Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 93 94 95 96 97 98 99 100 101 ... 141 >>
На страницу:
97 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Со?ида масли?атомез кадбонуяшро нигаристу аз ишораи пин?он? рамуз бардошта, сухан ба танз гуфт:

– Вой бар ?оли ту барин дардманд, ?азор вой!

– Вовайло чаро?

– Дар к??доман дили шикаста ба дармон соз нашавад. Агар то Ху?анд моро беозор расон?, шояд ило?е пайдо гардад…

Шарофиддинро равна?и чашми харидор? дучанд гашт:

– То чашм дар сару равонам дар тан аст, ба хидмати ту гардан ни?ам ва ?ар амру фармонат бе?арф, аммо жарф и?ро кунам! Агар хо??, то Ху?анд туро пуштвора мебарам!

– Маро пуштвора не, пуштибон мефорад! ?оло, ки косаву к?заи олам шикастан дорад, мани муштипар ба мураббии м?ътабар ниёз дорам…

– Бо ра?ми хушнудии ма?буб к?шидан хилофи фармони Худованди му?аббат асту оне, ки аз хатар андеша дорад, оши?и ?а?и?? натавонад шуд! Ман аз ?аводиси айём андеша надорам, ?ама нозу исти?ноят тори сар мебардорам…

– З?рат мерасад? О?илон мефармоянд, ки бара?на бар хор по нак?бад…

– Дил ка? мадор, эй нозанин! Азбаски ба як наззора ин дили овора дар ?ал?аи гес?ят кашола шуд, ?ама ро?ату осоиши дунё мефур?шаму иш?и ситамгар мехарам.

– Бо нардбон ба осмон набароянд…

– Шоирон то осмони ?афтум мебароянд! Ман, ки дар сояи куло?и шоири тавоно Саъдии бузургвор гаштаям, ?арзадарою ёвапаймо нестам! Дуруст мег?ям, эй устод? – Шарофиддин чашми умед ба Саъд? д?хт, ки ?амро?и Нигина мунозираи ?амро?они худро бо зав? мешуниданду лаб?о пур аз ханда медоштанд. Устод дар?ол ба мадади шогирд расид:

– Шарофиддин на кам аз булбули баланд?иммат аст, ки пайваста меболад, аммо аз тааммули маша??ат дар ро?и му?аббат ?аргиз наменолад. Вай туро нозбардори асил хо?ад шуд:

Гар бар сари чашми вай нишин?,

Нозат бикашад, ки нозанин?!

Хезед, ёрон, фурсати рафтан даррасид. ?арчанд лабу дандони р?з ?ан?з хандон аст, гузаштани пайро?аи к??? на он ?адар осон аст!

– То Ху?анд масофат дур аст?

– Шояд ки ду фарсанг ро? бошад, ё андаке бештар…

Шарофиддин ба канизаки гулрух ду дида сурх кардаю хастагию шалпар? ба?она сохта, хо?иш намуд, ки боз андаке биншинанд ва ?убори дил тоза кунанд. Со?ида бо ? ?амфикр буданашро соддалав?она ошкор кард:

– Пайро?аи к??? бехатар бошад? Агар ша?ол ё гурге дучор ояд, ч? кор мекунем?

Саъд? хандид ва гуфт:

Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоубол?[97 - лоубол? – нотарс?, бебок?, бепарво?] шав,

На ёрон маст хезанду на ту мастур биншин?.

– Байти хуб гуфтед, устод. Акнун латифае ба миён оваред, то духтарон зав? баранд.

Саъд? норозиёна сар ?унбонд, аммо сухани д?ст нашикаст:

– Шабе дар биёбони Макка аз бехоб? пои рафтанам намонд. Сар бини?одам ва шутурбонро гуфтам:

Даст аз ман бидор!

Пои мискин пиёда чанд равад?

К-аз та?аммул сутуда шуд бахт??

То шавад ?исми фарбе?е ло?ар,

Ло?аре мурда бошад аз сахт?.

Гуфт:

– Эй бародар! ?арам дар пеш асту ?аром? дар пас. Агар рафт? – бурд?, агар хуфт? – мурд?!

?ама базав? хандида, баробар аз ?ой хестанд ва ба к??ро?а часпиданд. Саъд? пешопеш мерафту Шароф аз ?афо ва духтарон дар мобайн. ?ар кадоме саргарми андешаи худ ?адам мемонд. Фикри тамошои ша?ри калон аз майнаи Со?ида дур афтода, ?ар замон бо кун?и назар шоири истравшаниро менигаристу самим? ё дур??ин будани иш?и вайро дар мизони а?лу фаросати хеш месан?ид. Де?аи он?о – Угук аз Истравшан он ?адар ?ам дур набуду агар бахташ омад кунад ва бо шоир ?амта?дир шавад, ба таъбири мардум «кордаш болои рав?ан» ме??тад. Вале, як кун?и дилаш ?аш мекард, зеро ?ама сухан?ои шоирро хушг?? ме?исобид ва гумон дошт, ки хур?ши хур?с дер намепояд. Бо ву?уди ин, зери лаб «дер омад?, дуруст ой, шер бош, эй ?авонмард!» г?ён ба вай тавфи? металабид.

