Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 129 130 131 132 133 134 135 136 137 ... 141 >>
На страницу:
133 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

?оло он к?даки гирён навраси шонзда?сола асту то дами вопасини бобокалонаш Шайх Бур?ониддини Вал? аз ? саба? ом?хт. Ал?ол бе?тарин шогирди дабиристони Ворух асту ?ории хушсали?аи «?уръон» ва донандаи чорда? ривоят. Яъне, чорда? тарзи хондани каломи ?удсиро бо риояти ?амаи санъат?ои лафз? ва маънав? азбар кардааст. Каломи адаб ва забони араб ба камоли бало?ат ва фасо?ат азбар кардаасту дар ин ?ода маро устоди хеш ме?исобад.

Чашмони сиё?у ш?ъларез ва абрувони пайвастааш, пешонии фароху китфу бозу, гардани фароз ва сари бузургаш, тамкини гуфтор ва ханда?ои мар?улаафканаш, аспсаворию г?штингир? ва обнавардию бехато тир парронданаш айнан ба Мирмалики та?амтан монанд? дорад. Аммо чобукрафторию ?озир?авоб?, шеърдонию муомилаи нарм, дили ?ассосу ниго??ои пурме?ру лутфу шаф?аташ, рухсораи зебо ва дандон?ои садафмонандаш шабе?и Нигинаи нозанин аст. Ин бонуи ?а?гузори Худованди замину осмон ?авлу ?арзу вазифаю ?а?и модар? бо замири ?а?навозу чашми ?а?параст адо намуда, тифли нозуки ширхораро понзда? сол дар тан?о? бену?с ба камол расонд ва па?лавонписари о?илу доною забар- дасти навхостаро бо сари баланд ба дасти падар супорид. Мирмалик шоду масрур хур?ши фархундаю фаррух аз замир баровард. Вале… му?ули беинсоф мурдаи Мирмаликро вожгун ба дарё партофту бахти Мирм??син дигарбора вожгуна гашт…

Хостам фарзанди бахтбаргаштаро бо нидои «Эй писар, бархезу р? биш?ю фур? мол ?амро!» бедор ва ?ушёр кунам. Вале зуд аз раъйи худ баргаштам. Зеро бо г?ши дил шунидам, ки Мирм??син беовоз вовайло дорад: «Падарам! Эй падари ран?барам!! Бе ту мо бар сари дардем, ту бе мо чун??? Андар он зовияи тира – обга?и мав?аши бе м?нису ёр – эй м?ниси дил?о, чун??? ?ама осори ту пайдову худ п?шида шуд?, бо нишоти сафари об?, эй фарзанди дарё, чун??? Мирм??син орзуи дидаи бинои ту буду чун сарв даст баланд бардошта дуояш мекард? – бе ман, эй орзуманди гулписари номбардор, чун???!»

Нигина р?зи дигар, чоштго?он аз хоби гарон бедор шуд. Бо азоб сар бардошта, ?аросон ба атроф нигарист. Маро диду лаб ин? кард. Баъд баланд хандид. Вале амакбузургаш А?мадсайидро диду х?сид, дасту пояш, ?ама аъзои баданаш ларзид. Дар ?амин ?олат падару модар ба чашмаш намуданд. Худро бедиранг ба о??ши модар андохту бо овози хиррос? «Биви?ун, ташна шудам, ов те!» гуфт. Аз косаи оби зулол як ?улт н?шид. Лабашро бо пушти даст пок карду бо?имондаашро… ба сару китфи падар пошид. Баланд хандид ва беибо нидо кард:

– Додо?ун, гушна шудам! Г?шти кафтар биёред…

?анги Абдулсайид канду бо чашми пурсавол писар ва бародарашро нигарист. Нигина ба он?о а?амияте надода, пеши ман омад.

– Салом шоир! Ту шеър хон, ман мера?сам. Шакархонум кан?? Куртаи сафедамро биёрад. Ранги кабутар мера?сам.

На?з мера?сам, то Шо?зода хурсанд шавад. Подшо? тангаю тилло тияд! Мирмалик… Оъ… Мирмалик кан??! То?и сарам кан??! ?уввати дилам кан??! Со?иби сарам кан???!! Падари…

Дарво?еъ, Мирм??син ку?ост?! Шо?писарам ку?ост??!

Мирм??син, ки ба ?о?ате берун рафта буд, тозон пеши модар омад.

– Писарам! Писаракам! Нури чашмам… ?аду бастатба мурам! За?раамро кафонд?… Пештар биё, писарам. Дар ба?алам биё, нури чашмам…

Нигина фарзанди яккаву ягона бо ме?ри модарона бар о??ш кашиду ба ?уш омад. А?ли тирагаштааш равшан шуд ва нав?а о?оз кард:

– Падаратро аз даст додем, писарам. Паршикаста шудем, писарам. Дар хонаи бесутун бе муттако мондем, писарам… Дод аз дасти му?ул!!

– Ором шавед, модар. Та?дир ?амин будааст…

– Та?дир барва?т тир дар камон карда буд, писарам. Лекин бера?м? аз ?ад гузашт, писарам… Дод аз дасти му?ули бера?м!

