Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 101 102 103 104 105 106 107 108 109 ... 141 >>
На страницу:
105 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– К? гуфт, ки ту инсон??! Худатро кафтару кабку о?у ме?исоб?. Саъдию Сайфу дигар шоир?о туро фариштаю бадру малак ме?исобанд. Ба чашми ман паризоду париатвор ва парирухсор менамо?. Хулласи калом, ту инсон не, бути оши?куши айёру офати ?ону балои имон?!

Туро мисли ч?би сарви равон тарошидану харошидану бо ранда ?амвор кардан кам аст. Туро мисли марворид к?фтану суфтану сай?ал додан одоби ?авонмардист!

Хез аз ?оят! Рафтем ба хилватхона!!

Нигина паршикаста шуду ба кун?и хона ?унча нишаста, аз дидани Мирмалик дида п?шиду хом?ш? ихтиёр кард. Тарсу аз он буд, ки агар амали ношоистае аз вай содир гардад, номуси духтаронааш ва номи некаш сахт до?дор мешавад, иффат ва ифтихори д?шизаи бо?амол барбод меравад…

Худо шо?ид, ки муштипар барои ?ифзи покдоман? ?ама кори аз дасташ омадаро кард, тамоми ма?орати худро кор фармуд, то Мирмаликро аз феълу амали нохуб боздорад, вале… ?олиё бо чашми дил мебинад, ки инони бузургмард аз дасташ рафтан дораду алифбои оши?иро ба г?шаи фаром?ш? ни?ода, дар ?урури ша?риёр? менозад… Ч? бояд кард??

Нигина билфавр ба ?ароре омад, ки со?ир? ва нозу фиреби дилбар? ба кор андозад, то ?ам лаъл ба даст ояду ?ам ёр наран?ад. Яъне ?ам оши?и ш?рида андаке ором гираду ?ам имкони тоб х?рдан пайдо шавад. Ба?ри и?рои ин ма?сад сухане мухтасар ва нишонрас бояд г?яд.

Чи г?яд?!

Мирмалик ?адаме пеш гузошту духтар бо тамоми ?увват нидо кард:

– Истед! Мушкилоте мепурсам, ?авоб гардонед!

Мирмалик ла?зае тава??уф карду гуфт:

– Пазируфтам. Он ч? мехо??, бипурс.

– А?д бастан аз а?д бастан ч? фар? дорад?

– А?д бастан паймон кардану ваъда додан асту а?д бастан нико? кардан, ба зан? гирифтан…

– Оё мо а?д бастаем?

– ?аргиз ба вафо бо ягон духтаре а?д набастаам. Аввалину охирин ту бош?, эй ороми ?онам!

– ?ар духтар аз домоде чун шумо фахр дорад, эй ?азанфари Ху?анд! Аммо ?е? яке нозидану болидан мисли ман натавонад, эй Хисрави хубони олам! Агар азми ?азм дореду вафо дар дил мепарваред, даст бар сари ман ни?ед ва мардона савганд х?ред, ки Худованд шо?иди мост.

Мирмалик бе ягон андеша дасти рост бар сари Нигина гузошту бо лафзи бурро гуфт:

– Ба номи Парвардигори бахшояндаи ме?рубон як не, ду не, ?азор савганд, ки туро бе кибру риё ёри азизу ме?рубон, анису м?ниси ?ону имон, д?сти соди? бошам, аз му?аббати самимонаи ту сари иродат барнадорам, шеваи сид?у сафо ва оинаи адлу вафо нашиканам, аз тари?и садо?ату рафо?ати абад? берун по нагузорам, расму ойини оши?? покиза ниго? дорам, табъи латифатро хуш?олу хушнуд, ?оли шарифатро хушбахту хушр?з намоям, и?болатро ху?аста, р?згоратро хуш андар хуш гардонам ва то зиндаг? бо?ист, беш аз падар д?стдор ва ?амхори ту бошам!

Нигинаро дигар ма?оли гуфтор намонд. Дар дил Яздонро ниёиш карду худро бедиранг ба о??ши Мирмалик андохт. Шаби торики ду дилдода ба р?зи равшан табдил ёфт…

Мирмаликро чун ташнаг? аз б?су канор бишкаст, тахтапушти гарму нарми Нигинаро бо кафи ме?рубон? ба ?амхораг? навозиш карда ва ра?бати тарафайн ба мубошират афзун намуда, бетакаллуф гуфт:

– Акнун маро ?уръае аз ?оми васли ту чашидан орзуст!

Ин гапро шунидан ?амон Нигина худро аз о??ши ша?риёр дур кашид ва бо ?они дардноку чашми гирён гуфт:

– Зин?ор зино накунед, ки зин?ор бих?ред! ?ар к? зинокорро кофир надонад, худаш кофир аст!! Ба худо савганд мех?рам, ки он чи маъ?ули шумост, маъ?ули ман бошад, валекин ?озир гардан ба итоат нани?ам. ?асам ба Худо, сар меди?аму тан дар фасод намеди?ам!!

Байти Саъдиро ба ёд оред:

Ту, ки дар банди хештан бош?,

Иш?бозе дур??зан бош?!

