Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 34 35 36 37 38 39 40 41 42 ... 141 >>
На страницу:
38 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Бофур?? аст аз ?амолат маснади иззу ?алол.

Дар ?авои дилкушои мид?ати ту р??и ман

?амчу товусони ?удс аз нур дорад парру бол.

?амчу Хизр аз ба?ри шеъраш меди?ам оби ?аёт,

То ?иёмат ?амчу т?б? тоза бодо ин ни?ол!

То ба шод? бигзарон? р?згори иззу ноз,

Р?з?ои р?згорат бод эмин аз завол!

Шо?зода ?амаро дар шигифт гузошта, ба ?урмати шеър ва иззати шоир сар ба таъзим аз ?ой хест. Ла?ни муси?? ва садои мар?улаи Сайфуддин як парда баланд шуд:

– ?он, эй базмнишинони саройи сурур, ва?ти саб?? аст, аттараб!

Эй ёрони ма?лиси унс, дари дил?о бикушоед, то бо ?ам нишот кунем ва замзамаи ною н?ш, ?ойидаи гиру дори мардуми Исфара ба?о орем, ки мефармоянд: чанг зану бода н?ш, шод зию ?ам мах?р!

Мутрибони чирадаст, ки маътали ишора омода менишастанд, аз «Ушшо?» навое дар сабки исфаранг? шур?ъ карданд. Надимони латифу озода нону фатиру кулча?анд оварданд, ??робаю риштаугрою оши наргис? кашонданд, гулоби Тамохуш ва ан?шаи Чорк?? ба со?ар кашиданд, р?йи хон?о нишалои Ворух ни?оданд, барои ме?мони оли?адр хамсатул?алво аз пан? де?а ба тарзи лавзина, машкуф?, бодом?, залеб ва давомушк фаро?ам сохтанд. Дар мистаба ною н?ш ва ра?су хур?ш ба ??ш омад.

Хунёгарони воло?унари Исфара сан?у чантор, чангу ча?она ва ною рубоб ба забон оварда, бо камоли зав? суруд?ои оши?она хонданд. Дили ра??оса?ои ш?ху шанг ба хур?ш омаду дар ?авои «Ган?и бодовард» ра?си дастбандро ончунон нозуку латиф и?ро намуданд, ки чашме безиё намонд. Нигина, ки ?ар як ?аракати мавзуни ра??оса?оро бо чашми ом?зиш менигарист, ?ая?они худро пин?он дошта натавониста, ба Бибинур? бехг?ш? гуфт:

– Ин хелак ра?си зебо бори аввал мебинам!

– Об дар к?заю ту гирди ?а?он мегард?, духтари оча!

– Хуб гуфтед, оча?он, ман бояд бисёр ом?зам… Оъ, вая бинед!

?ар ду баробар Мирмаликро нигаристанд, ки мисли к?? аз ?ой баланд шуду но?амвор ?адам зада, назди ?алолиддин омад ва бо лабханд чизе гуфт. Шо?зода бо аломати ризо сар ?унбонду аз мевадони тилло? як шафтолуи сурхи ар?увон? гирифта, ба дасташ дод ва ангушти ишоратро ?унбонда, коре фармуд. Сипа?буди к??пайкар бо мамнуният таъзим намуда, тавре ки омада буд, но?амвор ?афо гашту худро ба кати ворухи?о расонд. Аввал ?адяи Шо?зодаро бо э?тироми хос ба та?ояш супурду баъд ба па?луи Абдулма?ид нишаст ва латифае гуфт магар, ки ?ама ?о?-?о? хандиданд. ?ой иваз кардани Мирмалик аз назари мири базм пин?он намонд ва азбаски дар толор бемалол гаштугузор карда метавонист, бе ?е? истихора ба шафати Ибро?имхо?аи кадхудо омада нишаст.

Дар базмго? ?ама мамнун ва масрур буданд, аммо Нигина шодию нишоти дучандон дошт. Пас аз интизорию умедвории ?афтмо?а о?ибат бахташ хандид ва ?ар ду азизи дилашро дар як ?о – ?амнишину ?ам?авор дид! ?ар ду хилъату к?ло?и якхела доштанду наздиктарин му?аррабони Султон ?алолиддин ма?суб меёфтанд – яке сиппа?буди разм, дигаре сипа?буди базм… ?ар ду ?аду басти якхела ва чашмоне мисли кавкаби дурахшон доштанду че?раи дилкаш, абрувони па?ну пайваста. Фар?и ягона ин буд, ки Мирмалик м?йлаби сип-сиё?и сипо?она дошту Сайфуддин м?йлаби дарози борик ва риши пасту гирдаи шоирона… ?ар ду барои Нигина м??тарам буданд – яке шеър бахшида буду дигаре китоби арму?он? ва ?анди навр?з?… Ва боз… ?ар ду дили бедори ?ро тасхир карда буданд – яке дар аспрезу дигаре дар бо?и Чилмева…

Нигина аз паси парда ?ар дуро баръало медид, вале ин та?ам-тан?о ?ро дар паси парда дида наметавонистанд. Зеро аз пардабардор? о?из буданд…

Наход ин ?олат то абад бета?йир монад??!

