Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 73 74 75 76 77 78 79 80 81 ... 141 >>
На страницу:
77 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– ?ро мешинос?? Дарво?еъ, ?ардуятон ?амша?р?, а?! Г?р ёду ?уши пир? шавад, чизи одиро фаром?ш кардаам. Лекин хуб дар ёд дорам, ки понзда? ё шонзда? сол пеш Сайфуддин айнан оши ту барин палави исфараг? пухта буд, мазааш то ?ол аз да?онам нарафтааст.

– Он кас ошпази з?р!

– ?ам шоири з?р ва ?ам олими з?р! Он ва?т А?мади ?авон буду дар мадраса мехонд, бе?тарин шогирди Ар?зии Самар?анд? буду бо Шамси ?ола ?амсаба?. Лекин Шамсуддин вай барин ош пухта наметавонист. Шеъраш мисли ошаш го? бенамак буду го?е саросар намак…

– ?озир ч? хел?

– ?озир… Ба ту ч? г?ям? Исто, аз худаш мепурсем. Аз шарфаи пояш маълум, ки назди дарвоза расидааст…

Да?и?ае пас Шамси ?ола ба ?авл? даромаду Нигина, ки ?аблан аз суханпардозию бедорма?з?, б?ёиву чашиё? ва э?соси нозуки кампири садубистсола дар шигифт монда буд, чун кабки лол маб?ут гашт. Зеро вай лоа?ал шарфаи пое нашунид, аммо Биб? Ойиша ?ам овози пойро шуниду ?ам к? буданашро бехато муайян кард! «Ин шоираи самар?анд? занаки од? не, булбули би?ишт? ва фариштаи замин? вай!» худ ба худ хулоса кард Нигина. Дар он асос, ки боре очакалони ху?андиаш Бибинур? фаришта?оро б?гирони гардун унвон кардаю шоир Сайфуддин булбулро дар як рубо? б?бурд номида буд…

– Чун фа?мидам, ки Нигина ба зиёрати модарбузурги мо омадааст, ?ама корро партофта ин с? давидам, – гуфт шоир баъди саломуалейк ва ?аш-?аш нафас кашида, аз со?ибхона пурсид. – Нигораю Фотима кан??

– Сапедадам ба Фанор?з рафта буданд. То ?ол бедарак…

– Фанор?з ку?ост?

– Де?ае дар шафати Самар?анд, ки бо?и падари Биб? Ойиша он ?о доман па?н кардааст.

– Яъне ки… ?озир аз бозор нони гарму сихкабоб меорам.

– Ташвиш накаш, шоир! Нигина оши исфарагию шафторанги ша?дрез овард. Агар хо??, насиба гир. Лекин аввал ба як пурсиши ме?мон ?авоб гардон: ту шоири з?р ё Сайфуддин?

– Ошнои ман муллои з?р ва ошпази з?р аст, локин дар назм Шамс аз Сайф з?ртар!

Аз ?авоби густохона Нигина ?айратзада шуду Биб? Ойиша лу?ма андохт:

– Эй шоир, андар сухан жарф нигар:

Фур? афт? зи к??и тундболо,

Рав? дар мав?и обу жарфи дарё!

– Ишораатон ?абул. Лекин… Эй Биб?, ёдатон ?аст, Му?аммад Авфии Бухоро? ва?ти ба Самар?анд омадан дар ?а??и ман ч? гуфта буд?

– Гуфта буд, ки Шамси ?ола дар камоли лутфи табъ ва ?амоли фазл адимулмисл аст…

– Яъне ки бемонанд, ягонаи даврон! Акнун, эй Биб?, ёд оред, ки Зиёи Ху?анд? ч? гуфта буд?

Биб? Ойиша баъди андаке тава??уф бо табассум гуфт:

– Манзумаи Зиёуддин Порсии Ху?анд? дурмадароз аст, чор мисраъ хонам, кифоя:

Фалаки ахтари маън?, садафи дурри я?ин,

Гав?ари воситаи и?ди шараф Шамсуддин.

Суханаш се?ри мубин аст, вале аз пайи фа?м

Шеър карданд бузургон ла?абаш Се?ри мубин.

