Оценить:
 Рейтинг: 0

Нигина ва Мирмалик

Год написания книги
2023
Теги
<< 1 ... 75 76 77 78 79 80 81 82 83 ... 141 >>
На страницу:
79 из 141
Настройки чтения
Размер шрифта
Высота строк
Поля

Аз г?ш бурун ор, ки бадномии туст,

В-онро ба рухат тамоми олам дидаст.

Сукути ла?завиро овози ширадори шоир ба гуфтушунуфти та?дирсоз табдил дод:

– Такрор шавад ?ам, бори дигар мег?ям, ки ?олиё Хоразмшо? аз подшо?? фур? мондаасту Нигина дар ?арами п?сида дигар асло р?згори хуш намеёбад. Бовар дорам, ки худаш вазъиятро хуб медонад ва тадбире андешидааст.

Эй Нигина, ?офил манишин, на ва?ти ра?су бозист!

– Мо бепарвою пунба дар г?ш нестем, – зуд лаб ба ?авоб кушод Шакархонум ?олаби мубо?исаро нашикаста. – Табъи нозуки Нигина соате аз рози ахтарон ?офил несту, интухин, пайваста мег?яд, ки ило?и во?еа ?абл аз ву??ъ бояд ?уст.

– Эй Нигина худ биг?, чист он тадбир, ки андешида??

– Барои шунидани масли?ату андешаи дуруст ва дарёфти тадбири савобу дуои нек ба ?узури Биб? Ойиша омадаам. Мардуми мо «то пир нест, тадбир нест» мег?янд…

– Хал?и Бухоро «тадбир аз пир, амал аз ?авон» мег?янд…

– ?ама одамон ин шо?байтро д?ст доранд:

Бе пир марав, ки дарбимон?,

?арчанд Сикандари замон?!

Пирмомои Самар?анд аз хушсуханию ??шиши ?алби ?амс??батонаш мамнун гардид ва дасти Нигина ба каф гирифт:

– Эй пиринии[64 - пирин? – х?роки ширин аз орди бирин?у ширу шакар.] шириншамоил, пештар бинишин, то се панди пирона г?ям, ба шарте ки бипазир?.

– Сад хизмату сад таъзим аз ман бошад…

– Панди аввал ин аст, ки дигар ?аргиз надимаи шо? нашав. Ту худ шо?и бутон?, ?амин бас аст. ?аргиз ба мот кардани шо? ра?бат накун, ки зайиф ?аст?, худ мот хо?? шуд!

Панди дуюм ин аст, ки дигар ?аргиз дар ма?лиси шо?ону ма?фили мастон ра?с накун. Ту аллакай ахтари оламафр?з?, ?амин бас аст. Аз осмон болотар шеъри тару нолаи най несту ра??оса мисли гул к?то?умр бошад, дар бистсолаг? аллакай кампир шавад:

Бор?о даршуд? ба ма?лиси хос,

Га? навозан будию го? ра??ос.

Го? гуфт? ба шух? омадае

Га? намуд? ба ишва ш?ъбадае!

Ман ?ам дар синну соли ту ра?сидану ?илва рафтанро д?ст медоштам ва кам-кам маш?и шеър мекардам. Як шаб пири муаммаре дар хоб дидам, ки сарамро сила карду гуфт: «Даст аз ра?с бидор ва хома муста?кам дор, то ба абадият ро? ёб?. Агар пан? ва?т намоз бену?с хон? ва ?ар р?зе пан? сатр иншо кун?, пан? рукни саломат? туро тарк накунад ва умри кубрав? бин?!»

Панди сеюм ин аст, ки дигар ?аргиз худро кабутари ?арам ва кабки дарбор наг?, то ба чанги Чингиз наафт?, ки шунидам харидори туст. Чингиз ажда?ои дамон ва балои охирзамон аст, ?ар ?адаре метавон? аз вай бигурез, то аз балои бад халос шав?.

Яъне… о?уи ?арам[65 - о?уи ?арам – о?уе, ки дар атрофи Каъба зиндаг? дошту шикораш манъ буд ] шав ва ба к??истони хеш чаро?поя дав!

