Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 97 98 99 100 101 102 103 104 105 ... 141 >>
На страницу:
101 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Саъд? ба ?укми ?офиласолор вайро аз сухан боздошт:

– Ч? гуфтанатро фа?мидам, вале шеъри пурну?сон ?абул надорам. Зеро дар олам гуле бе за?мати хоре набошад! Агар

Як гули ма?суд дар ин б?стон

Чида нашуд бе мадади д?стон!

мегуфт?, ба маротиб бе?тар мешуд. Вале та?лилу му?окимаро мав?уф мегузорему ?исса?ои сариро?? ва муаммо?ои к??и баландро дар ша?ри азим файсала мекунем. Зеро ба манзил нарасад пургуфтор ва ка?рафтор! Шайхи м?ътабар моро интизор!

Сухандони парварда, Пири ку?ан

Бияндешад, он га? биг?яд сухан!

Ин пешни?од бе ба?су талош пазируфта шуд ва чор ёри рангинхаёл бо умеди бе?будию бе?р?з? ?ониби дарвозахонаи ша?ри офтоб? равон шуданд…

Равзанаи пан?ум. Пешоянду пасоянди савганди Малик ва лабханди малак

Корвони шо?аншо?иро Мирмалик то серо?аи Де?мой гусел кард. Шитоболуд рахти сафар бастану шитобонтар аз бод ?аракат кардани Хоразмшо?, ?атто як ?умлаи хайрбод? нагуфтанаш барои аксарият ва махсусан барои ша?риёри Ху?анд муаммои тамоман сарбастаю му?ла? буд. Беовоз «Суб?оналло?! Ин ч? савдост?!» мегуфту аз та?риба медонист, ки ?е? кас ?е? ва?т бар ?а?и?ати ин асрор во?иф нахо?ад шуд. Зеро бародархондаш ?алолиддин – кушояндаи ?ар мушкили Мирмалик, ки табиатан камгап буд, имр?з аз ошуфтадил? тамоман зав?и с??бат надошт – г?ё сухан гуфтанро гум карда бошад!

?олати ?ро дида, Мирмалик ч? гуфтану ч? карданро намедонист. Тамоми ро? номи Нигина гаштаю баргашта н?ки забонаш омад ва пайваста дар он андеша буд, ки идомаи рози ни?они ба валиа?д ошкоргаштаро ба миён ни?ад ё не? Пастакак сурфида, ро?и калом нарм гардонду хост пурсад, ки «?оли Нигина чун мешавад?» Аммо те?и ниго?и шо?зодаро дида, пай бурд, ки ?оли шарар дораду кордаш бизан?, хунаш намеояд. На аз тарс, балки аз р?и э?тиёт, барги гуфтори хеш хазон гардонд ва суоли дили танг ба са?ро афканд…

Ла?заи видоъ фаро расид. Султон ?алолиддин бо ниго?и ме?р Мирмаликро нигарист ва тиб?и одат китф ба китф расонда, расми хайрбод ба ?о оварду ?усури хом?шии бардавом баровард:

– Хайр, бародарам, пано?ат ба Худо! Гусастадил ва шикастасило? набош ва ма??ур? аз рух дур андоз, ки ин р?зи сахт, ??шидану нолидану хом?шию ко?идан?о гузарон асту комрониву хилватго?у висол дар пеш! Акнун бори гароне бар китфи мост, обр?и мулку подшо?? ва равна?и давлат пайванд бар та?кими бародар? дорад. Мо наметавонем, насибаи азал аз худ дур афканем, аммо метавонем, аз дигарон бе? бошем! Мо ?а? надорем, аз о?из? дида бар ангушт ни?ем, зеро ?ар ч? гардун ди?ад, замона меситонад. Мо ?а? надорем, ки «замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз» г?ем, мо бояд замона бар муроди хеш созем! Дар ин ?ода бар туву бар худ комёб? мехо?ам, эй бародари ба ?ону дил баробарам!

