Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 110 111 112 113 114 115 116 117 118 ... 141 >>
На страницу:
114 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Офтобро г?й, маро ба ?оли худ гузорад, рухашро пин?он кунад… Малик мехо?ад, як ?афта фа?ат мо?и тобонро ниго? кунад…

Ша?риёр, чун ?амеша, ба гапи худ истод ва ?афтаи заррини асалмо? басо ширину гуворо гузашт. Навар?сон хилватсарои со?или дарёро ба б?стонго?и айш ва чаманистони нишот табдил дода, бо ме?р ба са?рои му?аббат тухми умед фишонданд. Аз хуррам? малик то?вар гашту малак борвар…

Аз он тухма?ои иш?олуд навни?оле дар гулбо?и Нигина реша печид ва сари Мирмалик ба осмони иллиййин расид…

* * *

Н?? мо?у н?? ?афтаю н?? р?зи умедвор? ба ором? паси сар гашту Нигинаро асари зоидан падид омад. Фарроши ?амеша?озир шамъи анбарин афр?хту болои суфа ни?од, ба р?и бистари шо?? карбоси о?ар? андохта, кадбонуро беозор хобонд ва бесадо аз дар баромада, дояро ?озир гардонд. Момодоя набзи ?омиларо сан?идан ?амон фаррошро фармуд, ки зуд ташти заррин оварда, интизор истад ва чун фарзанд падидор шавад, навда бар он бизанад, то Абду?аббори муна??им бехато толеъ рост кунад. Худ наздики Нигина омада, кафи дасти расо ва оромбахш болои шикамаш гузошту лабони ма?ин ба табассум кушода, бо лафзи ширин гуфт:

– Эй асила, аз ?ама гапу кори ?а?он фори? шав, то саломат бош?.

Нигина бо лабханди ?авоб? чашм бар ?ам ни?оду боз кард ва… садои баланди гиряи тифли навзод ба г?шаш форам расид. ?ро писаре ба дунё омад чун нигористон – ?е? тифле аз нажоди одам ба хубии ? набуд ва сурате мисли вай надошт! Момодоя баъди покш?й? навзодро дар парпечбанди сафед печид ва ба дидори падар овард, ки дар ?у?раи ?амшафат ?амро?и устод Аду?аббор садои ташти зарринро шунида, толеъ мегирифтанд, то ба се пурсиши ну?ум ?авоб дарёбанд: «Ахтараш ку?о бувад? И?болаш чун бувад? Фур??аш кай бувад?»

Ла?зае, ки фарзанди мо?р?й дар канори падар ни?ода шуд, офтоби заррин ба рухсораи тифл ш?ъла афшонду Мирмалик б?саи пурме?р ба ?амоли хуршеднур бахшид. Момодоя хурсандии худро пин?он дошта натавонист:

Инчунин осон фарзанд назодаст касе,

Ки на дарде бигрифташ мутавотир, на табе!

Мирмалик бени?оят шод шуд ва ба момодоя ?адяи шо?она дод:

– Ал?амдулилло?и раббилъоламин, ки муборак шо?писар ба ман ато кардааст. Ба шодии р?йи чунин фарзанд аз дари хазина банд мебардорам! Ша?рро озин бандед, хал?ро даъват кунед ва як ?афта таому ?алво ди?ед!

Устод Абду?аббор аввалин шуда, падари хушбахтро та?ният гуфт ва бо хабари нек? шод гардонд:

– Башорат меди?ам, эй шогирд, ки туро писаре бузургвор омад!

Фарзанде, ки бе «бисмилло?» офарида шудааст, боиси бухлу тарсу анд?? асту бо душвор? ва азоби алим ба дунё меояд. Аммо фарзанде, ки бо ме?ру нияти пок аз салби[112 - салб – пушт ] падар ба ра?ми модар мегузарад, осонкушою осоишбахш асту дар сиришташ чунин навиштаанд: бало омаду ?азо[113 - ?азо – ?укми ило?? ] расид!