Эй кабки ?афаснишини ма?бус

Бе?ила чу паргусаста товус.

Аз банди ?афас чу омад? танг

Бинмо ба тавофи вод? о?анг!

Момои Самар?анд то бар?аёт аст, дуог?и туст. ?ар суб?у шом ба Парвардгори олам дуруд мефиристам ва илти?о мекунам, ки Нигинаи ворухиро о?уи шергир гардонад…

Поёни китоби дуюм

О?УИ ШЕРГИР

Пешгуфтори китоби сеюм. Таснифи пора?о аз саргузашти оши?они саргашта

Аз таъсири дуо ва панди Момои Самар?анд? ?олати Нигина тамоман дигаргуна гашт. Аввал шод? карда, мисли гули садбарг вара?-вара? шукуфт. Баъд ?игархастаи ?амзада шуд. Яъне ба лаб кул?х молид – не гап мезаду не нон мех?рду не об мен?шид. Андактар боз та?йир ёфт – аз шодком? фори?у аз ?ам осуда гашта, муддати бардавом дар мобайни хона бе?аракат нишаст. Ба ну?таи номаълуме менигаристу го? табассум мекард, го?е ду-се ?атра ашки ноинтизор мерехт. Ин асно вай бо дили худ дар гуфтуг? буд ва ба чанд саволи навпайдо ?авоб ме?уст.

Саволи нахустин «аз ?афаси заррин ч? сон метавон берун парид?»-ро осон ?ал кард: ба шо?зода ?алолиддин масъаларо мефа?монаду мадад мепурсад ва бо гиряву зора илти?о мекунад, ки ба ?ар ?имате ё ?илате ?ро аз дарбор ба озод? барорад, амонатро бе хиёнат ба падар супорад… Аммо саволи дуюм ва асос? дандоншикан шуд: аз Самар?анд ба кадом самт боли парвоз мекушояд ва минбаъд ч? кор мекунад?!

Саманди орзу ва хаёлот нахуст ?ро ба Ворух бурду дар хонаи падар фуруд овард. Ба назараш чунин намуд, ки волидон нури чашми худро бо хушию хуб? исти?бол гирифтанд, ?ар суханашро гиром? доштанд. Чанд хешу табору ?амсоя?о бо че?раи кушод, бе ?аразу ?асудх?р? ба дидорбин? ва т??фагир? омаданд. Вале амакдухтаронаш, дугона?ои айёми к?дакию ?амсаба?онаш Нигинаи хушлибос ва оростаю перостаро бо те?и ниго? пешвоз гирифта, бо чашми пур аз бухлу ?асад тамошо мекарданд. Он?о чун аз гурези ? во?иф гаштанд, ба тан?иду инкори кабутари ?арам забон дароз карданд ва ?ини гуфтор пичингу киноя, таънаю масхара мисли мурчу ?аланфур истифода бурданд. Назокати арразабон бе ягон андешаю та?аммул ба сарзанишу маломат гузашт: «?амро?и ман ба Ворух наумадию дар Ху?анд мунд?, тану бадан ?унбундию дар суро?и Мирмалик ба ??рган? рафт?. Лекин вай аз ту гурехта, шо?духтара зан гирифта, ба Ху?анд баргашт. Шоири исфараг? ?ам дум хода карду кафтараки бечора ба хоразми?о дастнигар шуд. Яъне аз оши??от мундаю ба Самар?анд умада, аз подшо? рунда шуда, саргардун гашта, ба Ворух ш?йков? умад??!

Э пирдухтар! Бо кадум ру пеши моюн умад?? Бо кадум чашму ру ба моюн ниго мекун?? Марг бе?тар аз зиндаг? ба шармандаг?!!!»

