Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 104 105 106 107 108 109 110 111 112 ... 141 >>
На страницу:
108 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Тарсам, ки нашавад.

– Чаро?!

– Ин пурсиш гарон расад оши?и дардмандро! Росттарин ва нек?тарин посухи шоирона эдун аст, ки ?олиё ?ам тозар?ям, ?ам хи?ил, ?ам шодмон, ?ам тангдил…

– Ма?зи посух дарнаёфтам…

– Тозар?ям, ки Нигинаро ёфтам. Хи?олат мекашам, ки ёфтаро бохтам – ?ар ду забардастем, аммо дар ин ша?р ту ?окиму ман ?ариб… Шодмонам, ки д?стонро гирди хони шо?она ба ?ам меор?, аммо тангдил аз онам, ки с??бати мо оё д?стона мешуда бошад?

Дилам то иш?боз омад, дар ? ?уз ?ам намебинам,

Дили бе?ам ку?о ??ям, ки дар олам намебинам!

– Ма?зи сухани шоирро ана акнун п?стканда мебинам. Лекин… гумон мекунам, ки ба р?йи нозанин бо ме?р нигаристан ?е? касро гуно? набошад. Агар барои як нозанин миёни Хоразмшо?у Чингизхон кашмакашу адоват ав? мегирад, байни мо иш? асту му?аббат асту дигар ?ама ?е?!!

– Ташаккур, эй садри Ху?анд, ки маро аз ?олати ?ариб берун овард?. Дилпур шудам, ки фар?оми д?стии андалебу каб?тар ва ?азанфар ?азир нашавад. Фа?ат… шиори маро асло фаром?ш накун:

На ба шутуре саворам, на чу хар ба зери борам,

На Худованди раъият, на ?уломи ша?риёрам!

– Фаром?шхотир нестам ман ва ба ?е? ва?? дили шоире озурда насозам, эй д?ст! ?е? го? густохию дурушт? накунам ва мардона нигарон шавам, ки малак чашми ризову мар?амат ба к? боз мекунад… ?окимам, аммо ?ар ч? д?ст фармояд, он кунам!

Эй Бузургвори А?ам! ?арчанд малак азиз асту хони малик лазиз, мехо?ам ?амсони Сайфуддин бо ту бародар? кунам…

* * *

Гулбо?и зебо ва хуш?авои Исток дар канораи Сай?ун зиёфатго?и писандидаи ша?риёрони ?адиму ?адид ма?суб меёфт. Онро бо амри Мирмалик аз нав озинбанд? карда, барои фаро?ату дилхуш?, аз ?ам пардохтану ба ?ам дарсохтани гулрухону булбулон кулли асбоби истиро?атро му?айё сохтанд.

Ил?оми шоири истаравшан? Шарофиддин дар?ол ба ??ш омад:

Канори обу сояи гулбеду г?шаи бо?

Хуш аст бо санами зебо барои фаро?!

Саъдии хушил?ом бадо?атан ?авоб гардонд:

Имшаб, ба рост?, шаби мо р?зи равшан аст,

Иди висоли д?ст алора?ми душман аст!

Ин мазмун дар пешгуфтори ша?риёр возе? таъкид гардид:

– Дар ан?умани мо ?амъе аз арбоби нут?у маън? ва хираду ?икмат нишастаанд, ки ?ама булбулони р??анд. Эшонро сад салому дуруд ва хидмату ?урмат аз мост. Устодони номбардори Ху?анд, ки дар хунёгариву мутриб? ва пойк?бию л?ъбатбоз? чирадастанд, ?ама анвои ра?су суруд ва наю руд омода сохтаанд, то бо камоли ?унар ?амоли д?ст мунаввар гардонанд. ?аббазо барбату чанг, ?аббазо суруду о?анг! ?аббибзо андалеби А?ам Саъдии Шероз?!

?афт кишвар намекунанд имр?з

Бе ма?омоти Саъд? ан?умане!

А?ли ма?фил бо нидо?ои тасди?? ишораи ша?риёрро дастгир? карданду Саъд? бе ?е? му?аддима дурри шо?вор аз да?он афканд:

Бомдоди оши?онро шом нест,

Иш?ро о?оз ?аст, ан?ом нест!

