Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 90 91 92 93 94 95 96 97 98 ... 141 >>
На страницу:
94 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Хом?ш!!! Падарлаънат, чаро гап аз харг?ш сар накард??! – Хоразмшо? мисли васвос аз ?ой хесту р?й туруш намуда, чу раъд хур?шида, пой бар фарш к?фт. – Хо??, ки занат дар азоят гиря накунад, аз пеши назарам дафъ шав! ?уян шав!! ?а-?а-?а!

Хоразмшо?, ки ла?зае пеш саб??? зада, сархуш буду дили хуррам дошт, тан?о монд ва побанди хаёл гашт. Че?раи ?оони му?ул пеши назараш омад ва аз ?айбати бад ?аросе ба дилаш ро? ёфт. Сипас перомуни чанд ибораю калима?ои та?дидомези мактуби Чингиз андеша ронду ошуфтахотир шуд. ?оонро нафринкунон чун аз ?ой хест, ошуфтаг? аз димо? бар сараш гузашту мисли гирдбод атрофи чаро?и а?лашро печонд. Тори асабаш таранг гашту со?иро фарёд кард, то бода гардонаду аз нашъаи шароби ?амил мал?л? ва хаёли бад аз дил берун андозад.

Пас аз ?ада?и аввал андак сурх? ба р?яш дамид ва «Пеш биёр ?ар ч? дор? аз шаробу кабоб!» гуфту чашму абр?и Нигина ба назараш намуд. Ла?заи висолро тасаввур карда, ?ада?е барои ар?си товусхиром н?шид ва бо ишти?ои ?озгир порае кабоб ба да?он андохт, ки ба?оят хушлаззат буд. ?ада?е дигар ба сар кашиду порае дигар аз г?шти мулоим газиду боиштиё? хойида, лаб ба та?син кушод:

– Агар х?риш хуб бошад, майро гувориш бисёр шавад ва хастаг? аз тан берун андозад. Имр?за шароби басо гуворою кабоб лаззатнок аст!

– ?амеша комраво бошед, эй шо?аншо?и муаззам! Шароби к??наву г?шти нав ?амеша фораму гуворо бошад. Хушх?ру зуд?азм ва ширин аст г?шти харг?ш…

– Ч? гуфт??! – г?штпора аз дасти шо? афтид. – Ин кабоб аз г?шти ?уян??!

– Бале, тару тоза! ?амин паго?? шикор шудааст…

Хоразмшо? ?ом бар сари со?? заду г?штреза?ои да?онаш бударо ба замин туф кард ва то ?он дошт, баланд дод гуфт:

– ?оч!!!!

Надиму солору табибу нига?бон?о дартоз омаданд ва диданд, ки подшо?ро як нима рухаш зарду дигар нима сурх гашта, аз ?ая?они дам ва хафа?он ба худ мепечад. Бо амри табиб вайро дар?ол р?йболо хобонда, оби сард н?шонданду дасту пой?ояшро ма?кам доштанд, то мав?и э?сос ва ш?ру валвалаи ?албаш фур? нишинад. Зуд ба Султон ?алолиддин кас фиристоданду ва?те омад, табиб бехг?ш? фа?монд, ки шо?аншо?и олам дучори ва?ла шудааст – ягон чизи нофорамро дидан ё шунидан ?амон дар ву?уди инсон тарсу бими нога?он? пайдо мешавад…

Шо?зода ?айр аз табиб дигаронро рухсат доду соате ба ором? гузашт. Дар ин муддат Сайиди Ашраф бо овози пичиррос? фа?монд, ки ва?ла бемории зудгузар асту ва?те дар сари одам фикру хаёли хому ка?у пуч бисёр шаваду шод? бо ?аш омезад, дил ба танг меояд. Агар шахс худро аз олами хаёлоти ва?мангез гурезонда тавонад, зуд шифо меёбад. Табобати ва?ла бо дорую дармон ило? надорад ва барои аз майнаи бемор афшондани суханрезаи бисёр му?ити амалро, яъне ма?рои дарёи орзую ?авасро ?ар ч? зудтар та?йир мебояд дод…

Хоразмшо? чун чашми оламбин бикушод, шо?писари хеш бар сари болин дид. Аввал «?у?аста бош, ки ?аст? сазовори шо?аншо??!» гуфту баъд ба ёди Нигина баланд фарёд кашид:

– Нигинаро пай?ом де?, то чуноне ки ?аст, тозон ба канори ман ояд!