– Ором шавед, модар. Шукр г?ед, ки дидор ба ?иёмат намонд. ?амдигарро дидем, аз ?амоли падар чашм?о мунаввар шуд…

– Аз он мес?зам, ки маро ?ангоми баргрези ?аёт саломе доду рафт. Видоъ нокарда, васияте нагуфта, бебозгашт рафт. Дод аз дасти замона! Фарёд аз бахти вожгуна!!

– Дуруст мег?ед, модар. Замона дар дили мо захме чунон зад, ки мар?ам натавон ни?од. Лекин… аз о?у даре? гуфтан ч? суд, ва?те тир аз камон канда шуд? Дарди дил ч? фоида дорад, ва?те ки ?он аз даст рафт?!

Худоё, бо лутфи хеш р??и равони падарам шод гардон…

?азор соли ?алол? ба?ои умри Мирм??син бод! Кори душворе, ки на ?ар кас аз ??дааш мебаромад, ин ?авони навхати шонзда?сола бо хунсард? ва хирадманд? и?ро кард! Дили к?чидаю а?ли парешони модари заифгаштаро аз ?аъри хок бардошта, дар ?ояш ни?од ва хотири моро ?амъ овард.

Ту?ёни дили Нигина, ки аз дарди ?онко? ба фи?он омада буд, андаке паст нишаст. Бо лабони ларзон гуфт:

– Маро дар дил аст он ч? дар ?он турост, эй писарам. Дигар ?аргиз ин ?адар сахт фарёд намекунам, то г?ши дил кар нашавад. Гарч? аз ?ам ?он бар лаб расидааст, шукри ?они фарзанд карда, падаратро аз о??ши нафас суро? мекунам ва тан?о «Ё му?ису, а?исно!»[154 - Эй фарёдрас, ба фарёдам рас! ] мег?ям. Вале ту ?аргиз ором нашин, писарам. ?амеша дар такоп?й бош. Тарсу нашав, аммо ?ушёркор ва о?ибатандеш бош. Зеро ворисони Чингизи ?оду, ки бунёди макр бар фалаки ?у??абоз ни?ода, падаратро аз байн бурданд, акнун бармало бар мо кинавар шудаанд. Он?о дер ё зуд к? будани ту ва дар ку?о буданатро фа?мида, шамшер аз ?илоф мекашанд. Арво?и падар парешон мешавад, агар о?илона аксуламал накунем…

Нигина санду?и ч?бини дар ме?роб ?ойгирифтаро кушоду чанд либосу латтапора берун кашида, Мирм??синро фармуд, ки халтаи чармини дар кун?и рост бударо о?иста боло кашида, р?йи фарш гузорад.

– Тамоми боигарии ра??осаи дарбори Султон Му?аммади Хоразмшо? дар ин халта ма?фуз аст. Он аз хиро?и дусолаи мамлакат бештар арзиш дорад. Онро пурра ба ту мебахшам, писарам! Ту дигар парешонр?згору шикастахотиру ноумеду нотавон нест?, писарам! Ба бе?р?з? умеди дил ?ав? дор ва чун р?зу соати мувофи? фаро расад, темор аз димо?и душман барор!!

Нигина хам шуда, аз байни тиллою лаълу марвориду ?аво?ирот ангуштари дурахшоне ба даст гирифту о?иста ба ангушти ишоратии Мирм??син андохт:

– Ин ангуштари тав?еъ аст, писарам. М??ри подшо?, и?тидору азамати шо?аншо?? дар нигини он ни?он аст. Шо?аншо?и олам тав?и заррин ба ман бахшиду ангушти таассуф газид ва нотавону бечора?ол шуд. Чингиз маро не, ана ?амин ангуштаринро ба даст овардан мехост, то ?овидон ?укмрони ?а?он шавад.

Акнун ангуштари тав?еъ зеби дасти фарзанди Мирмалик аст, ки ?азанфари олам буд. Ту Шо?паланги олам шав, писарам. Минбаъд дар Ворух истодани туро сало? намебинам. Туро ба амакта?оят Сайфуддин месупорам. Вайро фарзанди р??он?, дилбанди ?он? шав. ?ар ?о бошед, дар амони Худо бошед…

– Шумо ?амро?и мо намеравед, модар?

– Ман аз Ворух дигар асло ба ?е? ку?о намеравам, писарам. Чунки дар дигар ?о р?згор бе малол гузаронда наметавонам. Дар ин ?аннатмакон ?ангомаи марг баршикаста, ро?и та?во пеш мегирам ва пайваста ибодате шоиста мекунам, то ёди ёри ме?рубон ва поси хотири азизону бузургворон бо зикри хайр зинда ниго? дорам…

Синни ман ба сию пан? расиду шукри Худо, ки ту шонзда?сола шуд?, писарам. Акнун ман домзада кабутарам, сояи боли ман доми бало барои му?ул?ост. Аз навба?ори ?унарам нак?ати андак мондаасту ?ар замон даст ме?унбонам, то ко?ил нашавам. Аммо ту фаъол бош, зеро ?арчанд ?авон?, бо ?ама чиз ороста?! Домони поки амакта?оятро ?аргиз аз даст ра?о накун ва бираву орзую ормони падари худ ?осил кун! Р??и падаратро шод гардон, ки доимо ба шод? мегуфт: «Маро шо?писарест, ки номи ман ба василати ? бо?? мемонад!» Падарат…

Ку падарат?! Бадри тамом будаму аз фиро?аш чун ?илол шудиям… Дардо, ки аз ?афояш шаб то шаб нимс?хтаю борику торик мешавам… То ба кай кафтар аз ?ами ?азанфар болканон менолад??!