Нидои с?зони ?алби ларзонро ?ар ду шуниданд магар, ки баробар ба кати пардап?ш нигаристанд. Аз чунин мувофи?ат Нигина ла?зае карахт гашт, вале кати пардапечро бо даст нишон дода, бо ??шу хур?ш гап задани Абдулма?идро дида, зуд бо фаросат дарёфт, ки шоири сархуш дар базмго? ?узур доштани Нигинаро ба он?о ошкор кардааст…

Му?аниён о?анги навозиш дигар карданду доира бо садои дилхур?ш ра??осаи таннозеро ба ?илва овард. Нигина бо як дидан ?ро шинохт. Тантанаи ?ашни ?азора, ишваю ?илва?ои Товуси навхиром, тозон ба са?на баромада, ин ра??осаро та?лид кардан?ояш, аз сари ва?д ба духтарчаи сесола шеър бахшидани шоири ?авон А?мади Исфаранг? турна?атор пеши назараш падидор гашт. Дар дили тасфидааш шав?и тозае ??шид. Хост тозон ба са?на барояду он ла?за?ои гуворои к?дак? бори дигар такрор кунад, то аз малик-ул-калом Сайфуддини Исфаранг? шеъри наве мукофот гирад. Вале панди Очанур?, махсусан «?е? ва?т ба ?илваи товус та?лид макун!» гуфтанаш монанди як каф оби хунук тафси дили ??шидаро паст гардонд. Пушти лаб бо н?ги дандон газида, ба дастафшонию чашмпаррони?ои Товуси хушхиром бо чашми дигар назар афканд.

Шо?зода низ ?илваи ?усн ва ра?си кокулро бо ди??ати том тамошо мекард. Лекин аз ва?о?аташ аён буд, ки лаззати том набардоштааст ва гумон, ки лаб ба та?син кушояд. Ра??осаи дуюм низ сазовори та?ният нашуд. ?амилаи Канд? ?ам ?арчанд к?шид, мавриди тава????и ол? ?арор нагирифт. Мизбон?ои асос? хотирпарешон гашта, шодгунаи со?иб?амол Нодираи Чорк??иро пеш андохтанд, ки му?аннияи хушсадо ва ра??осаи хушадо буду дурдонаи Исфара. Нодира дар ?авои тарона?ои мардум? бо нозу адои дилбар? ба ?илва омад ва дар мистаба ш?р ангехт!

Шо?зода низ худро дошта натавониста, мисли дигарон кафк?б? намуд ва бо че?раи болида гуфт:

– ?аббазо! Эй ?унёгарони Исфара, бо савту садои ангубин ва ра?су адои оташин маро ?игаркабоб кардед, офарин! Баста бодо нафаси суб?идам то даме, ки маро муроди дил ба каф ояд!

Маро дар дил орзуест, ки дар Исфараи нозанин бе?тарини бе?тарин ра??осаи ма??абин бубинам. Шодгунаи сарв?ади лоларухе мехо?ад дилам, ки хиромидану гуфтору рафтораш, ?аду басту ?усну ?амолаш нотакрор, нак?тар аз тозагули навба?ор бошад! Агар ?ро пайкар ва ?унар дили маро писанд ояд, сар то ?адамаш зару зевар пошам!

?окими Исфара ога?ии том дошт, ки шодгунае ба чунин авсоф дар мистаба нест. Бо таваллою зора Сайфуддинро нигарист, ки мушкилкушо шавад ва бо се?ри калом чора дарёбад.

Шоир дар байни обу оташ монданашро фа?мид, аммо наларзид, балки бо лабханди ширин нидо кард:

– Фори?у дилшод бош, эй Шо?зодаи хуши?болу фарохдавлат, ки туро лутфи Кирдигор муйин асту гулшани саодат ба ройи ту ?арин! Азбас а?ли ?унар азиз медор?, гули дил?ои пуршарар баста дар дасти тавонои туст. ?алби поки шоир далолат меди?ад, ки ра??осаи дил?усти Шо?зода ?алолиддин дар ин мистаба ?узур дорад. Аммо к? будани ?ро касе намедонад!

– Кист ??

– Дувозда? сол му?аддам ра?си як духтарчаи сесоларо дида, аз ?айрат даст ба гиребон бурда, шеърпорае ?адя карда, шоирона фоте?а дода будам. Ла?зае пеш аз сипа?буди диловари ту Мирмалики Ху?анд? фа?мидам, ки он лоларухак имр?з Ма?астии замон асту ма?астивор менавозад, мехонад ва мера?сад.

– Ма?астиро медонам, ки ?амнишин ва ?амс??бати Султон Сан?ар буд. Аммо ку?ост Ма?астии нав?!

– Нигина бинти Абдулсайид, ки аз Ху?анд омадааст, ме?мони базми мост. Вале… наметавонам, ?ро ба са?на хонам…

– Чаро?!

– Падараш Абдулсайиди дуредгар ин ?ост ва ба ман гуфтанд, ки Нигина бе изни падар ?атто нафас намекашад.

