Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 128 129 130 131 132 133 134 135 136 ... 141 >>
На страницу:
132 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Асари дарди ту ?ангомаи дармон бишикаст,

?аму андешаи ту пушти дилу ?он бишикаст.

То зи ту дасти а?ал бозгирифт оби ?аёт

Хизрро орзуи чашмаи ?айвон бишикаст.

?они о?андилам аз оташи марги ту битофт,

Шишаи сабри маро бар сари сандон бишикаст.

Р?зи бозори сухан тез ба айёми ту буд,

Чун ту баст? дари д?кони сухан, он бишикаст!

Он замоне, ки лаби лаъли ту аз ханда бимонд,

Дили бесангу хирадро лабу дандон бишикаст.

Хостам, то ?аламе бар сари с?ги ту кунам,

С?ги ту н?ки ?алам дар сари ту?ён бишикаст…

Хостем Мирмаликро дар ?ойго?и ?исори об? ба хок супорем. Аммо ?уд?оони алай?илаъна и?озат надод. Бо тамоми ?уввате, ки дошт, наъра кашид:

– Чауш, Ирвес ол! Сув урвес ?ол!![153 - Сарбоз, Паланги об? бардор ва ба на?анги об? парто!]

?уд?оони д?зах? бо лафзи му?ул? хост суханбоз? кунад. Гуфт, ки паланг ба коми на?анг андозед, то азоби ?а?аннамро кашад. Аммо баръакс шуд: руди Сай?ун, ки на?анг надошт, со?иби мо?ии бузург ва сутург шуд!

Шери Ху?анд ба На?анги Сай?ун табдил ёфт, на?анге зери об шуду кавкабе р?йи об! Вайро шоирон «На?анги зери хафтон» гуфтанд ба маънои шамшери обдор, «На?анги наём» номиданд ба маънои шамшери дар ?илоф, «На?анги сабз» хонданд ба маънои шамшери ?аётбахши Ху?анд…

На?анги сабзи Сай?ун бомаром ва ?овидона аз сарга?и дарё то поёноб шино мекунад. Чун ба ростои Ху?анд мерасад, сар боло кашида, марсияи ?овидон? мехонад. Насими р??бахши рудбори пурасрор охирин хитобаи фарзанди дарёни?одро аз ?аъри дили дарё ба г?ши дили мардум мерасонад:

Ман чун мурдам, зиндаи ?овид шудам!

В-аз ?ар ч? – ?уз аз Худой навмед шудам…

Сар аз чилаи додани ?он чун шустам

Покизатар аз ?азор хуршед шудам!

Ру??и ?аштум

Эй ма?и ме?рли?о, ?ойи ту дар об, даре?!

Сарви афрохтаболи ту дар об, даре?!!

Хабари марги пуразоб ва бе?иёси Мирмаликро шунида, Нигина бе?ад бето?ату музтариб?ол шуду ранг аз рухаш парид, дилаш сахт бе?узур гашту а?лаш бе?ис гардид ва аз бе?уш? бар хок фур? ?алтид. Вай як шабонар?з ба худ наомад ва мо ?айр аз хом?шию интизор? ва лобаву зор? бар Худованди ме?рубон дигар чора надоштем.

Бимастураю Абдулсайид – волидони да?шатзадаи Нигина ва додараш Мирсайид сар?исоби корро гум карда, ?ойи нишаст наёфта, дарун медаромаданду берун мебаромаданд, ба че?раи карахтгаштаи дурдонаи худ нигариста, бо овози пасту баланд илти?о бар Худо мекарданд. А?мадсайид аммо сокит буд, дар кун?и хона сар ба зер афканда, ором менишаст. Вай ?ам муно?от бар Худо мехонд, фа?ат дар дил ва бесадо. Мирм??син бошад, сар бар пойи модар ни?ода, гаштаю баргашта ?асрати падар мекард:

Он, ки ? рафт, маро бекасу ?амхор гузошт,

? гузашту ?амаро дар ?ами тимор гузошт.

?оли зори нав?авони падаргумкарда ва аз ?оли модар тарсидаро дида, маро ?офия танг омаду мур?и р?? дар ?афаси сина на?ун?ид. ?амзадаи с?ги бародархонд «мабод он ла?за, ки дар дили тарабхо?и Мирм??син ?ами модар ро? ёбаду аз анд??и гарон сусту бемор ва нотавон шавад» гуфтаму овози гиря?ои Мирм??син ?ини тифл? дар г?шам дубора садо дод. Он ва?т ману Саъд? ?ониби Фар?она мерафтему очаи Мо?симо а?рабои ху?андиро ба маъракаи чиллагурезони Ворух мебурд. Нигина аз дур моро бехато шинохту аробаро ниго? дошт ва ба та?сини Саъд? сазовор шуд:

– ?азорон офарин бар чашми нак?ят, эй нозанин! ?азорон шукру сипосу миннату иззат Худойро, ки аз ?ояти карам ва лутфи хеш моро дар остонаи Исфара ба ?ам расонд!

Саъд? бо э?тиёти том Мирм??синро р?йи даст бардошта, аз пешониаш б?сиду гуфт:

– Аз а?ди хурд? осори бузург? дар носияи фарзанди Мирмалик пайдо мебинам. Ба ин хурди бузургни?од хурду бузурги оянда сари ?урмат ва тоат мени?анд:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ?унараш ну?уфта бошад.

?ар беша гумон мабар холист

Шояд, ки паланг хуфта бошад!

– Ман ?ам м?ъта?ид бар онам, ки дар сиришти Мирм??син тухми дузарда ни?одаанд, – гуфтам дар пайравии Саъд?. – Ба пиндори ман, ?ар к?даке дар даври Чингиз бар даври замон омадааст, бандаи одии хок? нест. ? дар ма?ди ноз баро?ат нахобад, вале аз лутфи дояи и?бол беба?ра намонад! Модари р?згор эдун к?даки ширхор бо ме?ри да?чанд парварад ва бузургмард созад, то ки ? айши душман за?р гардонад! Аз пирон ва шоирон дуо:

Хатти ту то ?ашр зулфи шо?иди и?бол бод,

Сурати тав?еъи ту бар р?и давлат хол бод!

Аз забони килки мулкафр?зи душманс?зи ман

Кори хасмат пургире? ?амчун миёни нол бод!

Гарч? бошад р?зу шаб таърихи умри дигарон,

Умри р?зафзуни ту таърихи мо?у сол бод!

Саъд? низ даст ба дуо бардошт:

Ё раб, камоли офиятат бардавом бод,

И?болу давлату шарафат мустадом бод!

Солу ма?ат мубораку р?зу шабат ба хайр,

Бахтат баланду гардиши гет? ба ком бод!

Мирм??сини бачилла, ки ба маънои шеъру сухан сарфа?м намерафт, «ангу унг» садо бароварда, бето?ат гардиду беашк гирён шуд. Саъд? мисли доя тифлро алвон? дода, аммо шоирона ба навозиш пардохт:

– Баланд садо барор, эй тифли пок! Нури шамъ аз гиря равшантар мешавад! Эй нафисаи покиза, гиряи нозат ?у?аста бод!
<< 1 ... 128 129 130 131 132 133 134 135 136 ... 141 >>
На страницу:
132 из 141