Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 76 77 78 79 80 81 82 83 84 ... 141 >>
На страницу:
80 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

– Маро ?е? кас ?е? ку?о набурдааст! Бо оби Марям бадан шустааму дилу домонам пок… А?мад-ако, шумо чи?о мег?ед?

– Худ медонам, ки ёри ?адима гуно?е надорад, аз вай худро дур кашидан абла?ист. Аммо ч? кунам, ки ин лаби дарё подшо?у он лаби дарё малик… Ман дар мобайн ?ари?! Лоило? дасту по зада, «Алфиро?, эй дил!» мег?яму «Алвидоъ, эй иш?!» мег?яму нола мекашам:

Сирри иш?ат бо к? г?ям, ин сухан афсона нест,

Бо дили худ ?ам наг?ям, гарчи ? бегона нест?!

Дар миён бин?одаам иш?и туро бо ?ону дил,

Гарчи медонам, ки ?ойи ган? ?уз вайрона нест.

Ман яке дил дораму пурхун зи ?ам чун нордон

В-ин суханро фош кардам, гарчи ин мардона нест.

Андаруни нор пурхун асту механдад аз он-к

Дил басе дорад, валекин дар миён дилдона нест!

Иш?и мо афсона шав, г?, гирди олам ин замон

Кори олам чист, бингар, сар ба сар афсона нест?!

Андактар шоири дилгумкарда боз чанд ?азалу да??о рубо? навишту ба Нигина бахшид, ки ?амаро покнавис карда, дар дафтари ало?идае ма?фуз медорад ва ?ар го?е намунае мехонад, м?й дар сараш бар пой мехезад ва об аз чашмонаш мерезад. О?ози авро?и пурму?аббат ?амон дубайт? аст, ки А?мадшоири ?авон дар ?ашни ?азора ба духтарчаи сесола бахшида буд. Имр?з гулдухтари ?ажда?сола бовар дорад, ки Сайфуддини баркамол ме?ри Нигинаро дар ган?инаи сина ниго? медорад, аммо ни?он медорад. Яъне агар Нигина «бахт аз таваккал» г?ён ?амро?и Шакархонум ба Бухоро равад, рози пин?он ошкор мегардаду шояд мушкил осон мешавад ва ран?ро ро?ат падид меояд: шоири тавоно ?изоли аз дом раста, ба пойи худ омадаро ?авидил мегардонад ва аз хавфи Хоразмшо? осуда медорад. Он го? Нигина ?аёти худро ба ? мебахшад, ?ар ку?ое равад, чун соя аз паяш меравад. Лекин… агар Сайфуддин дар Бухоро набошад, он го? ч? мешавад?! Як беваи муштипару як духтари бекас дар ша?ри бузурги дувозда?дарвоза ч? кор мекунанд?! Дуруст аст, ки ?ар ду ?унарманду чустанд, дар к?ча намемонанд. Махсусан Нигинаи оли?унар ва бешгав?ар асло ба зери бори миннати касон ва хасон сар намени?ад, ша?р аз ма?лиси унси вай пур аз ?оё-?ой ва ?уё-??й мешавад. Ин нохуб нест, вале аз кохи баланди Шо?аншо?и олам ба ?асри садри Бухоро паридани кабутари ?арам хушбахт? нест, балки боиси мазаммат аст! Саъд? агар ого? шавад, байти маш?урашро бо исте?зо г?шраси оламиён мекунад:

Агар ба ?ар сари м?ят ?унар дусад бошад,

?унар ба кор наёяд, чу бахт бад бошад!

