Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 98 99 100 101 102 103 104 105 106 ... 141 >>
На страницу:
102 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

* * *

Мирмаликро назди дарвозаи ша?р мулозими хос бо че?раи шукуфон исти?бол гирифт:

– Шодиёна ди?ед, эй садри муаззам, ду хушхабар дорам!

– Якумаш…

– Шумо фарзанди нав ёфтед!

– Шакар ба да?онат! – ша?риёр мулозимро хуш бинавохту бо тангаи тилло шодхор гардонд ва иловатан пурсид:

– Писар ё духтар?

– Духтар. Хушхабари дуюмро г?ям?

Мирмалик бера?бат сар ?унбонд.

– Ме?мон?о си?ату саломат расиданд ва бе ягон камбуд? ?оба?о кардем. ?ама табъи хуш доранд!

– Ч? хел ме?мон?о? Дар ку?о ?ойгир кардед?

– Ме?мони нозуктабъе, ки валиа?ди азимушшаън таъкид карда буданд, бо сеи дигар ба ша?рамон ташриф фармуданд ва тиб?и дастури шо?зодаи гиром? он?оро дар кошонаи Ма?аст? ?оба?о кардем.

– К? будааст он ме?мони нозуктабъ?!

– Кабутари ?арам Нигина бинти Абдулсайид.

– К???! Нигина??! Вайро ч? хел шинохт??

– Нигинаро к? намешиносад?! Хо? дар либоси сафар? бошад, хо? дар п?шоки ?унар?, мисли тилло медурахшад!!

Аз ин хушхабар дили оши? ?ариб буд шодикаф шавад. Ба мулозим ду тангаи тилло бахшиду бо як ши?аи асп худро ба ошёни умед расонд. Аммо Нигина он ?о набуд ва посбон шар? дод, ки ме?мон?оро ?оба?о карда, ба суро?и Шайх Масли?атдин рафтааст. Ша?риёр дар?ол ба хона?о? шитофту сипас ба ошёни ма?буба парид. Баъди сарсони?о о?ибат ла?заи фаро? барои ду дили до? фаро расид…

Ду дилдода дар ?у?раи хилват ба ?ам расида, замоне мафтуну мубталои якдигар хом?шу карахт истоданд. ?е? кадоме ёрои забонкушо? надошт. Ду чашми гурусна чор карда, сар то пои якдигарро нигаристанду нигаристанд ва чун аз дидор сер шуданд, банди забон?о кушода гашт.

Нигина ба ?укми со?ибхона ме?монро бо садои ларзон хайрама?дам гуфт:

– Сарфарозам, ки манзили ?арибонаи маро ёфта, ба шарафи нузул муборак сохтед. Хуш омадед, эй ша?риёр, ?ар ?адаматон болои дида. Аз боло бигзаред ва баро?ат шинед.

Мирмалик к?то? арзи сипос кард, аммо нанишасту гуфт:

– Шодам, ки шо? рафту р?зи тираю хира ба поён расид! Мо аз чанги шо?и баддил халос шудем!!

– Ин хушхабар – саросема аз ша?р гурехтани Хоразмшо?ро аз Бобокалони Ху?андиям шунидам. ?азрати Бузургвор сарамро сила ва диламро осуда карда, гуфтанд: «Ором шав, мастураи Бобо. Бо рафтани Хоразмшо? аз дили оши?он изтироб берун рафт».

Гуфтам: «Оре, а?аб кори хуб шуд! Аммо чаро чунин шуд?!»

Гуфтанд: «О?и дили оши?и мустаманд-?окими Ху?анд дар арши Аъло шунида шуд! Ресмони доми андохтаи Хоразмшо? мисли худаш фарсуда буд, гусехта шуд.

Ин шо?и майзадаро ?ушдор додем, ки агар аз шаробн?ш? даст накашад, а?лу идрокаш ба дасти со?? кушта шавад. Аммо «тарки одат амри му?ол» гуфту боз н?шид ва писханд зад: «Агар г?ед, ки «Бода нах?р!» г?ям ки «?ува-л-?афур!», яъне Худо бахшандаю ом?рзгор аст. Писханд риштаи салтанати вайро канд! Аз тилисми Чингиз тарсон ва ?аросон гашту дил ба зарг?ш бохт. Тамоми шаб са?ат гуфту нафрин хонду дашном дод, Ху?анди офтобии мо ба назараш аз зиндони торик ва?мноктар намуд. Бори гарони хоби парешон, хаёли фасод, ва?шати торикии шабро бардошта натавониста, аз саропардаи худ додг?ён баромаду чун ?оми видоъ бар сар кашид, кому забонаш гирифт ва бо имою ишора фармуд, ки темори ?арам ?алолиддини валиа?д кашад, то ?ро дарди сар камтар шавад…»

Гуфтам: «Яъне ки… ба лаб гунг гашту бо ман ?атто салом нагуфта ва хайрбод накарда рафт?»

