман аз дастгирию инояти хал? болида, назар ба сахтпоёни му?ул да?чанд сахттару тезчанг шуд. Бо азми ?азм ба ?алъаи об? рафт, ки он ?о расо ?азор сарамарди яккачин фармони вайро интизор буданд, то кишти?ои беадили ?анг? барои му?ориба омода созанд.

– Кишти?ои беадил? Ин ч? хел кишт??

– Завра?и калони болоп?шида, яъне сафинаи ?анг?.

– Бодбон дорад?

– Бале, дар мобайн сутуни баланду мазбут, бодбони чоркун?а, белу зан?иру риштаканабу лангару дигар та??изоти зарур? дорад. Онро дору?а ва ёронаш идора мекунанд. Вале ин кишт? саркушода не, балки болоп?шида асту ба лонаи парасту дар шифти хона ё ошёни сарбастаи булбул монанд? дорад…

– Хонаи худамон барин, г?ед…

– Бале, хонаи инсон барин, лекин бомаш камоншакл ва тиреза нею дар ?ар ду тараф дарбачаи бисёр дорад…
<< 1 ... 112 113 114 115 116 117 118 119 120 ... 141 >>
На страницу:
116 из 141