Оре, аз Самар?анд рамида, ба Бухоро рафтан шабе?и аз борон гурехта, зери новадон омадан асту ба Ху?анд к?ч бастан ?азор маротиба бе?тар, ки Мирмалик он ?ост!! Оне, ки ?амагон волии азми дуруст мег?янд ва сид?ан эъзозу икром менамоянд; оне, ки дар Воруху Ху?анд ба духтарчаи нозуклаби зирадандон ва ширинзабон ?адя?о дода, парда?ои ?ассоси дили нозукашро ба лапиш оварду дар аспрези Мо?пар? бо ниго?и пурму?аббат ?алби ноороми гулпар? тасхир кард; оне, ки дар ??рган? аз ?усну ?унари волояш ба ва?д омадаю волаю шайдо гашта ва аз му?аббату му?ибати подшо? натарсида, ме?ру му?аббаташро ба кабутари ?арам ошкоро ифшо кард, андар дили Нигина оташ андохт, лек худ чун дуд печиду рафт…

Рафту дигар наёмад. Аз худ дарак ?ам надод. Чаро? Тиб?и фармони Хоразмшо? амал карда, ба ?ар ду дида ангушт ни?од, то шо?и бадкина ба Нигина газанде нарасонад? Ё баъди ?оким шудан аз серкор? ба сархор? фурсат наёфту иш?бозиро, ёри ?адимаро фаром?ш кард? Ё ин ки занаш, Ойчечаки танноз садди ро? шуда, шери жаёни Ху?андро бо се?ру афсун пойбанди худ гардонд? Ё дастнорас будани кабутари ?арамро дидаю дониста, ?авасаш ях басту дар ра?и иш? ба о?из? ва нотавон? тан дод?!

Посухи ин пурсиш?о ал?ол барои Нигина номаълум, аммо як нукта возе?у мусаллам аст: дар ойини иш?у му?аббат фаром?шкор? хатоест нобахшидан?! Зеро оне, ки дидор ба вай манъ шудааст, бо хабаре ?онеъ, бо паёмаке сабукр?? мегардаду аз ишорае ?ро ро?ат меафзояд. Охирин номаи Мирмалик, «Худовандо, нигинамро нига? дор, ки ёри аввалу охир ?амин аст» гуфтанашро гаштаю баргашта мехонаду пайваста ?уссаю ?ам мех?рад, ки ба х?рдан ?е? кам намешавад, баръакс, р?з то р?з гаронбору то?атфарсо мегардад. Ма?бубаи фаром?шшуда худро ба тахтасанги осиё монанд мекунад, ки имкони ?аракат надорад, ло?арам та?аммул мекунаду аз бардоштани бори гарон азоби фаровон мекашад ва менолад:

Ога? на? зи ?олам, эй ?они зиндагон?,

Дардо, ки дар фиро?ат мебигзарад ?авон?…

Ва?те ки Шакархонум бори аввал ин байтро шунида буд – он замон ?ар ду обида?ои ша?ри Марв – Шо?и ?а?онро тамошо мекарданд – ба ри??ат омада, «ту ?ам Мирмаликро фаром?ш кун, ?азору як талабгор дор?!» гуфт.

Нигина гиряолуд ?авоб гардонд:

Наси?атг? маро г?яд: ки «Баркан дил зи иш?и ?!»

Намедонад, ки иш?и ? раге то ?они ман дорад!!

Он р?з Нигина шеъру байт?ои иш?омез бисёр хонду ба хулосае омад, ки рамзу рукни иш?навозиро ?айр аз андалеб на ?ар паранда медонад. Агар кабутари ?арам оши? шавад, сазояш он аст, ки ?ама шаб ба девораи ?афас бо дили пуралам шеъру афсона г?яд ва хаёлан гули висол ??яд, то аз пой нала?жад. Зеро кабутаре, ки с??бати шо?ин орзу мекунад, фа?ат ба ?алоки худ к?шиш мекунад.

Каб?тар ба боз ар шавад кинасоз,

Муалла?зан ояд зи силии боз!

