Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 102 103 104 105 106 107 108 109 110 ... 141 >>
На страницу:
106 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Чаро?

– Сешанбе нофи ?афта асту барои нико? нофеъ нест, бахти нофар?ом ба бор орад. Аммо паго? ча?оршанбеи муродбахш асту р?зи понзда?ум, моварои мо?и ра?аб – явмулистифто? аст. Яъне р?зи кушоиш талабидан, ибтидои амали нек. Дар ин р?зи муборак дар?ои осмон ва Каъба барои ?абули дуо ва арзу ниёз кушода мешаванд.

Масли?ат ин аст, ки пас аз дидани р?йи мубораки фарзанди нав ва иёдати модари азиятдида, ки чашминтизор? мекашад, бо че?раи кушод ташрифи шоирону д?стонро муборак мехон? ва ба шукронаи тавлиди фарзанд шоиста зиёфат меди??. Зеро нек?? намудан ба дил?о ро? ёфтан асту дилнавоз? кардан ба хушнуд? шитофтан! Хушнуд? ёри туву ёри ёри ту бод!

Равзанаи шашум. Мав?у ав?и на?ма?ои булбулон дар саб?ати як гулу сад харидор

Мирмалик монанди шамоли форами са?ар? аз со?или дарё ?ониби ма?аллаи Мирзоён вазида, бо ?адяи гаронба?о дили ?амсарашро шод гардонду аз дидани ?амоли навруста дили хеш фархунда сохт ва дояро низ инъоми навра?он бахшид. Ин бевазанак аз табори Турконхотун, ки ?амрикоби Ойчечак барои парастор? ба Ху?анд фиристода шуда буд, чун соя аз дунболи кадхудо берун баромада, баъди арзи сипос бо о?анги п?зиш гуфт:

– Эй ша?риёри муаззам, маро маъзур доред, ки ду-се да?ан гапи пароканда дорам.

Мирмалик хо?иш пазируфт ва ба лаби кат нишаст.

– Хуб кардед, ки дили озурдаи маликаро бардоштед, эй со?ибкарам! Кадбонуи хонадонатон аз дир?з дар хумори дидор ва гуфтори шумо чашм бар ро? буданду дилтанг? мекарданд…

– Шо?аншо?и оламро то сес? гуселонда, дер баргаштему аз аёдати шаб?ангом ?азар кардам.

– Шумо, ки дар ма?оми баланд истодаед, ба ?оли мо механдед? Кай ба Ху?анд расидану дар ошёнаи Нигина ч? кор карданатонро аллакай ними ша?р медонад! Ва?те малика фа?миданд, ки баробари шунидани номи Нигина а?л аз сар на?л карда, ба дигар ?ониб паридед, ончунон бошиддат гиристанду нолиданд, ки гумон кардем, дубора дарди зойиш азоб меди?ад! Аз чашми модари навзод он ?адар оби ?асрату надомат ба че?раи тифл шорид, ки гумон кардем, ба покш?? ?о?ат намонд. Сипас сад хор-хор дар ?игари малика афтод ва аз синаи пурдард ?амаг? як ?умла берун баромад: «Худоё, чашмаш намак гирад!»

– Чашми к??!

– Чашми Нигина, ки неки?ои Ойчечакро дар ??рган? фаром?ш карда, дар Ху?анд бадбини малика шудааст. Ило?о, ?е? ба муддаояш нарасад!

– Дуои бад накун, хато бо узру ато исло? кардем…

– Малика аз дошани шумо шод гаштанд, вале аз муомилаи шумо бо Нигина басо ?амноканд. Гуфтанд, ки баробари аз ?ойга? хестан та?онаро пури занб?ри сиё? кунонда, он ра??оса он ?о дароварда, то намурад, дарро намекушоянд.

– Ин ?адар бера?м? чаро?

– Барои он ки Нигина дар ни?он тираг? бисёр дораду да??о ?авонмард ба доми тазвири вай уфтодаг?… Табассуми ширини ин ишвафур?ш, ки садяке аз се?ри чашмаш т?шаи сад со?ир аст, кони намаки фитна аст. Худоё, ба боди бало дучор гардон ин бе?аёро!

– Агар ба айб??? камар баста?, чандон ки мехо?? биг?. Лекин… фаром?ш накун, ки то дир?з ?амро?и маликаат «Офарин бар дасту бозуят!» гуфта, Нигинаро ба осмон мебардоштед.