?алолиддин хост аз ?ой бархезад, аммо шо?и табзада кафи ?асрату надомат ба ?ам молида ва аз бахти нагун, толеи дун ва дунёи бу?аламун нолида, дасти фарзанд ма?кам дошту гиряолуд хитоб кард:

– Исто! ?озир дар ?афт осмон як ситора надорам! Шайх бор аз хар афтонд, шо? дубора ба хар ни?од. Нигинаро набиёр, ки моро замона замон намеди?аду Чингиз амон! Э?тиёт шав, писарам, аз Чингиз хатар андар хатар хезад! Гурез писарам, ?ар ки аз хатар гурезад, ба шод? даровезад! Гурез! Не, исто! Г?й ки бода биёранд!!

?алолиддин боз аз ?ой хестан? шуд, вале падар дудаста домони ?ро дошта, абла?вор хандиду да?онашро калон кушода, пароканда сухан гуфтан идома дод:

– Аз пеши ман на?унб, писарам! Мешунав?, Чингиз меояд! Г?й ки ба ман май оранд. Не, маёранд! Натарс, Чингиз не вай, ?о?он? будааст! Овозашро мешунав?? Ба ман шеър мехонад шоири пир: «Ва?шате дор?, бирав, бо ва?ши са?ро унс гир!» Фа?мид?? ?арфи шоирро ?арфи девона напиндор! ?о?он? маро аз Ху?анд меронад! «Дар Ху?анд инсу ?инс бисёр» мег?яд. «Дар хама ?о инсу ?инсу деву пар? ба фармони ту буду дар Ху?анд чаппа шуд, ?уян шав!» мег?янд… оъ… ?уяни Чингиз кан??! Як пояшро ман х?рдам, ту нах?р! Гурез!! Чингиз омад!! ?уян омад!!! Гурез!! Гурез!!! Ту…

Хоразмшо?ро табаш баланду ?олаш табо? гашт, табларза гирифту забон аз даруни ком ра?о карда, сахт газиду вайло кард. Беист забон мехойид ва менолид. Шо?зодаю табиб дасту пой ва сару ?о?ашро ма?кам дошта, бо азоби алим ором намуданд…

Боз соате ба ором? паси сар шуд. Сайиди Ашраф аз чанд гиё? ма?лули обак? тайёр карду бо пахта ба да?ону бинии Хоразмшо? чакконда ва лабу забонашро пок карда, нафаскашию нафасбарориро м?ътадил гардонд ва бо садои пасту ма?зун гуфт:

– Ва?ла ва саръ ?ар ду бемории асаб асту о?ози молихулиё. Ин касалии димо?? боиси хаёлоти ва?мангез мегардад. Мариз хаёл? ва савдо? шуда, хуни сиё?и шахш?л ма?зи сари хаёлангезашро мех?рад. Ин ?олатро олимон тилисми ?айрати ав?ом мег?янду табибони ?адим каран?у меномиданд…

И?омат дар ин ва?шатсаро ла?за ба ла?за хавфу хатар мефизояду дарди бузург бар вай муставл? мегардад. Шо?аншо?и муаззамро ин ?о ?аловат дар миён, аммо саломат бар канор асту ?ар ч? зудтар ба макони дигар инти?ол ди?ем, зиён камтар ва бардошти бори гарон сабуктар мешавад…

Сухан?ои табибро ?айри ?алолиддин дигар шунаванда набуд ва Хоразмшо? карахту ношунаво мехобид. Аммо чун ба худ омад, бо овози канда-канда, чанд ?арфи калима?оро талаффуз накарда, ба валиа?ди хеш гуфт:

– Чинг… ман ?о…ду. Аз Ху?… тез… рав… Хок… Ху?… ваз-н! ?о… су…с… ?у-ян… г…фт. Со…??… ?у…ян дод… Ман тез рав…! Ар…ба! Хез… дав!

