Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 28 29 30 31 32 33 34 35 36 ... 141 >>
На страницу:
32 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Хуршеди камолро зиё?.

Чун пайдо шуд дар офариниш

Осори саноеъи Худо?.

Аз бар?и замири ту ша?обе

?он дод ба гав?ари сано?.

Чун шеъри ту хондаму навиштам

Дар ?ояти лутфу дилкушо?.

В-эй карда ба то?и илму ?икмат

Бар олами фазл подшо?…

– Ин шеърро дар боздиди охирин Сайфуддин ба шумо бахшидаг?? – маро? зо?ир кард Нигина.

– Не, ягон сол пештар. ?ини муло?оти охирин вай ?авоси парешон дошт, дилозурда буд.

– Чаро?

– Бародари беморашро аз Самар?анд ба Исфара мебурд. Ша?обуддин бо душвор? нафас мекашид…

– Худо Ша?обиддинро дар пано?и худ нига? дорад, ки хеши мост…

– Вай… магар араб аст? – аз ?ая?он забон хойид Нигина.

– Ду сол пеш хонаи ?амсояамон ме?мон? омада буд. Аз пушти девор баръало шунидам, ки бо ла??аи ?урайш? равон ?арф мезад. ?атто як шеъри араб? хонд!

– Шояд ин фикри Фотима дуруст бошад, зеро Сайфиддин дар як ?асидааш байти соядоре гуфтааст, – Зиёуддин ла?зае буни г?ш хорида, бо душвор? мисраъ?ои ?асби?олии ?амсаба?ашро ба забон овард:

Гар «фасе?и а?ам?» хониям, ин дур? нест,

Чун маро ?адди ча?орум ба ?а?и?ат араб аст.

Фотима ?олибона ?амро?онашро нигаристу бо нимтаъзим ба устод барои дастгир? арзи сипос кард. Аммо шоир бо за?рханд гуфт:

– Араб будани ?адди ча?оруми Сайфуддин ва ба Салмони Порс? часпидани ша?араи Зиёуддин он ?адар му?им нест. Му?им он аст, ки Сайфуддин Исфарангию Зиёуддин Ху?анд? асту чунин хо?ад монд:

Нигар, ки сурати и?бол нав ба нав ?он ёфт,

Ки ?ар ч? буд муродаш аз осмон, он ёфт.

?арину м?ниси ?о?и мо фазли Яздон бод,

Ки ?ар к? ёфт ма?алле, зи фазли Яздон ёфт!

* * *

Та?сил дар мадраса барои Нигина душвор? надошт. Зеро аз Бибинур? саба?и комил ва дониши зиёд ом?хта буду пайваста мек?шид, ки ба илми му?аррад ?аноат накарда, баробари ?уръону ?афтяку Чоркитоб девон ва осори адибону фозилонро мутолиа намояд. Садри Байтулху?анда Зиёуддину Фариди котибро амак хонду чун фурсат меёфт, бо ?адами п?янда ба кошонаи Ма?аст? мешитофт ва бо азми ??янда дар китобхонаи пурган? соат?о ?ар?и мутолиа мешуд. Агар нафаре аз дар дарояд, бо умед менигарист, ки шояд Сайфуддин аз Исфара омада бошад…

Ра?по? се мо? зиёдтар т?л кашиду Нигинаро ?авои диёр ва ме?ри падару модар аз замир сар зад. Худ ба худ шикаста?ол гашту дар дилаш шав?и та?сил ва ра?бати ом?зиш мисли чаро?и хирас?з бенур шуд.

Барои масли?ат пеши Бобокалони Бузургаш омад. Шайх Масли?атдин вайро боди??ат шунид ва хандид:

– Сад р?зи расо интизори ин ла?за будам, эй духти мастураи бобо! Ту аз Ворух баромадию як байт шеър маро пеши назар омада буд:

Раш?ае аз бод бар ?онам бирехт,

Риштаи ?оду аз ? бояд гусехт!

Чун туро дар Ху?анд дидам, маънии байт комилан равшан гашт. Фа?мидам, ки Парвардигори олам моро ?удрате додааст, то ?уввати ?одуро несту нобуд гардонем. Зеро баробари ба Ху?анд омадани ту кушода шудани мадрасаи нав ?аргиз тасодуф? нест ва ту барои он толибилм шуд?, ки тилисм ?аргиз мадори сарпан?а задан бо илм надорад! Яъне ?ар р?зи хониш ресмони ?одуро як ришта фарсуда мекунаду азбаски аз ?одухона дур ?аст?, а?узкампир туро надидаву б?ятро нашамида, тадри?ан шикаста?он мегардад. Яъне туро ?уввати р??он? ?ар ?адар афзояд, тилисмро ?уввати шайтон? ?амон ?адар кам шуда, баъди ?афт мо? гусехта мешавад. Он го? мо туро масли?ат меди?ем, ки бо хотири ?амъ ба Ворух баргард?.

Бо таъсири с??бати р??афзо Нигина р??баланд гашт. ?авл дод, ки чор мо?и бо?имонда низ та?силро бо раъйи рост идома бахшида, та?сини устодонро сазовор мегардад, то тилисму ?оду тамоман нобуд шавад.

