Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 95 96 97 98 99 100 101 102 103 ... 141 >>
На страницу:
99 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Шеъре, ки сохта бошад, табъи дил набошад! Аз хушомад пар?ез, эй фаришта! Ба Худо савганд, ки гарду чанги кафши пои ту аз шеъри к?чаг? баландтар аст! Ба ?арф?ои р?йандуди шоир?о илтифот нафармо ва ?адяи ?аразнок аз он?о нагир!

Зан?ои ?ушёр гирди иш? намегарданд, чунки агар нарм? кунем, он?о дар к??и беодам моро ба тарзи дилхо?и худ истифода мебаранд…

Г?шагириву г?шак? сухан гуфтани Со?ида ?аши Шарофиддинро овард ва хашмнок гуфт:

Гапи бехг?ш гусаст беху бунам,

Макри ёрон шикаст болу парам!

Шеъри лакнатдори суханвари истравшан? духтаронро безобита карду чашми имдод ба Саъд? д?хтанд. Вай дар?ол ба к?мак шитобид:

– Эй бародар, ?аме маёвар! Шоир он аст, ки чун хашмаш ояд, талх наг?яд. Хирадмандон гуфтаанд: ?ар к? сухан насан?ад, аз ?авоб биран?ад! ?авоби талх нахо??, ба ?ал? ва да?они ёр фур? рез шарбате ширин:

Гарат аз даст барояд, да?ане ширин кун,

Мард? он нест, ки муште бизан? бар да?ане!

– Маъзарат, устод! Ба Худо ?асам, ки ман дили духтар?о асло намеран?онам. Ин ма?вашон оли?аи хубанд! Ба ду чашми ман чунин менамояд, ки офтобу ма?тоб аз р?йи ин гулче?ра?о ба амонат нур гирифта, р?зу шаб оламро равшан мекунанд…

Аз ?а?ду шитоб ва ташбе?и соддалав?она духтарон пих-пих хандиданду шоири ?авон осемасар шуд:

– Эй духтар?о, ба Худо ?асам, ки рост мег?ям. Шумо ба ?усн офтобу ма?тобед, агар бовар накунед, ойинае ёфта, р?йи худ бубинед. Ба Худо ?асам, ки аз ?амоли худ ангушт дар да?ан мемонед!

Барои тасди?и сухани худ бо и?озати устод аз э?одашон байте ба орият меорам:

Оинае талаб кун, то р?йи худ бубин?

В-аз ?усни худ бимон? ангушт дар да?онат!

– Д?ст ойина бошад, агар нек нигар?! – лу?ма партофт Со?ида ва ба Шарофиддин ?уввати гуфтор дод.

– Ч? хуш гуфт?, эй духтар! Сад?аи суханат шавам, ки маро д?ст хонд?! Ба худо ?асам, ки д?сти бериё ва ихлосманди асили ту мешам!! Агар дигарон ни?уфта из?ори д?стдор? кунанд, баръало мег?ям, ки бе ту ятиму мурдадилу пой дар гилам ман! Ла?зае пеш гуфтан мехостам, ки «Эй чаро?и ?а?он, биё, чаро?и хонадони ман шав!», аммо аз устод ибо карда будам. Акнун баръало мег?ям, ки ту бо як ниго? дили девонаи маро ба оташкада табдил додию агар ниго?и хеш дигар ?ониб гурезон?, аз дили с?зони хеш ончунон о? мекашам, ки офтоб мес?зад!

– Илтимос, эй шоири ш?рида, о?и пурдард накаш, ки агар офтоб с?зад, мо ро?гум мезанем ва то Ху?анд намерасем.

– Сухан ба киноя гуфтан туро мезебад, эй духтар! ?ар ч? мехо??, биг?! Фа?ат магузор, ки хонаи умеди манро бар?и чашмонат пурра бис?зонад. Агар хо??, пеши поят сар мемонам…

Со?ида мисли мокиёни ?олиб бо тафохур сар бардоштаву ба Нигина чашмак зада, бо ноз гуфт:

– Сухан о?иста г?й, эй шоир, ки занат нашунавад, то дар шикан?аи чор дасту пой намон?!

– ?ан?з марди му?аррад ман, зану к?дак надорам. Бовар накун?, аз устод пурс…

– Ман аз пурсидан шарм медорам. Устод худашон мег?янд, ки чанд зан доранд…

Шарми сохта, ишорат ва кинояти канизак Саъдиро писанд омад ва ишваи латиф чун шакар бих?рду шаммае аз саргузашти худ на?л кард:

– Замоне асири Фаранг шудам. Дар ханда?и Туробулус бо ?у?удонам ба кори гил бидоштанд. Яке аз сарварон ?алаб, ки соби?ан маърифате миёни мо буд, гузар кард ва бишинохту гуфт:

– Эй фулон, ч? ?олат аст?

Гуфтам:

?аме гурехтам аз мардумон ба к??у ба дашт,

Ки аз Худой набудам, ба дигаре пардохт.

Нига? кун, ки ч? ?олам бувад дар ин соат,

Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт.

Дар ?олати ман ра?м оварду ба да? динорам аз асир? бозхарид ва бо худ ба ?алаб бурду духтаре, ки дошт, ба нико?и ман даровард ба кобини сад динор. Он духтар бадх?й, ситезар?й, нофармон буд, забондароз? карда, айши маро талх гардонд:

Зани бад дар сарои марди нак?

?ам дар ин олам аст д?захи ?.

Зин?ор аз ?арини бад, зин?ор:

Ва ?ино раббано азобан нор![99 - Худоё, аз азоби д?зах маро нига? дор!]

Боре забони тааннут[100 - тааннут – айб??? ва бадг??. ] дароз карда гуфт:

– Ту он нест?, ки падарам туро аз фаранг ба да? динор бозхарид ва халос кард?

Гуфтам:

– Бале, ба да? динорам халос карду ба сад динор ба дасти ту гирифтор!

Нури гетифур?зи чашмаи ??р

Зишт бошад ба чашми мушаки к?р!

Атои падар ба хатои духтар бахшидаму аз ?алаб фирор карда, сайру тамошои олам пеш гирифтам. Инак, дар ро?и Ху?анд бо ду со?иб?амоли ар?манд дучор омадам:

Яке гуфт: – Аз ин навъ шириннафас,

Дар ин ша?р Саъд? шиносему бас!

Со?ида ниго?и латифе ба Нигина афканду булбули ?озир?авоб шуд:

– Гуфти дугонаам дуруст. ?ама шуморо мешиносанд, чунки берун аз диёри худ ?ам обр?и бузург доред! Бисёр духтарон бо шоири маш?ур ?амс??бат ва ?амнишин шуданро орзу мекунанд…

– Эй духтар, андоза нига? дор, ки муболи?а аз ?ад гузаронд?! Саъд? ?ар замоне мур?и шохи дигар нест ва бо хаёли ка? умри азиз зоеъ намекунад. Аммо:

Инсоф меди?ам, ки латифону дилбарон

Бисёр дидаам, на бад-ин лутфу дилбар?!
<< 1 ... 95 96 97 98 99 100 101 102 103 ... 141 >>
На страницу:
99 из 141