Каллаи шоир ?ам пур аз хаёли хелмахел буду вайро забон дигару дил дигар ва барои сайд кардан сахт к?шиш мекард. Сухану шеър ба дому донаи а?л табдил дода, канизаки хушнамудро дандонзади ?азор ниго?и гурусна ме?исобид ва шева?ои чашми интизори ?ро бо назари дигар исти?бол фармуда, мисли а?лаб мардони ташнаю ?арис чунин мепиндошт, ки харбузаро мепарваранд, то гардан зананд ва аз таъму тароваташ лаззат баранд.

Саъд?, ки ?аблан дили ?ар ду гулрухсор ?амвазн ниго? медошт, баъди омадани Шарофиддин ?имматаш пурра болои Нигина к?чид. Ин шоири ?а?ондида ва та?рибаанд?хта ?амеша дар бо?и васл чун товус менозиду на ?ар со?иб?амолро назару писанд мекард, вале баробари дидани канизаки мо?талъат а?лаш ?айрон шуду фа?маш о?из. Зери лаб «ангушти хубу баног?ши базеб бе г?швори заррину ангуштари фир?за ?ам дилфиреб» г?ён, ба хулосае омад, ки чу дида дид, дил аз даст рафту ?ушро то?ат намонд:

?ар он ки ме?ри яке дар дилаш ?арор гирифт,

Раво бувад, ки та?аммул кунад ?афои ?азор!

Баробари шунидани нахустин ?умлааш аз ?усни ифодати вай, аз фасо?ати баён ва каломи мавзуну дилорояш ба ва?д омад ва фа?мид, ки ?уснфур?ш нест. Чун донист, ки он канизак бар Хоразмшо? иддио дораду аз Шайхи Ху?анд масли?ат ме??яд, дидаи идрокаш равшан гашту сухани ?амсафараш Сайфуддини Исфаранг? ёдаш омад: «Кабутари ?арами Му?аммади Хоразмшо? Нигинаи Ворух? зеботарин зебосанам дар олам асту Султон Сан?ари сон? ба ? дандон тез кардааст. Вале подшо? метавонад, оламе ба зери нигин оварад, ?айр аз Нигина!» ?амон р?з андалеби хушнавои Исфара ?амолу ?илваи ра??осаи оламгирро басо тасвир карду гуфт, ки ?ар касе бо чашми ?авас ин о?униго?ро бинад, чу Ма?нун биёбонмарг мешавад, вале Лайлии замон бо ноз мераваду чашми фаттонаш ?ониби касе наменигарад, ?аргиз ба сурфаи мардум магасвор намешинад. Вай бо як ниго? ва?широ ром месозад, зеро дар ба?ал фусуни пар? дораду фариштаи ба Худо наздиктарин – д?шизаи карруб? аст…

Фариштани?оду малактабиат ва некусиришт будани бадри мунир ва к? будани ? дар о?ози с??бат барои шоири рамузфа?м аён ва ошкор гашту ?иддан азми сафари Ворух намуд. Агар Со?идаю Шароф халал намерасонданд, шояд Саъдии Ворух? мешуд. Лекин… бо амри Парвардигор ро?и савоб он донист, ки аввал ба с??бати Шайхи кабир шитобад, то масли?ат кардаю фоти?а гирифта, баъд ба Ворух равад…

Дарво?еъ, масъалаи Хоразмшо? ч? мешавад? ?ама гапу корро як тараф монда, аз подшо? Нигинаро хостгор? кунад?!

Не, намешавад! Му?ол аст д?зандаг? аз сагон ва бахшандаг? аз подшо?он:

Гадое, ки аз подшо? хост духт,

?афо х?рду савдои бе?уда пухт!

Зайифе, ки бо ?ав? диловар? кунад, ёри душман аст дар ?алоки хеш:

Чашм агар бо д?ст дор?, г?ш бар душман макун,

Оши?ию некном?, Саъдиё, сангу саб?ст!

Оре, сад саб?ро бишканад як пора санг! Як ?арфи бе?о, як ишораи хато решаи иш?и навдамидаро аз бех мес?зонад! Саъдиё, ба дирафш мушт мазан, ки ран?а шав?! Шоирон ба ?ойи мушк ?е? го? саргин наб?янд ва сирри дил бар подшо?он наг?янд! Гарчанде мур?и баландпарвозро банд сохтан кори ?ар мард нест, шоир метавонад кабутари ?арам бо лутфу карам дастом?зи хеш гардонад.

Саъд? ба ёд овард, ки кабутар бо лафзи араб? ?амом асту оши?он ма?бубаи хубр? ва со?иб?амолро ?амома мег?янд:

Х?риш де? ба гун?ишку кабку ?амом,
<< 1 ... 93 94 95 96 97 98 99 100 101 ... 141 >>
На страницу:
97 из 141