Гуфтанд: «Дар миёни подшо?и ?ардамхаёл ва кафтараки лоубол ч? асроре, ки буд, нокушода рафт.

?олиё гирди ту, эй гули навбар ду андалеб мебинам ва азбаски як ?у?з дарканору дигаре барканор шудааст, ?ар ду бепарвофалак ча?-ча? доранд. Садои яке баландтар асту ла?ни дигаре фур?тар. Зеро дар ро? асту савори саманди орзу ба манзилго?и ёр мешитобад.

Эй фарзанди азиз! Туро фазлу диёнат ва та?вою исмат комил аст. Вале, масли?ати мо бишнаву ?ар ла?за бохабар ва ?ушёр бош. Зеро дар чапу рост х?рдагирони бисёр дар каминанд, валекин барои ша?риёри Ху?анд кабутари ?арам арму?оне аз гулзори би?иштист. ?азор офарин бар ме?моне бод, ки нохондаву бо ме?р ба дар ояд ва ?азор ?он фидои мизбоне бод, ки эшонро хуш пазирояд!»

Инак, шумо ме?мон омадеду шодиям дучанд шуд!

– Акнун хурсандият садчанд шавад! Эй Нигини дилам, шодиёна де?: Султон ?алолиддин кабутари ?арамро аз банд озод карду ба ман бахшид!!

– Зи?? саодат! – Нигина дастонашро мисли ду боли кабутар ба ду тараф афшонда, бо табассуми бар? беибо худро ба о??ши Мирмалик андохт ва бо ашки шаккарин дубора хитоб кард: – Зи?? хаёле му?ол!!

Мирмалик як о??шро ?азор о??ш намуда, хирмани гули шабнам?ило ба канор кашид, сару р?яшро б?сид, б?йид ва бо ?аловати беинти?о пичирос зад:

– Шукр ба Худо, аз висолат дили хуррам дорам!

Шукри бе?ад, ки туро тан?о ёфтам, эй Нигини дилам! Мо метавонем бе тарсу ларз сухани дил фошофош г?ем…

– Сол?ост, ки дар талаби р?йи нак? ман ?ам к? ба к? дарбадарам. Сипоси бе?ад Худованди ра?имро,маро аз дарбадар? халос карду ба сарбасар? расонд.

– Оре, оре! Эй Нигини дилам, маро низ фикри сипос бар сар асту шишаи дилам тоби санг надорад! Мехо?ам ?ар ч? зудтар рухсораи Ар?си ?а?онро бо зевару ?аво?ирот ороста гардонам. Мо бояд чобук бошем ва минбаъд дари кошонаи му?аббат бебок кушоему асло нап?шем!

– Малики дилу дида шумоед, ?ар ч? фармоед, хушнудам. Зеро бовар надорам, ки дили шумо ба ро?и хато моил бошад…

– Эй тозатар аз барги гули тоза! Худо шо?ид, ки шодию анд??и туро ?амеша шодию анд??и худ медонам. Да?сола ран?у за?мату сабру интизории маро чор сатри равон дар худ ме?ун?онад:

Иш?и зулфи ту чу султони дилам шуд, гуфтам:

«К-ин маро зуд аз хидмати султон бубарад!»

Бурд аз хидмати султонам, аз он метарсам,

Ки кунун хуш-хушам аз тоати Яздон бубарад…

Нигина шармнок ба Мирмалик нигарист ва худро бо ноз аз о??ши гарм ра?о карда, ба раъно? гуфт:

– Лутфи шуморо ба г?ши дил шунидам… Илтимос, ягон шеъри дигар хонед…

– Ба чашм, эй Нигинаи беадал:

Нури р?ят офтоби олам аст,

Р?и хубат нури чашми одам аст!

Нек?? ба че?раи ту ?амра? аст,
<< 1 ... 98 99 100 101 102 103 104 105 106 ... 141 >>
На страницу:
102 из 141