Султон ?алолиддин аз ?арф?ои пароканда ?амин ?адар фа?мид, ки Чингиз падарашро ?оду кардаасту аз Ху?анд ?ар ч? зудтар берун бояд рафт. Гапро дигар кашол надода, зуд ?амаро ба по хезонд. Аробаи подшо?? назди саропарда оварда, султони оламро бо иззату э?тиёти тамом ба тахти равон шинонданд.

Корвони шо?аншо?? ?амон замон аз Ху?анд ?ониби Самар?анд равона шуд…

Равзанаи чорум. Тафте?и боби нави оши?она аз дурахши ахтари рахшони пурфасона

?офилаи подшо?? ба ро? набаромада, Нигина с?и Ху?анд ро? пеш гирифт. Вай дар як нафас мисли ?унуни сабукбол ?ониби подшо? паридани Мирмаликро дида, он шаб бедорхоб? кашидаю жарф андешарон? карда, охиру охирон ба хулосае омад, ки ?имоятгари тавоно, додрасу додхо? ва ро?намою масли?атгари асили ? Бобокалони Бузургаш ?азрати Бадеуддини Нур? асту бояд ?ар ч? зудтар худро ба ?узури эшон расонад… Аммо ч? тавр? Худро ч? хел аз та?она берун барорад? Ч? гуна худро ба Ху?анд расонад?

Аз фикру андешаи зиёд сараш ба дард даромад. Вале ро?и на?от ба назараш намоён нашуд. Аз хонаи торик худро берун овард. Муддате гашту гузори язаки нига?бон, мо?и тобон ва ахтарони рахшонро тамошо карда, аз насими серун лаззат бурда, як каф аз оби мусаффои чашма н?шид. Аз ?удрати оби шифо якбора хирадаш равшан гашт ва дар равшании ма?тоб ро?и халосиро баръало дид!

Бо тамоми ?аст? о?и сабук кашид ва байте хуфя хонд:

Ба ?иллат к??ро аз пеш бардоштам,

А?аб санге зи ро?и хеш бардоштам!

Пас аз адои намози бомдод боз ба сари чашма омад. Язаки навбатдорро ?амоно бедор ва ?ушёр дид. Бо ла?ни латифу мавзун салом гуфту ?олпурс? кард:

– Эй бародар, тамоми шаб нахобида, чашмаро посбон? кардед?

– Чашмаро не, нури чашми шо?аншо?ро!

– Офарин бар шумо! Баъди ношто ба Ху?анд меравем ё дертар?

– Са?е? намедонам. Шояд имр?з ба ?е? ку?о наравем…

– Ин хел бошад, ман то нимар?з? бемалоли хотир хоб меравам. Худатон дидед-ку, шаб норо?ат? кашидам, хобам набурд…

– Баъзе?о дар ?ойи нав шаби аввал бедорхоб? мекашанд. Хайр, хоби хуш бинед!

– Ташаккур, эй бародар! ?озир канизак?оро барои овардани меваю ангур ро?? мекунаму баъд супориши шуморо и?ро карда, хоб?ои на?з мебинам. Ба ?амро?онатон г?ед, маро норо?ат накунанд.

– Ба чашм, бону?он!

– Саломат бошед, бародари азиз!

Язак, ки аз муомилаи хуши кабутари ?арам дар суб?и соди? шоду хуррам гашта буд, пеши ро?и ду канизаки чодирпеч ва сабад бар сарро надошту бе кун?ковию х?рдагир? дарвозаи ?алъачаро кушод ва таъкид кард, ки барои бону?они ширинзабон мева?оти ширинтарин биёранд. ?ар ду каниздухтар баробар сари таъзим хам карданду яке бари чодирро са?л боло бардошта, бо табассуми мале? с?и язак чашмак заду гуфт:

– Ба чашм, ако?они ширин!

