Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 125 126 127 128 129 130 131 132 133 ... 141 >>
На страницу:
129 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Аз ровиёни ахбор шунидам, ки Шайхулшуюх На?муддини Кубро ба унвони Махдумаи олам таъ?илан номае ирсол кардааст: «Эй Маликаи олам, бидон ва ого? бош, ки р?бар?и балои бад мардона ма?ом дор?! Аз дамидани суб? то ?уруби офтоб муборизони ислом ишораи туро интизоранд ва омодаанд, дини мубин ба ?авонмард? ?имоят кунанд. Азм ба разм ?азм намо, ки Худои бахшандаро дар ни?он бахшоиш?ост. Гар намедон?, бидон: душман чу аз ?ама ?илате фур? монад, силсилаи д?ст? би?унбонад, пас он го? ба д?ст? кор?ое кунад, ки ?е? душман натавонад!»

Ба ман гуфтанд, ки Турконхотун номаи шайхро хонда, дар ?амоли ?айрон дам басту муддате хом?ш нишаст. Ли?озо мехост ?ила ё тадбире андешад. Аммо баъд ба ?ай?от ?ой-?ой гиристу чашмаш чашма шуд ва «Дигар шукуфа нахандад ба бо?и пир?з?! Филу каркадан бо Чингиз натавонад му?овимат кардану аз дасти зан ч? ояд?!» г?ён, шармандавор ?арор кард, ки а?ли ?арам ва тамоми хазинаю дафинаро ?амро? гирифта, ба макони бехавфу хатар гурезад. Гумони ?олиб он аст, ки Чингизхон бо номаи булъа?аб ва се?ри сухан ин бонуи мардафканро чашмбанд? тавонист кардан! Зеро ба р?яш назари пурсаодати чашми ?амешабедори хусрав? худ аз худ баста шуд ва идомаи кораш мисли хати доира дар?ам фитод.

Бада?дии он а?дшикан бо к? тавон гуфт?

Аз ?олати ш?рида сухан бо к? тавон гуфт?!

Мардум ?ама афсунгари дарди сари хешанд,

Онро ба га?и те? задан бо к? тавон гуфт?

Сар?умлаи норафтани ?он бо к? тавон хонд?

В-аз ?осили номондаи тан бо к? тавон гуфт?!

Гирам, ки зи ?ам ?ар ч? бувад, бо ?ама гуфтам,

Ран?е, ки маро ?аст зи ман, бо к? тавон гуфт?

Чун аз ?ама офо? касе ма?рами мо нест,

З-ин ?одисаи мардфиган бо к? тавон гуфт?

Рости гап, мисраи охиринро бо душвор? навиштам. Чунки ибораи «?одисаи мардфиган» ба тафсир ниёз дорад, яъне шар?и му?ашшо[151 - шар?и му?ашшо – шар?е, ки дар канораи са?ифа ё дар поёни матн навишта мешавад.] мебояд…

Бо дарду алам шар? меди?ам, ки «?одисаи мардфиган» охирин ва?шати пурда?шати Турконхотун асту ?ама ровиёни ахбор бо забони бастаю сакта дар овоз на?л мекунанд. Пои ва?ми тезрав аз маликаи худкома а?лу шуур ва идроки инсон? дур афканду ?инояти г?шношунид содир намуд. Аз хатари фош гардидан ва ба тамоми олам овоза шудани сирри давлат? – фирори шармандавори Маликаи бонувони олам шармидаю тарсида, фармуд, то ?ама шо?идони бегона – амирону вакилону ?окимону ме?мон?ои дар ??рган? ?узурдоштаро ?амъ оварда, ба пою гарданашон санг?ои гарон баста, дар оби Ому ?ар? намоянд! Амри абла?она бо чолокии туркона и?ро гардид ва завра?и умри бисту шаш бузургмарди А?ам дар ва?шаткадаи хотуни зол бодбон барнакашида, ба ?аъри дарё фур? рафт.

