Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 33 34 35 36 37 38 39 40 41 ... 141 >>
На страницу:
37 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Яъне ки Алои дину дунё

Султон Му?аммади Музаффар!

Аз ?ар ?ониб нидои та?син ва офарин баланд гашту сари Ша?зода г?иё ба осмон расид. Донае мирсан?алии нимб?р ба да?он андохта, дигаре ба шоир дароз карду сан?ишро идома дод:

– Шоире, ки каломи мавзун, хаёли рангин ва шеваи бови?ор дорад, лои? бар он аст, ки дар миёни муосирони хеш ливои сарфароз? бардорад. ?аббазо, эй Сайфуддин! Лек… маро шуб?ае пеш омад: шеъре, ки дар ситоиши падари бузургворам гуфт?, тозаву тар аст ё аз дафтари ашъор?

Сайфуддин лаб ба ?авоб накушода, Абдулма?иди Ворух?, ки то ?ол дар ?ариби Шо?зода меистод, одоби муоширатро риоя накарда, бо э?соси баланд гуфт:

– Бадо?атан, фар-фар шеър гуфтан шеваи бародари ар?манди мост!

Хайрият, ки ?асорати шоир сипари густохии ? гардиду Шо?зода хашм нагирифт ва бо дониши ами? набарди суханро идома бахшид:

– Устоди зудшеър? ?уз Р?дак? касе набуду нест! Агар бошад, бигзор дар васфи ин ?итъаи замин, бо?и афсонав?, боди муаттар, оби равон ва хаймаи пурмева бадо?атан як ?итъа шеър биг?яд. Агар моро писанд ояд, ин ?итъаи замин ?ро бубахшем.

Сайфуддин як ?адам пештар омаду бо че?раи афр?хта ва чашмони шукуфта ла?зае дарахтони пурмеваро назора намуд. Сипас дасти чап боло бардошту андалеби шохсор шуд:

Парда бардор, ки сури чаман аст,

Бод дар айни нисори суман аст.

Бо? чарх асту ми?арра майдон,

Шох ?авзову навбова паран аст.

Самари ?унча зи шохи миност,

То?и пироя зи дурри Адан аст.

Об дар ??й равад чун симоб,

Абр г?й?, ки гули настаран аст.

Бар замин хаймаи тардомани гул

Сояпардозтар аз норван аст

?ама хел мева а?и? аст магар,

Дар дами бод ?авои Яман аст…

Шеъри фар-фар ?амаро писанд омад, вале ?е? кас садо баланд накард. Хурду бузург нафас ба дарун кашида, Шо?зодаро менигаристанд, ки дар суфакати аъло ?амоно бови?ор менишаст. Нигина ?ам сокит буд, ?арчанд дили ?асосаш ороме надошт. Вай хуб медонист, ки шоир ба Шо?зода шеъри ол? э?до намуд. Аммо намедонист, ки пораи озмоиш? ч? сон ?адрдон? мешавад…

Хушбахтона, интизор? т?л накашид. Султон ?алолиддин солор аз ?ой хест. Ба р?йи сабзаи мулойим, ки шабе?и пойандози бахмал? буд, о?иста гом ни?од. Сабук ?адам зада, ба па?л?и Сайфуддин омад. Шоирро нарм ба о??ш кашид ва баланду мутантан садо баровард:

– Зе?!

Нидои шод? аз сайрго? ба фалак печид. Нигина ?ам мисли дигарон «Зе?!» мегуфту медид, ки мунш? ко?азу давот дар даст назди ?окими Исфара омад, то санади и?тоъ бинависад. Мирмалик ва Абдулма?ид сар бар сари Сайфуддин ни?ода, шоири хуштолеъро бародарвор шодишарик гаштанд. Шайх Бур?ониддину А?мадсайиду Абдулсайид низ ба ва?д омаданду аз дур Сайфуддинро бо дастафшон? табрик намуданд. Та?ният ва пазириш бо ?ам печиду шук??и сайри зардолу дуболо, мисли ширу шакар фара?бахшу гуворо гашт.

Ангушти ишорат баланд кардани Шо?зода мав?и хуш?олиро паст нишонд.

– Эй мардуми пок! То метавонед, тафохур намоед, ки эдун шоири з?рманду тавоно дилбанди шумост. Азбас э?оди волои шоир эъ?ози Ягонаи болои сари мост, Сайфуддини Исфаранг? назаркардаи Худост! Ашъори обдор ва каломи тобдори ин баландахтар умри абад хо?ад ёфт. Ба ман бовар кунед, эй мардуми пок, ки то?ик? бароям забони модарист, «Шо?нома»-ро хатм кардаву аз ашъори Р?дакию Хайём ба?раи том бардоштаам, шо?байти рехта аз сатри нопухта ба ?иёс ?удо карда метавонам ва бо итминони комил мег?ям, ки манзумаи бадо?атан э?одшуда шо?корист! Бо?и Чилмева ба шоир мебахшам, то сароб?стони хоса ва борго?и э?оди тоза шавад!