«Пирдухтар» гуфтани амакдухтар чун наштар ба синаи Нигина халиду «паридухтар пирдухтар шуд, нимх?рдаи подшо? бешав?ар монд!» гуфта, масхараомез хандидани ?ангоматалаб?ои ?ишло?? гул?яшро аз ресмони дор сахттар фишурд. Фа?мид, ки зару зевару бойигар? ва куртаю ?омаю ?ама либосвории ?иматба?ояш барои ?авон?ои ориятманди ворух? ду пули пучак арзиш надорад ва ?ама аз «бойдухтари пирдухтар» ?азар мекунанду шахргаштаю аз ?арами подшо? баромаданашро ?азору як хел тафсиру шар?у эзо? меди?анд. Он го? Нигина ?ам гапи Назокатро шиор карда, «марг бе?тар аз зиндаг? ба шармандаг?!» мег?яду ё худро оташ мезанад, ё ба оби дарё мепартояд, ё аз к??и Тешазадаг? ба д?зах мепарад… Ё мисли Муяссарбону дар ягон теппаи беодам хона сохта, бо пишаку мур?у пари?ояш умр ба тан?о? мегузаронад…

Аз чунин о?ибати кор Нигина сари пушаймон? ба поён афканду афсурдагии хотираш да?чанд шуд ва чанд ?атра ашки с?зон ба домон рехт. Ва ?атъан хулоса баровард, ки ?оли ?озир ба к??истони Ворух чаро?поя рафтани о?уи рамида номумкин, ?атто хатои да?али зиндагис?з аст!

Шо?байти нахустин шоири самар?анд? Абу?афси Су?диро муносиби ?оли худ донист:

О?уи к??? дар дашт ч? гуна давадо?

? надорад ёр, бе ёр ч? гуна равадо?!

Мисраи дуюмро такрор ба такрор хонду худ ба ?оли худ хандид: «? надорад ёр» гуфтан оё дуруст аст? Не! Нигина ёр бисёр дорад, сад?о харидор ва ?азор-?азор талабгор «зи?? лаъли лабу нозук миён!» гуфта, чангу гарди домонашро т?тиё мекунанд. Ба лафзи шоир Сайфуддин ?ама ситора?ои осмон дар зери пойи ?омати волои ин нозукни?ол саф кашидаанду Нигина шо?и хубон аст, агар аз Лайлию Ширин бо?у хиро? гирад, равост…

Дарво?еъ, андалеби Исфара ?оло дар ку?о бошад? Дар ??рган?, зери сояи вазири Турконхотун бошад ё ра?сипори Хуросон? Дар базми ар?сии Гул?амол аз дур якдигарро диданду аммо натавонистанд ?амс??бат шудан… Оё боз дида ба дидор мерасида бошад? Кай? Э кош тезтар меомад… Вай нафа?ат ?амдиёр, балки ?амсафару ?амрози сан?ида, масли?атгару ?аводори асили ?ст. ?атто… боре и?рор шуда буд, ки «булбули г?ё шудам дар гулситони иш?и ту»… Он р?з, дар фуроварди базми ?ашни Ме?ргон, ширакайф ба ?узури Нигина омад. «Хилватиён ?ар ку?о ма?лиси хос оростаанду даст ба торо?и хирад кушодаанд» г?ён ?оли зори дили ш?ридаи худ якбаяк ошкор кард. «Гумони ман я?ин шуд, ки шо?и бадэъти?оди сахтчашм дилбанди туст. Вай иш?и ?авони маро хазон кард. Акнун намедонам чун кунам?!» г?ён шоирона фи?он кашид:

Ту имшаб доди ман аз худ бихо?? дод, ман рафтам,

Ту хуш биншину май мен?ш, мез? шод, ман рафтам!

Чу кард? чашми уммеди маро дар хоб, ман хуфтам,

Чу дод? хирмани умри маро барбод, ман рафтам!

Аз иш?варзи?ои мастонаи шоир Нигина ба зав? омад:

– Ворухи?о «оши? аз ?оз? натарсад» мег?янд. Оши?и исфараг? аз к? метарсад? Росташро г?ед: шояд ягон дилхо?и дигар доред, ки аз ман дур шудан мехо?ед?

– -?о?ате ба шар? нест. Оне, ки мехостам, дигаре бурд ва он ч? мехостам, дар замирам мурд.
<< 1 ... 75 76 77 78 79 80 81 82 83 ... 141 >>
На страницу:
79 из 141