Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 107 108 109 110 111 112 113 114 115 ... 141 >>
На страницу:
111 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Эй ёри сабукр??, зи васлат имшаб

Шодам, агар ки суб? гарон? накунад…

Ла?ни форами шоираи хушил?ом Саъдиро ба та?рик овард:

– Ало, эй со?ии оташр?й, каломи оташинро шунид?? Ба оби бода а?л аз ман фур? ш?й!

Шод бош, эй ширинлаб суханг?й. Эй мо?пораи обидфиреб, эй малоиксурати товусзеб:

Кас надонам, ки дар ин ша?р гирифтори ту нест,

Магар он кас, ки ба ша?р ояду ?офил биравад…

Ру??и шоир таровиши э?соси шоираро дучанд афзуд:

С?ям нигарист, о?, шоири сармаст,

Гуфт: «Аз чанги булбули шайдо натвон ?аст!»

Гуфтам, ки: «Шаб аст, дастам ба даст бидор,

То бе ту нагирадам касе даст ба даст…»

Саъдиро дигар то?ат намонд ва дасти шоираи ма??абин ба даст гирифту ?ониби завра? бурд, то шаб?ангоми ширма?тоб сайри Сай?ун кунанд.

Сайфуддину Раъно ба завра?и дигар нишастанду ба самти дигар бел заданд…

Шамсиддину Шакархонум ва Шарофиддину Со?ида низ завра?савор шуданд…

* * *

Андалеб?ои хушнаво ба чаро рафтанд, вале Мирмаликро нишот нако?ид ва нашъа напарид. Зеро ча?ор булбул гул дар кафу маъшу?а ба коми дил рафтанд.

О?и сабук кашиду ба Нигина гуфт:

– То ба ин ла?за дилхавотир будам, ки ма?фили Исток зиёфат мешавад ё офат ё мухолафат?! Шукри Яздони пок, ки дилеву пиёлае нашикаст… Дилшодам, ?арчанд ки асир гаштам…

– Ч??! Ч? хел асир?

– То зиёфат ?оким будам, вале ?оло… зулфи мушкинро асиру холи сиё?ро ?уломи ?ал?абарг?шам! Бифармо, эй о?уи шерсавор…

Нигина ?о?-?о? хандиду абр? ?унбонд:

– То зиёфат дар то?и шо?аншо?и олам нигини рахшон менамудам ва ангуштнамои хал? будам, акнун Маликро нигин бар ангуштарини дил шудам. Маро ба ангушти ?айрат оваред ва бар дафтари му?аббат м??ри ме?р аз ранги дил гузоред…

Лафзи пурму?аббатро шунида, ша?риёр шо?инвор гардан ёзонду бо ме?ри дучандон ?ониби сардафтари бонувон назар афканд. Чун назари зебои базм ва дебои разм як?о шуд, оташаки ноаёне ш?ълавар гардид: ?авои мард? ба Мирмалик ?алаба карду шав?и нишот дар дили Нигина ?унбид. Рухсораи гулрангаш, ки мисли мо?и шаби ча?орда? банур метофт, аз лабханди мале?о шукуфон гашт. Мирмалик хандаи маъшу?аро ишорати оши?она пиндошту моилтар ва оши?тар гашта, парвонавор с?яш парид ва аз забони ширин ба чил ла?н сухан гуфта, шав?и вайро ба тамошо бедор сохт:

– Ту ?аргиз тамошои Сай?ун карда??

– Не.

– Рафтем ба сайри дарё…

Дар завра? па?л?и ?ам ончунон ?афс нишастанд, ки аз байнашон тори м?й намегузашт. Ма?буба дар дасти чапи ма?буб ангуштаре заррин дид нигинаш ё?ути сурхи бадахшон?, ба?оят софу дурахшон.

– То кунун чунин ё?уте надидаам! – гуфт бо ?авас Нигина.

– Г?шворе бо чунин ё?ут туро бахшам, агар маро ба мурод расон?…

– Муроди ша?риёр ч? бошад?

– Як шо?писар! Шо?писаре мехо?ам, ки асилзодаи пок, гав?ари ориё? бошад!

Нигина назаре жарф ба чашми Мирмалик андохт ва андешанок гуфт:

– Мардон дар хуррам? сухан ба ?ар о?анг мег?янд, аммо дар ?ушёр? пушаймон мешаванд ба дил ран? ва шикан? меоранд…

– Агар ту ба дили ман азизтар, наздиктар, нак?тар ва бе?тару маъ?ултар аз ?ама бонувони олам набуд?, ин рози му?аддас ?аргиз ошкор нагуфтаме! – гуфт Мирмалик ва о?анги ру??ъ кард. – Ч? бошад, агар ниго?и мушфи?она ба ?алби орзупарвар намо? ва маро ба ма?сад расон?? Азеро чун маро писар нест, номи ман дар хоку гил афтад…

– Эй ша?риёр, агар ором нашаведу ?арор нагиред, метарсам, ки завра? чаппа гардаду нияту орзу?оямон ?ар? шавад!

– Натарс, тани латиф ба о??ши ман супор, то ?амеша аз об хушк барорамат!

– Аз ниго?и мардуми кун?ков метарсам, ки моро мобайни дарё ?амо??ш дида, масхараю мазаммат кунанд. Ба худ оед, ша?риёр…

– Эй Нигина, лоа?ал дасти худ ба дастам де?, то бимолам ва биболам!

– Метарсам, ки сабру то?ат аз дасти ша?риёр мераваду кафтари кафи даст мо?ии зери дарё мешавад…

– Ч? нек? аст сухан?ои ту! Ч? хушб?й ва зебо м?и ту!

– М?и дароз кирои ситоиш набошад. Зеро аввалин чизе, ки аз инсон фур? резад, м? бошад…

То?ати Мирмалик то? шуду бели завра?рон? ба ?оли худ гузошта, хост дилбари ?озир?авоб ва айёраи ширинзабон ба о??ш кашад. Нигина ?ар ду даст ба санду?и синаи ша?риёр тиргак карда, хост худро му?офизат намояд. Вале з?раш нарасиду бе?ол даст афшонд ва… бозубанди хаволгашта даруни об афтонд. ?ар ду саросема пар? гашта, онро доштан? шуданд, аммо натавонистанд – бозубанди ?адима ба ?аъри дарё фур? рафт.

– Оббо! – гуфт Мирмалик. – Кори на?з нашуд. Лекин, зи? нашав, да?чанд бе?тарашро мебахшам.

Нигина аммо заррае зи? нашуд. Баръакс, худро якуякбора сабук ?ис кард. Зеро банде аз дилаш кушода гашту боре аз китфаш фур? афтид. Худ ба худ майлу пайвандаш ба Мирмалик афзуд ва ба шод? нидо кард:

– ?ар? гаштани бозубанд хости Худованд асту со?ибаш онро бозпас ситонд.

– Со?ибаш к? бошад?

– Дар дохили бозубанд нохуни шо?и париён буд ёдгор аз Ма?аст?! Ин бозубанд маро бандаи ра?с гардонду ба мардум ро?ат мебахшидам. Чун бозубанд зери об рафт, ?ис кардам, ки дил аз банд ра?ид. Акнун маро ва?ти ро?ат расид, эй ша?риёр:

Диле дорам, ки аз Султон натарсад,

Зи банду кундаву зиндон натарсад.
<< 1 ... 107 108 109 110 111 112 113 114 115 ... 141 >>
На страницу:
111 из 141