– Мо ба ра?саш мафтун ва ба ?унараш ?оилем. Дар ??рган? ?ар го?е ба ?илва ояд, насими остини вай димо?и моро меш?ронду бо ангушт шикан-шикан карданаш набзи дили моро пасту баланд мекард. Бо дастгирии Ойчечак онакалони бузурги мо ин ра??осаи аз ?аъри чо? баромадагиро ба ав?и мо? расонд. Вале к?рнамак будааст ин сойкелд?! Дар ??рган? ба сари Узло?шо? об рехту ба Ху?анд омад, то теша бар решаи Ойчечак занад…

– Худат гуфта буд?, ки Хоразмшо? вайро ба Ху?анд овард, то ба нико?и хеш дарорад…

– ?амин хел гапу калоча буд. Лекин ?ар буданашро фа?мида шо?и олам ба р?яш туф карда, партофтанду рафтанд. Акнун ки шо?у шодгуна ба мисли офтобу шабнам шудаанд, ин фиребх?рда шуморо фирефтан мехо?ад. Бар?азар бошед, ки ин к??истон? дар миёни мо а?набист! Аз де?а рондаю аз а?рабо монда, дар мулки Хоразм овораю дастибадаст вай! Бо андаке ?амол бисёр мол ?амъ оварда, «даст ба киса – иш? ба дарвоза» гуфта, умри ?авон? барбод меди?ад. Эй ша?риёри муаззам, на нилуфар бувад ?ар гул, ки дар обдон бошад! Мочахар бе?тарин ?ули атлас п?шад ?ам, хар аст! Вай як замон бо шумою як замон бо дигаре ?амо??ш мешавад.

– Наход??

– Бовар кунед, рост мег?ям. Я?ин медонам, ки вай ?оло ба Саъд? муомила дорад. Як олуда бас бошад, ки як ша?р биёлояд! Бо г?ши худ шеъри шоирро шунидам:

Туро худ ?ар к? бинад, д?ст дорад,

Гуно?е нест бар Саъд? муайян…

– Бе?тарин шоирони олам бе?тарин шеъри худро ба Нигина бахшидаанду бо як овоз мег?янд, ки миёни нозанинон нозанинтарин нозанини нозукни?од ва нозофарин ин шамъи мунаввари р?з асту агар хо??, ки дар нимашаб офтоб бин?, аз р?йи Нигина ни?оби гулбарг фур? гир!

Доя бо таассуф сар афшонду писхандомез гуфт:

– ?азор афс?с, ки шумо фа?ат на?шу нигори товусро та?син мекунед, вале пойи зишту ифлосашро намебинед…

– Эй гаранг, зебу фари товус аз пари товус асту ин парандаи зебо майдасолори кабутари ?арам! Ифтихор дорам, ки ин навни?ол сарви хиромони ман аст!!

– ?оло ба об нарасидаед, чаро м?за мекашед? Э?тиёт бошед, ошно? бо кафтараки тардоман хатар дорад!

– Сухан ба о?анги та?дид чаро?

– Ва?те маликаи гиром? аз омадани Нигина во?иф шуданд, моро фармуданд, то ба унвони Турконхотун таъ?илан нома фирис- тем. Мо навиштем, вале маълум шуд, ки Худованди олам аз ?азияи Нигина ого?анд ва барои сайди о?уи гурезпочик ба Ху?анд шикорч? ро?? карда, чунин гуфтаанд: «Савганд х?рдаам, ки нахандам, то замоне ни?ори Узло?шо? ситонда нашавад!» Ин амри махфиро барои он ошкор сохтам, ки сухани д?стонаи маро та?дид гумон набаред ва бори дигар хо?иш мекунам, э?тиёткор бошед…

– Хидмати ту арзандаи подоши олист!

– Ба рост?? Чаро?

– Валиа?ди гиром? дир?з маро вазифадор карданд, ки кабутари ?арамро аз чанги Чингизхон ва дигар бадхо?он мисли гав?араки чашм ?ифз намоям.

– Инаш барои ман гапи нав асту акнун масъала ранги дигар мегирад. Шумо, ки тахт дореду к?ло? дореду насаби пок ва зани хуб, нек биандешед, ки кадом амр бароятон му?аддам аст? Ба модари шо?аншо?и олам мадад мерасонед ё халал?!