…Аз эдун ва?шонияти беадил чашми инсу ?инси замин? хунполо гашту абри сапеду сиё?и осмон? аз ?уссаву шарм об шуда, ба замин рехт! Хун андар хун дарёи хур?шон гашту Турконхотунро ба коми худ фур? кашид…

Махдумаи аз тахту бахт ма?румгашта хун аз дида резон ба ?алъаи Илал гурезон шуд. Вай аз ?ангу ситез бо шамшери тез, тири симобрез ва азоби растохез сахт метарсид, аммо намедонист, ки арсаи ма?шар пано?го? надорад! Чингизхон аз фиребу найранги кампири ш?ъбадабоз сахт оташин гашта, фармуд, ки ?ро бо кадом ро?е набошад, зинда дастгир намоянд ва кашон-кашон наздаш биёранд. Фиристода?ои ?оони му?ул аз боди биёбон тезтар вазида, ба Илал расиданду ин ?алъаи ?а?и?атан ?ам дастнорасро чор мо? ба му?осира гирифтанд. Он?о гирдогирди ?алъа девор бардошта, дарвоза шинонданду ?атто омаду рафти парранда?оро ба ?исоб мегирифтанд. Лекин Турконхотун парвои олам надошт, зеро дар ин ?исори сангин тамоми ашё, молу коло, либосу озу?а, те?у тир ва дигар лавозимоти заруриро барои се сол захира карда буд!

Рост гуфтаанд: касеро, ки аз ? бахт баргардад, дар ? шикаст андар шикаст гардад! Дар ?алъа ?ама чиз фаровон буд, ?айри об, ки аз бориши барфу борони зиёд дар ин мавзеи баландк?? захира мешуд. Аммо… ноомади кор чунин шуд, ки аз р?зи омадани Турконхотун лоа?ал ?атрае борон нарехт ва оби сар?авзи калон гурехт! ?алъанишин?о ноило? дасти таслим бардошта, дарвозаро кушоданд ва… ба з?ри Худованди ?озир, нозир ва ?одир ?оил шуданд: ?амин ки сарбози му?ул ба дасти а?узкампир завлона заду ба гарданаш расан печид, осмон пурабр гашту раъд ?уррид, бар? дурахшид ва ончунон борони шадид борид тасаввурнопазир!

Наъраи Турконхотун аз раъд баландтар садо доду ашки чашмаш аз борон бештар рехт ва дасти баста ба сар мезад. Аммо, аллакай дер шуда буд…

А?ли хонадону ?арами Хоразмшо? асири шо?и му?ул шуданд. Бо амри Чингизхон сари ?ама фарзандон аз тан ?удо гардиду ?ама зан?о ба н?йон?о бахшида шуд. Турконхотунро шо?и му?ул хидматгори худ кард ва гуфт: «Туро ?аблан авф кардем ва умед додем аз он боис, ки зани подшо?у модари подшо? буд?. Туро нагуфтем «ба ман а?д кун, ки хилоф намекун?». Туро нагуфтем «савганд х?р, ки ?адр намекунию макр намесоз?». Туро ?урмат ни?одем ва хос-тем вилоят додан! Вале худат ба риз?и худат зомин шуд?. ?алол х?рдан нахост?, акнун ?аром х?р!!» Ин бигуфту пасмондаи х?роки худро ба вай х?ронд ва ма?бур кард об аз мунд? н?шад…

Барои Худованди бонувони олам ?а?он пашшахонае шуд, ки он ?о ?ар р?зи Худо вайро анкабуте неш мезад. Дасте, ки ?аблан тавоно буд, аз ?ами нон меларзид ва ба чорае намерасид. Дили сиё?аш, ки аз дарозии умри бадфар?ом сонияе бе?ам набуд, ягон м?нису ?амхору ?олпурсе надошт. Аз бадгуфтаю бадкарда?ои худ ?азор пушаймон гашта, мехост узри ом г?яд, лекин касе набуд, ки узри беваи бечораи бенавою ?амкашро ба оламиён расонад.