Зимнан, ?олиё Нигинаро на фа?ат р?згор, балки афкор ?ам дигаргун аст, аммо ?авлу ?асаму суханаш ?амоно яктост: андар кошонаи дили ман ?уз Мирмалик ?аргиз касе набуд ва мабод!! Ман ба ёди ширину гуворои Мирмалик аз молу мулки ду олам фори?ам ва ?амеша вайро меситоям. Ин ?авонмарди гандумрангу кушодапешон? ва хушм?йлаб, ки бинии дарозу баланд, чашмони сиё?и ?озибанок, абрувони Золи зар, китфони васеъ ва ?аду ?омати расо дорад, дар ум?и дили нозукам сазовор маъво гирифтааст. Бовар дорам, ки ме?ри Мирмалик оламтоб, ме?рварзии ? ш??раи офо? асту ш?ълааш ?аргиз хом?ш намешавад ва баробари дидани ма?бубаи деринтизори худ фур?зон гаштаю ба сад ме?р камари заррин баста, ме?монпарастию ме?рубонию д?стдор? мекунад. Баъд…

Худоё, ин ч? бешарм?! Чаро ба бе?уда гуфтан ?адри хеш паст мебарам?! Агар касе сабаби ба Ху?анд омаданамро пурсад, ч? ?авоб мегардонам? «Азбаски Мирмалик наздам нарафт, худ бо пойи худ омадам» мег?ям? Ё ин ки «Лайл? ба суро?и Ма?нун омад» мег?ям?! Ё…

Бас! ?уз ин ?адар дигар ?азён натавон гуфт! Чаро озмуда меозмоям? Чаро бе?уда ран?и худ мефизоям? Чаро бо ?арза мулки дилро харобу тани абгорро овора мекунам?

Ин ч? кор аст, ки ман мекунам??!

Силсиласавол?ои соядор пару боли Нигинаро шикаст ва ?, ки ла?зае пеш ?ониби Ху?анд ?анотак задан мехост, «аз бешармию бе?адр? оворагии к??у биёбон бе?» г?ён самти парвозро мутоби?и зарбулмасали «оби рафта боз ояд» ?ониби ??рган? та?йир дод. Ёдаш омад, ки дар он шаби пурмо?аро Мирмаликро бартар дониста, иш?и Узло?шо?ро рад карда буд. Акнун худ аз худ пурсид, ки дар он ла?заи мубтало гаштани шо?зода ба вай сари итоат хам мекард, ч? мешуд?

Дар дилу дидаи Махдумаи ?а?он ?о мешуд! Баъди Турконхотун дуввумин бонуи Хоразм, олтинхотун – зани баландма?ому олимашраба мешуд! Фа?ат… мисли Турконхотун оламдаркаш нею мисли Ма?аст? оламафр?з мешуд! Як табассумаш ба хиро?и як ша?р баробар мешуд!

Зимнан ?ан?з дер нашудааст. Агар аз Ху?анд дил канда, ба ??рган?и ободон, ки се сол манзил дошт, баргардад ва ханда бар лаб, бо нозу карашмаю айёр? доманкашон ба с?йи Узло?шо? хиромад, шо?зодаи мубтало нозаш бо ?ону дил мехараду бо чашмони танги гурусна ба якр?за ро? пазира мешавад, тамоми буду бозёфташро ба пеши пои Нигина нисор мекунад. Зеро он шаб масту саргаранг буду то ?ол аз ?узъиёти фиребу найранги Нигина во?иф нест. Турконхотун ?ам аз муносибату муомилаи оншаба са?е? хабар надорад ва агар пурсад, Нигина худро сафед карда метавонад. Чунки дар ?а?и?ат бегуно? аст, тан?о худро ?имоят намуду Узло?ро дасти он надод, ки бо густохии кофирона чанг андохта, пиро?анашро биб?яд, биб?сад ва бидаррад. Бо ?ар ро?у восита шо?зодаи мастро водор сохт, ки гардани шайтонро бишканад…