Бо чунин азму ният фикри Ворух рафтанро аз сар дур андохту маш?улияте кофт, то худро андармон созад. Бисоти аз хона овардаашро тит карда, чашмаш ба китоби докапеч афтид, ки нахустин ?адяи Мирмалик буд. Бо дили гумзада «Чорго?и Ма?аст?»-ро кушоду аз б?яш машом муаттар сохт, аммо нахонда, фа?ат вара?гардон кард. Вай азёд медонист, ки го?и якум ?амаг? с? рубо? дораду го?и дуюм шасту ?афт ва ин навишта?о давраи ?авонии шоираро дарбар мегиранд. Пан?о?у шаш ча?орпояи го?и сеюм ган?ав? асту фарогири зиндагии пурш?ри Ма?аст? дар Ган?а. Пан?о?у ду рубоиёти го?и ча?орум бошад, дар Балху Марв э?од гардида, саршор аз латофату ?урмат нисбати Умари Хайём аст…

Дар дили Нигина хо?ише пайдо шуд, ки рубои?ои ин ду шоири ма?бубро бо ?ам му?оиса кунад. Вале ?арчанд кофт, дар ?у?ра китоби Хайёмро наёфт. Ло?арам, «Чорго?и Ма?аст?» дар ба?ал, ?ониби кошонаи Ма?аст? ро? пеш гирифт.

Дар ?авлии берунаи Байтулху?анда ду м?йсафед ва се ?амсаба?и Нигина р?йи кати зери бо?и ангур маш?ули с??бат менишастанд. Нигина одоби саломро ба ?о оварда, ба он?о халал расондан нахосту бо пайро?аи хиштфарш рост тарафи китобхона равона шуд, ки дар ?авлии андарун? ?ойгир буду толори равшану бар?аво барои ?ироат дошт. Аммо китобсанду??о дар хонаи ало?ида меистоданду ?айр аз ган?инадор ?е? кас ба он ?о намедаромад. ?амин асно дарвозаро калон кушода, бо нидои «?е? кас ?аст ё не?» ?амсоязанаки шинос Муаззама дар даст сабади нонкашон? ба ?авл? даромад ва «Э?-?е, ?амоат ?амъ-ку! Самб?саи гармак овардам, ?озир аз тан?р кандаг?!» г?ён ?амаро гирди сабад ?амъ овард.

Баъди тановул ва н?шидани як пиёла чойи тан?р? яке аз пирони ма?осинсафед, ки бузургсолон Шайх С?ф? мегуфтанду ?авонон Бобо Камоли Ху?анд?, ба китоби дасти Нигина маро? зо?ир намуд:

– «Чорго?и Ма?аст?»-ро аз китобхона барои ?ироат бурда буд??

Нигина ба лабкушо? фурсат наёфта, ?амсоязанак ?авоб гардонд:

– Ин китоби худаш. Мирмалики хушнавис бо масли?ати Пирам Подшо?марди Вал? китобат карда, ба Нигина ?адя бурдаг?…

– Нигинаи Ворух? ту ?аст?? – якбора ба ва?д омад шоири суфимашраб. – Номатро аз бародарам Шайх Масли?атдин шунидаам. Бо ин бародари м?ътабар ?ар замон дар со?или Сай?ун мешинему туро нак? медорад. Дир?з Абумуслими Рубоб? ?ам туро таъриф карду гуфт, ки «Нигина мисли Ма?аст? дар чорда?солаг? 12 боб ва 24 ш?ъбаи муси?иро пурра ёд гирифта, хуш месарояд, зебо мера?сад ва рубобу чангро хуб менавозад». Офарин туро, эй кабутари навзахма!

Нигина зуд аз ?ой хеста, таъзим ба?о овард. Бобо Камоли Ху?анд? бо хушнуд? сар ?унбонда, пурсишро идома дод:

– Китоби арму?ониро ба китобхонаи Байтулху?анда арму?он овард??

– Мехо?ам рубоиёти Ма?аст? ва Хайёмро му?оиса кунам…

– Ман ?ам туро офарин мег?ям, ки ??ёи илм ?аст?! – ба с??бат ?амро? шуд м?йсафеди дуюм ва байте муносиби ?ол хонд:

Наёбад мурод он, ки ??янда нест,

Ки ??яндаг? айни ёбандагист!

– Мур?и ил?оми бародари мо А?абии Ху?андиро ба парвоз овардан ?унари ?ар кас нест, эй Нигина! Азеро Унсур? табъи зояндаи эшонро банда, Анвар? бо нури табъи эшон соя бар худ наяфканда ва Муиз? аз ?айрати такаллуми ин ху?анд? дилафканда аст! – бо лутф ба ?ампа?л?яш нигарист Бобо Камол. – Ту ба Хайёму Ма?аст? ишора кардию ёдам омад, ки замоне дар Марв мо бо эшон ?амнишин будем.

Ва?те Ма?аст? аз Балх ба Марв омад, он пойтахти давлати сал?у?и?о буду Шо?и ?а?он унвон дошт ва моро низ ба дарбори Султон Сан?ар даъват карданд. Ин подшо?и бузург Умари Хайёмро бисёр м??тарам ва баландэътибор гардонда буду болои тахт, назди худаш мешинонд. Сан?ар, ки табъи шоир? дошт, Ма?астиро низ бо хушии бисёр пазируфт, вайро кабутари ?арам эълон кард ва надимаю ?амс??бати хеш хонд. ?айри подшо? фа?ат ?азрати Хайём ?а? дошт, ки бо Ма?аст? бемалол гуфтуг? кунад. ?амин тавр буд, эй бародар?
<< 1 ... 28 29 30 31 32 33 34 35 36 ... 141 >>
На страницу:
32 из 141