Аз зиндагии сагона сили бамарг шуда, бо лафзи ?ипчо?? вовайлои пин?он? мекард:

Аз омадшуди ту сер шудастам, эй нафас,

Як ра? ба дил фур? шаву бо о? ?он барор!

Мотами дили модашери ба модасаг табдилёфта дувозда? солу анде давом кард. Баъди вафоти Чингизхон хоклеси суми аспи ?а?атой шуда, ?ар р?з аз суб? то шом о?и оташин мекашиду ?ар шаб то са?ар аз о?и гарми ?игар лав-лав мес?хт, аммо на дар поёну на дар боло фарёдрасе надошт.

Басо сахт?он баромад он а?узаи о?изгашта! ?арчанд аз заъфи пир? сахт менолид ва кораш ба охир омада буд, то хабари марги Султон ?алолиддинро нашунид, намурд!!

Ин хабарро шуниду… хандид. Баъд осид ва тосид…

Мурдаашро ношуста, куртак??наи ?азордарбе?ашро кафан карда, п?сту устухони ?аромашро пеши сагони гулхани д?зах партофтанд…

Бемори беило? ва рангзарду косалес шудан, аз гуруснаг? ва бе?ут? о?изу ?аромх?р шудан ва ба кор?ои шу??а – ?орубкашию саргинафкан? маш?ул шудани Маликаи бонувони олам му?озоти Худованди ?амабин аст.

Аз мур?и бадназар канда бе? болу пар!

Ку он даврону он к?ло?доришон?

В-он боди буруту мардумозоришон…

Бемори адовати хеш буданд, валек

Шуд марги фа?о ило?и беморишон!

Ру??и ?афтум

Аз мурдани ту модари дунё а?им шуд,

?ар ?о суханварест, му?улро надим шуд…

Шигифто! Дар пан?о?солаг? аз за?ри ?ами замона, ки бо хуни дил мен?шам, пир гаштаам… Дигар то?ати дам задан аз дарди фиро?и ёрон надорам ва намедонам, пас аз с?гу с?хтан?о мур?и ил?ому саманди амалро ч? кунам?

Нури диле зи шамъи ?авон? наёфтам,

Б?и хуше зи суб?и амон? наёфтам.

Будам чу Хизр ташнаи оби ба?о басе

Ному нишон зи равон? наёфтам.

Чун м?й гаштам аз ?ами афзуние чу м?й

Як орзуи ?арду?а?он? наёфтам!

Сатр?ои норавони нав аз дил таровидаро дар вара?и ало?ида сабт карда, ла?зае саргаранг мондам: ин таркиббанд ба муаллиф нисбат дорад ё ба Мирмалик?! Зеро аз ашъор ва гуфтори Зиёуддини Ху?анд? медонистам, ки Мирмаликро о?ози кор аз фазли Яздон баромад. Чун дар ?алъаи об? ватан сохт, ?ар он тир, ки ба?ри ?ути ад?яш андохт, му?улро ба ма?зи ?он даромад. Ба ?укми ? ?азор сарбоз аз як гиребон сар бароварда, сарфароз шуданду ?а?атойи сархуш ва сармаст сарпаст гардид. Ба ?авли Хо?а Зиёуддин:

Муаттал чунон шуд зи адли ? хан?ар,

Ки зангор аз р?йи с??он баромад!

Тани ?ар мубориз ба ?авшан фур? шуд,

Сари ?ар диловар ба хафтон баромад.

Зи як ?унбиши те?и Ба?ромфеълаш

Дусад мав?и хун то ба Кайвон баромад!
<< 1 ... 125 126 127 128 129 130 131 132 133 ... 141 >>
На страницу:
129 из 141