– ?аббазо! Офарин ба чунин падар ва та?син чунин духтари покро!

Тавсифи Шо?зода падару духтарро ба по хезонд. Баробари он?о А?мадсайид низ аз ?ой хесту саросема лаб ба тамаллу? кушод:

– Аввало, ассалому алайкум, эй Шо?зодаи бузург. Ман А?мадсайиди бозаргон, амакбузурги Нигина. ?ар як сухани Шо?зодаи бузург то?и сари мо. И?ро кардани хо?иши дили ме?мони бузург барои мо ?ам фарз асту ?ам ?арз. ?озир Нигинаи мо ?унарашро нишон меди?ад.

Эй шоир А?мад ибни Му?аммад, бишнав, ки падараш роз? асту ба Нигина – и?озат. Худо кушоиш ди?ад.

Баъди фурсате дар мистаба навои «Нози Навр?з» танин андохт. Бо ?авои муси?ор рухсораи латифи Нигина чун мо?пора о?иста-о?иста аз пардаи ра?и? падид омад. Вай чамон гом ни?ода, ба мобайни давра расиду башаст сари зону нишаст. ?амон замон сар ба зер афканд ва бо ?аракати латифе ?и?оби гулфом ба пушт партофт. Кулолаи ?иргуни вай, ки бо мо?ича?ои ну?раю тилло? – ?адяи навр?зии Бобокалони Бузургаш оро ёфта буд, мав?-мав? парешон шуд ва ?арири танаш чу гули сапеде зери барги бунафша пин?он гардид. Тав?и заррин, дастпонаи тилло ва г?швора?ои ну?рафом низ зери ?и?об монд. Садои муси?ор ?ам сонияе хом?ш шуд ва ?амагон фа?миданд, ки ?усни о?ози ра?си нав идомаи пурш?р хо?ад ёфт…

Душвортарин ра?си айёмро интихоб кардани Нигина сабаб дошт. Вай беш аз сад р?з за?мат кашидаю баъзе шабон ?атто нахуфта, мушкилтарин ?узъиёти ра?си фаром?шгаштаро азбар намуд, ?ама дархосту талаботи устод Рубобиро нукта ба нукта и?ро кард, се маротиба дар тан?о? ра?сиду но?амвори?ои ба чашми дигарон ноаёнро низ сай?ал дод, то дар ма?фили навр?з? ба?ои сазовор гирад. Вале аз ноомади кор, як р?з пеш аз ма?фил бемор шуду «Бисмил» бисмил шуд, яъне ра?си э?ёгашта нора?сида монд…

Ва?те ки дар ма?фили имр?за Шо?зода ?алолиддин дидани ра??осаи нак?тар аз тозагули навба?орро дархост кард, дили орзупарвари Нигина бе?арор гашт. Овози дурпарвози Очануриро баръало шунид: «Эй кабки хушхиром, хушу хуррам ?илва намо, шо?зодаро бисмил гардон!»

…Нигина бо тамоми ?аст? мера?сиду ?алолиддин бо тамоми ву?уд мафтун мешуд. Чун ?амеша ?ушёру бедор буд, аммо мисли масте, масти бе?ад бодах?рдае чашми парешон дошт. Орази гулгун, наргиси фаттону лабони а?и?, абрувони пайвасту холи мушкин, че?раи нурафзою соиди симин ва баног?ши бул?рини ин л?ъбати хиромонро дар тарозуи харидор? бармекашид.

Вай мо?талъатони хуршедваши бисёре дида, ?атто ба ша?ри Халлух – макони гулрухони ?урнажод сафар карда буд. Нозанини нозанин?ои олам Салмои арабдухтро ?ам медонист. Аммо ба чунин ?усну латофат нозанини бунафшазулфу наргисчашм ва симтану насринбарро, ки ранги рухи аз лола басо нозуктаре дошт, то ?ол надида буд. Зери лаб «дар ?е? давру замон ?е? модар ба чунин ?усну ?амолу ?унар ?е? духтар назодааст!» гуфту бисмил шуд. Ва чун ра?с ан?ом ёфт, мисли хуршеди тобони сари к?? баланд ?ад афрохта, се карат бо хуш?ол? нидо кард:

– Зе?! Зе?!! Зе?!!!

Аз сари Нигина зару зевару тилло мисли борон борид…

Шо?зода ?алолиддин ангушти ?укумат боз боло бардошт:

– ?абазо, эй мардуми пок, барои эдун т??фаи шо?она!

Ин дурдонаи ягона зеби хазинаи шо?аншо?ист! ?ро бо э?тиёти том ?амро?и худ ба ??рган? мебарам ва мисли гав?араки чашм ниго? медорам.

Агар Ма?астии Ху?анд? каб?тари ?арами Султон Сан?ари Салчу?? буд?, Нигинаи Ворух? кабутари ?арами Султон Му?аммади Хоразмшо? – Сан?ари сон? шуд?!

Ат-тараб, эй мардуми пок, ат-тараб!!
<< 1 ... 34 35 36 37 38 39 40 41 42 ... 141 >>
На страницу:
38 из 141