Нидо?ои шодбоду шодбош ва ?иреву ни?еви мардуми хуш?ол дигарбора ба хур?ш омад, вале дасти болои Шо?зода ?алолиддин мав?и баландпарвозро садди мува??ат? шуд:

– Эй мардуми пок! Сайфуддини Исфаранг? дар мавзеи Сари Баланд? сарбаланд? ёфту аз имти?он гузашт! Вай дар рикоби мо ба ??рган? меравад ва дар сафи пеши шоирони дарбори шо?аншо?и олам ?ой мегирад. Акнун ба шумо ва шоири бузурги шумо даричаи дилро мекушоям, ки шояд охирин шарти имти?он бошад.

Тамоми шоирони олам дар боби иш?у му?аббат абёти ширин ва дилнишин доранд ва ?амагон маъшу?аро шамъ, оши?ро парвона ме?исобанд. Ин шабе?и хуб баёнгари ?ол аст. Вале ман ?е? намехо?ам, ки парвона ва парс?хта бошам. Дар ??рган?у Бухоро, Балху Самар?анд ва ?ироту ?исор аз шоирони са?иру кабири А?ам талаб кардам, ки барои Шо?зодаи оши? ташбе?и нав дарёбанд. К?шиданд, ?устанд, кофтанд ва бофтанд, аммо табъи дили мо чизе наёфтанд. Оё шоири Исфаранг? ташбе?и дилхо? меёбад?

Сайфуддин дар?ол лаб ба ?авоб кушод:

Шамъест орази ту, парвона офтобаш,

Парвонасон ч? дор? чандин дар изтиробаш!

Шо?зода ?алолиддин моту маб?ут гардиду бо шав?у ш?р каф ба ?ам зад:

– ?аббазо, эй шоири хушкалом ва зудшеър! Офарин, эй шоири бадеъуззамон ва ахтари тобон!

Эй мардуми пок! ?амчун фарзанди ваколатдор ба шумо мег?ям, ки аз ?амин ла?за эътиборан Сайфуддини Исфаранг? Малик-ул-каломи дарбори Султон Му?аммади Хоразмшо? аст!

?аббазо! А?сант туро!! Зи?? шоир!!!

* * *

Базми ?амшед? бо на?маи чангу захмаи рубоб ва садои форами доира о?оз ёфт. Мавсими ро?ату фаро?ат фаро расид ва ?ар дилеро ?аваси р?йи гуле дар сар афтид. Шо?зода ?алолиддин куло?у ?уллаи нав ба бар карда, бо ро?баладии Малик-ул-калом Сайфуддини Исфаранг? ба мистабаи Зумуррадшо? даромад. Кохи лаби об, ки дару тиреза?о аз чорма?зи обнус дошту са?фаш бо ч?би санавбар кандакор? шуда, девор?ояш аз зари гудохтаю га?и дубехта ?илодор буд, пас аз кофуру уду сипанд с?хтан басо хушб?й ва ро?атфизо гашта, барои ма?лиси со?ибдилон омодаву ороста менамуд. Хизматгузорони шигарфу чобук аз гулу ёсуману му?амбилу рай?он ва хайрии алвон неъмати фирдавс офарида, аз ?омаи заррину ?олини рангин ва фарш?ои навойин тахти шо?она густарида буданд. Ка?куло?они м?парешон ва пистада?он, ки че?раи ?ар кадоме чун ма?и ду?афта дурафшон буд, ме?мони оли?адрро бо та?нияту э?тироми бузург исти?бол гирифта, ба тахти баланд шинонданд.

А?ли рикоби шо?зода фарохури ?адру манзалат ва мансаб дар па?луи чапу росташ ?ойгир шуданду ?окими Исфара ба арбобу ша?наю садри русто?о аз он?о поёнтар нишастанд. ?ойго?и занону бонувон ало?ида ва пардап?ш буду баъде ки ?ама ?оба?о шуданд, захмаи рудзан на пасту на баланд садо доду малик-ул-калом бо пешгуфтори на к?то?у на дароз базмро кушод:

Оби мо имшаб зи ??йи Исфара,

Бодаи мо аз саб?йи Исфара.

?убба?о дорем т?барт?ву лек

?иблаи дил?о ба с?йи Исфара.

Хубр?ёнро дар ин майдони гул

Бар сари ?ар гом б?йи Исфара!

Дуруди Худой ва худойгон бар ме?мони муаззам ?алолиддин ибни Му?аммад, фарзанди бузурги шо?аншо?и олам ва бе?тарин Бан? Хоразм, ки бо ?узури мубораки хеш ва ёрони вафодори хеш ан?умани хубонро мунаввар ва м??ташам гардониданд. Хурду бузурги Исфара ме?мони муборакнафас ва ра?наварди ?а?ондидаро бартар аз нури дидаи худ ме?исобанд ва ману мур?и бедори дилам имшаб дар хидмати ?алолиддини азиз аст:

Хусраво, мулки салотини гузашта ин замон

Мар туро чун шири модар ?аст мероси ?алол.

Ахтари рушан ?алолиддин, ки аз и?боли ту
<< 1 ... 33 34 35 36 37 38 39 40 41 ... 141 >>
На страницу:
37 из 141