Шо?зода ба асп нишасту дандоннамо табассум кард:

– Нону намак кам х?рда, зуд рафтани мо сабаби ?идд? дорад. Зи? нашав, дар Самар?анд дер наистода, зудозуд меоям. Барои дафъи ?амлаи Чингиз дар сар?ади мамлакат ?амро? тадбир меандешем. Зеро минбаъд Худо тори сар дораму дар па?л?ям ту!

Хайр, то боздид! Туро ба Худо ва кабутари ?арам ба ту месупорам, эй амини бовафоям!

Саросема лаб ба пурсиш кушодани Мирмаликро дида, бо ишораи ангушт ?ро ба хом?ш? водор сохт:

– Ту падарамро аз асорат ра?о кардию салтанати дубора бахшид?. Бар ивази ин нек? вилоят ва набераи худ ба ту бахшида, падарам ?исоб карданд, ки аз ?арзи ту соф шудаанд. Вале Худованди одил ва тавоно ?а? ба ?а?дор расонд! Ман кабутари ?арамро аз банд озод намуда, ба ту мебахшам! Ана акнун ?ама соф бар соф!

Эй бародарам! Акнун ту Тирози ?а?он ва Ар?си ?а?он аз Чингиз мисли гав?араки чашм ?ифз намо! Хайр, Худо мададгор ва нига?дор бод!

Султон ?алолиддин дигар ?арфе нагуфтаю нашунида, аспашро ма?мез зад. Мирмалик аз сухани м?ъ?изамонанди валиа?д шоду ?айрону лол гашта, ?айр аз даст?унбон? дигар имкони арзи миннатдор? наёфт. Баъди аз мадди назар дур шудани суроби валиа?д бо хуррам? ?амро?онашро нигаристу ?офил аз сарнавишт сари аспро ба ро?и Фар?она гардонд ва ?онсарак ?ониби ?алъачаи Де?мой давонд. Ма?нун ба дидори Лайл?, Фар?од ба с??бати Ширин, Воми? ба муло?оти Узро боре чунин шитоб накарда буданд, чуноне Мирмалик ба дидани Нигина мешитофт!

Аз дарвозаи ?алъача ворид шудан ?амон баланд нидо баровард:

– Дуруд бар язак?о! Дуруди маро ба а?ли та?она расонед!

Парида аз асп фуромад ва баъди саломуалейк талаб кард, то машрабае об оваранд, ки сахт ташна аст. Сарязак бо табассум чашмаро нишон доду ?ар ду базав? хандиданд. ?арисона чанд каф оби сард н?шидаю ба р?ю гардан пошида, тасфи дил паст гардонд ва пурсид:

– Эй додар, ороми ?они ман ку?ост?

Сарязак китф дар?ам кашиду пичингомез пурсид:

– К??! Бахайр аст, ша?риёр? Ч? ?ол доред?

– Эй додар, ч? ?ол мепурс?? Шикебо? саодат овард! Душвор? гузашт, ва?ти шодком? расид!

Хайрият ки ёрони Мирмалик ?амро?и намояндаи шо?зода ба са?ни ?алъача ворид шуданду ба гапфа?мон? зарурат намонд. Сарязак дастури ?алолиддинро шунидан ?амон тобеъони хеш ?амъ оварду ба Мирмалик хонаи хоби Нигинаро нишон дод. Дигар ла?зае наистода, ?ама бадар рафтанд.

Бо ишораи Мирмалик додари ?иёматиаш Сабзал? дари та?онаро калон кушода, баланд садо баровард:

– Эй кабку кафтар?о! Берун бароед, суб?и озод? дамид!

Овози ношиносро шунида, Шакархонум ?аросон баромад ва одоби салом ба?о овард. Мирмалик ?ро шинохту пештар хонд:

– Ба Нигина г?ед, ки ман омадаам!

– Нигина нест… интухин… вай…

– Дур?? мег?яд ин занак! Худум дидам, ки Нигина ховай.