Дидам, ки ва?о?ати Нигина бе?о мешавад, зуд об бар оташ задам:

– Эй хо?ари ?он! Дил аз фарзанд фори? дор. Нига?дораш Худою нига?бонаш манам!

Р?згор аз фарри ? масъуд бод!

Чун абад умри ? нома?дуд бод!!

Нигина гиряолуд хандид. Аз хайли хаёл фуромаду дигар са?ате нагуфт. Аз ток обгинаи чин? гирифта, се бор шусту пок намуд. Дарунаш ?адре шир рехт ва ба Мирм??син дароз кард:

– Бин?ш, писарам. Бик?ш, то дини исломро аз до?и кофирон чун шири модарон пок гардон?. Хайр, пано?ат ба Худо…

Бо исрори Нигина ба гур??и савора?ои Фар?онарав пайваста, бо ро?и миёнабур лотаъхир равона гаштем. Масли?ат чунин шуд, ки дар Исфара ?афтае тава??уф карда, вазъиятро ом?хта, маркаб ба манзили дилхо? меронем. Аммо, чун ?амеша гапи хона ба бозор рост наомад. Як р?з ?абл аз сафар шоир Абдулма?ид о?илан худро ба манзили мо расонд. Пиндоштем, ки ?амсафарамон мешавад. Вале о?иста ба да?лез нишасту ?азиновоз гуфт:

– ?арфи мотам дорам… Нигина ба риёзи ризвон хиромид…

Баъди гуселонидани шумо Нигина суфра кушода, аз орди сиё?и осиё нони дег? рост карда, дар рав?ан бирёнда, аз амакбузургаш хо?иш намуд:

– Пас аз нон х?рдан маро фоти?а ди?ед, ба мазори Оташон назр мебарам…

– ?амро? меравем, духтарам! – гуфт Бимастура. –Ман ду нони тан?р? мегирам…

– Не, биви?ун. ?ар гирда нун нест. ?ар нарз ?абул не… Ман нони фармуда ба Мирмалик мебарам…

Модар истодагар? карду вазъият та?йир ёфт. ?оли Нигина якбора табо? шуду ба худ печид. Баъди ла?зае мисли вул?он ??шиду хур?шид. Г?ши додарашро сахт кашида «раву дар ?алъаи об? шин! Лангар?оя фуру ?ил! Кишт? ба дарё барор!» гуфт. Баъд «Писарам, солим раву ?оним биё!» г?ён, худро аз ?авл? берун гирифта, «Гурез, му?ул омад!» г?ён дарвозаро аз берун зан?ир баста, ?айб зад…

Дар мазори Оташон вайро наёфтем…

Кампираке гуфт, ки Нигинаро назди Санги Ар?с дидаасту «Манам Нозпар?, хушхиром чун кабки дар?» г?ён, ра?с мекардааст…

Шикорчие гуфт, ки Нигинаро дар Га?вораи Заррин дидасту «Р?йи ман насрин, м?йи ман сунбул» г?ён суруд мехондааст…

Барзгаре гуфт: «Нигинаро дидам, ки доман пур аз гулу рай?он ва сунбулу займарон шитобон меравад. Пурсидам: «Ку?о равона??» Гуфт: «Ба Сия?к?л меравам. Ба аспи об? ?изо мебарам».

Ч?поне гуфт: Нигинаро дар со?или Сия?к?л дидам ва таъкид кардам, ки аз оби ях барин хунук э?тиёт бошад. Хандон посух гардонд: «Оби Сия?к?л маро созгор аст. Аспи об? маро ба пеши париён мерасонад. Шо?и париён маро ба шав?арам мечаспонад. Чуноне дар зиндагон? бо вай будам, баъди марг ?ам бо вай бошам». Ин бигуфту худро ба об андохт…

На?ди ?аёт ба ?абули арво? супоридани Нигинаро фа?мида, сад?о ?авонону обнавардон ба ?усту?? баромаданд. Аммо ба нати?ае нарасиданд – оби Сия?к?л ?ама к?шиш?о хароб кард. Нури гетифур?зи чашмаи ?ур дар ?аъри к?л хом?ш шуд. Фа?ат… дар ?ое, ки Нигина пардаи ?он пора карда, худро ба об андохта буд, до?и хуни пои бара?нааш мисли гули лола ба назар менамуд…
<< 1 ... 129 130 131 132 133 134 135 136 137 ... 141 >>
На страницу:
133 из 141