Канизаки дуюм ?арфе нагуфту даст ба санду?и сина ни?од ва чобук ба ро? даромад. Вай Нигина буд, ки дар ?усту??йи бахти хеш ба с??бати Пири муродбахш мешитофт. Дар ?ойи хобаш канизаки дигар бо либос?ои фохираи ? мехобид ва ба чашми язак?о кабутари ?арам метофт…

Нигина ?ангоми омадан аз Самар?анд мушо?ида карда буд, ки ароба аз ро?и Фар?она тарафи чап гашту як фарсах бештар пайро?аи морпечро тай намуда, ба ?алъачаи Де?мой расид. Имр?з, ки ароба набуду канизаки ?амро?аш ро?и Ху?андро намедонист, вай таваккал ба Худо намуда, аз байни ?ойит?ову бо??ои сабзу хуррам бо ?амон пайро?аи шинос ?афо баргашту ба ро?и Фар?она баромад. Аллакай офтоб аз сари к?? ба осмон баланд шуда, насими са?ро нак?ати тару тоза надошт ва Нигина ?ини нафас рост кардан о?иста ба ?афо нигаристу ягон язак ё посбонро надида, бовар кард, ки аз та?онаи монанд ба ?абсхона ра?о шудааст. «Агар тарафи рост тоб х?рем, ба Истаравшан бармегардем, – худ ба худ гуфт Нигина. –Агар ба тарафи чап гардем, ро? то Фар?она мебарад. Пас, ро?и Ху?анд ку?ост?»

Сар?исоби рафтанро гум кардаю го? ба чапу го? ба рост нигариста, мисли о?уи ланг саргаранг меистод, ки яке сухани амакбобояш А?мадсайид ба хотираш омад: «Дар и?рои коре дудила шав?, он тараф ихтиёр кун, ки бароят безарару осон намояд». Албатта, ро?и сипаришуда, ки росту ?амвору бехатар буд, Нигинаро тарафи худ кашид ва хост ?амон с? гом ни?ад. Ин асно аз байни зардолузор бо?бони ришсафеде намудор гашт чун себи дукафон ба Бобокалони ху?андиаш Шайх Масли?атдин монанд. Пештари духтарон омаду ?ол пурсид ва гуфт:

– Тарафи рост равед, ба шо?ро?и Истаравшан – Ху?анд мерасед, ки пуродам асту ра?гум намезанед. Ба чап гардед, баъди ягон фарсах пайро?ае мебарояд, ки аз теппак??и Рухак гузашта, ба Ху?анд мебарад. Ду баробар наздик аст, аммо хилвату камодам.

– Шумо ч? масли?ат меди?ед?

– Шахсоне, ки шитоб доранд, бо ро?и миёнабур мераванд. Бехатар аст, ?ад-?ади к?ча бо?бону де??он?о ра?намою мададгор мешаванд. Агар ба худ бовар дошта бошед, ман кафилам, ки си?ату саломат то Ху?анд мерасед.

Нигина, ки аз дидору дуои ин пири нурон? фоли нек бардош- та буд, ?арчанд либоси каниз? дар бар дошт, лек ?ад-?ади ?ав пой монда, чун нозуксанами асил бо ?илваи хос пеш мерафт ва ?ар замон бо табассуми фарох Со?идаро менигарист. Канизаки тануманд ва гандумрухсор, ки бену?с и?ро намудани ?ар амру фармоиши кабутари ?арамро вазифаи худ медонист, ба лабханд?ои кадбонуяш пайрав? намуда, бо хаёлоти ширин ба тамошои ша?ри калон мешитофт. Зеро Ху?андро то ?ол надида, аммо таърифашро бисёр шунида, ин сафарро ?адяи та?дир ме?исобид. ?ар ду ба ?укми зарурат сухан гуфтаю манзара?ои атрофро тамошокунон чоштго?? ба к??доман расиданд ва де??онеро диданд, ки ?амро?и духтараш барои тарсондани парранда?о афча соз мекард. Баъди салому алейк ва ?олпурсии урф? де??ондухтар канизак?оро бо чою ?алво зиёфат карду падараш дар ку?о будани пайро?аи Рухакро да?и? нишон дода, иловатан гуфт:
<< 1 ... 90 91 92 93 94 95 96 97 98 ... 141 >>
На страницу:
94 из 141