– Г?ши ман фа?ат як амр шунидаасту фармонпазирам. Аз арбадаи Узло?у хур?ши модаркалонаш бехабарам ва амри вайро аз паси девор шунидам. Аммо сухани туро баръало шунидаму к? буданатро донистаму ?ушдор меди?ам, ки забон аз ?айбати покон к?то? дор, то умрат дароз шавад!

Ба ?урмати тифли навзод имр?з нармдил? карда, дояи вайро сазовор ?азо намеди?ам, вале агар торе аз м?йи Нигина кам шавад, аз худат гила кун! Фа?мид??

Дояи гуна?кор пеши пойи ша?риёр зону зада, узр пурсиду тавба кард ва сархам ба хидмати тифлу модари навзод шитофт. Мирмалик ба дарбон ?ушёрию зиракиро таъкид намуда, чун ба дорул?укумат расид, аввал дору?аро ?е? заду фармуд, ки ду нафари м?ътамадро о?илан ба кошонаи Ма?аст? фиристад, то Нигинаро ноаён та?ти назорат ва ?имоят гиранд. Сипас муддате ба ?аллу фасли он му?имоти ?укумат маш?ул шуд, ки бинобар ташрифи Хоразмшо? мав?уф гузошта буд. Яке «Нигина бо Саъд? муомила дорад» гуфтани доя вайро бесаран?ом карду дилаш ?аш х?рд. Корро чала монда, с?и кошонаи Ма?аст? шитофт. Дид, ки Нигина ?амро?и Шакархонум ва марду зани ношиносе дар суфакати мобайни ?авл? нишаста, шеърхонии олуфтамардеро боди??ат г?ш мекунанд.

?умлаи таърифии Зиёи Ху?анд? аранге ба хотираш омад: «Саъд? мардест бофарру хушком, далеру густох, бузургманишу бови?ор, ?аззобу хур?шон ва ширинзабон, шеъри баланду ниго?и м?шикоф дорад, аммо л?ъбатбозу майгусор…»

Аз дигар орифони Ху?анд низ дар хусуси табъи баланду ?амоли нут? ва ?усни фасо?ати ин шоири тавонои А?ам тавсифи бисёр шунида, медонист, ки дар фазлу камолаш со?иб?аламони олам муттафи?анд. Бар замми ин, аз дишаба сухан?ои ш?ълавари Нигина фа?мид, ки ба сурату сирати зебои андалеби Шероз бисёр со?иб?амолон низ дилбохтаанду гули хуштаровати Ворух дар моварои он?ост ва аз ?амин сабаб Пири бузургвори Ху?анд ва?ти гусел ин шоири ширинкаломро андалеби шайдо номид, яъне ра?иби ша?риёр ?исобид, вале э?тирому бузургдошти ме?монро дубора таъкид кард:

– Дар ша?ри ?адимаи мо, ал?амдулилло?, арбоби донишу ?унар бисёранд ва ташрифи ?ар со?ибдиле тимсоли Саъд? боиси хуррамии мост! Зеро чунин ме?исобем, ки агар Ху?анди ободон ар?си ?а?он бошад, арбоби нак?ном зару зевари тирозанд. Замоне ки гулзори табиатро айни шукуфтану сабзидан аст, ба шукронаи ?адами мубораки азизон ба хидмат камар чуст бояд баст…

Мирмалик омадани худро ошкор накарда, ба шеърхонии Саъд? г?ш андохт:

Эй гули хушб?й, агар сад ?арн бозояд ба?ор,

Мисли ман дигар набин? булбули хушг?йро!

Нигина гули дасташро афшонду фазоро муаттар гардонд ва бо ноз «булбули хоболуд бахти бедор надорад!» гуфт ва афзуд «Эй булбули хушг?й! ?авонмард бояд дар ма?лиси му?оварат[106 - му?оварат – с??бати мардон] хушг?й бошад, аммо дар ма?фили муошират[107 - муошарат – с??бати марду зан] хубр?й!»

Аз ин гап булбули Шероз карахт шуд:

– А?аб лутфи латифе! На ?ар кас ба каломи мавзуни Саъд? эрод мегирад.

– Интухин, ягон шеъри нав доред? – пурсид Шакархонум.

– Албатта. Нахуфта шаби дароз андалеби хушг?й аз ма?зи ?он ?азале суфт барои Нигина:

Маро ту ?они азизиву ёри м??тарам?,
<< 1 ... 102 103 104 105 106 107 108 109 110 ... 141 >>
На страницу:
106 из 141