Ш?ълаи ?айрати Мирмалик, ки аввал чун чаро?и фур?зон буд, бо шунидани сухани гаронбор ба шамъ мубаддал гашт, вале аз аспи ?урур пиёда нашуд ва иш?бозиро идома бахшид:

– Зино зишт аст, ал?азар! ?арчанд дар китоби иш? ба оши?он масли?ат додаанд, ки зишту зебо ?ар чи бин?, дасти рад бар вай мазан! Эй шо?и бутони зинда, мо ?имбазми айшу нишот мекунем, на зино! Дил бар дил мени?ему хумор мешиканем…

– Эй бузургмарди бохирад, ч? лозим суханбозию худфиреб?? ?ан?з ман д?шизаам охир! То ?ол гун?ишки касе ба боми ман нанишастааст…

Мадду ?азри дили ш?ридаи оши?и бе?арор андак ором гардид. Зеро хуб медонист, ки агар аз ?ониби маъшу?а кашише набошад, ?азор к?шиши оши?и бечора ба ?ое намерасад.

Оре, дар ?ама ?о ?амеша аз маъшу?а ноз асту ?урур ва такаббур, аммо аз оши? бечорагию а?зу ниёз… ?онуни нонавиштаи иш?у му?аббат ?амин асту чунин мемонад. Вале оё садри Ху?анд ниёзманду бечора аст? Аз ви?ору салобату ?ашамати ин та?амтан душман ?аросон асту ?ама сари таъзим ба замин мерасонанд. Д?стон бо ифтихор вайро шери Хучанд ла?аб ни?одаанду гурд?ои туркзабон ба з?ри сарпан?ааш ?ойил шуда, ?ро Темурмалик мехонанд, яъне Малики п?лодбозу! Пас, манти?ан, на оши?и бечора, балки оши?и з?ру тавоност Мирмалик ва бояд гапи худро гузаронад! Ба о?уи рамида ва ?аросон имкон нади?ад, ки бар шери жаён ?олиб барояд!

Аз андеша?ои баландпарвоз че?раи Мирмалик пургул гашту дубора ба аспи ?урур савор шуд ва мисли шер ?уррид:

– Зи??, эй паризод, ки бо афсуни сухан маро мад?уш кардан мехо??! Нозу нуз ва се?ру афсун бас!! Замони мабар-мабар, макун-макун, мазан-мазан гузашт. Ла?заи биё-биё расид. Зуд ба бистари мулоим даро-даро, ки аз исто-исто ва ?они ?онам ба лаб расид!!

Мирмалик ?арчанд к?шид ва овоз баланд барангехт, Нигина роз? нашуд. Абр? дар?ам кашиду бо шиддати тамом гуфт:

– Ман мастур? ба тарсу? нафур?шам! Агар зино мехо?ед, якбора хан?ар дар дилам занед!! Синаам бишкофеду коми дил ба даст оред!!!

Агар аз азоби р?зи ?иёмат натарсед, аз Худои азза ва ?алла э?тиёт бошед, ки ?озир асту нозир асту ?одир асту бино ва шунаво! Савганди шумо дар арши аъло шунида шуд. Аз савганди шумо Пири бузургвори мо ога?? ёфтанд. Акнун то а?ди нико? баста нашавад, лоа?ал як б?са бар мо раво набувад!! Нею агар боз гарданшах? кунеду дасти та?овуз дароз кунед, ?асам ба Худо, худро бо за?ри ана ин нигини дастам мекушам!

Нигина даст ба да?он наздик оварду г?ё ба сари Мирмалик як машк яхоб рехт. Саросема орин?и ?ро ма?кам дошту бо табассуми тайиб сар ?унбонда, дасти дигар боло бардошт ва сул?омез гуфт:

– Ман таслим. ?онам тасадду?и ту, эй ?они ширин!! Бигзор гапи ту гапи ман шавад:

Дар риштаи а?д баста бошем,

То ?ар ду ба ?ам ?у?аста бошем!

Суб?и соле?он пеши пойи Пири Бузургвор меафтам, то хутбаи нико?и мо бихонад.

* * *

Шайх Масли?атдин, ки сар ба муро?аба[105 - муро?аба – дил ба Худо бастан ва аз фикру андешаи дунё дур шудан] фур? бурда буд, садри Ху?андро муддате маътал дошту пас аз саломуалейк ба па?л?и худ шинонд ва бо табассуми об? гуфт:

– Аз ровиёни ахбор шунидам, ки оши?они дидору гуфтори якдигар аз сари шаб то ва?ти хуфтан гулу булбули б?стони Ху?анд шудаед.

– Мо ?арор кардем, ки то дами вопасин шодию ?ам бо ?ам бинем…

–Бале, во?ифам, ки баъди савганд ба сул? ?арор афтод. Хуб кардед, ки зишту хуб аз ?ам ?удою хайру шарр бо адлу хирад ?о ба ?о гузоштед ва ному номусро ба г?шаи бешараф? нани?одед. ?аргиз нахо?ам, ки ?ар ду ба нохуб? дар ?а?он овоза гардед.

Донам, ки ту садри шергир?,

Бар о?уи худ макун далер?!

– ?азорсола шавед, Пирам! Баъде ки ма?рами дил шудем, ба хулосае омадем, ки… ма?рами тан шавем…

– Ма?рамият борбардори нишоти офият аст! Ёрони ?амранг ва ?амсанг ?уфти сазоворанду мо тартиби куфру имон ва ойини кешу насабро риоят карда, нияти хайри дилдода?оро ба ан?ом мерасонем. Аммо на имр?з! Як р?зи дигар сабр мебояд…
<< 1 ... 101 102 103 104 105 106 107 108 109 ... 141 >>
На страницу:
105 из 141