А?сант туро, эй ша?риёр, ки се рукни асосии ма?лиси шоирону оши?он – рубоб, кабоб ва шаробро фаро?ам овард?. Дар вилоят дигар касе ?удрат ва ?иммат надорад, чунин базм биёрояд! Мо ?ама ме?мони туем ва икроми мусофир во?иб аст. Мо имшаб ?а? дорем, ки Да?ла-Да?ла бин?шем…

– Як Сай?ун кифоя нест магар?

– Фа?ат барои сарсабзии ту оби як Сай?ун басанда асту ба дигарон ч? мерасад?

З-андоза берун ташнаам, со??, биёр он обро,

Аввал маро сероб кун в-он га? биде? ас?обро!

Байти шароб? барои хонсолору со??, обдорон ва пешхидматон ишораи са?е? гардид ва ?ама ба ?унбу?ул даромаданд. Мири тараб бо нидои «Аз навои чангу барбат базми мо хол? мабод!» Зиёуддини Форсиро ба шеърхон? водор карду Абду?алилро ба танб?рнавоз?. Собирхон о?анги дилхур?ш навохту Насиба чангро ба наво овард ва ?утбия ба ?илва омад. Хонсолор ла?за ба ла?за такаллуфи дигар мефармуду моида[108 - моида – дастархон] аз нозу неъмат пур мегардонд.

Майде? ва майдасолор?о дар байни давранишаста?о мокувор ?аракат карда, дар навбати аввал мо–йу?то?и Нигинаву ?амро?онашро му?айё менамуданд, ки ?ойго?и ало?ида доштанду шаш нафар буданд: дар тарафи чапи Нигина ду шоираи со?иб?амоли ху?анд? – Зебою Раъно че?ра меафр?хтанду аз тарафи чап Шакархонум ва Со?идаю Обида – ду канизаки аз хидматгор? озодшуда бо?-бо? мешукуфтанд. Аммо нишеманго?и ду баробар бузургу музайян ба шоирон тааллу? дошту тахти садри Ху?анд ва авранги садри ма?фил дар мобайни гулбо? мисли ?уфти ахтари тобон ба назар мерасид.

Мирмалик ва Саъд? аз таба?и бул?рин чанд дона зардолуи ?андак х?рданду че?раи шоир мусаффо гашт:

– Мебинам, ки малики ар?манд фармудааст он ч? ма?були мост, му?айё доранд, то ба дилхуш? ва?т гузаронем…

– Бале, имшаб ба сад ме?р ме?монпараст? кардан матлаби мост. Сад ?они мо фидои шоири некуни?од бод, ки ?ро Худованд ба ху?андиён расонд! Мардуми дилташна ?ар ч? бештар аз давлати с??бати пурфайз ба?ра бурдан мехо?анд.

– Ман ч?? Шоири хушдили беёр, ки марди сафар аст, дар ин ?аннатмакон аз киву аз ч? ба?ра бардорад? «Шунидан чу дидан набошад дуруст» гуфтаанду агар имкон ва и?озат бошад, кабутари ?арам чашму дили маро лоа?ал бо ?унари волояш мунаввар созад …

– Агар ил?омаш ояд, албатта ба хиром меояд. Аммо ил?оми Зебои Ху?анд? аллакай ба хур?ш омада, ки шоираи некусухан асту париче?раи покдоман…

– Ба дурустии сухани ша?риёр шак надорам. Зеро аз покдоманон ?усн ?аргиз пар?ез накунад. Дил гуво?? меди?ад, ки ба исти?боли ман аз со?или Сай?ун бахти шабафр?з меояд:

Имшаб, ки ?узури ёри ?онафр?з аст,

Бахтам ба хилофи душманон пир?з аст.

Г?, шамъ бимиру ма? фур? шав, ки маро

Гар Зебо дар канорам аст, р?з аст!

Мирмалик бо ишораи ангушт шоираро пеш хонд. Бонуи нозукхиром бо ?илваи ?арифафкан мавзун ба миён омаду бо чашмони махмур Саъдиро нигариста, табассуми ма?тоб? ?адя кард. Ба шоири гулназар ил?ом аз ма?зи ?игар омад:

То кай, эй Зебо, дили ман бори тан?о? кашад?

Тарсам, аз тан?о? а?волам ба расво? кашад!

Сарвболои мано, гар чун гул о? дар чаман,

Хоки поят наргис андар чашми бино? кашад.
<< 1 ... 104 105 106 107 108 109 110 111 112 ... 141 >>
На страницу:
108 из 141