Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 29 30 31 32 33 34 35 36 37 ... 141 >>
На страницу:
33 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Бале. Замоне, ки Ма?астии бистсола аз ?абри ?арохони?о ба дод омада, Ху?андро тарк гуфту ба Марв омад, ба ?усни сурат ва зебоии ?амол ягон нозанин то зонуяш намерасид. Бар замми ин хеле хушовоз буду шоираи баркамол…

– Эй бародар, мушоираи шоиронро дар мавз?и «зулф» ёд дор??

Даме ки А?аб? дафтари хотирот вара? мегардонд, Нигина и?озати сухан пурсид:

– Ин мушоира дар го?и дуюми китоби Ма?аст? тасвир шудааст:

Ху?анд? он Ма?аст? покгав?ар,

Му?арраб шуд ба пеши тахти Сан?ар.

Чу р?зи да? баромад, шо? як р?з

Фаро орост ?ашни оламафр?з.

Ма?аст? пеши Султон чанг мезад,

Навое бас баландо?анг мезад…

– Кифоя! – А?аб? дасти рост боло бардошта, аз ?ой нимхез шуд. – Ёдам омад: со?ии симтан сари пой истода, маи гулфом паёпай ба ?ом мерехт. Сан?ар ?ада? бар даст бо чашмони хумор? рухсораи чун гул шукуфони Ма?астиро нигаристу ниго?и парешонаш дар зулфи парешон андармон шуд ва мастона хитоб кард:

– Эй шуаро!

Аз «зулф» ?арф занед ва ча?орпоя э?од кунед!

Шуаро ?амдигарро нигаристанду ?айричашмдошти ?ама Ма?аст? мушоираро о?оз бахшид ва як ча?орпояи з?р хонд, ки матнаш дар ёдам нест…

Нигина дигарбора бе?арор шуд:

– Он рубоиро азёд медонам. И?озат бошад, хонам.

– Боли парвоз кушо, эй духтари шеърсарой! Бигзор шоира Ма?астиро ров? Нигина бошад.

Нигина аз ?ой хесту хаёлан ба Ма?аст? та?лид намуда, дастонашро дар шакли чалипо сари китф расонду ма?ину г?шнавоз ?ироат о?оз кард:

Дар ва?ти ба?ор ?уз лаби ??й ма??й,

?уз васфи лаби ёри суманр?й маг?й.

?уз бодаи гулранг ба шабгир магир,

?уз зулфи бутони анбаринм?й маб?й!

Азбаски А?аб? дигар лом накафонд, ?илави суханро Бобо Камоли Ху?анд? ба даст гирифт:

– Таровиши табъи равону зав?и саршор ?амаро ба по хезонд ва а?санат аз шо?у а?ли дарбор толорро ларзонд. Ранги шоирони кам?унар ва тамаъкори дарбор зард гашту фаши салларо парда бар че?ра сохтанд ва андар у?ёнуси тафаккур ?ар? гашта, ро?и тафвиз пеш гирифтанд. Яъне идомаи мушоираро ба ??даи шоирони ху?анд? – ману Ма?аст? вогузоштанду ?ар кадом дар ситоиши зулф бадо?атан дувозда? рубо? э?од кардем. Охиру охирон хеле хаста шуда, боз як рубо? хондам:

Дилдор чу дар нишот меовезад,

Бас ш?р, ки аз ду зулф меангезад.

Гар биншинад, сабр зи ман биншинад,

Гар бархезад, ?иёмате бархезад!

– Ин рубо? писанди ?амагон шуд, – бо лабханди нурон? он ла?заро ба ёд овард Бобо Камоли Ху?анд?. – Дидам, ки дигар з?рам намерасад, дасти таслим боло бардошта, ба курс? пойин нишастам. Ма?аст? вазъияти маро дуруст фа?миду бо ме?рубон? с?ям даст афшонда, «Шамъи Тироз» будани ла?аби маро ба ?озирин зе?ннишин карда, паёпай ду рубоии навро ба «зулф» печонду якеро ба шо? бахшид:

Дар иш?и ту ?ар с?й ?амебояд рафт,

Чун ашк ба ?ар р?й ?амебояд рафт.

Дар хидмати зулфайни ту ?амчун шо?он

Шарт аст, ки бар м?й ?амебояд рафт.