Бо дархости Мирмалик Пири у?дакушои Ху?анд Шайх Масли?атдин, ки «?уръон»-и шарифи ба?дод? ба тифли нав ?адя оварда буд, ?умлаи та?дирсози муна??имро чунин шар? дод:

– Ин ?азои мубрам ва амри ма?кам аз Парвардигори олам асту фарзанди дилбанди ту, ки абераи ар?манди мост, со?иби хайрот ва э?сон буда, некукирдору балогардон мешавад, балои азимро аз сари мо дафъ мекунад. ?ро номи ном? мебояд ни?од, ки хубтаринаш Мирм??син аст.

Мирмалик аз Пири худ ч? будани балоро мушаххас пурсидан мехост, ки Шо?муроди К??истон? бошитоб аз дар даромад. Аввал тавлиди фарзанди навро муборакбод гуфта, шамшери алмосгуни ф?лод? т??фа карду сипас о?анги гуфтор дигар намуд:

– Таъ?илан хабар расид, ки Чингизхон ?анг сар кардааст! Лашкари му?ул ба ша?ри Утрор ?амла овардааст…

Аз шунидани ин шумхабар Мирмалик ч? будани балои азимро фа?миду андаке суст шуд, вале орзуи дидани Нигина дар дилаш боло гирифт. Хост назди ?амсари худ даромада, тапиши ?алб?оро бартараф кунад. Момодоя садди ро? гашт:

– Камтари дигар то?ат кунед, ша?риёр…

– ?олаташ хуб аст?

– Хуш шаклу нек вазъ дорад. Фа?ат… дар дасту миёну камараш андаке заъф ?аст, ки шояд асари ра?с бошад. Иншоалло?, дарди ночиз зуд мегузарад.

– Дар па?л?яш истодан маро хуш аст, аммо рафтанам во?ибу лозим шуд…

– ??йи осиёби шумо аз оби мурод доимо пур бошад, ша?риёр! Бехавотир, бо дили пур равед, аз ?ониби мо дар нига?бон? та?сире намешавад.

–Хуш бошеду ба модари Мирм??син саломи маро расонед! – Мирмалик г?швори заррине, ки ар?увон лаъли бадахш? дар замир дошт, ба дасти момодоя дод. – Инро ба г?шаш овезед ва ба г?шаш г?ед, ки ?айр аз шод? дигар чизе ба дил маёрад, зеро аз шод? маро ба осмони иллиййин[114 - иллиййин – баландтарин дара?оти би?ишт, осмони ?аштум ] расондааст! Абадулабад шукронаи он хо?ам кард, ки аз шамъи му?аббат чаро?и ?а?онтоб афр?хт…

* * *

Тифли навзодро дар ?афтр?загиаш а?и?а накарданд, зеро ?азрати Шайх Масли?атдин баробари ба дунё омаданаш вайро Мирм??син номида, бо дуои сабз ро?ашро равшан гардонида буд. Вале таомулро риоя намуда, г?сфанди фарбе? куштанду ?исса-?исса ба фа?ирон дода, барои а?ли байт ва хешовандон хомш?рбо андохтанд.

Гулсимо, ки аз ?ама пеш омада буд, тифли д?стр?якро навозиш намуда, бо ла?ни к?дакона пурсид:

– Дада?онатро пазмон шуд?? ?ай-?ай! Дада?онат кай омада буданд?

– Се р?з пеш, – ба ?ойи к?дак ?авоб гардонд Нигина. – Лекин мо хафа не. Чунки дада?онаш серкор…

– Дуруст мег??, акоям ?а?и?атан ?ам серташвиш, шабу р?з дар ?алъаи об?, – тифлро ба катча хобонда о?и пурдард кашид Гулсимо. – Лашкар кашидани Чингиз ?ама корро чаппаю зеру забар кард. Вилоят ноором…

– Ман ?ам ?ис карда истодаам, ки амният халалдор… Аз ?амин сабаб дарди дил пеши дада?онаш бурдан намехо?ем…

– Ч? хел дарди дил?!