– Вай Нигина не, интухин, канизак вай…

Сабзал? башаст ба та?она даромаду канизакро аз ?ойга? хезонда, берун баровард, ки либоси кабутари ?арам дар бар дошт.

– Ёри мо кан?? – ранги Мирмалик сиё?у сафед шуд. – Нигина ку?о рафт?! Худоё, ин ч? гап? ?онам ба ?ал? расиду ба ?онон намерасам… Ой… дилам…

Шакархонумро бар ?оли табо?и Мирмалик ра?маш омад:

– Дина баъди рафтани шумо, интухин, дили нозукаш хеле ба танг омад. Интухин, шаби дароз хобаш набурд. Паго?? андак осуда шуду гуфт, ки ило?и аз чанги Хоразмшо? халос шуданро ёфтааст. Баъд… интухин, бо ин канизак либос иваз карда, дар ?ойга?и худ хобонду бо канизаки дигар бадар рафт. ?ар ду бемалол аз пеши язаки посбон гузашта, интухин, чун симоб дар хок ночиз шуданд…

– Ин занак рост мег?яд? – шиддатнок пурсид Сабзал? аз канизак.

– Ойт? рост мег?янд. ?ар ду ба хоб не, ба бедор? дидем, ки ана ин ангуштарини тилло ба лелаки ман андохту гуфт: «Агар аз ??даи кор баро? ва сирро устувор дор?, чалла азони туст!» Баъд либос?ои маро п?шиду Со?ида кат? аз та?она гурехта рафт…

– Нагуфт, ки ба ку?о меравад?

– Гуфт, ки ба Ху?анд меравад…

– Вай тан?о рафт ё ?ар ду рафтанд?

– Ман аз ку?о донам?! Даруни бистар кабутар шуда, то омадани шумо?о ?имакак хоб будам, – овози канизак ларзиду гиря ва зор? о?оз карда, ба Мирмалик р? овард: – Эй марди калон! Шумо худатон медонед, ки калонро мебояд ?ами хурдон х?рд. Ин мардакро г?ед, ба ман за?р нарезад, дигар азоб нади?ад. Агар не, дуои бад мекунам…

– ?ай-?ай! Дуои нек мекунем, ки ?ар ку?ое бошад, Нигинаро Худо ёраш бод! – гуфт бо нафаси пурс?з Мирмалик. – Аз он метарсам, ки а?ли ?а?лу ?асад офате ба вай нарасонанд. Навакак аз амри хуш сарфароз будам, ?ол? болои сарам санги осиё мегардад. Ба дидораш ду чашмам чор асту лоа?ал сояашро намебинам… А?або, вайро ба ин кори пурхатар к? водошта бошад? Ку?о буданашро к? медонад?!

– Ман медонам! – нидо дардод Шо?мурод. – Сокинони ма?алларо ?арчанд талаб кардам, дарак надоданд. Бо?у ро?и атрофро кофтам, нишоне наёфтам. Дар ро? падару духтареро вох?рдам, ки ду канизаки Ху?андравро дида, ?атто ро? нишон додаанд. Он?о бо пайро?аи миёнабури Рухак рафтаанд. Ба суро?и Пири бузургвори Ху?анд…

Дар че?раи оши?и мискин табассум мав? зад ва сухани суб?онаи Шайхи Ху?анд ёдаш омад. Зимни дил «Эй бахти хоболуд, бедор шав!» гуфту ба ашхоси мутасадд? дар бораи то Ху?анд беозор расондани Шакархонуму канизак ва ?ама бору бухча?о дастур дод. Чобук ва сабук ба асп нишасту ?амро?и Сабзал? ва Шо?мурод с?йи Ху?анд парвона шуд.

Шакархонум дар?ол даст ба дуо бардошт:

– Эй со?ибдавлатам! Дуо мекунам, ки шуморо ?амеша фалак ёвар? кунад ва и?боли нек ро?бар?! Нигинаро ёбед ва, интухин, асло гум накунед…
<< 1 ... 97 98 99 100 101 102 103 104 105 ... 141 >>
На страницу:
101 из 141