Нигина дилпур буд, ки Узло?шо? ба ин суханпардози?о бе ?илу ?ол бовар мекунад. Зеро аз бо?и васли Нигина гул чидан вайро орзуи дерина асту як ш?ълаи ниго? кофист, то оташи му?аббати ин бул?авас баланд забона зада, дилашро кабоб гардонад ва Нигинаи нозанинро тори сару болои чашми валиа?д нишонад. Валекин Турконхотун, ки онакалони макру ?илаю тазвир аст, ягон ?арфу ?и?ои Нигинаро ?а?и?ат нахо?ад пиндошт! Вай, ки шербачаи ша?олчанголи худро ба мар?зори хилват махсус барои о?ушикор фиристода буд, ба пирбуз мубаддал шудани сайди шо?зодаро дида, аз ?а?л ларзида, чун модамори гурза ба худ печида, кафкафаканон зе?ри ?ало?ил огандаасту Нигинаро дидан ?амон ба дилаш бера?монаю зулмкеш неш мезанад ва ?ро синареш мегардонад! Ба ин а?узкампири ?удратманд як ?атра оби сард кофист, ки оташи му?аббати набераи бул?аваси худро фур? нишонад, дилашро ба якпора табдил ди?ад, ?ипчо?бача?ои гандама?зро ба Нигина ш?ронад, ?аёташро с?зонад ва орзу?ояшро г?ронад!!

Нигина аз сина дами сарди зимистон? бароварду аз чашм сиришки гарму гулфоми тобистон? рехт, байте аз Хайём фарох?ри ?оли худ хонд:

?уш дор, ки р?згор ш?рангез аст,

Эмин манишин, ки те?и даврон тез аст!

Нигина, ки ла?зае ?абл бо фара?манд? «оби рафта ба ??й боз ояд!» гуфта буд, аз гапаш пушаймон гашта, зарбулмасали ?адимаро ба аслаш баргардонд: «Оби рафта пас наояд!». Худоё, мадад намо, то дигарбора ??рган?ро набинам, на дар хобу на дар бедор?!! Мушкиламро дар Самар?анд осон гардон»…

Ин бигуфту симои Хоразмшо? пеши назараш омад ва ?ар сухани некашро, таърифу тавсиф?ояшро чун дона?ои марворид дар риштаи хаёл ?амъ овард. ?адя?ои шо?она, тиллопошию ар?гузори?ояшро, о??ш кушодану навозиш намудану дастдароз? кардан?ояшро низ ба ёд овард ва хулоса баровард, ки Хоразмшо?и кабир ба ?усни Нигинаи са?ир оши?и камназир аст, лекин дар ла?за?ои ?ушёр? аз баёни э?соси хеш худдор? мекунад. Шояд фар?ияти синну солро ба ?исоб гирифта, ба из?ори му?аббати инсон? ?уръат намекунад. Яъне оши?и маст аст подшо? ва агар Нигина шеваю гуфтор та?йир дода, ?ини ?ушёр? – ?абл аз «мар?абан бил саб??» гуфтани подшо? – бо дебои гулгун наздаш ояду тани нозуки ?асабп?ш бо нози латиф ба ?илва орад ва чун гулнори асили порс? фур?зон гашта, тарзе шакаргуфтор? намояд, ки табъи дилу бар муроди шо?аншо?и олам бошад, ба ?авли ворухи?о ?ама кораш вадаванг мешавад! Хусусан имр?з?о, ки Хоразмшо? дар садри давлат камтар, аммо дар садри ишрат бештар ?арор дорад, агар ба андак ангезаи ме?р ва сухани оши?онаи ? илтифоти бештар намояд, шо?и ба як ишора маътал садчанд ро?ибу д?стдор мешавад. Зеро Нигина хушр?йтар, латифтар, ширинтар ва бе?тари бе?тар аз ?ама хубону бутони дарбор асту бар замми ин, агар шо? донад, ки надимааш ма?з барои ниго? доштани ?адру ?имату иззату эътибори Шо?аншо?и олам ба р?йи Турконхотуни п?сида ва Узло?шо?и ш?рида хати батлон кашидааст, ме?ру му?аббаташ ?азор карат меафзояд ва кабутари ?арам ба шо?хотуни олам табдил меёбад! Зи?? бахту и?боли баланд!! Зи?? ?аёти пурсаодату бегазанд!!!