– Яъне ки ла?аби ман – со?иби шеъри баланд! Акнун, эй Нигина, шеъри Сайфуддинро ба ёд овар, ки дар с??бати аввалин назди дарвозаи Самар?анд хонда буд?…

– Устод Сайфуддин дар васфи шумо ?асидаи з?р навиштаг?,як кам чил байт. Ду байташро мехонам:

Эй гу?ар аз лафзи ту ба ном расида,

Аз ту забони сухан ба ком расида!

Ахтари ?аддодиён ба даври камолот

Бар фалаки собити давом расида…

– Ин ?асидаро Зиёи Ху?анд? ба ман дастрас карда буд. Аз каломи хуш ва табъи баланди андалеби Исфара бе?ад хурсанд шудам. Хаёлоти рангоранг, шеваи бови?ор дораду шук?? ва дабдабаи сабки Хо?ониро инкишоф меди?ад. ?арчанд и?ро?у муболи?ааш бисёр аст, месазад, ки дар миёни муосирони хеш ливои сарфароз? бардорад. Бо Зиё масли?ат кардем, ки ?ар дуямон дар васфи Сайф ало?ида-ало?ида ?асида менависем…

– Шумо устод Зиёуддинро кай боз мешиносед?

– Аз ?авон?. Ману Сайфу Зиё мисли акою уко. ?амсаба?у ?амтаба?, ки ?астем, ?адри якдигарро медонем. Дарво?еъ, ана ?амин Зиёи Ху?анд? гуфтааст, ки Шамс аз Сайф з?р!

– Наход?

– Барои он ки ба мазмуни калом дуруст сарфа?м рав?, боди??ат г?ш андоз. ?ар сеи мо ва боз чанд шоири дигар хидматгузори дарбори ?илич Там?очхон будему бо дастури Низомулмулки вазир мушоираи бузурги навр?з? ташкил шуд. Сайфи Исфаранг ?асидае хонд олидара?а ва бар ?ама шоирон сар? ёфт. Кулли нозимону олимону фозилони акобиру аъён ба иттифо? омаданд, ки як байти ин ?асида баробар аст ба девоне:

Суниши лаъл резад аз парри ?умой дар ?аво,

Гар бих?рад зи куштаи лаъли лаби ту устухон…

Аз ?урур болидани Сайф, аммо аз ?асад пушти даст газидани маро дида, Зиё худ аз худ вазифаи довар? бар д?ш гирифту гуфт:

– Як гул нишонаи ба?ор несту як байт далели бузургвор?! Бо дили пур мег?ям, ки Шамс аз Сайф з?р аст!

Сайфуддин исбот талабид ва чунин ?авоб шунид:

– Дар мушоира Шамсиддини Тобас?, Шамсиддини Бо?илон?, Шамсиддини Убайд ва Шамсиддини ?ола низ ?асидаи хуб ва мар?уб гуфтанд. Дар як мушт чор ангушт аз як ангушт з?ртар асту чор Шамси Самар?анд? аз як Сайфи Исфаранг?! Яъне Шамс аз Сайф з?р!

Нигина, ки худситои?ои Шамси ?оларо бо г?ши ларзон мешунид, якбора баланд хандид:

– Намуред шумо! Гапатон ш?х? будаасту ман ?идд? пиндошта, хеле дилгазон шудам.

Биб? Ойиша ?ам хандон шуд.

– Ин шоири «з?р» байту ?азали ?а?в? бисёр дорад. Агар ?азлиёти худро ш?яду исти?фор кунад, ?асидаву шеъри нак? мег?яд.

– Рости гап, Биб?, то ?ол аз ?ола ягон мисраъ нахондаам…

– ?озир ?амро? мешунавем. ?ола, дар к?лбор ягон матои нав дор??

– ?итъае хом ва нотамом ?аст, эй Биб?! Шаб то са?ар хеле к?шидам, то шеъре ба Нигина бахшам…
<< 1 ... 73 74 75 76 77 78 79 80 81 ... 141 >>
На страницу:
77 из 141