– Сахт метарсам, ки Чингиз ба Ху?анд меояду ?оли мо табо? мешавад… Бахти мо фано меёбад… Писаракам…

– Зи? нашав, як ту не, ?ама дар чунин фикру хаёл. Лекин… Бовар дорам, ки калон?о ило? меёбанд. Назар ба шунидам, имшаб ?ама авлод ?амъ меоянд. Акоям даъват кардааст…

Дар о?ози с??бат Мирмалик хабари охиринро ба самъи ?озирин расонд:

– Оташ дар атрофи Утрор торафт баланд забона мезанад. Лашкари му?ул фав?-фав? меояд. Ба ?исобе аз дусад ?азор зиёд шудаасту аз ?ониби ?ош?ару Балосо?ун ?амин ?адари дигар дар ро?…

– Ба назарам чунин менамояд, ки зиёни ин оташ ба ?ама ?о мерасад, монанди абре, ки бод густариш ди?ад, ?ама ша?ру рустои мамлакатро фаро мегирад, – андешаманд лаб ба гуфтор кушод Шайх Масли?атдин ва пурсид: – Утрор ч? ?адар му?офиз дорад?

– ?оирхон пан?о? ?азор сипо?? дораду Хоразмшо? да? ?азор ?анговарро бо сарварии ?ароч? ?о?иб к?мак фиристодааст… А?волаш танг, му?ул?о ?ал?аи му?осира торафт таранг мекашанд. Чунки Чингиз ба ?окими Утрор ?исобу ?асаби ало?ида дорад.

– Мактуби Чингизхон дар ёдам ?аст. Навишта буд, ки «ба сари хал?и сартаул бо ?анг меравам, то инти?оми Ухун ситонаму барои сад?о а?ли сафорат ва ти?орат ?асос гирам. Магар Инали бенухтаро, ки зевар?ои ла?оми подшо?ии маро барканд, ?азо надодан мумкин аст?!»

– Гуно? к? кунаду ?азо к? бинад! – хитоб кард очаи Мо?симо. –Парвардгор хал?ро дар пано?аш ниго? дорад, ?азаби Чингизро аз сари мардуми Утрор дур гардонад!

– Шумо г?ед – наг?ед, Чингиз худро аз Утрор дур кашид, – бо табассум ба модари Мирмалик нигарист Шо?мурод. – Дид, ки мудофиаи ша?ри муста?кам ба дарозо мекашад, писаронаш ?а?атой ва У?тойро дар Утрор гузошту бо?имонда лашкар се ?исса кард. Писари бузургаш ???иро ба ?адди ?анд ва Бор?илик?анд фиристоду худаш барои забт кардани Бухоро лашкар кашид. Уло?нуён ва Мангубу?аро бошад, бо пан? ?азор сипо?? ба тарафи Фанокат ва Ху?анди мо равона кард.

– Вой ман мурам! Наход дар Ху?анди мо ?ам ?анг шавад?!

– Натарсед, хола?он! Мабод он р?з, ки оби чашми зан?ои Ху?анд дарё шавад! – овози Сабзал? раъдосо садо дод. – Аз дасти пан? ?азор му?ул ч? меояд?! Бо лашкари андак бо ху?андиён ?арб кардан абла?ияй…

– Бародари мо дуруст мег?яд: Чингизхон ин вилоят аз дасти мо берун натавонад кард, магар бо сад ?азор шамшери кашида…

– Шо?мурод, ту бе?тар медон?. Лекин… шунидам, ки лашкари му?улу тотор чун м?ру малах ба ?ам омехта, пеш меояду Чингиз ба ?ар самт даста?ои имдод? паёпай мефиристад, – Бобои Мирфозил – амаки Мирмалик шасти ?авони к??истониро андак паст гардонд. –Мег?янд, ки сипо?иёни моро шумор ба ангушти пан?а асту аскари му?улро ?исоб ба м?йи сар…

– Оъ, гапи Хоразмшо? дигар хел буд, худашро на?ангу Чингизро кафлесак мегуфт… Шумори аскарашро аз ситораи осмон бисёртар ме?исобид…

– ?озир ?ам лашкари Хоразмшо? бисёр, модар. Масалан дар Самар?анд чорсад ?азор ?анговар дорад. Лекин ?ама ?айрон, ки чаро ба тарафи Утрор ?аракат намекунад? ?амаг? да? ?азор к?мак фиристоду халос…

– Шо?аншо?и олам, албатта, ягон фикру нияти з?р дорад. Душманро бо ?илаю найранг ба биёбон кашида, з?ру мадорашро сан?ида, баъд бо як зарба несту нобуд мекунад!
<< 1 ... 110 111 112 113 114 115 116 117 118 ... 141 >>
На страницу:
114 из 141