Нигина ончунон ба ?ая?он омад, ки ?ариб буд дилкаф шавад. Бо азобе изтироби ?алб паст нишонд ва баръало ?ис кард, ки як нимарухаш чун оташи дамх?рдаи к?раи о?ангарон тафсону дигар нимарухаш хунуктар аз оби яхдон дар фасли зимистон аст. Гармию сардии рухсор ба сурхию зардии р?згор ташбе? доду бо тамасхур бар худ нидо кард: «Дар ин айёми пурта?лука шо? ку?ою оши?? ку?о?!» Султон баъди сарди?ои ?улвон аз бими халифа он ?адар тарскор шудааст, ки баъзан хешони дуру наздик, ?атто модару фарзанду набера?ои худро душман ме?исобаду агар Чингизи гурбачашм нога?он ба пеш ?а?ад, мисли муши ларзон можу муж мекунаду ?ама а?ли ?арам, аз ?умла кабутари наврастаро ба ?оли худ партофта, дар сурохе пин?он мегардад. ?ама ?ар с? мегурезанду Нигинаи якдона, ки бо ?омати якто гав?ари якто ба шумор меравад, дар мобайни Регистони Самар?анд яккаву тан?ои тан?о мемонад.

Тан?о ки монд, аз Хайёми бузургвор рубо? мехонад:

Як ?атра об буд, бо дарё шуд,

Чун зарраи хок бо замин якто шуд.

Омадшудани ту андар ин дунё чист?

Омад магасе падиду нопайдо шуд!

Не, Нигина магас нест! Кабутару кабки ?афас ?ам нест! Вай ал?ол о?уи рамида асту аз шафоати дуои Момои Самар?анд?, иншоолло?, о?уи шергир мешавад ва барои ба дом афтондани ?азанфари нав ба дашту биёбону ?ангалистони дигар меравад. Зеро аз Ху?анд б?йи вафо ба машом намерасаду дар Бухоро шодию сафо падидор нест, аз Воруху Г?рган? шикан?аю ?абру ?афо ба г?ш мерасаду дар Самар?анд ба дарди дилу ?игар дорую даво нест. Ло?арам, барои табобати дарду ран?и зо?иру ботин табиб аз мулки дигар мебояд ?уст…

Дар гузашта беморон ва ран?урон таваллою зора мекарданд, ки «табиб аз мулки Искандар биёред». ?оло он шо?и оламгир несту мулкаш ба дасти Хоразмшо? гузаштааст, ки худро Искандари сон? мехонад. Дар ин шо?аншо?? ?ама чиз ?аст, ?айр аз табиби ?ози? ба дарди оши?! Пас, табиби дарди беморони иш? ку?ост? Наход дар мулки Чингиз бошад?

Нигина беихтиёр лаб газиду бо чашмони пуристе?зо ?иссаи хостгор шудани Чингизхон ва ?авоби рад гардондани Хоразмшо?ро ба ёд овард. Ва?те ин муомила аз да?он ба да?он гузашта, то г?ши Нигина расид, ?азлу ш?х? пиндошта, «абла?е гуфту а?ма?е бовар кард» г?ён хеле хандид. Баъд ?исси кун?ковии духтарона боло гирифту Шакархонум ва Саодатбегимро ба с??бат кашид.

– Чингиз ч? гуна одам бошад?
<< 1 ... 76 77 78 79 80 81 82 83 84 ... 141 >>
На страницу:
80 из 141