Нигина пас аз хатми ?ироат саволомез устодони суханро нигарист. А?абии Ху?анд? риши сафедашро бо пан?а шона зада, орифона гуфт:

– Р??и поки шамшоди б?стони ?аст? Биб? Ма?аст?, ки аз нажоди мардуми ?алилул?адр ва хонаводаи м??тарам аст, шоду мамнун гардид аз ту, эй духтари ?у?астафол! ?ам кори хайр кардию ?ам сухан?ои нак? гуфт? ва ?ам дур?ои маън? суфт?. Ту омадию мавз?и с??бати мо дигар шуд, г?иё шоираи бар?астаи Ху?анд бо дили шоду фара?манд ба кошонаи худ омад. Че?раи зебо ва ?усну латофати нотакрори ин мале?аи фасе?а, зарифаи шарифа ва з??раи сипе?ри номдор?, ки дар мавзунии ?аду ?омат, таносуби лафзу маъно, ?усни сурат ва с??бат пешсафу пешо?анги бонувони порсиг? буд, мисли сурате дар ойина пеши назарам пайдост, ки бар тарфи баног?ш зулфи парешон дораду бо зав?и ол? ва ?унари ?озир?авоб? раунатро ба меъро? мерасонад.

Хотимаи базми оншаба исботи ин гуфта?ост. Ма?аст?, бемуболи?а, бо сабки воло ?иёмате бархезонд! Султон Сан?ар, ки волаву шайдои шоираи ширинадо ва шириншамоил гашта буду барои ?ар рубоии Ма?аст? як ?оми пуршароб мен?шид, аз таъсири ду ча?орпояи охарин сармаст гашта, фармуд, то да?они шоираро аз зари холис пур кунанд. Сипас ним?урма «баъди Хайём рубо? ба Ма?аст? хатм шуд» гуфту ?умлае аз охирин рубо? ёдаш омаду «дар иш?и ту ?ар с?й ?амебояд рафт» г?ён о?анги дастдароз? кард. Ма?аст?, ки дабираи хуш?алам ва надимаи хушсухани султони бузург буд, дар?ол худро ?афо кашиду аз тори зулф боз як рубо? кушод:

Тан ба ту ба хор?, эй ша?ам, дарнади?ам!

Бар он, ки зи ту ке? аст, ?ам дарнади?ам!

Як тори сари зулф ба хам дарнади?ам,

Бар об бихусбам хушку нам дарнади?ам!

Дар базмго? ?ав?ои р?зи ма?шар барпо гашту шо?и ба зулф печида сурх гаштаву хайкардаву шармзада аз ма?фил бадар рафт…

– Баъд ч? шуд?

– Султони озурда Ма?астии ?озир?авоб ва алмосзабонро сахт ?азо дод: ?уссаи нозукашро ба п?сти гови навкушта печонда, бо ресмон ?ал?а баста, ба дастокхона – зиндони якка?абси занона андохтанд…

Нигинаро дигар то?ати шунидан намонд. Бо дидаи пуроб, «Чорго?и Ма?аст?» дар ба?ал ба китобхона даромад ва ?абл аз ?уруби офтоб ба ?авл? баргашту Бибинуриро тан?о дид, ки ба кабки ?афас обу дон медод. Азбаски ин шу?ли доим? ва д?стдоштаи Шайхбобояш буд, ба ?айрат афтода, ш?хиомез пурсид:

– Бобоям кан?, ки шумо кабкбон шудед?

– Бобокалон?оят Мар?инон рафтанд.

– Оъ… як мо? пеш рафта буданд-ку…

– Ман ?ам айнан ?амин хел гуфтаму аз со?иби сарам чунин посух шунидам: «Ба ме?мон? не, гапфа?мон? меравем. Бародарам Шамсиддин мег?яд, ки решаи дарахти ?ара?ора аз оби Сай?ун канда шудаасту инро ба шо?ону бузургони Фар?она мебояд фа?монд».

– Оча?он, нафа?мидам, ки бобоям ч? гуфтанду шумо ч? гуфтед?

– Бародарам Бадеуддин доимо давлатдории ?арахитои?о ва ?арохони?оро ба дарахти ?ара?ора ташбе? медоданду мегуфтанд, ки ин пайванд сабзу хуррам намешавад. «Решаи дарахти ?ара?ора аз оби Сай?ун канда шуд» гуфтани эшон чунин маън? дорад, ки аз беоб? танаи дарахт дар?ол хушкида, ба ?езумпора табдил меёбаду с?хтаю хокистар шуда, ба боди фано меравад.
<< 1 ... 29 30 31 32 33 34 35 36 37 ... 141 >>
На страницу:
33 из 141